Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 15

Шумо ба одамони минтақаатон чӣ хел муносибат мекунед?

Шумо ба одамони минтақаатон чӣ хел муносибат мекунед?

«Чашмони худро бардоред ва ба киштзор назар андохта бинед, ки ҳосил барои дарав тайёр аст» (ЮҲ. 4:35).

СУРУДИ 44 Хурсандона дар дарав иштирок мекунем

ПЕШГУФТОР *

1, 2. Суханони дар Юҳанно 4:35, 36 овардашудаи Исо чӣ маъно доштанд?

БОРЕ Исо ҳангоми ба Ҷалил рафтанаш аз саҳрое мегузашт, ки он ҷо эҳтимол ҷав корида буданд (Юҳ. 4:3–6). Ҷав одатан баъди чор моҳ пухта расида ба даравидан тайёр мешавад. Аз ин рӯ суханони зерини Исо шояд ба назари шогирдонаш аҷоиб метофт: «Чашмони худро бардоред ва ба киштзор назар андохта бинед, ки ҳосил барои дарав тайёр аст». (Юҳанно 4:35, 36-ро хонед.) Ӯ чиро дар назар дошт?

2 Исо аз афташ на ҷамъоварии ғалла, балки дарави рӯҳонӣ, яъне ҷамъоварии одамонро дар назар дошт. Биёед ба хотир орем, ки навакак пеш аз ин чӣ рӯй дода буд. Ҳарчанд яҳудиҳо аз сомариён худро дур мекашиданд, Исо ба зани сомарие мавъиза кард ва он зан ӯро хуб гӯш кард! Сипас ӯ ба сомариёни дигар оиди Исо нақл кард ва онҳо хостанд, ки омада аз худи Исо бисёртар фаҳманд. Омада истодани онҳоро дида Исо гуфт, ки «ҳосил барои дарав тайёр аст» (Юҳ. 4:9, 39–42). Дар як тафсири Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки дарҳол ба назди Исо омадани сомариён нишон медод, ки онҳо чун ҳосил барои дарав тайёр буданд.

Оё ба фикратон одамони маҳалли шумо чун ҳосил барои дарав тайёранд? Пас, бояд чӣ кор кунед? (Ба сархати 3 нигаред.)

3. Агар шумо ба одамон мисли Исо назар кунед, чӣ тавр хизмати худро беҳтар мегардонед?

3 Дар бораи одамони маҳалли шумо чӣ гуфтан мумкин аст? Оё мисли Исо шумо низ фикр мекунед, ки онҳо барои дарав тайёранд? Агар ҳа, пас хизмати шумо самари зиёд оварда метавонад. Барои ин, пеш аз ҳама шумо бояд ин корро фаврӣ ҳисобед. Охир, агар ҳосилро дар вақташ надараванд, он нобуд мешавад. Вақте мебинед, ки одамони бисёр хушхабарро қабул мекунанд, шумо шодӣ хоҳед кард. Зеро Китоби Муқаддас мегӯяд, ки «мавсими дарав» ба халқ шодмонӣ меорад (Иш. 9:3). Инчунин, ба ҳар як шахс чун ба шогирди ояндаи Исо нигоҳ кунед ва сӯҳбатро аз он чизе, ки ба ӯ шавқовар аст, сар кунед.

4. Дар ин мақола мо аз Павлус чиҳоро меомӯзем?

4 Баъзе пайравони Исо шояд фикр мекарданд, ки сомариён ҳеҷ гоҳ шогирди Исо намешаванд, вале ӯ чунин фикр надошт. Баръакс, вай ба онҳо чун ба шогирдони ояндаи худ менигарист. Мо ҳам ба одамони маҳалли худ бояд мисли Исо муносибат кунем. Павлуси расул низ ба мо намунаи хуб аст. Ӯ ҳангоми мавъиза 1) эътиқоди одамонро ба назар мегирифт; 2) ба чӣ шавқ доштанашонро муайян мекард ва 3) ба онҳо чун ба шогирдони ояндаи Исо менигарист. Аз ин мақола мо мефаҳмем, ки чӣ тавр аз ин се ҷиҳат беҳтар шуда метавонем.

