Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 16

Ҳақиқат оиди мурдагон ва маросимҳои нораво

Ҳақиқат оиди мурдагон ва маросимҳои нораво

«Мо мефаҳмем, ки кадом сухани илҳомбахшида рост асту кадомаш дурӯғ» (1 ЮҲ. 4:6).

СУРУДИ 33 Аз онҳо натарсед!

ПЕШГУФТОР *

Ба ҷойи дар урфу одатҳои дини дурӯғ иштирок кардан, ба хешовандони азодоратон ҳамдардӣ зоҳир кунед (Ба сархатҳои 1 ва 2 нигаред.) *

1, 2. а) Чӣ тавр Шайтон одамонро фиреб медиҳад? б) Дар ин мақола мо чиро дида мебароем?

ШАЙТОН, «падари дурӯғ» аз аввали пайдоиши инсон одамонро фиреб медиҳад (Юҳ. 8:44). Ӯ бисёр таълимоти дурӯғро паҳн кардааст, ки баъзеаш дар бораи марг ва ҳолати мурдагон мебошад. Масалан, бисёр одамон ба он бовар мекунанд, ки гӯё мурдагон рӯҳу арвоҳ доранду аз онҳо тарсидан даркор аст. Онҳо баъди мурдани шахс урфу одатҳои муайянро ба ҷо меоранд. Барои ҳамин ба баъзе бародару хоҳарон вақте ягон хеш ё ҳамсояашон мегузарад, осон нест, лекин онҳо барои имони худ «бо ҷидду ҷаҳд мубориза» мебаранд (Яҳд. 3).

2 Мо медонем, ки Китоби Муқаддас дар бораи ҳолати мурдагон чӣ мегӯяд. Лекин баъзан шояд дигарон моро маҷбур кунанд, ки дар ин ё он маросими динӣ иштирок кунем. Дар ин ҳолатҳо мо чӣ тавр дар имони худ устувор монем? (Эфс. 6:11). Ва агар бародару хоҳарон бо чунин озмоиш дучор шаванд, чӣ хел онҳоро дастгирӣ кунем? Дар ин мақола мо дида мебароем, ки Яҳува дар ин бобат чӣ гуна роҳнамоӣ медиҳад. Вале биёед аввал ба худ хотиррасон кунем, ки Китоби Муқаддас дар бораи ҳолати мурдагон чӣ мегӯяд.

ҲАҚИҚАТ ОИДИ ҲОЛАТИ МУРДАГОН

3. Дурӯғи якумин ба чӣ оварда расонд?

3 Парвардигор дар асл намехост, ки одамон миранд. Вале барои ҷовидона зистан Одаму Ҳавво бояд ба амри зерини Яҳува итоат мекарданд: «Аз дарахти маърифати неку бад зинҳор нахӯр; зеро рӯзе ки аз он бихӯрӣ, ҳатман хоҳӣ мурд» (Ҳас. 2:16, 17). Лекин ба миён Шайтон даромада ҳама корро расво кард. Ӯ ба воситаи мор сухан ронда ба Ҳавво гуфт: «Не, нахоҳед мурд». Афсӯс, ки Ҳавво ба ин дурӯғ бовар карда аз он мева хӯрд ва баъдтар шавҳараш низ аз он хӯрд (Ҳас. 3:4, 6). Ана ҳамин тавр дар ҳаёти одамон гуноҳу марг пайдо шуд (Рум. 5:12).

4, 5. Чӣ тавр Шайтон то ҳол одамонро фиреб медиҳад?

4 Одаму Ҳавво чуноне ки Худо огоҳ карда буд, мурданд. Лекин Шайтон фиребгариро бас накард. Баъдтар ӯ дар бораи марг дурӯғҳои дигарро бофт. Масалан, яке аз таълимоти дурӯғаш ин аст, ки гӯё баъди марги одам чизе аз ҷисмаш баромада зиндагиро давом медиҳад. Дар асоси ин дурӯғ ақидаҳои гуногун паҳн шудаанд, ки садсолаҳо боз одамони бешуморро гумроҳ мекунанд (1 Тим. 4:1).

