Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 50

Яҳува ба шумо озодӣ мебахшад

Яҳува ба шумо озодӣ мебахшад

«Дар замин барои ҳамаи сокинонаш озодӣ эълон намоед» (ИБД. 25:10).

СУРУДИ 16 Сӯи Салтанати Худо гурезед!

ПЕШГУФТОР *

1, 2. а) Юбил чист? (Ба чорчӯбаи  «Юбил чист?» нигоҳ кунед.) б) Дар Луқо 4:16–18 Исо оиди чӣ гап зад?

ДАР баъзе давлатҳо одамон 50-солагии воқеаҳои муҳимро ҷашн гирифта онро «юбилей» меноманд. Чунин ид одатан як ё ҳатто чанд рӯз давом меёбад. Вале баъди тамом шудани ид хурсандии одамон зуд фаромӯш мегардад.

2 Дар ин мақола мо оиди як чорабиние мефаҳмем, ки хурсандиаш бардавом аст ва он аз юбиле, ки дар Исроили қадим ҷашн гирифта мешуд, бузургтар аст. Исроилиён ҳар 50-ум сол юбилро қайд мекарданд. Ин ба мо чӣ дахл дорад? Дар соли юбил яҳудиёни ғуломгашта озод мешуданд. Он ба мо «юбил»-и беҳтареро хотиррасон мекунад — озодиеро, ки Яҳува барои мо имконпазир гардондааст. Аз он озодӣ мо аллакай ҳоло манфиат гирифта метавонем. Исо низ дар бораи ин озодӣ гуфта буд. (Луқо 4:16–18-ро хонед.)

Соли юбил барои исроилиён соли шодиву хурсандӣ буд, чунки ғуломон озод мешуданд ва молу мулк ба соҳибонаш баргардонда мешуд (Ба сархати 3 нигаред.) *

3. Мувофиқи Ибодат 25:8–12 соли юбил ба исроилиён чӣ сабукӣ мебахшид?

3 Мазмуни он суханони Исоро мо хубтар мефаҳмем, агар дар аввал юбилеро, ки Худо дар замони қадим барои халқаш пешбинӣ карда буд, дида бароем. Яҳува ба исроилиён гуфт: «Соли панҷоҳумро тақдис кунед, ва дар замин барои ҳамаи сокинонаш озодӣ эълон намоед; бигзор ин барои шумо юбил бошад; ва ҳар яке ба мулки худ баргардед, ва ҳар яке ба оилаи худ баргардед». (Ибодат 25:8–12-ро хонед.) Аз мақолаи гузашта мо фаҳмидем, ки исроилиён ҳар ҳафта рӯзи шанберо риоя карда аз ин чӣ манфиат мегирифтанд. Вале юбил ба онҳо чӣ манфиат меовард? Хӯш, фарз мекунем, ки исроилие ба қарз ғӯтида маҷбур мешавад, ки моликияташро фурӯхта аз қарз халос шавад. Дар давоми соли юбил заминаш бояд ба ӯ баргардонида мешуд. Аз ин рӯ вай метавонист «ба мулки худ» баргардад ва баъдтар онро ба фарзандонаш мерос диҳад. Ё ҳолати дигарро тасаввур кунед: шахсе ба душворӣ афтода барои баргардондани қарзи худ яке аз фарзандон ё худашро ба ғуломӣ мефурӯшад. Дар давоми соли юбил он ғулом бояд «ба оилаи худ» бармегашт. Яъне ягон исроилӣ ба таври ҳамешагӣ ғулом намемонд. Қонун дар бораи соли юбил нишон медод, ки то чӣ андоза Яҳува ба халқаш ғамхор аст!

4, 5. Юбиле, ки дар замони қадим буд, барои мо чӣ аҳамият дорад?

4 Соли юбил боз чӣ манфиат меовард? Худи Яҳува чунин гуфт: «Набояд назди ту эҳтиёҷманде бошад, зеро ки Худованд туро дар замине ки Худованд Худои ту ҳамчун мулк барои тасарруф карданат медиҳад, ҳатман баракат хоҳад дод» (Такр. Ш. 15:4). Ба туфайли юбил дар Исроил ягон оила як умр фақиру бенаво намемонд. Танҳо тасаввур кунед: ин аз чизе, ки ҳоло мо дар дунё мебинем, аз замин то осмон фарқ мекунад. Зеро дар ҳаёти имрӯза одатан бойҳо боз ҳам бойтар мегарданду камбағалон боз ҳам фақиртар.

