Оё шумо дар хотир доред?
Дар поён як қатор саволҳо оварда шудаанд, ки ба мақолаҳои «Бурҷи дидбонӣ»-и соли 2019 асос меёбанд. Худро санҷед, ки оё ба он саволҳо ҷавоб дода метавонед ё не:
Ваъдаи зерини Худо чӣ маъно дорад: «Ҳар олате ки бар зидди ту сохта шавад, муваффақият нахоҳад ёфт»? (Иш. 54:17)
Мо боварӣ дошта метавонем, ки Яҳува чун паноҳгоҳ моро аз қаҳру ғазаби «мустабидон», яъне ҳукуматдорони золим муҳофизат хоҳад кард (Иш. 25:4, 5). Душманон ба мо ягон зарари бартарафнашаванда расонда наметавонанд (w19.01, саҳ. 6, 7).
Аз муносибати Худо бо канъониён ва исроилиёни гумроҳшуда мо дар бораи адолати Яҳува чиро мефаҳмем?
Худо онҳоеро, ки ба алоқаи ҷинсии зишту нораво даст мезаданд ё занону кӯдакони бепушту паноҳро озор медоданд, доварӣ мекард. Ӯ исроилиёнеро, ки ба аҳкомаш итоат мекарданд ва бо дигарон аз рӯйи адлу инсоф амал менамуданд, баракат медод (w19.02, саҳ. 22, 23).
Агар дар ҳузури мо касе, ки Шоҳиди Яҳува нест, дуо гӯяд, мо бояд чӣ кор кунем?
Агар ба чунин ҳолат дучор шавем, мо метавонем хомӯш истем ва эҳтироми худро ба дигарон нишон диҳем. Вале мисли дигарон дастонамонро боло намебардорем ва «омин» намегӯем. Мо худамон дар даруни дил ба Худо дуо гуфта метавонем (w19.03, саҳ. 31).
Чаро таҷовузи ҷинсии кӯдакон гуноҳи азим ба ҳисоб меравад?
Таҷовузи ҷинсии кӯдакон ин гуноҳ бар зидди ҷабрдида, ҷамъомад, ҳокимияти давлатӣ ва пеш аз ҳама гуноҳ бар зидди Худост. Агар қонуни давлат талаб кунад, ки оиди таҷовузи кӯдак ба мақомоти дахлдор хабар дода шавад, пирон бояд ин қонунро риоя кунанд (w19.05, саҳ. 9, 10).
Чӣ тавр мо метавонем тарзи фикрронии худро дигар кунем ё беҳтар созем?
Қадамҳои асосӣ инҳоянд: Ба Яҳува дуо гӯед, мулоҳиза ронда худро тафтиш кунед. Дӯстонатонро бохирадона интихоб кунед (w19.06, саҳ. 11).
Чӣ хел мо аз ҳоло ба таъқибот тайёрӣ дида метавонем?
Мо бояд муносибати худро бо Яҳува мустаҳкамтар кунем. Боварӣ дошта бошем, ки Ӯ моро дӯст медорад ва ҳаргиз намепартояд. Ҳамчунин бояд ҳар рӯз Китоби Муқаддасро хонем ва мунтазам дуо гӯем. Бояд имон дошта бошем, ки ваъдаҳои Яҳува оиди Подшоҳиаш ҳатман амалӣ мегарданд. Ва оятҳои дӯстдошта ва сурудҳоямонро аз ёд кунем (w19.07, саҳ. 2–4).
Барои наҷот ёфтани хешу таборамон мо чӣ тавр ба онҳо кӯмак карда метавонем?
Хеле муҳим аст, ки мо ба онҳо дилсӯзӣ нишон диҳем, бо рафтори хубамон ба онҳо шаҳодат диҳем, нисбаташон пурсабр бошем ва бо онҳо эҳтиромона муносибат кунем (w19.08, саҳ. 15–17).
Чуноне ки Исо дар Матто 11:28 ваъда додааст, чӣ тавр мо тароват ёфта метавонем?
Кӯмаки пирони меҳрубон ва ҳамкорӣ бо дӯстони беҳтарин ва иштирок дар кори беҳтарин ба мо тароват мебахшад (w19.09, саҳ. 23).
Чӣ тавр Худо ба мо барои амал кардан ҳам хоҳиш ва ҳам қувват мебахшад? (Флп. 2:13).
Вақте мо Каломи Худоро хонда оиди он мулоҳиза меронем, бо кӯмаки Яҳува мо ҳам хоҳиш ва ҳам қувват пайдо мекунем, ки иродаи Ӯро иҷро кунем. Рӯҳи муқаддаси Ӯ метавонад қобилиятҳои моро беҳтар гардонад (w19.10, саҳ. 21).
Пеш аз қарори ҷиддӣ баровардан кадом қадамҳоро гузоштан аз рӯйи хирад аст?
Панҷ қадами зерин кӯмак мекунанд: Ҳаматарафа тадқиқ гузаронед, дар дуо хирад пурсед, ниятҳои худро санҷед, мақсадҳои аниқ гузоред ва воқеъбин бошед (w19.11, саҳ. 27–29).
Магар Шайтон ба Ҳавво гуфтанӣ буд, ки инсон рӯҳи намиранда дорад?
Аз афташ, не. Вақте Шайтон ба Ҳавво гуфт, ки ӯ намемурад ин суханонаш маънои онро надошт, ки танҳо ҷисми ӯ мемирад. Азбаски баъди Тӯфон ягон ақидаи дурӯғи динӣ боқӣ намонда буд, ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки таълимот оиди рӯҳи намиранда эҳтимол пеш аз сохта шудани бурҷи Бобул пайдо шуда буд. Баъди он ки онҳо ба сохтани ин бурҷ сар карданд, Худо одамонро дар тамоми замин пароканда кард ва онҳо ақидаҳои нодурустро бо худ гирифта бурданд (w19.12, саҳ. 15).