Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 51

Шумо Яҳуваро то чӣ андоза хуб мешиносед?

Шумо Яҳуваро то чӣ андоза хуб мешиносед?

«Онҳое ки номи Туро мешиносанд, ба Ту таваккал мекунанд, зеро Ту эй Худованд, касонеро ки ҷӯёи Ту ҳастанд тарк накардаӣ» (ЗАБ. 9:10; Тарҷумаи форсии дарӣ).

СУРУДИ 34 Мувофиқи номи худ зиндагӣ мекунем

ПЕШГУФТОР *

1, 2. Чуноне ки мисоли Анхелито нишон медиҳад, ҳар яки мо бояд чӣ кор кунем?

ОЁ ВОЛИДОНИ шумо Шоҳидони Яҳуваанд? Агар ҳа, пас фикр накунед, ки шумо худ аз худ дӯсти Яҳува мешавед. Новобаста аз он ки падару модарамон ба Яҳува хизмат мекунанд ё не, ҳар яки мо худамон бояд бо Яҳува муносибати наздик инкишоф диҳем.

2 Мисоли бародар Анхелиторо дида мебароем. Ӯ дар оилаи Шоҳидон ба воя расида буд. Вале дар наврасиаш ӯ худро ба Худо он қадар наздик ҳис намекард. Ӯ мегӯяд: «Ман ба Яҳува танҳо барои он хизмат менамудам, ки волидонам мекарданд». Лекин Анхелито қарор дод, ки барои хондани Каломи Худо ва мулоҳиза оиди он вақти зиёдтар ҷудо кунад ва ҳамчунин ӯ зуд-зуд ба Яҳува дуо мегуфтагӣ шуд. Ин чӣ натиҷа дод? Ӯ мегӯяд: «Ман фаҳмидам, ки барои бо Падари азизамон — Яҳува муносибати наздик пайдо кардан ҳар як кас худаш бояд кӯшиш карда Ӯро хуб шиносад». Мисоли Анхелито нишон медиҳад, ки дар бораи Яҳува каму беш донистан дигар асту Ӯро нағз шинохтан дигар аст. Пас, чӣ тавр мо Яҳуваро хуб шинохта метавонем?

3. Чаро донистани баъзе чизҳо дар бораи Яҳува, ҳоло маънои онро надорад, ки мо Ӯро нағз мешиносем?

3 Агар шахс номи Худоро донаду дар бораи баъзе гуфтаҳо ва корҳои Ӯ шунида бошад, ин ҳоло маънои онро надорад, ки вай Яҳуваро нағз мешиносад. Зеро нағз донистани Яҳува чизи бештарро дар бар мегирад. Барои ин мо бояд вақт ҷудо карда дар бораи Ӯ ва хислатҳои беҳамтояш омӯзем. Танҳо он гоҳ мефаҳмем, ки чаро Яҳува ин ё он чиро амр медиҳад ва мекунад. Сипас дар асоси ин ба худ баҳо дода метавонем, ки оё тарзи фикрронӣ, қарорҳо ва амалҳоямон ба Ӯ писанданд ё не. Ва ниҳоят, вақте дарк мекунем, ки Яҳува аз мо чиро интизор аст, бояд мувофиқи он амал кунем.

4. Дида баромадани мисоли қаҳрамонони Китоби Муқаддас моро ба чӣ боварӣ мебахшад?

Вақте мо барои хизматгори Яҳува шудан қадам мегузорем, шояд баъзеҳо моро масхара кунанд ва ҳангоме ки ба вохӯриҳо рафтанро сар мекунем, шояд боз ҳам бештар зиддият нишон диҳанд. Лекин агар мо ба Яҳува такя кунем, Ӯ ҳеҷ вақт моро тарк намекунад. Ба Худо боварии қавӣ зоҳир карда мо барои бо Ӯ якумр дӯст шудан таҳкурсӣ мегузорем. Оё барои мо — одамони нокомил Яҳуваро хуб шинохтан имконпазир аст? Бале! Дида баромадани мисоли Мӯсо ва шоҳ Довуд моро ба ин боварӣ мебахшад. Дар ин мақола мо кору амалҳои онҳоро дида баромада ба ду саволи зерин ҷавоб меёбем: «Чӣ ба онҳо кӯмак кард, ки Яҳуваро хуб шиносанд? Ва мо аз намунаи онҳо чӣ дарс гирифта метавонем?»

МӮСО ГӮЁ «НОНАМОЁНРО МЕДИД»

5. Мӯсо чиро интихоб кард?

