Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 16

Ба бародару хоҳарон мисли Яҳува муносибат кунед

Ба бародару хоҳарон мисли Яҳува муносибат кунед

«Аз рӯйи он чӣ мебинед, ҳукм накунед, балки аз рӯйи адлу инсоф ҳукм намоед» (ЮҲ. 7:24).

СУРУДИ 53 Дар ягонагӣ ҳамкорӣ мекунем

ПЕШГУФТОР *

1. Китоби Муқаддас дар бораи Яҳува ба мо чиро ошкор мекунад?

ОЁ БА шумо одамоне, ки дигаронро аз рӯйи ранги пӯст, қиёфа, либоспӯшӣ ё қаду қоматашон баҳо медиҳанд, маъқуланд? Эҳтимол, не. Хайрият, ки Яҳува ба мо аз рӯйи он чӣ ки ба чашм аён аст, баҳо намедиҳад! Масалан, вақте Самуил писарони Йисойро аз назар мегузаронд, ӯ чизеро, ки ба Яҳува аён буд, намедид. Яҳува ба Самуил гуфт, ки яке аз писарони Йисой шоҳи ояндаи Исроил мешавад. Вале кадомаш? Вақте Самуил писари калонии Йисой — Элиобро дид, гумон кард, ки аниқ ҳаминро Яҳува интихоб кардааст. Элиоб йигити чор кас медидагӣ ва ба подшоҳ шудан зебанда буд. «Вале Худованд ба Самуил гуфт: “Ба қиёфааш ва қомати баландаш назар наандоз, чунки Ман ӯро хуш накардаам”». Мо аз ин чӣ дарс мегирем? Яҳува гуфт: «Одам фақат он чиро, ки ба чашм намоён аст, мебинад, вале Худованд он чиро, ки дар дил аст, мебинад» (1 Подш. 16:1, 6, 7).

2. Дар Юҳанно 7:24 гуфта шудааст, ки одамонро набояд аз рӯйи намуди зоҳирӣ ҳукм кунем. Бо мисол фаҳмонед, ки чаро.

2 Ба мо одамони нокомил хос аст, ки дигаронро аз рӯйи намуди зоҳириашон баҳо диҳем. (Юҳанно 7:24-ро хонед.) Вале фақат аз рӯйи афту андоми шахс мо бисёр чизро фаҳмида наметавонем. Мисол, ҳатто духтури ботаҷриба ва кордон танҳо ба афти бемор нигоҳ карда ҳама чиро намефаҳмад. Вай бояд бодиққат суханони беморро гӯш карда фаҳмад, ки пеш чӣ гуна касалиҳо дошт, ҳоло худро чӣ хел ҳис мекунад ва нишонаҳои кадом бемориро дорад. Барои фаҳмидани даруни организми бемор духтур шояд ӯро ба ташхиси рентгенӣ фиристонад. Дар акси ҳол, ӯ ба шахс нодуруст ташхис (диагноз) монданаш мумкин. Ба ин монанд, мо бародару хоҳаронро танҳо аз қиёфа ва он чизе ки ба чашм аён аст, пурра фаҳмида наметавонем. Мо бояд ба ботини шахс назар кунем. Албатта, мо дили одамонро хонда наметавонем ва қодир нестем, ки онҳоро чени Яҳува пурра фаҳмем. Вале хуб мебуд, ки дар ин масъала то қадри имкон ба Яҳува пайравӣ кунем. Чӣ тавр?

3. Мисолҳое, ки мо дар ин мақола дида мебароем, аз кадом ҷиҳат ба мо кӯмак мекунанд?

3 Яҳува бо ходимонаш чӣ тавр муносибат менамояд? Ӯ онҳоро гӯш мекунад, ҳаёти гузашта ва вазъияти ҳозираи онҳоро ба назар мегирад ва бо онҳо бо фаҳмиш ва ҳамдардӣ муносибат мекунад. Аз ин мақола мо мефаҳмем, чӣ тавр Яҳува ба Юнус, Илёс, Ҳоҷар ва Лут чунин муносибат карда буд. Донистани ин ба мо ёрдам мекунад, ки дар муносибат бо бародару хоҳарон ба Яҳува пайравӣ кунем.