5 Барои чӣ одамони бисёр ба ин таълимот бовар мекунанд? Чунки барои инсон ҳаёт ширин аст ва касе мурдан намехоҳад (1 Қӯр. 15:26). Шайтон бошад, инро медонад ва маҳз барои ҳамин вай ақидаҳои дурӯғро паҳн кардааст, ки гӯё баъди марг низ ҳаёт давом меёбад (Воиз 3:11).

6, 7. а) Оё Шайтон тавонист, ки ҳақиқатро оиди ҳолати мурдагон пинҳон дорад? Фаҳмонед. б) Чӣ тавр ҳақиқати Китоби Муқаддас моро аз тарси беасос муҳофизат мекунад?

6 Нигоҳ накарда ба кӯшишҳои Шайтон, ҳақиқат дар бораи марг пӯшида намондааст. Мо чун халқи Худо ин ҳақиқатро аз Китоби Муқаддас медонем. Ва дар бораи ҳолати мурдагон ва умеди эҳёшавӣ ба дигарон нақл мекунем (Воиз 9:5, 10; Аъм. 24:15). Донистани ин ҳақиқат моро тасаллӣ мебахшад ва аз тарсу ваҳми беасос муҳофизат мекунад. Масалан, мо аз мурдагон наметарсем ва хавотир намешавем, ки онҳо азоб кашида истодаанд. Мо медонем, ки мурдагон рӯҳу арвоҳ надоранд ва ба ҳеҷ кас зиён расонда наметавонанд. Онҳо гӯё сахт хоб рафтаанд (Юҳ. 11:11–14). Мо ҳамчунин медонем, ки мурдагон чӣ тавр гузаштани вақтро намедонанд. Аз ин рӯ ҳангоми эҳёшавӣ ҳатто ба назари онҳое ки садсолаҳо пеш мурда буданд, чунин метобад, ки гӯё лаҳзае хобашон бурду бедор шуданд.

7 Ҳақиқат дар бораи ҳолати мурдагон одӣ ва фаҳмо аст, ҳамин тавр-не? Дурӯғи Шайтон бошад, печ дар печ ва душворфаҳм аст! Он ғайр аз гумроҳ кардани одамон, инчунин номи Офаридгорро сиёҳ мекунад. Барои нағзтар фаҳмидани зарари таълимоти дурӯғ, биёед саволҳои зеринро дида бароем: «Чӣ тавр дурӯғи Шайтон номи Яҳуваро сиёҳ мекунад? Чӣ тавр он қурбонии Исоро камарзиш мегардонад? Чӣ хел он ғаму андӯҳи мотамзадагонро зиёд мекунад?»

ЗАРАРЕ, КИ ДУРӮҒИ ШАЙТОН МЕРАСОНАД

8. Мувофиқи Ирмиё 19:5, чӣ тавр дурӯғи Шайтон оиди мурдагон номи Худоро сиёҳ мекунад?

8 Дурӯғи Шайтон оиди мурдагон номи Яҳуваро сиёҳ мекунад. Яке аз таълимоти дурӯғ ин аст, ки гӯё Худо мурдагонро дар оташи дӯзах азоб медиҳад. Чунин таълимот номи Худоро сиёҳ мекунад. Чӣ тавр? Он Яҳуваро, ки Худои муҳаббат аст, золиму бераҳм нишон медиҳад, вале дар асл ин хислатҳо ба Иблис хосанд (1 Юҳ. 4:8). Ин таълимот ба шумо чӣ хел таъсир мекунад? Муҳимаш Яҳува аз ин чӣ ҳис мекунад? Охир, Ӯ аз ҳама намуди бераҳмӣ нафрат дорад-ку. (Ирмиё 19:5-ро хонед.)

9. Чӣ тавр дурӯғи Шайтон қурбонии Исоро, ки оидаш дар Юҳанно 3:16 ва 15:13 гуфта шудааст, камарзиш мегардонад?