ОНҲО БА ЧӢ ЭЪТИҚОД ДОРАНД?

5. Чаро ба Павлус фикру ақидаи одамоне, ки ба ибодатгоҳ меомаданд, шинос буд?

5 Павлус бисёр вақт дар ибодатгоҳ мавъиза мекард. Масалан, дар ибодатгоҳи Таслӯникӣ ӯ «дар давоми се ҳафта, ҳар рӯзи шанбе, бо [яҳудиён] дар асоси Навиштаҳои Муқаддас муҳокима меронд» (Аъм. 17:1, 2). Павлус аз афташ дар ибодатгоҳ худашро озод ҳис мекард, чунки яҳудӣ буд (Аъм. 26:4, 5). Ӯ бо урфу одатҳои яҳудиён шинос буд, барои ҳамин ба онҳо бо боварӣ гап мезад (Флп. 3:4, 5).

6. Одамоне, ки Павлус дар бозори Афина вомехӯрд, аз онҳое, ки ӯ дар ибодатгоҳ мавъиза мекард, чӣ фарқ доштанд?

6 Павлус аз дасти таъқибгарон маҷбур шуд, ки аз Таслӯникӣ ба Бирия ва аз он ҷо ба Афина гурезад. Ва ӯ дар Афина ҳам «ба ибодатгоҳ даромада, бо яҳудиён ва дигар одамони худотарс дар асоси Навиштаҳои Муқаддас муҳокима меронд» (Аъм. 17:17). Лекин дар бозорҳо ӯ ба одамони гуногун мавъиза мекард. Дар байни онҳо файласуфон ва ғайрияҳудиёне буданд, ки барои онҳо хабари Павлус як «таълимоти нав» буд. Онҳо ба ӯ чунин мегуфтанд: «Ту дар бораи чизҳое сухан меронӣ, ки мо дар умрамон нашунида будем» (Аъм. 17:18–20).

7. Мувофиқи Аъмол 17:22, 23 чӣ хел Павлус мавъизаашро ба одамон мутобиқ мекард?

7 Аъмол 17:22, 23-ро хонед. Павлус дар Афина барои ба ғайрияҳудиён мавъиза кардан роҳи дигарро истифода бурд. Аз афташ ӯ пеш аз сар кардани сӯҳбат фикр кард, ки сокинони Афина ба чӣ эътиқод доранд. Ӯ гирду атрофро нағз мушоҳида кард ва ба урфу одатҳои динии онҳо аҳамият дод. Сипас ӯ байни ибодати онҳо ва ҳақиқати Калом чизи умумиеро ёфта суханро аз ҳамон сар кард. Дар ин бора як тадқиқотчии Китоби Муқаддас мегӯяд: «Павлус, ки яҳудӣ буд, дарк мекард, ки юнониён бутпарастанд ва Худоеро, ки яҳудиён ҳақиқӣ мешуморанд, ибодат намекунанд. Вале ӯ ҳаракат мекард, то ба сокинони Афина фаҳмонад, ки Худое, ки ӯ мавъиза мекунад, дар асл барои онҳо ношинос нест». Ӯ ба сокинони Афина гуфт, ки хабари ӯ аз ҳамон «Худои ношинос»-е бармеояд, ки онҳо барояш қурбонгоҳ сохтаанд. Ҳарчанд онҳо бо Навиштаҳо шинос набуданд, Павлус фикр намекард, ки онҳо ҳеҷ гоҳ пайрави Масеҳ намешаванд. Баръакс, ӯ ба онҳо чун ба ҳосили пухтарасида назар мекард ва мавъизаашро ба онҳо мутобиқ менамуд.