ОНҲОРО БОДИҚҚАТ ГӮШ КУНЕД

4. Чаро дар бораи Юнус фикри манфӣ пайдо шуданаш мумкин?

4 Азбаски мо вазъияти Юнусро ҳаматарафа намедонем, шояд фикр кунем, ки ӯ одами боваринок набуд ва ҳатто беитоатӣ мекард. Яҳува ба ӯ аниқ амр дод, ки ба шаҳри Нинве рафта доварии Ӯро эълон кунад. Вале ба ҷойи ба амри Худо итоат кардан ӯ ба киштӣ нишаста тамоман ба самти дигар рафт (Юнус 1:1–3). Агар шумо мебудед, эҳтимол ба Юнус дую дубора он супоришро намедодед. Вале Яҳува ӯро сазовор дониста чунин имкониятро дод (Юнус 3:1, 2).

5. Мо аз суханоне, ки дар Юнус 2:2, 3, 10 навишта шудаанд, дар бораи Юнус чӣ мефаҳмем?

5 Дар асл чӣ гуна инсон будани Юнусро аз дуояш фаҳмидан мумкин аст. (Юнус 2:2, 3, 10-ро хонед.) Бешубҳа, Юнус ба Яҳува бисёр дуо мегуфт. Лекин дуои дар шиками моҳӣ гуфтаи ӯро хонда тасаввуроти мо дар бораи ӯ дигар мешавад. Ҳарчанд ӯ аз таъйиноташ гурехт, он дуояш нишон медиҳад, ки ӯ одами фурӯтану миннатдор буд ва ба иҷро кардани хости Худо хоҳиши сахт дошт. Аз ин рӯ тааҷҷубовар нест, ки чаро Яҳува диққаташро ба хатогии Юнус равона накард, балки ба дуояш ҷавоб дод ва минбаъд низ ӯро чун пайғамбари Худ истифода бурд.

Агар мо дар бораи шахс бисёртар донем, ба ӯ фаҳмиш зоҳир кардан ба мо осонтар мегардад (Ба сархати 6 нигаред.) *

6. Аз кадом сабабҳо мо бояд дигаронро бодиққат гӯш кунем?

6 Барои дигаронро бодиққат гӯш кардан мо бояд фурӯтан ва пурсабр бошем. Кӯшишҳои мо дар ин бобат арзандаанд. Биёед фаҳмем, ки барои чӣ. Якум, вақте мо гапи шахсро бодиққат гӯш мекунем, мо дар бораи ӯ даррав хулосаи нодуруст намебарорем. Дуюм, чунин карда, мо ҳиссиёт ва ниятҳои шахсро хубтар мефаҳмем ва дар натиҷа нисбаташ бо ҳамдардии бештар муносибат мекунем. Сеюм, ҳангоми ба мо нақл кардани дарди дилаш шахс метавонад баъзе фикру ҳиссиёти худро фаҳмад. Чунки баъзан то ба ягон кас ҳолати худро нагӯем, мо то ба охир намефаҳмем, ки чӣ гуна ҳиссиёт дорем (Мас. 20:5). Як пири ҷамъомад аз Осиё ба хотир меорад, ки боре ба чӣ гуна хатогӣ роҳ дод. Ӯ мегӯяд: «Ман аз як хоҳар чизе напурсида ба вай маслиҳат додам, ки бояд шарҳҳояшро беҳтар кунад. Баъдтар фаҳмидам, ки ба ӯ хондан хеле душвор аст ва барои шарҳ додан вай кӯшиши дучанд ба харҷ медиҳад». То чӣ андоза ба ҳар як пири ҷамъомад муҳим аст, ки «ношунида» маслиҳат надиҳад (Мас. 18:13).

7. Мо аз муносибати Яҳува бо Илёс чӣ меомӯзем?