9 Дурӯғи Шайтон оиди мурдагон қурбонии Исоро камарзиш мегардонад (Мат. 20:28). Як дурӯғи дигари Шайтон ин аст, ки гӯё одам рӯҳи намиранда дорад. Агар ин рост мебуд, одамон ҷовидона вуҷуд медоштанд. Пас, шарт набуд, ки Исо барои абадан зистани мо ҷонашро қурбон кунад. Дар хотир доред, ки қурбонии Исо бузургтарин тӯҳфаест, ки Яҳува бо он муҳаббаташро нисбати одамизод нишон додааст. (Юҳанно 3:16; 15:13-ро хонед.) Акнун тасаввур кунед, ки Яҳува ва Исо чӣ ҳис мекунанд, вақте таълимоти дурӯғи Шайтон ин тӯҳфаи бебаҳоро беқадр мегардонад.

10. Чӣ тавр дурӯғи Шайтон ғаму азоби одамонро дучанд мегардонад?

10 Дурӯғи Шайтон дарду ғами инсониятро дучанд мегардонад. Ба падару модаре, ки аз марги фарзандашон ғамгинанд, шояд касе гӯяд, ки Худо кӯдакашонро ба назди Худ гирифтааст, то ки дар осмон фаришта бошад. Оё ин дурӯғи Шайтон дили бе ин ҳам пурдарди онҳоро реш-реш намекунад? Таълимоти дурӯғ оиди дӯзах низ ба инсоният дарди бисёр овардааст. Масалан, вақтҳои пеш рӯҳониёни калисо касонеро, ки ба таълимоти онҳо зид мебаромаданд, таъқиб карда чун гунаҳкор зинда ба зинда дар сутун месӯзонданд. Онҳо фикр мекарданд, ки агар Худо гунаҳкоронро дар дӯзах абадан сӯзонад, пас чунин рафторашон равост. Аз рӯйи гуфти як китоб баъзеи он шахсони бераҳм ақида доштанд, ки вақте гунаҳкорро дар сутун месӯзонанд, вай гӯё андаке оташи дӯзахро чашида пеш аз мурданаш тавба мекунад ва аз азоби абадӣ худро наҷот дода метавонад. Боз як таълимоте, ки бори одамонро вазнин мекунад, ин тарс аз рӯҳу арвоҳи мурдагон аст. Дар баъзе мамлакатҳо урфу одат ҳаст, ки одамон барои шод кардани арвоҳи гузаштагон маросимҳои муайянро қайд менамоянд ва барои аз онҳо мадад ҷустан худоиву қурбониҳо мекунанд. Баъзеи дигар мекӯшанд, ки гузаштагони худро розӣ кунанд, то арвоҳ онҳоро назанад. Лекин ҳамаи ин таълимоти шайтонӣ ба ҳеҷ кас тасаллии ҳақиқӣ намебахшад. Баръакс, одамонро метарсонад.

БО ҚАТЪИЯТ АЗ РӮЙИ ТАЪЛИМОТИ КИТОБИ МУҚАДДАС АМАЛ КУНЕД

11. Чӣ тавр дӯстон ё хешовандон аз ниятҳои хуб метавонанд моро маҷбур кунанд, ки муқобили Каломи Худо рафтор кунем?

11 Муҳаббат ба Худо ва Каломаш ба мо қувват мебахшад, ки ҳамеша ба Яҳува итоаткор монем. Вақте ягон шахс мемирад, шояд хешу табор ё дӯстонамон аз ниятҳои нек моро маҷбур кунанд, ки дар маросимҳои бар Китоби Муқаддас зид иштирок кунем. Агар иштирок накунем, онҳо моро дар хиҷолат мононда шояд гӯянд, ки мо шахси мурдаро дӯст намедорем ё ҳурмат намекунем. Ё эҳтимол гӯянд, ки ин рафтори мо арвоҳи гузаштагонро хафа мекунад ва онҳо ба зиндаҳо зарар мерасонанд. Дар чунин ҳолатҳо чӣ кор кунем, то дар роҳи ҳақиқат устувор монем? Дар поён баъзе принсипҳои Китоби Муқаддас оварда шудаанд, ки ба мо кӯмак мекунанд.

