Саволҳои хонандагон
Вақте Шайтон ба Ҳавво гуфт, ки агар «аз дарахти маърифати неку бад» хӯрад, намемирад, магар бо ин вай гуфтанӣ буд, ки инсон рӯҳи намиранда дорад?
Аз афташ, не. Иблис ба Ҳавво нагуфт, ки агар ӯ аз меваи манъшуда хӯрад, танҳо ҷисмаш мемираду қисми ноаёне аз ӯ ҷудо шуда зиндагиро дар ягон ҷо давом медиҳад (баъзеҳо онро рӯҳи намиранда меноманд). Шайтон ба воситаи мор сухан ронда гуфтанӣ буд, ки агар Ҳавво аз меваи он дарахт хӯрад, тамоман намемирад. Суханони вай маънои онро доштанд, ки Ҳавво аз Худо мустақил шуда дар замин зиндагӣ карданро давом медиҳад ва ҳаёташ аз пештара ҳам беҳтар мегардад (Ҳас. 2:17; 3:3–5).
Агар таълимоти дурӯғ оиди рӯҳи намиранда аз боғи Адан сарчашма нагирифта бошад, пас он кай пайдо шуд? Дар ин бора аниқ ягон чиз наметавон гуфт. Мо медонем, ки ҳамаи намудҳои ибодати дурӯғ, ки то замони Нӯҳ пайдо шуда буд, дар Тӯфон несту нобуд гашт. Азбаски баъди Тӯфон танҳо Нӯҳу оилааш, ки Худои ҳақиқиро мепарастиданд, зинда монданд, баъди он ягон ақидаву таълимоти нодурусти динӣ боқӣ намонда буд.
Аз ин рӯ чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки таълимот оиди рӯҳи намиранда доштани инсон тахминан баъди Тӯфон пайдо шуд. Вақте одамон бурҷи Бобулро сохтанӣ шуданд, Худо забонҳоро омехта кард ва ҳамин тавр онҳо «бар рӯи тамоми замин пароканда» шуда ақидаҳои нодурустро, аз он ҷумла таълимот оиди рӯҳи намиранда доштани инсонро паҳн карданд (Ҳас. 11:8, 9). Новобаста аз он ки ин таълимоти дурӯғ кай пайдо шуд, шубҳае нест, ки он аз «падари дурӯғ», Шайтон Иблис, сарчашма мегирад ва ӯ онро дар ҳама ҷо паҳн кардааст (Юҳ. 8:44).