Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё шумо дар хотир доред?

Оё шумо дар хотир доред?

Оё шумораҳои охирини «Бурҷи дидбонӣ»-ро бодиққат хонда будед? Пас, худро санҷед, ки ба саволҳои зерин ҷавоб дода метавонед ё не:

Чӣ тавр Китоби Муқаддас нишон медиҳад, ки дили Худо ба мо месӯзад?

Вақте ки исроилиён дар Миср ғулом буданд, Худо дарду азоби онҳоро дид ва дилаш ба онҳо сӯхт (Хур. 3:7; Иш. 63:9). Азбаски Худо моро низ ба сурати худ, яъне бо хислатҳои ба Худаш хос офаридааст, мо ҳам нисбати дигарон дилсӯз буда метавонем. Ҳатто вақте мо ҳис мекунем, ки сазовори муҳаббати Яҳува нестем, Ӯ ба мо дилсӯзӣ зоҳир мекунад (wp18.3, саҳ. 8–9).

Чӣ тавр таълимоти Исо ба мо ёрӣ мерасонад, ки бадгумониро бартараф созем?

Дар замони Исо бисёр яҳудиён нисбати дигар миллатҳо бадгумонӣ доштанд. Исо онҳоеро, ки бо нажодашон фахр менамуданд, ҳукм мекард ва муҳим будани фурӯтаниро таъкид мекард. Исо шогирдонашро бармеангехт, ки ба якдигар мисли бародару хоҳар муносибат кунанд (w18.06, саҳ. 9–10).

Аз он ки Мӯсо имконияти ба Замини ваъдашуда даромаданро аз даст дод, мо барои худ чӣ дарс мегирем?

Мӯсо бо Яҳува муносибатҳои наздик дошт (Такр. Ш. 34:10). Вақте ки сафари 40-солаи исроилиён дар биёбон ба охир мерасид, онҳо аз набудани об боз ба шикоят даромаданд. Яҳува ба Мӯсо дастур дод, ки ба кӯҳпора сухан гӯяд, вале Мӯсо ба ҷойи ин ба сахра бо асо зад. Яҳува аз ин ба ғазаб омад. Чаро? Шояд як сабабаш дар он буд, ки Мӯсо аз рӯйи дастуроти Ӯ амал накард. Ҳамчунин дар он маврид Мӯсо Яҳуваро ҷалол надод (Ад. 20:6–12). Ин моро таълим медиҳад, ки ба Яҳува пурра итоат кардан ва Ӯро ҷалол додан то чӣ андоза муҳим аст (w18.07, саҳ. 13–14).

Чаро одамонро аз рӯӣ он чӣ ки ба чашм аён аст, баҳо дода, мо ба хатогӣ роҳ дода метавонем?

Се омил одатан ба нуқтаи назари мо таъсир карда метавонад: миллату нажод, боигарӣ ва синну сол. Хеле муҳим аст, ки мо ба дигарон мисли Яҳува, ки рӯйбин нест, нигоҳ карданро ёд гирем (w18.08, саҳ. 8–12).

Масеҳиёни пиронсол бо кадом роҳҳо ба дигарон кӯмак карда метавонанд?

Яҳува бародарони пиронсолеро, ки таъйиноташон дигар мешавад, бениҳоят қадр мекунад. Ва онҳо ба дигарон то ҳол бисёр ёрдам дода метавонанд. Масалан, онҳо метавонанд ба шавҳарони ҳамимоннабудаи хоҳарон таваҷҷӯҳ зоҳир кунанд, ба шахсони ғайрифаъол кӯмак кунанд, бисёртар омӯзиши Китоби Муқаддас сар карда онро гузаронанд ва хизматашонро бо дигар роҳҳо васеъ кунанд (w18.09, саҳ. 8–11).

Ба маводҳои таълимдиҳии мо чӣ дохил мешавад?

Ба онҳо корти сайт, даъватномаҳо, ҳашт рисола, маҷаллаҳои «Бурҷи дидбонӣ» ва «Бедор шавед!» дохил мешаванд. Ҳамчунин якчанд брошураҳо, ду китоби омӯзишӣ ва чор видеонавор, ки якеаш «Чаро Китоби Муқаддасро бояд омӯхт?» мебошад, маводҳои таълимдиҳии мо ҳисоб меёбанд (w18.10, саҳ. 16).

Чӣ тавр масеҳиён маслиҳати Масалҳо 23:23 ба кор бурда, «ростиро» харида метавонанд?

Ҳарчанд барои харидани ростӣ пул додан даркор нест, барои ба даст овардани он мо бояд вақтамонро сарф кунем ва кӯшиш ба харҷ диҳем (w18.11, саҳ. 4).

Ҳушаъ бо зани худ, Ҷумар чӣ гуна рафтор кард ва мо аз ин чӣ дарс гирифта метавонем?

Нигоҳ накарда ба он ки Ҷумар хиёнат карда, такроран зино кард, Ҳушаъ ӯро бахшид ва аз вай ҷудо нашуд. Агар шавҳар ё зан бадахлоқии ҷинсӣ содир кунад, ҳамсари содиқаш метавонад ӯро бахшад. Агар шахс аз ҳамсараш ҷудо нашавад ва бо ӯ муносибати маҳрамонаро барқарор кунад, дигар барои ҷудошавӣ асос намемонад (w18.12, саҳ. 13).