Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 52

Волидон, фарзандонатонро таълим диҳед, то Яҳуваро дӯст доранд!

Волидон, фарзандонатонро таълим диҳед, то Яҳуваро дӯст доранд!

«Фарзандон мерос аз ҷониби Худованд ҳастанд» (ЗАБ. 126:3).

СУРУДИ 41 Ба Яҳува аз ҷавонӣ ибодат намо

ПЕШГУФТОР *

1. Яҳува бар зиммаи волидон чӣ гуна масъулият гузоштааст?

ВАҚТЕ Яҳува аввалин ҷуфти одамиро офарид, дар дили онҳо хоҳиши фарзанддор шуданро ниҳод. Китоби Муқаддас барҳақ мегӯяд: «Фарзандон мерос аз ҷониби Худованд ҳастанд» (Заб. 126:3). Ин чӣ маъно дорад? Фарз мекунем, дӯсти наздикатон маблағи калонеро чун амонат ба шумо дода илтимос мекунад, ки муддате онро дар худ нигоҳ доред. Шумо эҳтимол хурсанд мешавед, ки дӯстатон ба шумо бовар карда амонаташро супурд. Вале ҳамзамон шумо масъулият ҳис мекунед, ки онро бе каму кос баргардонед. Ба ин монанд Яҳува чун Дӯсти наздик ба волидон чизеро амонат додааст, ки он аз пул садчандон боарзиштар аст. Ин амонат фарзандон мебошанд. Волидон дар пеши Яҳува вазифадоранд, ки дар бораи беҳбудии фарзандонашон ва хушбахт гардидани онҳо ғамхорӣ кунанд.

2. Дар ин мақола кадом саволҳоро муҳокима мекунем?

2 Кӣ бояд қарор барорад, ки оё ҳамсарон фарзанддор шаванд ва кай шаванд? Чӣ тавр волидон ба фарзандони худ кӯмак карда метавонанд, ки дар ҳаёт хушбахт бошанд? Биёед баъзе принсипҳои Каломи Худоро дида бароем, ки ба ҳамсарон барои дар ин бобат қарори бохирадона баровардан кӯмак мекунанд.

ГУЗОРЕД, КИ ҲАМСАРОН ХУДАШОН ҚАРОР БАРОРАНД

3. а) Кӣ бояд оиди фарзанддор шудан ё нашудани зану шавҳар қарор барорад? б) Хешовандону дӯстони ҳамсарон кадом принсипи Китоби Муқаддасро бояд дар хотир доранд?

3 Дар баъзе ҷойҳо аз навхонадорон интизор мешаванд, ки ҳарчи зудтар фарзанддор шаванд. Шояд хешутабор ва дигарон онҳоро ба ин ҳатто маҷбур кунанд. Ҷетро ном бародар аз Осиё мегӯяд: «Дар ҷамъомад баъзе касоне, ки фарзанд доранд, ҳамсарони бефарзандро водор мекунанд, ки кӯдакдор шаванд». Бародар Ҷефри, ки ӯ ҳам аз Осиё аст, чунин мегӯяд: «Баъзеҳо ба ҳамсарони бефарзанд мегӯянд, ки “агар фарзанддор нашавед, дар айёми пирӣ кӣ шуморо нигоҳубин мекунад?”». Лекин ҳар як ҷуфти ҳамсарон бояд худашон қарор бароранд, ки фарзанддор шаванд ё не. Ин қарори шахсӣ ва масъулияти худи онҳост (Ғал. 6:5, эзоҳ). Албатта, дӯстону хешон ба ҷуфти навхонадоршуда хушбахтӣ мехоҳанд, вале онҳо бояд фаромӯш накунанд, ки фарзанддор шудан ё нашуданро танҳо худи ҳамсарон ҳал мекунанд (1 Тас. 4:11).

4, 5. Кадом ду саволи муҳимро ҳамсарон бояд муҳокима кунанд ва инро кай кардан дуруст мебуд? Фаҳмонед.