7 Ба баъзе бародару хоҳарони мо аз сабаби тарбия, маданият ё феълу атворашон мушкил аст, ки дар бораи ҳиссиёти худ ҳарф зананд. Мо чӣ кор карда метавонем, то онҳо худро бо мо озод ҳис кунанд ва дилашонро кушоянд? Ба ёд оред, ки Яҳува бо Илёс ӯ чӣ хел муносибат кард. Вақте Илёс аз Изобал мегурехт, дили ӯ аз алам пур буд, вале танҳо баъд аз рӯзҳои зиёд ба Падари осмониаш Яҳува дарду ҳасрат кард. Лекин Яҳува ӯро бодиққат гӯш кард. Сипас Ӯ Илёсро рӯҳбаланд намуд ва ба вай супориши муҳиме дод (3 Подш. 19:1–18). Шояд ба бародару хоҳарон низ вақт даркор аст, ки худро бо мо озод ҳис кунанд ва дилашонро кушоянд. Танҳо он гоҳ мо дарду ҳиссиёти онҳоро фаҳмида метавонем. Агар мо мисли Яҳува пурсабр бошем, дар натиҷа боварии онҳоро ба даст меорем. Сипас онҳо метавонанд худро бо мо озод ҳис кунанд. Ва ҳар вақте ки онҳо бо мо сӯҳбат кардан хоҳанд, мо бояд онҳоро бодиққат гӯш кунем.

БАРОДАРУ ХОҲАРОНРО БЕҲТАР ШИНОСЕД

8. Чуноне ки дар Ҳастӣ 16:7–13 омадааст, Яҳува ба Ҳоҷар чӣ хел ёрдам дод?

8 Ҳоҷар — канизи Соро баъди зани Абром шуданаш беақлона рафтор кард. Вақте ӯ ҳомиладор шуд, ба Соро, ки бефарзанд буд, беҳурматӣ карданро сар кард. Вазъият то ҳамин дараҷа бад шуд, ки Ҳоҷар аз Соро гурехт, чунки вай ӯро ба танг меовард (Ҳас. 16:4–6). Аз сабаби нокомилӣ шояд мо фикр кунем, ки Ҳоҷар зани мағрур буд ва Соро хуб кард, ки ӯро дар ҷояш шинонд. Вале, Яҳува дар бораи Ҳоҷар ин хел фикр намекард. Яҳува ба воситаи фариштааш Ҳоҷарро ёфта ёрдам кард, ки фикррониашро ислоҳ кунад ва ба вай гуфт, ки наслашро афзун мекунад. Ҳоҷар фаҳмид, ки Яҳува ӯро дида истодааст ва аз ҳолати ӯ ба хубӣ бохабар аст. Баъд аз ин ӯ ба ҳаяҷон омада Яҳуваро «Худои бинандаи ман» номид. (Ҳастӣ 16:7–13-ро хонед.)

9. Чаро Худо бо Ҳоҷар меҳрубонона муносибат кард?

9 Яҳува аз ҳаёти пештараи Ҳоҷар пурра бохабар буд ва вазъияти ӯро нағз медонист (Мас. 15:3). Ҳоҷар аз Миср омада буд ва дар хонаи ибриён зиндагӣ мекард. Барои ҳамин мумкин ӯ баъзан худро бегона ҳис мекард ва хешу наздиконашро ба ёд оварда дилаш ба онҳо гум мезад. Инчунин ӯ зани ягонаи Абром набуд. Дар он замонҳо баъзе хизматгорони содиқи Худо якчанд зан доштанд. Вале аз аввал ин дар нияти Яҳува набуд (Мат. 19:4–6). Аз ин рӯ тааҷҷубовар нест, ки чаро дар чунин оилаҳо рашку ҳасад ва бадбинӣ пайдо шуда метавонист. Яҳува медонист, ки нисбати Соро беҳурматӣ кардани Ҳоҷар нодуруст аст, вале Ӯ ҳамчунин ҳиссиёт ва вазъияти Ҳоҷарро мефаҳмид, барои ҳамин бо вай меҳрубонона муносибат кард.

Бо бародару хоҳарон аз наздик шинос шавед (Ба сархатҳои 10–12 нигаред.) *

10. Чӣ тавр бо бародару хоҳарон мо аз наздик шинос шуда метавонем?

