Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Саволҳои хонандагон

Саволҳои хонандагон

Дар Исроили қадим вақте ягон мард духтари номзадшудаеро «дар саҳро» таҷовуз мекард, агар духтар доду фарёд карда бошад, танҳо мард ба ин ҷиноят гунаҳкор ҳисоб меёфт. Вале, Китоби Муқаддас мегӯяд, ки барои аниқ намудани ин ё он масъала ақаллан ду шоҳид буданаш ҳатмӣ аст (Ад. 35:30; Такр. Ш. 17:6; 19:15; Мат. 18:16; 1 Тим. 5:19). Пас, оиди мавриди дар боло гуфташуда чунин савол ба миён меояд: Чаро ягон шоҳид он ҳодисаро тасдиқ накунад ҳам, мувофиқи Шариат танҳо мард гунаҳкор дониста мешуду духтар не?

Қонуни дар Такрори Шариат 22:25–27 зикршуда на барои исбот кардани гуноҳи мард дода шуда буд, чунки ӯ дар ин ҳолат аллакай гунаҳкор ҳисоб меёфт. Ин қонун асосан барои муайян кардани бегуноҳии зан дода шуда буд. Барои равшантар фаҳмидан биёед контексти ин оятҳоро дида бароем.

Дар оятҳои пешина оиди ҳолате гуфта шудааст, ки марде «дар шаҳр» бо духтари номзадшудае мехобад. Бо ин кораш ӯ дар зинокорӣ айбдор дониста мешуд, чунки духтари номзадшуда зани шавҳардор ҳисоб меёфт. Зан ҳам азбаски «дар шаҳр доду фарёд накардааст», гунаҳкор ҳисобида мешуд. Зеро агар ӯ доду фарёд мекард, сокинони шаҳр инро шунида ӯро аз чанголи таҷовузкор раҳо карда метавонистанд. Дар ин ҳолат ҳар дуи онҳо гунаҳкор дониста мешуданд (Такр. Ш. 22:23, 24).

Сипас қонун боз мавриди дигарро қайд мекунад: «Агар марде дар саҳро духтари номзадшударо биёбад, ва он мард варо бо зӯрӣ дошта, бо вай бихобад, бигзор он марде ки бо вай хобидааст, танҳо ба қатл расонида шавад, вале бо духтар ҳеҷ кор накун: ба гардани духтар гуноҳи сазовори қатл нест, зеро ки монанди он аст, ки шахсе бар ёри худ қиём намуда, ӯро кушта бошад; зеро ки варо дар саҳро ёфтааст: мумкин аст, ки он духтари номзадшуда доду фарёд карда бошад, валекин касе набудааст, ки варо раҳо кунад» (Такр. Ш. 22:25–27).

Дар ин маврид доварон ба суханони он зани ҷабрдида бовар мекарданд. Чаро? Чунки он зани бечора «мумкин аст, ки... доду фарёд карда бошад, валекин касе набудааст, ки варо раҳо кунад». Барои ҳамин вай дар зинокорӣ гунаҳкор дониста намешуд. Лекин он мард таҷовузкор ва зинокор ҳисоб меёфт, чунки духтари номзадшударо «бо зӯрӣ дошта» бо вай хобидааст.

Хулоса: Ҳарчанд мақсади қонуни мазкур асосан ҳимоя кардани зани ҷабрдида буд, вале он ҳамчунин касеро, ки ба таҷовуз ва зино даст задааст, барҳақ айбдор медонист. Мо боварӣ дошта метавонем, ки ҳатто агар ягон шоҳид набошад ҳам, доварон ҳар як масъаларо «дурустакак тафтиш» карда танҳо баъд аз ин мувофиқи меъёрҳои аниқу равшан ва такрору батакрор гуфтаи Яҳува қарор мебароварданд (Такр. Ш. 13:14; 17:4; Хур. 20:14).