4 Хуб мебуд, ки ҳамсароне, ки фарзанддор шудан мехоҳанд, ду саволи муҳимро якҷоя муҳокима кунанд: «Якум, кай онҳо фарзанддор шуданианд? Дуюм, онҳо соҳиби чанд фарзанд шудан мехоҳанд?» Ин саволҳоро кай муҳокима кардан беҳтар мебуд? Ва чаро муҳокимаи онҳо хеле зарур аст?

5 Ин саволҳоро пеш аз тӯй муҳокима кардан беҳтар аст. Чаро? Зеро зану шавҳар дар бобати ин масъалаҳо бояд ҳамфикр бошанд. Ҳамчунин онҳо бояд фикр кунанд, ки оё онҳо барои ба дӯш гирифтани масъулияти падару модарӣ тайёранд. Баъзе ҳамсарон қарор медиҳанд, ки баъди тӯй ақаллан як-ду сол фарзанддор намешаванд, чунки баъди таваллуди фарзандон вақту қуввати бештари волидон ба ғамхории онҳо сарф мешавад. Дарҳол фарзанддор нашудан ба ҳамсарон имконият медиҳад, ки аввал ба ҳаёти оилавӣ одат кунанд ва бо ҳам наздиктар гарданд (Эфс. 5:33).

6. Дар замонҳои сахт зиндагӣ кардани мо ба қарори баъзе ҳамсарон чӣ хел таъсир мекунад?

6 Баъзе масеҳиён ба намунаи се писари Нӯҳ ва ҳамсарони онҳо пайравӣ мекунанд. Он се ҷуфт қарор карданд, ки даррав фарзанддор намешаванд (Ҳас. 6:18; 9:18, 19; 10:1; 2 Пет. 2:5). Исо замони моро ба «рӯзҳои Нӯҳ» монанд карда буд ва мо дар ҳақиқат имрӯз дар «замонҳои сахт» зиндагӣ дорем (Мат. 24:37; 2 Тим. 3:1). Барои ҳамин баъзе ҳамсарон қарор доданд, ки ҳоло фарзанддор намешаванд, то ки вақту қуввати бештари худро ба хизмати Яҳува бахшанд.

Вақте ҳамсарон оиди фарзанддор шудан ва чанд кӯдак таваллуд кардан қарор мебароранд, аз рӯйи хирад мебуд, ки аввал «харҷи онро ҳисоб» кунанд (Ба сархати 7 нигаред.) *

7. Чӣ тавр принсипи Луқо 14:28, 29 ва Масалҳо 21:5 ба ҳамсарон кӯмак карда метавонад?

Вақте ҳамсарон оиди фарзанддор шудан ва чанд кӯдак таваллуд кардан қарор мебароранд, аз рӯйи хирад мебуд, ки аввал «харҷи онро ҳисоб» кунанд. (Луқо 14:28, 29-ро хонед.) Волидони ботаҷриба медонанд, ки ба воя расондани фарзанд сарфи пул ва вақту қувватро металабад. Аз ин сабаб хуб мебуд, ки ҳамсарон оиди саволҳои зерин фикр кунанд: Оё барои таъмини оила ҳардуямон бояд кор кунем? Ниёзҳои асосии оилаамон чиро дар бар мегирад ва оё оиди ин ҳардуямон ҳамфикр ҳастем? Агар ҳарду кор кунем, ба фарзандонамон кӣ нигоҳ мекунад? Ва ба фикрронию рафторашон киҳо таъсир хоҳанд расонд? Ҳамсароне, ки оиди ин саволҳо бодиққат мулоҳиза меронанд, мувофиқи принсипи Масалҳо 21:5 амал мекунанд. (Оятро хонед.)

Шавҳари меҳрубон ҳар кори аз дасташ меомадаро карда занашро дастгирӣ мекунад (Ба сархати 8 нигаред.)

8. Ҳамсароне, ки фарзанддор шудан мехоҳанд, ба кадом душвориҳо бояд тайёр бошанд? Шавҳари меҳрубон чӣ тавр ҳамсарашро дастгирӣ мекунад?