12. Кадом урфу одатҳо аниқ бар Навиштаҳо зиданд?

12 Аз ақида ва урфу одатҳои бар Навиштаҳо зид бо қатъият дур шавед (2 Қӯр. 6:17). Дар ҷазираҳои баҳри Кариб бисёр одамон ақида доранд, ки баъди марги шахс «арвоҳи» ӯ дар гирду атрофи хона гашта онҳоеро, ки вайро хафа карда буданд, ҷазо медиҳад. Дар як маълумотнома гуфта мешавад, ки он «арвоҳ» ҳатто ба он маҳалл метавонад мусибате орад. Дар баъзе ҷойҳои Африқо дар мурдахона рӯйи суратҳоро ба тарафи девор мегардонанд ва рӯйи оинаҳоро мепӯшонанд. Барои чӣ? Чунки ба ақидаи баъзеҳо гӯё арвоҳи мурда худро набояд дар оина бинад. Чун хизматгорони Худо мо аниқ медонем, ки ҳамаи ин дурӯғ аст ва дар ягон урфу одати шайтонӣ иштирок намекунем (1 Қӯр. 10:21, 22).

Агар шумо нағз тадқиқот гузаронед ва бо хешу таборатон ошкоро гап занед, он гоҳ дуруст рафтор кардан ба шумо осон мегардад (Ба сархатҳои 13 ва 14 нигаред.) *

13. Агар дар бобати ин ё он расму оин дилпур набошед, мувофиқи Яъқуб 1:5 шумо чӣ кор карда метавонед?

13 Агар шумо аниқ надонед, ки ин ё он расму оин ба Яҳува маъқул аст ё не, ба Ӯ дуо гуфта хирад пурсед. (Яъқуб 1:5-ро хонед.) Сипас, бо ёрии адабиётамон ин мавзӯъро тадқиқ намоед. Агар лозим бошад, бо пирони ҷамъомад маслиҳат кунед. Албатта, онҳо ба шумо намегӯянд, ки чӣ гуна рафтор кунед, вале дар ёфтани принсипҳои мувофиқ кӯмак карда метавонанд. Бо гузоштани ин қадамҳо шумо «қобилияти фикрронии худро» машқ медиҳед ва «фарқ кардани неку бадро» хубтар ёд мегиред (Ибр. 5:14).

14. Мо бояд чӣ кор кунем, то сабаби пешпо хӯрдани дигарон нашавем?

14 «Ҳама чиро барои ҷалоли Худо ба ҷо оред. Сабаби пешпо хӯрдан... нагардед» (1 Қӯр. 10:31, 32). Вақте мо оиди иштирок дар ягон маросим қарор бароварданӣ мешавем, мо бояд виҷдони дигарон, хусусан ҳамимононамонро, ба назар гирем. Мо ҳеҷ гоҳ намехоҳем, ки сабаби пешпо хӯрдани онҳо шавем (Марқ. 9:42). Инчунин мо кӯшиш мекунем, ки шахсонеро, ки ҳамимонамон нестанд беҳуда наранҷонем. Масалан, мо набояд бо онҳо баҳс кунем ё урфу одаташонро мазоҳу масхара кунем. Муҳаббат моро бармеангезад, ки бо онҳо эҳтиромона гап занему ақидаашонро ҳурмат кунем. Чунин рафтор Яҳуваро ҷалол медиҳад ва ҳатто метавонад дили онҳоро мулоим созад.

15, 16. а) Чаро ба дигарон Шоҳиди Яҳува буданамонро пешакӣ гуфтан аз рӯйи хирад аст? Мисол оред. б) Суханони дар Румиён 1:16 навиштаи Павлус ба мо чӣ дахл доранд?