5 Мӯсо ба Яҳува хизмат карданро интихоб кард. Вақте ки ӯ қариб 40-сола буд, ӯ ба ҷойи «писари духтари фиръавн» хонда шудан бо халқи Яҳува буданро афзал донист (Ибр. 11:24). Ҳамин тавр Мӯсо аз баҳри мақому мартабаи баланд баромад. Ӯ медонист, ки агар тарафи исроилиёни ғуломгашта шавад, фиръавнро сахт ба ғазаб меорад. Фиръавн бошад, ҳокими пурқудрате буд, ки мисриён ӯро худо меҳисобиданд. Лекин ба ҳар ҳол, Мӯсо имони барҷаста зоҳир намуда ин корро кард. Вай ба Яҳува такя намуд ва маҳз бо ин кораш барои бо Ӯ муносибати наздик пайдо кардан таҳкурсӣ гузошт (Мас. 3:5).

6. Аз мисоли Мӯсо мо чӣ меомӯзем?

6 Мо аз ин чӣ дарс мегирем? Мисли Мӯсо ҳар яки мо бояд роҳи ҳаётамонро интихоб кунем. Оё мо хизмати Яҳуваро интихоб мекунем ва ба халқи Ӯ ҳамроҳ мешавем? Шояд барои хизматгори Яҳува шудан ба мо лозим ояд, ки аз баҳри ин ё он чиз бароем ё бо муқобилияти касоне, ки Яҳуваро намешиносанд, дучор шавем. Вале агар мо ба Падари осмониамон такя кунем, Ӯ, албатта, моро дастгирӣ мекунад.

7, 8. Чӣ ба Мӯсо ёрдам мекард, ки Яҳуваро хубтар шиносад?

7 Мӯсо ҳамеша корҳои Яҳуваро мушоҳида карда, аз онҳо дар бораи хислатҳои Ӯ мефаҳмид ва иродаи Ӯро иҷро мекард. Масалан, вақте Худо аз Мӯсо хоҳиш кард, ки ба халқи Исроил роҳбарӣ карда онро аз Миср барорад, вай беҷуръатӣ нишон дод ва гаштаю баргашта гуфт, ки аз ӯҳдаи ин супориш намебарояд. Яҳува бошад, нисбати ӯ фаҳмиш зоҳир карда ба вай кӯмак намуд. Мӯсо аз ин амали Яҳува фаҳмид, ки Ӯ Худои дилсӯз аст (Хур. 4:10–16). Бо дастгирии Яҳува вай довариҳои Ӯро ба фиръавн нотарсона расонида тавонист. Баъдтар, Яҳува исроилиёнро наҷот дод, вале фиръавнро бо лашкараш дар баҳри Сурх нобуд сохт. Мӯсо ин мӯъҷизаро дида фаҳмид, ки Яҳува қудрати беҳамто дорад (Хур. 14:26–31; Заб. 135:15).

8 Исроилиён баъди аз Миср баромаданашон доимо ҳар чизро баҳона карда шикоят менамуданд. Бо вуҷуди ин Мӯсо мушоҳида мекард, ки Яҳува бо халқи аз ғуломӣ озод кардааш пурсаброна рафтор мекунад (Заб. 77:40–43). Боре бошад, Яҳува ба илтиҷои Мӯсо гӯш дода исроилиёни саркашро нест накард, ки Мӯсо дар ин фурӯтании беҳамтои Яҳуваро дид (Хур. 32:9–14).

9. Мувофиқи Ибриён 11:27 Мӯсо бо Яҳува то чӣ андоза муносибати наздик дошт?

9 Баъди аз Миср баровардани исроилиён муносибати Мӯсо бо Яҳува чунон наздик шуд, ки ӯ гӯё Худоро бо чашмонаш медид. (Ибриён 11:27-ро хонед.) Китоби Муқаддас ин муносибати наздики онҳоро қайд карда мегӯяд: «Худованд ба Мӯсо рӯ ба рӯ сухан меронд, чунон ки касе бо ёри худ сухан меронад» (Хур. 33:11).

10. Барои Яҳуваро хуб шинохтан мо бояд чӣ кор кунем?

10 Мо аз мисоли Мӯсо чӣ дарс мегирем? Барои Яҳуваро хуб шинохтан мо бояд корҳои Ӯро мушоҳида карда хислатҳои Ӯро омӯзем. Ғайр аз ин мо бояд иродаашро ба ҷо орем. Имрӯз иродаи Яҳува аз он иборат аст, ки «ҳама гуна одамон наҷот ёбанд ва дар бораи ростӣ дониши аниқ гиранд» (1 Тим. 2:3, 4). Як роҳи иҷро кардани иродаи Худо ин дигаронро дар бораи Ӯ таълим додан аст.