8 Падару модар барои нигоҳубини кӯдак вақту қуввати зиёдро сарф мекунанд ва фарзанд ба ин сазовор аст. Пас, агар ҳамсарон пайи ҳам якчанд фарзанд ба дунё оранд, ба ҳар яки онҳо шояд диққату таваҷҷӯҳи лозима додан барояшон душвор гардад. Баъзе ҳамсароне, ки якчанд кӯдаки хурдсолро якбора калон кардаанд, нақл мекунанд, ки нигоҳубини онҳо тамоми қувваташонро мегирифт. Дар чунин оила модар шояд ҳама вақт худро асабӣ ва хастаю кӯфта ҳис кунад. Ва барои омӯзиш, дуо ва мунтазам дар хизмат иштирок кардан қуввату мадораш намонад. Ҳамчунин дар ҷамъомад бодиққат будан ва аз барнома манфиат гирифтан барояш мушкил буда метавонад. Албатта, шавҳари меҳрубон ҳар кори аз дасташ меомадаро карда ҳам дар хона ва ҳам дар вохӯриҳо ба занаш дар нигоҳубини фарзандон кӯмак мекунад. Масалан, ӯ дар иҷрои кору бори хона ёрӣ дода метавонад. Ва ӯ бояд кӯшиш кунад, ки аз ибодати оилавӣ тамоми аъзои оилааш манфиат гирад. Инчунин падари масеҳӣ мунтазам бо оилааш ба хизмат мебарояд.

ФАРЗАНДОНАТОНРО ТАЪЛИМ ДИҲЕД, ТО ЯҲУВАРО ДӮСТ ДОРАНД

9, 10. Волидоне, ки фарзандонашонро дар роҳи Яҳува калон кардан мехоҳанд, бояд чӣ кор кунанд?

9 Чӣ тавр волидон ба фарзандонашон кӯмак карда метавонанд, ки Яҳуваро дӯст доранд? Ва аз таъсири ин ҷаҳони бад кӯдаконро чӣ тавр муҳофизат кардан мумкин аст? Биёед баъзе маслиҳатҳоро дида бароем.

10 Дар дуо аз Яҳува мадад пурсед. Мисоли Монӯаҳ ва занашро, ки волидони Шимшӯн гаштанд, ба хотир оред. Онҳо барои волидон намунаи хуб гузоштанд. Вақте Монӯаҳ мефаҳмад, ки ӯ ва занаш писарчадор мешаванд, ӯ ба Яҳува илтиҷо карда дар бораи чӣ тавр калон кардани фарзандаш роҳнамоӣ мепурсад.

11. Дар Доварон 13:8 дар бораи чӣ гуфта шудааст ва чӣ тавр волидон ба намунаи Монӯаҳ пайравӣ карда метавонанд?

11 Ҳамсарон Ниҳад ва Алма, ки аз Босния ва Ҳерсеговина мебошанд, аз мисоли Монӯаҳ ба худ дарс гирифтанд. Онҳо мегӯянд: «Ба монанди Монӯаҳ мо аз Яҳува илтиҷо кардем, ки барои падару модари хуб будан ба мо дастурот диҳад. Ва Яҳува ба дуоҳои мо ҷавоб дода ба мо бо роҳҳои гуногун — ба воситаи Навиштаҳо, адабиётамон, вохӯриҳои ҷамъомад ва анҷуманҳо дастурот медод». (Доварон 13:8-ро хонед.)

12. Юсуф ва Марям ба фарзандони худ чӣ намуна нишон медоданд?