5 Қонун оиди юбил талаб мекард, ки ғуломон озод гарданд, қарзҳо бахшида шаванд ва молу мулк ба соҳибонаш баргардонда шавад. Мо масеҳиён зери Шариати Мӯсо нестем (Рум. 7:4; 10:4; Эфс. 2:15). Вале он юбил барои мо низ аҳамият дорад. Зеро имрӯз мо аз озодие баҳрамандем, ки ба мо он чорабинии замони қадимро ёдрас мекунад.

ИСО ОЗОДИРО ЭЪЛОН МЕНАМУД

6. Инсоният аз чӣ гуна ғуломӣ ба озодшавӣ ниёз дорад?

6 Имрӯз ҳар яки мо ғуломи хӯҷаини бераҳме мебошем, ки аз чанголи он озод шудан мехоҳем. Ин хӯҷаини бераҳм гуноҳи меросгирифтаи мо мебошад. Аз таъсири он мо пир мешавем, бемор мегардем ва оқибат мемирем. Бисёриҳо ба ҳақ будани ин ҳангоми худро дар оина дидан ё ба назди духтур рафтан боварӣ ҳосил мекунанд. Инчунин ҳангоми содир кардани хатогиҳо мо мефаҳмем, ки гуноҳ дар ҷисми мо ҳукмфармоӣ мекунад. Павлуси расул иқрор шуд, ки ҷисми ӯ «асири қонуни гуноҳ» аст. Ӯ гуфт: «Вой бар ҳоли ман! Кӣ маро аз ин ҷисме, ки сабаби маргам мешавад, наҷот медиҳад?» (Рум. 7:23, 24).

7. Ишаъё-пайғамбар дар бораи озодӣ чиро пешгӯйӣ кард?

7 Хушбахтона, Худо барои аз ғуломии гуноҳ озод кардани инсоният чора андешид. Дар ин кор Исо нақши асосӣ мебозад. Зиёда аз 700 сол пеш аз ба замин омадани Исо, Ишаъё-пайғамбар оиди озодие пешгӯйӣ кард, ки он аз озодие, ки исроилиён дар соли юбил ба даст оварда метавонистанд, бузургтар буд. Ӯ навишт: «Рӯҳи Худованд Худо бар Ман аст, зеро ки Худованд Маро тадҳин намудааст: Маро фиристодааст, то ки ба мискинон башорат диҳам, шикастадилонро шифо бахшам, озодиро ба асирон... эълон намоям» (Иш. 61:1). Ин пешгӯйӣ ба кӣ дахл дошт?

8. Пешгӯйии Ишаъё дар бораи озодӣ ба кӣ ишора мекард?

Вақте Исо дар замин хизматашро оғоз намуд, он пешгӯйии муҳим дар бораи озодӣ ба иҷрошавӣ сар кард. Ҳангоми ба ибодатгоҳи зодгоҳаш, шаҳри Носира, рафтан ӯ ба яҳудиёни ҷамъомада он суханони Ишаъёро хонд. Ва баъд гуфт, ки он гуфтаҳо ба ӯ ишора мекунанд: «Рӯҳи Яҳува бар ман аст, зеро Ӯ маро тадҳин намудааст, то хабари хушро ба камбағалон расонам. Ӯ маро фиристодааст, то озодиро ба асирон ва биноиро ба кӯрон эълон намоям, шикастадилонро озод кунам ва дар бораи вақте, ки розигии Яҳуваро соҳиб шудан мумкин аст, мавъиза намоям» (Луқ. 4:16–19, 21). Чӣ тавр он пешгӯйӣ дар Исо иҷро шуд?

КАСОНЕ, КИ АВВАЛИН ШУДА АЗ ОЗОДӢ БАҲРАМАНД ГАШТАНД

Исо дар ибодатгоҳи шаҳри Носира оиди озодӣ эълон мекунад (Ба сархатҳои 8 ва 9 нигаред.)

9. Бисёриҳо дар замони Исо чӣ гуна озодиро орзу мекарданд?

9 Озодие, ки Ишаъё-пайғамбар пешгӯйӣ карда буду Исо дар борааш хонд, аз асри як сар карда ба одамон дастрас шуд. Исо инро тасдиқ карда гуфт: «Суханоне, ки ҳоло аз Навиштаҳои Муқаддас шунидед, имрӯз ба иҷро расиданд» (Луқ. 4:21). Бисёр касон баъди шунидани суханони хондаи Исо гумон карданд, ки ӯ ягон дигаргунии сиёсӣ ба амал оварда онҳоро аз зулми ҳокимияти Рум озод мекунад. Шогирдони Исо низ эҳтимол чунин фикр доштанд. Зеро чанде пас ду нафари онҳо дар бораи Исо гуфтанд: «Мо... умедвор будем, ки ин мард ҳамон касест, ки Исроилро озод мекунад» (Луқ. 24:13, 21). Вале чи хеле медонем, Исо пайравонашро барнамеангехт, ки бар зидди ҳокимияти Рум шӯриш бардоранд. Баръакс, ӯ ба онҳо гуфт, ки «он чӣ аз они қайсар аст, ба қайсар диҳед» (Мат. 22:21). Пас, Исо чӣ тавр ба одамон озодӣ овард?