11. Чӣ тавр дар вақти хизмат мо хислатҳои Яҳуваро бештар мефаҳмем?

11 Чаро гуфтан мумкин аст, ки иродаи Худоро иҷро карда мо Ӯро хубтар мешиносем? Чунки вақте мо ба Яҳува хизмат мекунем, хислатҳои Ӯро хубтар дарк мекунем. Масалан, дар вақти хизмат мо мебинем, ки Яҳува то чӣ андоза ба одамон дилсӯз аст, чунки Худаш моро сӯйи шахсони ба ҳақиқат моил роҳнамоӣ мекунад (Юҳ. 6:44; Аъм. 13:48). Ё вақте мебинем, ки чӣ тавр омӯзандагон одатҳои бадашонро партофта шахсияти навро дар бар мекунанд, боварии мо дучанд мегардад, ки Каломи Худо қувваи бузург дорад (Қӯл. 3:9, 10). Инчунин Яҳува ба одамони маҳалли мо гаштаю баргашта имконият медиҳад, ки дар бораи Ӯ фаҳманд ва наҷот ёбанд. Магар ин аз пурсабрии Худо шаҳодат намедиҳад? (Рум. 10:13–15).

12. Мувофиқи Хуруҷ 33:13 Мӯсо аз Яҳува чӣ талаб кард ва чаро?

12 Барои Мӯсо дӯстӣ бо Яҳува ганҷи бебаҳо буд. Яҳува бо воситаи Мӯсо-пайғамбар корҳои бузург карда буд, бинобар ин Мӯсо Ӯро хуб мешинохт. Бо вуҷуди ин ӯ аз Яҳува илтиҷо кард, то барои боз ҳам беҳтар шинохтани Ӯ ёрдам кунад. (Хуруҷ 33:13-ро хонед.) Вақте Мӯсо аз Яҳува чунин хоҳиш кард, синнаш аз ҳаштод гузашта буд, вале ӯ дарк мекард, ки дар бораи Яҳува ҳоло бисёр чизҳоро намедонад.

13. Бо чӣ мо нишон медиҳем, ки дӯстиамонро бо Яҳува қадр мекунем?

13 Мо аз ин чӣ дарс мегирем? Ҳатто агар мо солҳои зиёд ба Яҳува хизмат карда истода бошем ҳам, дӯстиамонро бо Ӯ бояд доимо қадр кунем. Он бароямон набояд як чизи одӣ ва муқаррарӣ гардад. Мо чӣ тавр нишон дода метавонем, ки дӯстӣ бо Яҳува бароямон пурарзиш аст? Яке аз роҳҳо ин барои дуо вақт ҷудо кардан аст.

14. Чаро дуо гуфтан ба мо кӯмак мекунад, ки Яҳуваро нағзтар шиносем?

14 Муоширати хуб байни рафиқон пайванди дӯстии онҳоро мустаҳкам месозад. Аз ин рӯ зуд-зуд ба Худо дуо гӯед ва ҳеҷ гоҳ аз баён кардани фикру ҳиссиёти худ натарсед. Ин шуморо бо Ӯ наздиктар месозад (Эфс. 6:18). Криста ном хоҳар, ки аз Туркия аст, мегӯяд: «Ҳар боре ки ман ҳиссиётамро дар дуо ба Яҳува мегӯям, кӯмаки Ӯро ҳис мекунам; аз ин муҳаббат ва бовариам ба Ӯ меафзояд. Вақте мебинам, ки чӣ тавр Яҳува ба дуоҳоям ҷавоб медиҳад, ин ба ман ёрдам мекунад, ки ба Ӯ чун Падар ва Дӯст нигарам».

Ӯ ПИСАНДИ ДИЛИ ЯҲУВА БУД

15. Худо Довудро чӣ гуна мард номид?

15 Довуд дар оилае таваллуд ёфта буд, ки волидон ва наздикони ӯ Яҳува Худоро ибодат мекарданд. Вале Довуд Яҳуваро танҳо барои давом додани урфу одати аҷдодон парастиш намекард. Ӯ худаш бо Яҳува муносибати наздик инкишоф дод ва Яҳува низ ӯро хеле дӯст дошт. Дар Каломаш Худо Довудро марди «мувофиқи табъи дили худ» номид (Аъм. 13:22). Чӣ ба Довуд ёрдам дод, ки бо Яҳува ин қадар наздик шавад?