12 Бо намунаи худ таълим диҳед. Чизе ки шумо ба фарзандатон мегӯед, албатта, муҳим аст, вале рафторатон ба онҳо бештар таъсир расонда метавонад. Юсуф ва Марям ба фарзандони худ, аз он ҷумла ба Исо, намунаи олиҷаноб нишон медоданд. Юсуф боғайратона меҳнат карда оилаашро таъмин менамуд. Ғайр аз ин ӯ онҳоро бармеангехт, ки ибодати Яҳуваро дӯст доранд (Такр. Ш. 4:9, 10). Ҳарчанд Шариат аз мардон талаб намекард, ки зану фарзандони худро ба ҷашни Иди раҳоӣ ба Ерусалим баранд, Юсуф «ҳар сол» бо оилааш ба он ҷо мерафт (Луқ. 2:41, 42). Эҳтимол дар он замон баъзе мардҳо бо аҳли оила ба он ҷо сафар карданро ноқулай меҳисобиданд ва фикр мекарданд, ки ба он вақту маблағи зиёд меравад. Вале маълум, ки Юсуф чизҳои рӯҳониро қадр мекард ва ба фарзандонаш ҳам инро ёд медод. Марям низ Навиштаҳоро хуб медонист. Ва ӯ бешубҳа бо гуфтору рафтораш дар дили фарзандони худ меҳри Каломи Худоро ҷо мекард.

13. Чӣ тавр як ҷуфти ҳамсарон ба намунаи Юсуф ва Марям пайравӣ карданд?

13 Ниҳад ва Алма, ки дар боло дар бораашон гуфтем, мехостанд, ки ба намунаи Юсуф ва Марям пайравӣ кунанд. Намунаи онҳо ба ин ҳамсарон кӯмак кард, ки фарзанди худро тавре ба воя расонанд, ки Яҳуваро дӯст дораду ба Ӯ хизмат кунад. Онҳо мегӯянд: «Мо кӯшиш мекардем, то бо тарзи ҳаёти худ ба писарамон нишон диҳем, ки аз рӯйи принсипҳои Яҳува зиндагӣ кардан роҳи беҳтарини ҳаёт аст». Ниҳад илова мекунад: «Фарзандатро чӣ гуна инсон дидан хоҳӣ, аввал худат ҳамин хел бош».

14. Чаро волидон бояд донанд, ки фарзандонашон бо кӣ дӯстӣ мекунанд?

14 Ба фарзандонатон барои дӯстони хуб пайдо кардан кӯмак кунед. Ҳам падар ва ҳам модар бояд донанд, ки фарзандонашон бо киҳо шинухез мекунанд ва бо чӣ кор машғуланд. Онҳо бояд хабардор бошанд, ки фарзандонашон ба воситаи шабакаҳои интернетӣ ё телефони мобилӣ бо киҳо муошират мекунанд. Чунин назорат муҳим аст, зеро он шахсон ба фикррониву рафтори кӯдакон таъсир карда метавонанд (1 Қӯр. 15:33).

15. Волидон аз намунаи бародар Ҷеси чӣ омӯхта метавонанд?

15 Агар волидон ба компютер ва таҷҳизоти мобилӣ он қадар сарфаҳм нараванд-чӣ? Ҷеси ном бародар аз Филиппин мегӯяд: «Мо техникаи ҳозиразамонро кам донем ҳам, ин моро бознамедорад, ки фарзандонамонро аз хатари таҷҳизоти электронӣ бохабар созем». Ҷеси танҳо аз сабаби он ки техникаро нағз намефаҳмад, ба фарзандонаш истифодаи онро манъ намекунад. Ӯ мефаҳмонад: «Ман фарзандонамро бармеангезам, ки таҷҳизоти электрониашонро барои ёд гирифтани забони нав, тайёрӣ ба ҷамъомадҳо ва хониши ҳаррӯзаи Китоби Муқаддас истифода баранд». Дар сайти мо дар бахш барои наврасон (Бахши БИБЛЕЙСКИЕ УЧЕНИЯ > ПОДРОСТКИ) маводҳое ҳастанд, ки волидон бо ёрии онҳо ба фарзандонашон хирадмандона истифода бурдани таҷҳизоти электрониро фаҳмонда метавонанд (Мас. 13:20). Волидон, оё шумо он маводҳоро якҷоя бо фарзандонатон хонда муҳокима кардед, ки дар мавриди ба дигарон фиристондани паёмакҳо ва гузоштани сурати худ дар интернет чӣ тавр бомулоҳиза будан лозим аст? Оё шумо ҳамроҳи онҳо видеонаворҳои «Хӯҷаин кист? Ту ё таҷҳизоти электронӣ?» ва «Шабакаҳои иҷтимоӣ. Калларо кор фармо»-ро тамошо кардед? *

16. Бисёри волидон чӣ кор мекунанд ва ин чӣ натиҷа меорад?