10. Исо одамонро аз чӣ озод кард?

10 Писари Худо ба одамон кӯмак кард, ки аз ду чиз озод шаванд. Якум, ӯ онҳоро аз таълимоти дурӯғи роҳбарони дин озод мекард. Бисёри яҳудиён дар он замон ғуломи урфу одатҳо ва ақидаҳои дурӯғ гашта буданд (Мат. 5:31–37; 15:1–11). Роҳбарони дин ба ҷойи ба мардум роҳи дурустро нишон додан худашон ба таври нодуруст Худоро ибодат мекарданд ва ба ин маъно гӯё кӯр буданд. Азбаски онҳо Масеҳ ва рӯшноии ҳақиқати ӯро рад карданд, минбаъд низ дар торикӣ ва гуноҳ монданд (Юҳ. 9:1, 14–16, 35–41). Исо бо таълим додани ҳақиқат ва намунаи худ ба одамони ҳалим ёд медод, ки аз таълимоти дурӯғ чӣ тавр халос шаванд (Марқ. 1:22; 2:23–3:5).

11. Дуюм озодие, ки Исо фароҳам овард, кадом аст?

11 Дуюм, Исо ба одамон роҳ кушод, ки аз ғуломии гуноҳи меросгирифтаашон озод шаванд. Худо дар асоси қурбонии Исо гуноҳҳои онҳоеро, ки ба фидия имон меоранду бо амалашон инро нишон медиҳанд, мебахшад (Ибр. 10:12–18). Исо гуфт: «Агар Писар шуморо озод кунад, дар ҳақиқат озод хоҳед буд» (Юҳ. 8:36). Озодие, ки Исо фароҳам овард, аз озодие, ки исроилиён дар соли юбил ба даст оварда метавонистанд, бузургтар аст. Масалан, агар исроилӣ дар соли юбил озод гардад, ӯ баъдтар боз ғулом шуданаш мумкин буд ё ҳатто ғулом нашавад ҳам, оқибат вафот мекард. Вале озодие, ки Исо бахшид, одамонро абадан аз ғуломии гуноҳ ва марг раҳо карда метавонад.

12. Киҳо аввалин шуда аз озодие, ки Исо эълон кард, манфиат гирифтанд?

12 Соли 33-юми милодӣ, дар рӯзи Иди ҳафтаҳо (Пантикост) Яҳува расулон ва дигар занону мардони содиқро бо рӯҳи муқаддас тадҳин кард. Ӯ онҳоро чун фарзандони рӯҳонии худ қабул кард, то дар оянда ба ҳаёти осмонӣ эҳё шуда ҳамроҳи Исо ҳукмронӣ кунанд (Рум. 8:2, 15–17). Инҳо аввалин касоне буданд, ки аз озодие, ки Исо оидаш дар ибодатгоҳи шаҳри Носира эълон кард, манфиат гирифтанд. Он мардону занон дигар ғуломи таълимоти дурӯғ ва урфу одатҳои нораво набуданд. Худо инчунин ба онҳо чун ба шахсоне менигарист, ки аллакай аз таъсири гуноҳи Одам озод шудаанд. Юбили рамзӣ, ки аз соли 33-юми милодӣ бо тадҳин кардани пайравони тадҳиншудаи Исо оғоз ёфт, дар охири Ҳукмронии ҳазорсолаи ӯ ба охир мерасад. Дар давоми ин вақт кадом чизҳои хуб ба амал хоҳанд омад?

ОЗОДӢ БАРОИ МИЛЛИОНҲО ОДАМОНИ ДИГАР

13, 14. Ғайр аз масеҳиёни тадҳиншуда, боз киҳо аз озодие, ки Исо гуфт, баҳра бурда метавонанд?

13 Имрӯз миллионҳо одамони самимӣ аз халқу миллатҳои гуногун «гӯсфандони дигар»-и Исоро ташкил медиҳанд (Юҳ. 10:16). Онҳо барои бо Исо ҳукмронӣ кардан интихоб нашудаанд. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки онҳо ҷовидона дар замин зиндагӣ карда метавонанд. Оё шумо ҳам чунин умед доред?