16. Ба офаридаҳои Яҳува назар карда Довуд чиро дарк мекард?

16 Довуд дар бораи Яҳува аз офаридаҳояш мефаҳмид. Дар бачагӣ Довуд гӯсфандони падарашро дар саҳро мечаронид. Эҳтимол аллакай аз ҳамон вақтҳо ӯ дар бораи офаридаҳои Яҳува мулоҳиза меронд. Масалан, ӯ шабона на танҳо ба осмони пурситора менигарист, балки дар бораи хислатҳои Офаридгори онҳо мулоҳиза меронд. Ӯ аз корнамоиҳои Яҳува ба ҳаяҷон омада чунин навишт: «Осмонҳо ҷалоли Худоро эълон мекунанд, ва фалак аз амали дастҳои Ӯ хабар медиҳад» (Заб. 18:1, 2). Вақте Довуд мулоҳиза мекард, ки то чӣ андоза Яҳува инсонро аҷоиб офаридааст, вай аз хиради Ӯ дар ҳайрат мемонд (Заб. 138:14). Дар бораи аъмоли Худованд андеша намуда Довуд дарк мекард, ки он барои одам ақлнорас аст (Заб. 138:6).

17. Дар бораи офаридаҳо мулоҳиза ронда мо чиро мефаҳмем?

17 Мо аз ин чӣ дарс мегирем? Ба офаридаҳои Яҳува назар дӯзед. Мафтуни онҳо шавед. Ҳар рӯз вақт ҷудо карда табиати гирду атрофатонро тамошо кунед. Ба растаниву дарахтон, ҷонварону паррандагон ва одамон аҳамият диҳед ва мулоҳиза ронед, ки аз онҳо шумо дар бораи Яҳува чӣ омӯхта метавонед. Он гоҳ шумо ҳар рӯз дар бораи хислатҳои Падари меҳрубонамон бештару бештар хоҳед фаҳмид (Рум. 1:20). Ва ҳамин тавр муҳаббати шумо ба Ӯ рӯз аз рӯз меафзояд.

18. Довуд чиро дарк мекард ва чӣ тавр Забур 17:1 инро тасдиқ мекунад?

18 Довуд дарк мекард, ки Яҳува мададгори вай буд. Масалан, вақте Довуд дар саҳро гӯсфандони падарашро мечаронид, чандин маротиба онҳоро аз чанголи шер ва хирс ҳимоя карда буд. Лекин Довуд дарк мекард, ки ӯ танҳо бо ёрдами Яҳува ба он ҳайвонҳои ваҳшӣ ғолиб омада тавонист. Ӯ медонист, ки ҷанговари бузургҷусса Ҷолётро низ маҳз бо мадади Яҳува мағлуб кард (1 Подш. 17:37). Боз Довуд дарк мекард, ки маҳз ба туфайли Яҳува ӯ аз дасти шоҳи ҳасадхӯр Шоул паноҳ ёфта тавонист (Заб. 17:1). Агар Довуд одами ҳавобаланд мебуд, барои он ғалабаҳояш худашро таъриф мекард. Вале ӯ фурӯтан буд ва Яҳуваро болобардор менамуд, зеро медонист, ки дар ҳамаи он ҳолатҳо дасти Яҳува бо ӯ буд (Заб. 137:6).

19. Мо аз намунаи Довуд чӣ дарс мегирем?

19 Мо аз ин чӣ дарс мегирем? Мо бояд дар ҳар кор аз Яҳува кӯмак пурсем ва кӯшиш кунем, ки дар ҳаётамон дасти Ӯро бинем. Хуб мебуд, мисли Довуд дар хотир дорем, ки кай ва бо кадом роҳ Яҳува ба мо ёрдам додааст. Агар фурӯтан бошем, мо дарк мекунем, ки ҳама корро худамон карда наметавонем. Он гоҳ мо дастгирии Яҳуваро равшан ҳис мекунем. Ва ҳар боре ки кӯмаки Худоро мебинем, муносибати мо бо Ӯ қавитар мегардад. Исаак ном бародаре аз Фиҷи, ки солҳои зиёд ба Яҳува хизмат мекунад, ба ҳақ будани ин суханон боварӣ ҳосил кард. Ӯ мегӯяд: «Гузаштаро ба хотир оварда ман дарк мекунам, ки чӣ тавр Яҳува аз бозе ки омӯзишро сар кардам то имрӯз маро дастгирӣ менамояд. Аз ин ман худро ба Ӯ хеле наздик ҳис мекунам».