16 Бисёри волидон кӯшиш мекунанд, то ба фарзандонашон имконият фароҳам оранд, ки бо масеҳиёни рӯҳан баркамол муошират кунанд. Масалан, Ндени ва Бомин, ҳамсарон аз Кот-д’Ивуар, бисёр вақт нозири ноҳиявиро барои дар хонаашон истодан таклиф мекарданд. Бародар Ндени нақл мекунад: «Ин ба писари мо таъсири хеле хуб мерасонд. Ӯ хизмати пешравиро сар кард ва ҳоло бошад, чун ҷонишини нозири ноҳиявӣ хизмат мекунад». Оё шумо низ метавонед ба фарзандонатон чунин имконият фароҳам оред?

17, 18. Волидон кай бояд таълим додани фарзандашонро сар кунанд?

17 Кӯдаконатонро ҳарчи барвақттар таълим диҳед. Волидон, чи қадаре ки шумо таълим додани фарзандонатонро барвақт сар кунед, ҳамон қадар беҳтар аст (Мас. 22:6). Мисоли Тимотиюсро, ки баъди ба камол расиданаш бо Павлуси расул сафар мекард, ба хотир оред. Модари Тимотиюс, Авниқо, ва бибиаш Лӯид ӯро аз кӯдакиаш таълим дода буданд (2 Тим. 1:5; 3:15).

18 Ҷуфти дигар аз Кот-д’Ивуар Жан Клод ва Пис ҳамаи шаш фарзандашонро тавре ба воя расонданд, ки ҳоло онҳо Яҳуваро дӯст медоранд ва ба Ӯ хизмат мекунанд. Чӣ ба онҳо кӯмак кард, ки ба ин муваффақ шаванд? Ин ҳамсарон ба намунаи Авниқо ва Лӯид пайравӣ карданд. Онҳо мегӯянд: «Мо ба фарзандонамон Каломи Худоро аз кӯдакӣ талқин менамудем ва ин корро чанде пас аз таваллудашон сар мекардем» (Такр. Ш. 6:6, 7).

19. Ба фарзандон талқин кардани Каломи Худо чиро дар бар мегирад?

19 Каломи Яҳуваро ба кӯдакон «талқин намудан» чӣ маъно дорад? Ин маънои «таълим додан ва такрору ба такрор ёдрас кардан»-ро дорад. Барои ин волидон бояд бо фарзандони хурдсолашон мунтазам вақт гузаронанд. Баъзан шояд як чизро такрору ба такрор ба фарзандон гуфтан ба волидон дилгиркунанда тобад. Вале волидон, ин ба шумо имконият медиҳад, ки Каломи Худоро ба фарзандонатон фаҳмонед ва ба кор бурдани онро ёд диҳед.

Волидон бояд муайян кунанд, ки ҳар як фарзандашонро чӣ тавр таълим диҳанд (Ба сархати 20 нигаред.) *

20. Забур 126:4-ро оиди таълими фарзандон чӣ тавр ба кор бурдан мумкин аст? Фаҳмонед.

20 Бомулоҳиза бошед. Дар Забур боби 126 кӯдакон ба тирҳои камон монанд карда шудаанд. (Забур 126:4-ро хонед.) Дар замони қадим тирҳои камонро аз маводҳои гуногун месохтанд ва ҳаҷмашон низ ҳархела буда метавонист. Ба ин монанд, ду кӯдак дар як оила айнан якхела буда наметавонанд. Шояд фаҳмиш ва қобилияти онҳо гуногун аст. Барои ҳамин волидон бояд муайян кунанд, ки ҳар як фарзандашонро чӣ тавр таълим диҳанд. Як ҷуфти ҳамсарон аз Исроил, ки писар ва духтарашонро хуб ба воя расондаанд, нақл мекунанд, ки чӣ ба онҳо кӯмак кард. Онҳо мегӯянд: «Мо бо ҳар як фарзандамон дар алоҳидагӣ омӯзиш мекардем». Ҳоло фарзандони онҳо ба Яҳува хизмат мекунанд. Албатта, ҳар як сардори оила худаш қарор мекунад, ки бо ин тарз омӯзиш гузарондан лозим аст ё не.