Мисли Павлуси расул мушоҳидакор бошед, пешниҳодатонро ба одамони гуногун мувофиқ гардонед ва ба онҳо чун ба шогирдони ояндаи Исо нигаред (Ба сархатҳои 8, 12 ва 18 нигаред.) *

8. а) Шумо чӣ хел пай бурда метавонед, ки одамони маҳаллатон ба чӣ эътиқод доранд? б) Агар касе гӯяд, ки дини худашро дорад, шумо чӣ тавр ҷавоб медодед?

8 Мисли Павлус мушоҳидакор бошед. Ба чизҳои гирду атроф аҳамият диҳед, то фаҳмед, ки одамони маҳаллатон ба чӣ эътиқод доранд. Масалан, аҳамият диҳед, ки шахс хона ё мошинашро чӣ хел оро додааст. Аз ном, сару либос, намуди зоҳирӣ ё тарзи гуфтори шахс муайян кардан мумкин аст, ки вай ба кадом дин тааллуқ дорад. Шояд ӯ ба шумо рӯйирост гӯяд, ки дини худашро дорад. Дар ин гуна ҳолатҳо хоҳар Флутура, ки пешрави махсус аст, чунин ҷавоб медиҳад: «Ман шуморо ба дини худ дароварданӣ нестам. Танҳо оиди мавзӯи... бо шумо гап заданӣ будам».

9. Ба одами диндор сӯҳбатро аз чӣ сар кардан мумкин аст?

9 Бо одами диндор шумо оиди кадом мавзӯъ гап зада метавонед? Кӯшиш кунед дар бораи чизҳое гап занед, ки ҳам шумо розиед ва ҳам ӯ. Он гоҳ шахс шуморо эҳтимол бо шавқ гӯш кунад. Мумкин шахс Худои ягонаро парастиш мекунад, имон дорад, ки Исо пайғамбар аст ё шояд боварӣ дорад, ки мо дар охирзамон зиндагӣ дорем. Гапро аз чизҳое сар кунед, ки ӯ розӣ аст ва сипас хабари Китоби Муқаддасро ба таври ба ӯ ҷолиб пешкаш кунед.

10. Мо бояд ба чӣ кӯшиш кунем ва чаро?

10 Дар хотир доред, ки одамон баъзан на ба ҳар чизе, ки динашон мегӯяд, боварӣ доранд. Барои ҳамин ҳатто дар кадом дин будани шахсро пай баред ҳам, кӯшиш карда фаҳмед, ки худи ӯ дар асл ба чӣ боварӣ дорад. Дэвид, пешрави махсус аз Австралия, мегӯяд: «Имрӯз бисёриҳо ақидаҳои одамиро бо таълимоти динӣ омехта мекунанд». Хоҳар Доналта, ки аз Албания мебошад, чунин мегӯяд: «Баъзе одамон мегӯянд, ки диндоранд, вале баъдтар тан мегиранд, ки дар асл ба Худо бовар намекунанд». Аз рӯйи гуфти як бародари миссионер аз Аргентина ҳарчанд баъзе одамон Худоро Сегона мегӯянд, шояд дар асл боварӣ надоранд, ки Падар, Писар ва рӯҳи муқаддас як Худо мебошанд. Донистани ин ба ӯ ёрдам мекунад, ки бо шахс оиди чизе ки вай розӣ аст, гап занад. Аз ин рӯ хуб мебуд, то мо низ фаҳмем, ки одамон дар асл ба чӣ имон доранд. Он гоҳ шумо низ мисли Павлус «барои ҳар навъ одамон ҳар чиз шуда» метавонед (1 Қӯр. 9:19–23).

ОНҲО БА ЧӢ ШАВҚ ДОРАНД?

11. Чуноне ки дар Аъмол 14:14–17 қайд шудааст, Павлус ба сокинони Лустра бо кадом роҳ мавъиза кард, то ки шавқи онҳоро бедор кунад?