10 Мо бояд ба Яҳува пайравӣ карда ба якдигар фаҳмиш зоҳир кунем. Барои ин бародару хоҳаронро аз наздик шинохтан лозим аст. Пеш ва баъд аз ҷамъомад бо онҳо ҳамсӯҳбат шавед, дар хизмат бо якдигар ҳамкорӣ кунед ва, агар имкон бошад, онҳоро ба меҳмонӣ даъват намоед. Вақте шумо ин корҳоро мекунед, мумкин фаҳмед, ки хоҳаре, ки ба назар номеҳрубон метобад, дар асл шармгин аст ё бародаре, ки пулдор аст, чизпараст не, балки меҳмондӯст мебошад ва ё модаре, ки бо кӯдаконаш бисёр вақт ба ҷамъомад дер карда меояд, зиддиятҳоро аз сар мегузаронад (Рум. 14:4). Албатта, мо набояд «ба корҳои дигарон» дахолат кунем (1 Тим. 5:13). Вале, хуб мебуд, ки оиди бародару хоҳарон ва вазъияти онҳо пурратар донем. Ин ба мо ёрдам мекунад, ки онҳоро беҳтар фаҳмему гумони бад накунем.

11. Чаро ба пирон муҳим аст, ки бародару хоҳаронро хуб донанд?

11 Хусусан ба пирон лозим аст, ки дар бораи саргузашт ва вазъияти бародару хоҳарони ҷамъомади худ донанд. Биёед мисоли бародар Артурро, ки нозири ноҳиявӣ буд, дида бароем. Боре ӯву як пири ҷамъомад ба хабаргирии хоҳаре, ки камгап метофт, рафтанд. «Мо фаҳмидем, ки шавҳари хоҳар чанд сол пас аз оиладоршавиашон вафот кардааст,— мегӯяд Артур.— Нигоҳ накарда ба мушкилиҳо хоҳарамон ду духтарашро дар роҳи ҳақиқат тарбия карда будааст ва онҳо хизматгори содиқи Яҳува гаштанд. Боз мо фаҳмидем, ки чашми хоҳар торафт хира шуда истодааст ва ӯ аз депрессия азоб мекашад. Бо вуҷуди ин муҳаббат ва имони ӯ ба Яҳува қавӣ буд. Мо дарк кардем, ки аз намунаи хуби ин хоҳар бояд бисёр чизро ёд гирем» (Флп. 2:3). Ин нозири ноҳиявӣ ба Яҳува пайравӣ намуда кӯшиш кард, ки нисбати он хоҳар бо фаҳмиш муносибат кунад. Яҳува ҳар як гӯсфандашро медонад ва аз дарди дили онҳо огоҳ аст (Хур. 3:7). Агар пирон бародару хоҳаронро нағз шиносанд, ба онҳо нағзтар кӯмак карда метавонанд.

12. Хоҳар Япи аз хубтар шинохтани як хоҳари ҷамъомадаш чӣ манфиат гирифт?

12 Мумкин ба назари шумо ягон бародар ё хоҳар одами асабӣ ва бадқаҳр метобад. Вале вақте аз шароити зиндагии ӯ бохабар мешавед, шояд ӯро фаҳмидан бароятон осонтар гардад. Масалан, хоҳар Япи, ки аз Осиё аст, нақл мекунад: «Хоҳаре аз ҷамъомадамон хеле баланд гап мезад. Ба назарам чунин метофт, ки ба вай одобу тамиз намерасад. Вале вақте ки ман бо ӯ дар хизмат ҳамкорӣ кардам, фаҳмидам, ки вай бо волидонаш дар бозор моҳӣ мефурӯшад ва бояд харидоронро бо овози баланд ҷалб кунад». Хоҳар Япи илова мекунад: «Ман дарк кардам, ки барои фаҳмидани бародару хоҳарон бояд бо онҳо нағзтар шинос шавам». Барои ҳамимононро хубтар шинохтан саъю кӯшиш дар талаб аст. Аммо вақте шумо аз рӯйи маслиҳати Китоби Муқаддас амал карда дари дилатонро сӯйи ҳамимонон мекушоед, ба Яҳува, ки «ҳама гуна одамон»-ро дӯст медорад, пайравӣ мекунед (1 Тим. 2:3, 4; 2 Қӯр. 6:11–13).