14 Пас, шумо низ аз баъзе баракатҳое, ки тадҳиншудагон доранд, аз ҳоло баҳра бурда метавонед. Масалан, дар асоси имоне, ки шумо ба қурбонии Исо доред, Яҳува метавонад гуноҳҳои шуморо бахшад. Дар натиҷа шумо розигии Худоро ба даст меоред, ки ин ба шумо виҷдони пок мебахшад (Эфс. 1:7; Ваҳй 7:14, 15). Ҳамчунин, шумо дигар ғуломи таълимот ва урфу одатҳои нодуруст нестед, ки ин ҳам баракат аст. Исо гуфт: «Шумо ростиро хоҳед шинохт ва ростӣ шуморо озод хоҳад кард» (Юҳ. 8:32). Мо аз доштани чунин озодӣ хеле хушбахтем!

15. Дар оянда моро чӣ гуна озодӣ ва баракатҳо интизоранд?

15 Шуморо дар оянда озодии аз ин ҳам бештаре интизор аст. Ба қарибӣ Исо дини дурӯғ ва ҳокимиятҳои порахӯру беинсофи одамиро нест мекунад. Хизматгорони Худо, ки «мардуми сершумор»-анд, зинда мемонанд ва аз баракатҳои биҳишти рӯйи замин баҳра меёбанд (Ваҳй 7:9, 14). Шумораи беҳисоби мурдагон эҳё мешаванд ва аз таъсири гуноҳи Одам озод гашта метавонанд (Аъм. 24:15).

16. Инсониятро чӣ гуна озодии олиҷаноб дар оянда интизор аст?

16 Дар давоми Ҳукмронии ҳазорсола, Исо ва ҳамроҳонаш ба инсоният кӯмак мекунанд, ки сад фоиз сиҳату саломат гарданд ва аз нав фарзандони Яҳува шаванд. Ин вақти барқароршавӣ ва озодӣ ба юбиле, ки дар Исроили қадим қайд мекарданд, монанд хоҳад буд. Дар натиҷа ҳама ибодаткунандагони Яҳува ба комилӣ расида аз таъсири гуноҳ озод мегарданд.

Дар биҳишт мо бо корҳои фоиданок машғул мешавем ва аз он қаноатмандӣ мегирем (Ба сархати 17 нигаред.)

17. Дар Ишаъё 65:21–23 оиди кадом баракатҳо пешгӯйӣ шудааст? (Ба расми муқоваи маҷалла нигаред.)

17 Баракатҳои биҳишти оянда дар Ишаъё 65:21–23 пешгӯйӣ шудааст. (Оятҳоро хонед.) Баъзеҳо фикр мекунанд, ки дар биҳишт одамон ҳеҷ кор намекунанду фақат дам мегиранд. Китоби Муқаддас бошад, мегӯяд, ки халқи Худо дар он вақт бо кори фоиданок, ки ба онҳо хурсандӣ меорад, машғул хоҳад шуд. Мо метавонем дилпур бошем, ки дар охири Ҳукмронии ҳазорсолаи Исо «худи офаридаҳо низ аз ғуломии нобудшавӣ озод» мешаванд ва «чун фарзандони Худо озодии пурҷалолро соҳиб» мегарданд (Рум. 8:21).

18. Чаро мо боварии комил дорем, ки ояндаи дурахшон моро дар пеш аст?

18 Яҳува дар замони қадим рӯзи шанберо муқаррар кард, то халқаш дар он рӯз дам гиранд ва диққати худро ба корҳои рӯҳонӣ равона кунанд. Дар давоми Ҳукмронии ҳазорсолаи Масеҳ мо низ, албатта, бо корҳои рӯҳонӣ машғул мешавем. Имрӯз хушбахтии мо аз ибодат кардани Худо вобастагӣ дорад. Ва дар дунёи нав ҳам чунин хоҳад буд. Бале, дар биҳишт тамоми одамони содиқ ҳам кори қаноатбахш хоҳанд дошт ва ҳам ба Худо хизмат хоҳанд кард. Ҳаёти онҳо аз шодиву хурсандӣ пур мегардад.

СУРУДИ 54 Мо бояд имон дошта бошем

^ сарх. 5 Яҳува дар замони қадим барои озод шудани яҳудиёни ғуломгашта чорабинии махсусе ҷорӣ карда буд, ки он юбил ном дошт. Имрӯз мо зери Шариати Мӯсо набошем ҳам, дар бораи он юбил донистанамон муҳим аст. Дар ин мақола мо дида мебароем, ки чӣ тавр он юбил бо чорае, ки Яҳува барои озод гаштани мо пешбинӣ намуд, монанд аст ва мо аз он чӣ манфиат гирифта метавонем.

^ сарх. 61 ШАРҲИ РАСМ: Дар соли юбил шахсоне, ки ғулом буданд, озод гашта ба оилаи худ бармегаштанд ва замин ба соҳибонаш баргардонида мешуд.