11 Аъмол 14:14–17-ро хонед. Павлус ҳаракат карда фаҳмидан мехост, ки шунавандагонаш ба чӣ шавқ доранд ва сӯҳбатро аз он сар мекард. Масалан, мардуми Лустра оиди Навиштаҳо кам медонистанд ё умуман чизе намедонистанд. Аз ин рӯ Павлус ба онҳо оиди чизҳое гап зад, ки барояшон шинос буд. Вай дар бораи фаслҳои серҳосил ва чизҳое, ки ба ҳаёт шодиву хурсандӣ меоранд, сухан гуфт. Ӯ калимаҳо ва мисолҳоеро истифода бурд, ки шунавандагонаш осонфаҳм буданд.

12. Чӣ хел шумо муайян карда метавонед, ки шахс ба чӣ шавқ дорад, то пешниҳоди худро ба он мувофиқ кунед?

12 Муайян кунед, ки одамони маҳаллатон ба чӣ шавқ доранд, сипас пешниҳоди худро ба онҳо мувофиқ созед. Вақте шумо ба шахс ё ба хонаи ӯ наздик мешавед, чӣ хел фаҳмида метавонед, ки ба вай чӣ шавқовар аст? Дар ин ҷо низ ба шумо мушоҳидакорӣ кӯмак мекунад. Шояд ӯ дар замини назди хонааш боғдорӣ мекунад, ё китоб мехонад, мошин таъмир мекунад ё бо ягон кори дигар банд аст. Шумо метавонед сӯҳбатро аз он коре, ки ӯ машғул аст, сар кунед (Юҳ. 4:7). Ҳатто аз либоспӯшии шахс миллати ӯ, касбу кор ё мухлиси кадом дастаи варзишӣ буданашро фаҳмидан мумкин аст. «Ман сӯҳбатро бо ҷавони 19-солае сар кардам, ки дар футболкааш расми сарояндаи машҳуре кашида шуда буд,— мегӯяд бародар Густаво.— Вақте дар бораи он расм аз ӯ пурсидам, ҷавон ба ман гуфт, ки он сарояндаи дӯстдоштааш аст. Мо нағз сӯҳбат кардем ва дар натиҷа вай ба омӯзиш розӣ шуд. Ҳоло ӯ бародари мо аст».

13. Чӣ тавр шумо омӯзиши Китоби Муқаддасро ба таври шавқовар пешкаш карда метавонед?

13 Кӯшиш кунед, ки ба кас омӯзишро ба таври шавқовар пешкаш кунед. Фаҳмонед, ки омӯзиш ба ӯ хеле кӯмак мекунад. Ҳамин тавр шавқи ӯ бедор шуданаш мумкин аст (Юҳ. 4:13–15). Масалан, вақте хоҳар Попи ба зане мавъиза кард, ӯ хоҳарро ба хонааш таклиф намуд. Хоҳар дар девори хонаи он зан шаҳодатномаеро дид, ки дар донишгоҳ муаллима будани ӯро нишон медод. Хоҳар ба он ишора карда гуфт, ки Шоҳидон низ одамонро ба воситаи омӯзиши Китоби Муқаддас ва вохӯриҳояшон таълим медиҳанд. Зан ба омӯзиш розӣ шуд ва рӯзи дигар ба ҷамъомад рафт ва чанде пас ба анҷумани ноҳиявӣ омад. Як сол пас ӯ таъмид гирифт. Шумо низ метавонед ба худ чунин савол диҳед: «Касоне, ки ман боздид карданиам, ба чӣ шавқ доранд? Омӯзишро чӣ тавр пешкаш кунам, ки барояшон ҷолиб бошад?»

14. Чӣ хел шумо омӯзишро ба ҳар як омӯзанда мутобиқ карда метавонед?