ФАҲМИШУ ҲАМДАРДӢ ЗОҲИР КУНЕД

13. Чи хеле ки дар Ҳастӣ 19:15, 16 омадааст, вақте Лут дер мекард, фариштаҳо чӣ кор карданд ва барои чӣ?

13 Дар лаҳзаи муҳими ҳаёташ Лут ба иҷро кардани дастуроти Яҳува сустӣ кард. Ду фаришта ба назди Лут омада гуфтанд, ки бо наздиконаш аз Садӯм берун ояд. Барои чӣ? Онҳо гуфтанд: «Мо ин маконро маҳв хоҳем кард» (Ҳас. 19:12, 13). Лекин саҳарии рӯзи дигар Лут ва оилааш ҳоло ҳам дар хона буданд. Аз ин рӯ фариштагон бори дигар ба онҳо гуфтанд, ки шаҳрро тарк кунанд. Вале Лут «дер мекард». Шояд мо гумон кунем, ки Лут одами бепарво ва ё ҳатто беитоат буд. Лекин Яҳува аз наҷот додани ӯ даст накашид. «Худованд бар ӯ шафқат кард», барои ҳамин фариштаҳо аз дасти ӯ ва наздиконаш гирифта онҳоро аз шаҳр берун бароварданд. (Ҳастӣ 19:15, 16-ро хонед.)

14. Чиҳо сабаб шуда метавонист, ки Яҳува ба Лут дилсӯзӣ зоҳир кунад?

14 Эҳтимол Яҳува якчанд чизро ба назар гирифта ба Лут дилсӯзӣ зоҳир кард. Масалан, Лут шояд аз он сабаб аз хона тез баромадан нахост, ки аз одамони шаҳр метарсид. Вале дигар хатарҳо низ буданд. Водии наздики Садӯм пур аз чоҳҳои қир (асфалт) буд ва Лут аз афташ медонист, ки чанде пеш ду подшоҳ ба онҳо афтода буданд (Ҳас. 14:8–12). Ва Лут чун шавҳар ва падар шояд оилаашро аз хатар эҳтиёт кардан мехост. Илова бар ин Лут марди бой буд ва дар Садӯм шояд хонаи боҳашамате дошт (Ҳас. 13:5, 6). Лекин, он ки Лут дарҳол ба дастуроти Яҳува гӯш накард, ҳеҷ кадоми ин чизҳо баҳона шуда наметавонист. Вале Яҳува диққаташро ба сустии Лут равона накард ва ба ӯ чун ба «марди росткор» менигарист (2 Пет. 2:7, 8).

Вақте мо дигаронро бодиққат гӯш мекунем, вазъияти онҳоро хубтар мефаҳмем. Ин ба мо кӯмак мекунад, ки нисбаташон дилсӯз бошем (Ба сархатҳои 15 ва 16 нигаред.) *

15. Ба ҷойи рафтори касеро ҳукм кардан мо бояд чӣ кор кунем?

15 Ба ҷойи рафтори касеро ҳукм кардан хуб мебуд фаҳмем, ки он шахс чӣ гуна ҳиссиёт ё душворӣ дорад. Вероника ном хоҳар аз Аврупо кӯшиш кард, ки чунин кунад. «Ба назарам як хоҳар доим қошу қавоқ карда мегашт,— мегӯяд ӯ.— Вай худро аз дигарон дур мекашид. Баъзан метарсидам, ки ба пешаш равам. Вале ман фикр кардам: “Агар ман ба ҷойи ӯ мебудам, ягон дӯст доштан мехостам”. Аз ин рӯ қарор кардам, ки самимона бо ӯ сӯҳбат мекунам. Дар давоми сӯҳбат ӯ дилашро ба ман холӣ кард! Ҳоло ман ӯро нағзтар мефаҳмам».