20. Мо аз муносибате, ки Довуд бо Худо дошт, чӣ меомӯзем?

20 Довуд ба хислатҳои Яҳува пайравӣ мекард. Яҳува моро тавре офарид, ки хислатҳои Ӯро зоҳир карда тавонем (Ҳас. 1:26). Чи қадаре ки дар бораи хислатҳои зебои Парвардигор бисёр фаҳмем, ҳамон қадар бештар ба Ӯ пайравӣ карда метавонем. Довуд Яҳуваро нағз мешинохт ва дар муомила бо дигарон хислатҳои Ӯро зоҳир мекард. Аз ҳаёти ӯ як мисол меорем. Боре Довуд зидди Яҳува гуноҳ карда бо Батшобаъ зино кард ва баъд шавҳари вайро кушт (2 Подш. 11:1–4, 15). Вале азбаски Довуд ба дигарон раҳмдил буд, Яҳува низ нисбати вай раҳмдилӣ зоҳир карда тавбаашро қабул кард ва ӯро бахшид. Довуд бо Яҳува муносибати наздик дошт. Бинобар ин ӯ яке аз подшоҳони дӯстдоштаи исроилиён гашт ва Худи Яҳува ӯро ба дигар подшоҳони Исроил чун ибрат мисол меовард (3 Подш. 15:11; 4 Подш. 14:1–3).

21. Мувофиқи Эфсӯсиён 4:24 ва 5:1 ба Худо пайравӣ карда мо чиро нишон медиҳем?

21 Мо аз ин чӣ дарс мегирем? Мо бояд «ба Худо пайравӣ» кунем. Ин ба мо кӯмак мекунад, ки Ӯро хубтар шиносем. Чӣ тавр? Одатан вақте мо ба касе пайравӣ карданӣ мешавем, мо аввал хислатҳояшро нағз меомӯзем. Дар мавриди Яҳува низ ҳамин хел аст. Дар рафти омӯхтани хислатҳояш мо чӣ гуна Худо будани Ӯро хубтар мефаҳмем. Вақте хислатҳои мо ба хислатҳои Яҳува монанд мешаванд, мо нишон медиҳем, ки фарзандони Ӯ ҳастем. (Эфсӯсиён 4:24; 5:1-ро хонед.)

ЯҲУВАРО ХУБТАР ШИНОСЕД

22, 23. Агар дониши дар бораи Яҳува гирифтаамонро ба кор барем, ин чӣ баракат меорад?

22 Чуноне ки дидем, хислатҳои Яҳуваро мо аз офаридаҳо ва Каломаш мефаҳмем. Дар Китоби Муқаддас намунаи бисёр ходимони содиқи Худо оварда шудааст, ки мо аз онҳо дарс гирифта метавонем. Масалан, дар ин мақола мо мисоли Мӯсо ва Довудро дидем. Яҳува аз тарафи Худ ҳама чизи лозимаро фароҳам овардааст, то ки мо Ӯро хубтар шинохта тавонем. Акнун мо ҳам аз тарафи худ бояд кӯшиш кунем.

23 Мо ҳеҷ гоҳ дар бораи Яҳува омӯхтанро набояд бас кунем (Воиз 3:11). Бале, дар бораи Яҳува бештар дониш гирифтан муҳим аст, лекин чизҳои фаҳмидаамонро ба кор бурдан аз ин ҳам муҳимтар аст. Агар мувофиқи дониши гирифтаамон амал карда ба Падари азизамон, Яҳува, пайравӣ кунем, Ӯ минбаъд низ ба мо наздик мешавад (Яъқ. 4:8). Ӯ моро бо воситаи Каломаш боварӣ мебахшад, ки ҳеҷ гоҳ ҷӯяндагони Худро тарк намекунад.

СУРУДИ 1 Хислатҳои Яҳува

^ сарх. 5 Бисёриҳо ба вуҷуд доштани Худо боварӣ доранд, вале Ӯро дар асл нағз намешиносанд. Дар ин мақола мо ба саволҳои зерин ҷавоб меёбем: Яҳуваро хуб шинохтан чӣ маъно дорад? Мӯсо-пайғамбар ва шоҳ Довуд бо Яҳува чӣ тавр муносибати наздик инкишоф доданд ва мо аз намунаи онҳо чӣ меомӯзем?