14 Баъди он ки бо касе омӯзиш сар кардед, ба ҳар дарсе, ки мегузаронед, нағз тайёрӣ бинед; вазъияти омӯзандаатон, ҳаёти гузаштаи ӯ ва ба чӣ шавқ доштанашро ба назар гиред. Ҳангоми тайёрӣ барои худ қайд кунед, ки дар вақти муҳокимаи мавзӯъ кадом оятҳоро мехонед, кадом видеонаворҳоро нишон медиҳед ва чӣ гуна мисолҳо меоред. Ба худ савол диҳед: «Хусусан кадом чизҳо ба омӯзандаи ман шавқовар аст ва ба дили ӯ таъсир карда метавонад?» (Мас. 16:23). Дар Албания зане, ки бо хоҳари пешрав Флора омӯзиш мекард, қатъиян чунин мегуфт: «Ман ба эҳёшавӣ бовар намекунам». Флора ӯро ба ин маҷбур намекард. Вай нақл мекунад: «Ман дарк мекардам, ки пеш аз он ки ӯ ба эҳёшавӣ бовар кунад, ӯ бояд аввал Худоеро, ки эҳёшавиро ваъда медиҳад, хубтар шиносад». Флора дар ҳар як омӯзиш диққати он занро ба муҳаббат, хирад ва қудрати Яҳува равона мекард. Баъдтар омӯзандаи ӯ бо омодагӣ ба эҳёшавӣ имон овард. Ҳоло ӯ Шоҳиди боғайрати Яҳува мебошад.

БА ОНҲО ЧУН БА ШОГИРДОНИ ОЯНДА НИГАРЕД

15. Мувофиқи Аъмол 17:16–18 кадом корҳои сокинони Афина Павлусро ғамгин мекард, вале чаро ӯ аз онҳо умедашро намеканд?

15 Аъмол 17:16–18-ро хонед. Павлус фикр намекард, ки сокинони Афина ҳеҷ гоҳ ҳақиқатро қабул намекунанд, ҳарчанд шаҳрашон пур аз бутҳо, бадахлоқии ҷинсӣ, фалсафа буд ва одамонаш ӯро таҳқиру дашном медоданд. Павлус худаш низ пеш «куфргӯ, таъқибкунанда» буд ва дигаронро дашном медод, вале баъд шогирди Исо шуд (1 Тим. 1:13). Чуноне ки Исо боварӣ дошт, ки Павлус шогирди ӯ шуда метавонад, Павлус низ боварӣ дошт, ки сокинони Афина метавонанд, пайрави Масеҳ гарданд. Ва боварии ӯ беҳуда набуд (Аъм. 9:13–15; 17:34).

16, 17. Чӣ нишон медиҳад, ки ҳар гуна одамон пайрави Масеҳ шуда метавонанд? Мисол оред.

16 Дар асри як одамони гуногун новобаста аз одатҳо ва тарзи ҳаёти пешинаашон шогирди Исо мешуданд. Масалан, Павлус ба масеҳиёни шаҳри Қӯринт (Юнон) навишт, ки баъзеи онҳо як вақтҳо ҷинояткор буданд ва ҳаёти беҳад бадахлоқона ба сар мебурданд. Ва ӯ илова кард: «Баъзеи шумо ҳамин хел будед, вале... пок шудед» (1 Қӯр. 6:9–11). Дидан мумкин аст, ки он одамон дигар шуда шогирди Исо гаштанд.

17 Имрӯз бисёриҳо бо омодагӣ ҳаёташонро дигар карда шогирди Исо мегарданд. Дар Австралия пешрави махсусе бо номи Юкина аз таҷрибааш хулоса кард, ки ҳамагуна одамон ҳақиқатро қабул карда метавонанд. Рӯзе ӯ бо як кораш ба идорае рафт ва он ҷо ҷавонзанеро дид, ки либосаш мисли халта аз ҳад васеъ ва дароз буд, дар баданаш бошад, холкӯбиҳои зиёд (татуировка) дошт. «Ман инро дида лаҳзае дар тааҷҷуб мондам,— мегӯяд Юкина — вале баъд бо он зан гапро сар кардам. Маълум шуд, ки ӯ ба Китоби Муқаддас шавқи зиёд дорад ва ҳатто баъзе холкӯбиҳояш аз оятҳои Забур мебошанд». Он зан омӯзишро сар карда ба ҷамъомадҳо меомадагӣ шуд *.

18. Чаро набояд пешакӣ фикр кунем, ки одамон ҳақиқатро қабул намекунанд?

