Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 52

Ба ғаму андӯҳ дода нашавед!

Ба ғаму андӯҳ дода нашавед!

«Бори дилатро ба Худованд парто, ва Ӯ ба ту ғамхорӣ хоҳад кард» (ЗАБ. 54:23).

СУРУДИ 38 Бори дилатро ба Яҳува парто

ПЕШГУФТОР *

1. Рӯҳафтодагӣ ба мо чӣ гуна таъсир мекунад?

ҲАР рӯз мо бо душвориҳо рӯ ба рӯ мешавем ва барои онҳоро ҳал кардан ҳама чизи аз дастамон меомадаро мекунем. Лекин, агар мо рӯҳафтода бошем, худро чун паррандаи болшикастае ҳис мекунем ва проблемаҳоямонро ба таври беҳтар ҳал карда наметавонем. Аз ин рӯ ҳисси рӯҳафтодагиро ба ғоратгаре монанд кардан мумкин аст, ки хурсандӣ ва қуввату мадори моро медуздад. Дар Масалҳо 24:10 гуфта шудааст: «Агар дар рӯзи тангӣ заифдил бошӣ, қуввати ту кам аст». Бале, вақте мо дилшикастаем, мо қувват надорем, ки ба мушкилиҳои ҳаёт тоб орем.

2. Аз кадом сабабҳо мо шояд ғамгин мешавем ва мо дар ин мақола чиро дида мебароем?

2 Моро бисёр чизҳо рӯҳафтода карда метавонанд. Шояд фикрҳои манфие, ки дар бораи худ дорем, моро ғамгин мекунанд ё аз сабаби хатоҳо ё бемориамон рӯҳафтода мешавем. Ё мумкин мо аз он зиқ шавем, ки дар хизмати Яҳува соҳиби таъйиноти дӯстдоштаамон нагаштем ё дар минтақаи мо аксари одамон хушхабарро гӯш намекунанд. Дар ин мақола мо баъзе фикрҳоро аз Каломи Худо дида мебароем, ки барои бо рӯҳафтодагӣ мубориза бурдан ёрӣ медиҳанд.

ВАҚТЕ АЗ НОКОМИЛӢ ВА СУСТИҲОЯМОН АЗОБ МЕКАШЕМ

3. Чӣ ба мо ёрӣ медиҳад, ки ба нокомилии худ назари дуруст дошта бошем?

3 Аз сабаби нокомилӣ ва камбудиҳоямон мо нисбати худ назари нодуруст пайдо карда метавонем. Ва шояд дар сарамон фикр пайдо шавад, ки барои хатоҳоямон Яҳува моро ба дунёи нав роҳ намедиҳад. Чунин фикрронӣ хеле хатарнок аст. Пас, мо бояд ба нокомилии худ чӣ гуна назар дошта бошем? Китоби Муқаддас мегӯяд, ки ғайр аз Исои Масеҳ «ҳама гуноҳ кардаанд» (Рум. 3:23). Вале Яҳува диққаташро ба хатогиҳои мо равона намекунад ва аз мо комилиятро интизор намешавад. Баръакс, Ӯ чун Падари меҳрубон ба мо кӯмак кардан мехоҳад. Ӯ ҳамчунин пуртоқат аст. Ӯ мебинад, ки чӣ тавр мо беист бо камбудиҳои худ ва фикрҳои манфие, ки нисбати худ дорем, мубориза мебарем. Ва Ӯ тайёр аст, ки ба мо ёрӣ диҳад (Рум. 7:18, 19).

Яҳува ҳама корҳои хуберо, ки мо дар гузашта карда будем ва ҳозир карда истодаем, медонад (Ба сархати 5 нигаред.) *

4, 5. Чӣ тавр суханони 1 Юҳанно 3:19, 20 ба ду хоҳар кӯмак кард, ки ба ғаму андӯҳ дода нашаванд?

4 Мисоли Дебора ва Марияро * дида мебароем. Бо Дебора дар кӯдакӣ аъзоёни оилааш тавре муносибат мекарданд, ки аз ин вай худро хеле паст ҳис мекард. Инчунин ӯро кам таъриф мекарданд. Дар натиҷа вай ба худ назари нодуруст пайдо кард. Вақте ӯ хатогиҳои ночиз мекард, ба назараш чунин менамуд, ки ягон корро дуруст иҷро карда наметавонад. Мария низ чунин душворӣ дошт. Хешу табораш ӯро паст мезаданд. Дар натиҷа ӯ худро беқадр ҳис мекард ва аз ин азоб мекашид. Ҳатто баъди ба ҳақиқат омадан ӯ ба Шоҳиди Яҳува номида шудан худро нолоиқ меҳисобид.

5 Аммо ин ду хоҳар ба Яҳува хизмат карданро бас накарданд. Чӣ ба онҳо ёрӣ дод? Пеш аз ҳама, онