БУРҶИ ДИДБОНӢ (НАШРИ ОМӮЗИШӢ) Апрел 2020

Дар ин шумора мақолаҳои омӯзишӣ аз 1-уми июн то 5-уми июли соли 2020 оварда шудаанд.

Ҳамлае, ки аз тарафи шимол омад!

Мақолаи омӯзишии 14 барои ҳафтаи аз 1-ум то 7-уми июни с. 2020. Бо чор сабаби муҳим эҳтимол зарур аст, ки фаҳмиши худро оиди пешгӯйӣ аз бобҳои 1-ум ва 2-юми китоби Юил–пайғамбар дигар кунем.

Шумо ба одамони минтақаатон чӣ хел муносибат мекунед?

Мақолаи омӯзишии 15 барои ҳафтаи аз 8-ум то 14-уми июни с. 2020. Дар ин мақола мо намунаи Исо ва Павлуси расулро дида мебароем. Аз он мефаҳмем, ки чаро бояд мисли онҳо эътиқоди одамон ва ба чӣ шавқ доштанашонро ба назар гирем ва ба касоне, ки вомехӯрем, чун ба шогирдони ояндаи Исо нигарем.

Ба бародару хоҳарон мисли Яҳува муносибат кунед

Мақолаи омӯзишии 16 барои ҳафтаи аз 15-ум то 21-уми июни с. 2020. Яҳува ба Юнус, Илёс, Ҳоҷар ва Лут меҳрубонона кӯмак кард. Аз ин мақола мефаҳмем, ки чӣ тавр дар муносибат бо дигарон ба Яҳува пайравӣ карда метавонем.

«Шуморо дӯст меномам»

Мақолаи омӯзишии 17 барои ҳафтаи аз 22-ум то 28-уми июни с. 2020. Барои бо Исо дӯст шудан ва ин дӯстиро нигоҳ доштан душвориҳо вуҷуд доранд. Вале мо он душвориҳоро паси сар карда метавонем.

То хати марра бо истодагарӣ бидавед!

Мақолаи омӯзишии 18 барои ҳафтаи аз 29-уми июн то 5-уми июли с. 2020. Чӣ тавр ҳар яки мо, ҳатто ба душвориҳои пиронсолӣ ва бемориҳои заифкунанда нигоҳ накарда дар роҳе, ки сӯи ҳаёт мебарад, то охир давида метавонем?