18 Оё Исо интизор буд, ки аксарияти одамон ӯро пайравӣ мекунанд? Не, албатта. Навиштаҳо пешгӯйӣ карда буданд, ки шумораи нисбатан ками одамон ба ӯ имон меоранд (Юҳ. 12:37, 38). Худо ба Исо қобилият дода буд, ки дили одамонро хонад (Мат. 9:4). Ҳарчанд ӯ диққаташро ба он нафарони каме, ки имон оварда буданд, равона мекард, ба ҳар ҳол боғайратона ба ҳар як кас мавъиза мекард. Пас, мо ки дили одамонро хонда наметавонем, ҳеҷ гоҳ набояд пешакӣ фикр кунем, ки одамони маҳалламон ё ягон шахс асло ҳақиқатро қабул намекунанд. Баръакс, ба одамон чун ба шогирдони ояндаи Масеҳ бояд нигарем. Марк ном бародари миссионер аз Буркина Фасо дар ин бора мегӯяд: «Одамоне, ки ман фикр мекардам, ки рӯҳан пешравӣ мекунанд, бисёр вақт омӯзишро бас мекунанд. Вале онҳое, ки ба назарам суст буданд, бисёр вақт хуб пешравӣ мекунанд. Аз ин рӯ ман хулоса кардам, ки беҳтараш рӯҳи муқаддаси Яҳува моро роҳнамоӣ кунад».

19. Ба одамони маҳалламон мо бояд чӣ тавр назар кунем?

19 Шояд дар назари аввал чунин тобад, ки дар маҳалли мо бисёриҳо мисли ҳосиле нестанд, ки барои дарав тайёр аст. Лекин суханони Исоро ба хотир оред. Ӯ гуфт, ки ҳосил барои даррав тайёр аст. Одамон метавонанд дигар шаванд ва пайрави Масеҳ гарданд. Яҳува ба чунин одамон чун ба «неъматҳои ҳамаи халқҳо» менигарад (Ҳаҷ. 2:7). Агар мо ба одамон мисли Яҳува ва Исо муносибат кунем, пас кӯшиш мекунем дар бораи вазъу шароит ва чизҳое, ки онҳо шавқ доранд, фаҳмем ва ба онҳо чун ба бародару хоҳарони ояндаамон назар кунем.

СУРУДИ 142 Ба ҳама одамон мавъиза мекунем

^ сарх. 5 Муносибате, ки мо ба одамони маҳалламон дорем, ба тарзи мавъиза ва таълимдиҳиамон таъсир карда метавонад. Ҳазрати Исо ва Павлуси расул эътиқоди одамон ва ба чӣ шавқ доштани онҳоро ба назар мегирифтанд ва пешакӣ хулоса намекарданд, ки онҳо ҳақиқатро қабул намекунанд. Дар ин мақола мебинем, ки чӣ хел мо ба Исо ва Павлус пайравӣ карда метавонем.

^ сарх. 17 Дар силсилаи мақолаҳои «Китоби Муқаддас ҳаётро дигаргун месозад» оиди одамоне, ки ҳаёташонро дигар карданд, мисолҳои бештар оварда шудаанд. Ин мақолаҳо дар «Бурҷи дидбонӣ» аз соли 2017 инҷониб чоп мешуданд. Ҳоло ин рубрика дар сайти jw.org® дастрас аст. (Нигаред ба бахши О НАС > СЛУЧАИ ИЗ ЖИЗНИ)

^ сарх. 57 ШАРҲИ РАСМҲО: Ҳамсарон ҳангоми хона ба хона мавъиза кардан, пай мебаранд, ки 1) пеши дари як хона тозаву озода аст ва бо гулҳо оро дода шудааст; 2) дар як хона оилае зиндагӣ мекунад, ки кӯдакони хурд дорад; 3) дарун ва беруни як хона чиркин аст; 4) дар як хона одамони диндор зиндагӣ мекунанд. Ба фикратон, одамонеро, ки дилашон ба ҳақиқат моил аст, аз куҷо ёфтан мумкин?