15 Ба дигарон гӯед, ки шумо Шоҳиди Яҳува ҳастед (Иш. 43:10). Агар хешовандон ва ҳамсоягони шумо пешакӣ дар бораи эътиқодатон донанд, ба шумо дуруст рафтор кардан осонтар мегардад. Бародар Франсиско, ки аз Мозамбик аст, мегӯяд: «Баъди он ки ману занам Каролина ҳақиқатро фаҳмидем, мо ба оилаамон гуфтем, ки дигар мурдагонро парастиш намекунем. Вақте апаи Каролина вафот кард, имони мо озмуда шуд. Дар ҷойи мо одамон одатан ҷасади мурдаро пеш аз гӯронидан мешӯянд. Ва дар ҷое, ки он обро мерезанд, хешовандони наздик бояд се шаб хоб кунанд. Ин маросимро онҳо гӯё барои розӣ кардани арвоҳ ба ҷо меоранд. Хешу табори Каролина интизор буданд, ки ӯ низ шабона меистад».

16 Вале Франсиско ва занаш чӣ кор карданд? Франсиско мефаҳмонад: «Азбаски мо Яҳуваро дӯст медорем ва ба Ӯ маъқул шудан мехоҳем, мо ин маросимро ба ҷо наовардем. Аъзоёни оилаи Каролина хеле ба ғазаб омаданд. Онҳо моро айбдор карданд, ки мурдаро эҳтиром намекунем ва гуфтанд, ки аз мо рӯй мегардонанд. Азбаски мо нуқтаи назари худро пештар ба онҳо фаҳмонда будем, дар вақти ба ғазаб омадани онҳо мо гапро зиёд накарда баромада рафтем. Баъзе хешу ақрабо бошанд, тарафи моро гирифта гуфтанд, ки мо аллакай эътиқодамонро фаҳмонда будем. Бо гузашти вақт хешони Каролина ором шуданд ва муносибати мо мисли пештара нағз шуд. Баъзеи онҳо ҳатто ба хонаамон омада барои хондан адабиёт пурсиданд». Аз ин рӯ биёед Шоҳиди Яҳува буданамонро ҳеҷ гоҳ пинҳон накунем ва оиди ҳолати мурдагон ҳақиқатро далерона ба дигарон гап занем. (Румиён 1:16-ро хонед.)

МОТАМЗАДАГОНРО ТАСАЛЛӢ ДИҲЕД ВА ДАСТГИРӢ КУНЕД

Дӯстони ҳақиқӣ онҳоеро, ки шахси наздикашонро аз даст доданд, дилбардорӣ ва дастгирӣ мекунанд (Ба сархатҳои 17–19 нигаред.) *

17. Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки барои ҳамимони мотамзадаи худ дӯсти ҳақиқӣ бошем?

17 Вақте ягон ҳамимонамон шахси наздикашро аз даст медиҳад, мо бояд кӯшиш кунем, то барои ӯ дӯсти ҳақиқие бошем, ки «барои рӯзи сахт таваллуд» шудааст (Мас. 17:17). Чӣ тавр мо ӯро дар рӯзи сахташ дастгирӣ карда метавонем, хусусан агар хешовандонаш вайро ба иштирок дар урфу одати дини дурӯғ маҷбур кунанд? Ду принсипе, ки дар поён муҳокима мекунем, ба мо кӯмак мекунанд, ки мотамзадагонро тасаллӣ диҳем.

18. Чаро Исо гиря кард ва мо аз ӯ чӣ дарс гирифта метавонем?

18 «Бо гирякунандагон — гиря» кунед (Рум. 12:15). Шояд барои тасаллӣ додани шахси ғамгин сухан ёфтан душвор бошад. Лекин ҳеҷ чиз нагӯему ҳамроҳашон нишаста гиря кунем ҳам, ин аллакай ҳамдардӣ аст. Вақте Лаъзор мурд, Марям, Марто ва дигарон барои бародар ва дӯсти азизи худ ашк мерехтанд. Чор рӯз пас Исо ба он ҷо расид ва ҳарчанд ӯ медонист, ки ҳозир Лаъзорро зинда мекунад, «аз чашмони Исо ашк равон шуд» (Юҳ. 11:17, 33–35). Ин ашкҳои Исо ҳиссиёти Падарашро нишон медоданд. Гиря кардани ӯ инчунин муҳаббаташро нисбати он оила нишон медод ва бешубҳа Маряму Марторо тасаллӣ бахшид. Ба ин монанд, вақте ҳамимонони мо муҳаббат ва дилсӯзии моро мебинанд, онҳо худро дар иҳотаи дӯстони ғамхору меҳрубон ҳис мекунанд.