16. Чаро барои бештар дилсӯз будан бояд аз Яҳува кӯмак пурсем?

16 Ягона шахсе, ки моро пурра мефаҳмад, ин Яҳува аст (1 Юҳ. 3:20). Бинобар ин дар дуо аз Ӯ кӯмак пурсед, то ба дигарон бо чашми Ӯ нигаред ва бо фаҳмиш муносибат кунед. Ба Анжела ном хоҳар дуо кӯмак кард, ки нисбати дигарон бештар ҳамдард бошад. Ба вай бо як хоҳар забон ёфтан душвор буд. Анжела иқрор мешавад: «Осонаш ин буд, ки ӯро танқид кунаму аз вай дасту диламро шӯям. Вале баъд ман ба Яҳува дуо гуфтам, ки барои ба он хоҳар фаҳмиш зоҳир кардан ба ман кӯмак кунад». Оё Яҳува ба дуои Анжела ҷавоб дод? Ӯ мегӯяд: «Мо ҳамроҳ ба хизмат рафтем ва баъд соатҳои зиёд бо ҳам сӯҳбат кардем. Суханони ӯро гӯш карда дилам ба вай сӯхт. Ҳоло меҳри ман ба ӯ зиёдтар шудааст ва ман сахт мехоҳам ӯро дастгирӣ кунам».

17. Мо бояд ба чӣ азми қавӣ дошта бошем?

17 Мо интихоб карда наметавонем, ки кадом бародару хоҳарон ба дилсӯзии мо сазоворанду кадомашон не. Ҳамаи онҳо мисли Юнус, Илёс, Ҳоҷар ва Лут бо мушкилиҳо дучор мешаванд. Баъзе душвориҳо шояд бо айби худи онҳо ба сарашон омадааст ва пӯшида нест, ки бо ҳамаи мо низ баъзан чунин мешавад. Пас дуруст мебуд, ки аз Яҳува кӯмак пурсем, то ба ҳамдигар бо дилсӯзӣ муносибат кунем (1 Пет. 3:8). Агар мо ба Яҳува итоат кунем, ягонагӣ ва муҳаббат дар оилаи умумиҷаҳониамон мустаҳкам мегардад. Аз ин рӯ биёед якдигарро бодиққат гӯш кунем, бо ҳам аз наздик шинос шавем ва нисбати ҳамдигар фаҳмиш зоҳир кунем.

СУРУДИ 20 Вохӯриҳои моро баракат деҳ

^ сарх. 5 Мо одамони нокомил майл дорем, ки ба одамон ё ниятҳои онҳо даррав нодуруст баҳо диҳем. Лекин Яҳува ин хел нест, Ӯ «он чиро, ки дар дил аст, мебинад» (1 Подш. 16:7). Дар ин мақола мо дида мебароем, ки чӣ тавр Ӯ бо Юнус, Илёс, Ҳоҷар ва Лут меҳрубонона муносибат кард. Намунаи Яҳува ба мо кӯмак мекунад, ки дар муносибат бо бародару хоҳарон мо ҳам меҳрубон бошем.

^ сарх. 52 ШАРҲИ РАСМҲО: Бародари калонсол аз он асабӣ мешавад, ки бародари ҷавон ба ҷамъомад дер омада истодааст. Вале баъдтар вай мефаҳмад, ки дар роҳ ӯ ба садама дучор шудааст.

^ сарх. 54 ШАРҲИ РАСМҲО: Ба нозири гурӯҳи хизматӣ дар аввал чунин метобад, ки хоҳаре одамгурез аст, лекин баъдтар мефаҳмад, ки он хоҳар шармгин аст ва дар назди одамони на он қадар шинос худашро нороҳат ҳис мекунад.

^ сарх. 56 ШАРҲИ РАСМҲО: Дар ибодатгоҳ хоҳаре ҳангоми бори аввал дидани як хоҳар фикр мекунад, ки ӯ туршрӯй ва нисбати дигарон бепарво аст. Вале бо ӯ аз наздик шинос шуда мефаҳмад, ки дар асл он хоҳар чунин нест.