ЯҲУВА БА ШУМО, АЛБАТТА, КӮМАК МЕКУНАД

21. Волидон аз Яҳува чӣ гуна кӯмакро интизор буда метавонанд?

21 Баъзан волидон аз сабаби душвориҳое, ки дар тарбияи фарзандон рӯ ба рӯ мешаванд, шояд худро рӯҳафтода ҳис кунанд. Лекин фарзандон ато аз ҷониби Яҳуваанд. Аз ин рӯ Ӯ ҳамеша барои кӯмак кардан ба волидон тайёр аст. Масалан, дуоҳои ҳар як падару модарро Ӯ бо омодагӣ гӯш мекунад. Ва ба онҳо тавассути Китоби Муқаддас, адабиётамон, намуна ва маслиҳатҳои волидони ботаҷрибаи ҷамъомад ҷавоб медиҳад.

22. Баъзе чизҳои беҳтарине, ки волидон ба фарзандони худ дода метавонанд, кадом аст?

22 Баъзе одамон мегӯянд, ки таълиму тарбияи фарзанд лоиҳаи 20-сола аст, вале дар асл волидон баъди ба камол расидани фарзандонашон низ волид мемонанд. Баъзе чизҳои беҳтарине, ки онҳо ба фарзандони худ дода метавонанд, ин муҳаббат, вақт ва таълими бар Китоби Муқаддас асосёфтаи онҳо мебошад. Шояд на ҳама фарзандон оқибат аз рӯйи таълими волидонашон амал кунанд. Лекин бисёри фарзандоне, ки волидонашон дар роҳи Яҳува калон карданд, аз онҳо миннатдоранд. Ҷоанна Ми, хоҳаре аз Осиё, мегӯяд: «Панду насиҳатҳои волидонамро ба хотир оварда, дилам аз миннатдорӣ лабрез мегардад, зеро онҳо маро тавре таълиму тарбия доданд, ки Яҳуваро дӯст дорам. Онҳо маро на танҳо ба дунё оварданд, балки ҳаётамро пурмазмун гардонданд» (Мас. 23:24, 25). Миллионҳо бародару хоҳарони дигар низ нисбати волидонашон чунин ҳисси миннатдорӣ доранд.

СУРУДИ 104 Яҳуваро бо мо ҳамд гӯй

^ сарх. 5 Дар ин мақола мо намунаи баъзе ҷуфти ҳамсаронро аз замони имрӯза дида мебароем ва бо ёрии принсипҳои Китоби Муқаддас ба саволҳои зерин ҷавоб меёбем: Оё ҳамсарон бояд фарзанддор шаванд? Агар ҳа, пас, онҳо бояд чанд фарзанд дошта бошанд? Ва чӣ тавр волидон фарзандонашонро таълим дода метавонанд, ки Яҳуваро дӯст доранд ва ба Ӯ хизмат кунанд?

^ сарх. 15 Ҳамчунин ба китоби «Саволҳои ҷавонон. Маслиҳатҳои амалӣ» (рус.) ҷилди 1, боби 36 ва ҷилди 2, боби 11 нигаред.

^ сарх. 60 ШАРҲИ РАСМ: Ҳамсароне оиди фарзанддор шудан ё нашуданашон мулоҳиза ронда ҳам ҷиҳатҳои хурсандиовар ва ҳам масъулиятҳоеро, ки он бо худ меорад, дида мебароянд.

^ сарх. 64 ШАРҲИ РАСМҲО: Ҳамсарон бо фарзандони худ аз сабаби гуногун будани синну сол ва қобилияти онҳо алоҳида омӯзиш гузаронда истодаанд.