19. Ҳангоми тасаллӣ додани бародар ё хоҳари ғамзада чӣ тавр мо принсипи Воиз 3:7-ро ба кор бурда метавонем?

19 «Вақте барои хомӯш мондан, ва вақте барои сухан рондан» (Воиз 3:7). Роҳи дигари тасаллӣ додани ҳамимононамон ин шунавандаи хуб будан аст. Хуб мебуд, ки мо дарди дили бародарамонро гӯш кунем ва агар ӯ суханони сахт гӯяд ҳам, хафа нашавем (Айюб 6:2, 3). Шояд ӯ аз он зиқ аст, ки хешу табораш ба ӯ фишор меоранд. Барои ҳамин ҳамроҳаш дуо гӯед. Аз Шунавандаи дуо илтиҷо кунед, ки ба ӯ қувват диҳад ва барои равшан фикр кардан мадад кунад (Заб. 64:3). Агар лозим бошад, ҳамроҳаш Китоби Муқаддас хонед. Ё аз адабиётамон мавзӯи ба ӯ даркориро, масалан, ягон тарҷумаи ҳоли рӯҳбаландкунандаеро хонед.

20. Дар мақолаи навбатӣ мо чиро дида мебароем?

20 Мо хушбахтем, ки Яҳува ҳақиқатро дар бораи ҳолати мурдагон ба мо кушодааст. Ва мо медонем, ки онҳоеро, ки дар хоби марганд, ояндаи олиҷаноб интизор аст (Юҳ. 5:28, 29). Аз ин рӯ, биёед ҳам бо сухан ва ҳам бо амал дар эътиқоди худ устувор монем ва дар ҳар як фурсати муносиб ҳақиқатро ба дигарон нақл кунем. Шайтон боз бо як роҳи дигар одамонро дар торикии рӯҳонӣ нигоҳ медорад. Ин сеҳру ҷоду аст. Дар мақолаи навбатӣ мо мефаҳмем, ки чаро бояд аз амалҳо ва вақтхушиҳое, ки бо ин доми Шайтон алоқаманданд, даргурез бошем.

СУРУДИ 16 Сӯйи Салтанати Худо гурезед!

^ сарх. 5 Шайтон ва девҳояш оиди ҳолати мурдагон дар ҳама ҷо таълимоти дурӯғро паҳн намудаанд. Дар натиҷа одамон ба ин чизҳои дурӯғ бовар карда бисёр урфу одатҳоеро бароварданд, ки ба Худо маъқул нестанд. Шояд дигарон шуморо маҷбур кунанд, ки дар ин маросимҳо иштирок кунед. Чӣ ба мо ёрдам мекунад, ки ба фишори онҳо дода нашавем ва ба Яҳува содиқ монем? Мақолаи мазкур ба ин мавзӯъ бахшида шудааст.

^ сарх. 55 ШАРҲИ РАСМ: Ҳамсароне, ки Шоҳиди Яҳуваанд, хеши азодори худро тасаллӣ медиҳанд.

^ сарх. 57 ШАРҲИ РАСМ: Баъди тадқиқоти урфу одатҳои маросими дафн, Шоҳиди Яҳува оромона эътиқоди худро ба хешовандонаш фаҳмонда истодааст.

^ сарх. 59 ШАРҲИ РАСМ: Пирони ҷамъомад бародареро, ки шахси наздикаш мурдааст, дилбардорӣ ва дастгирӣ карда истодаанд.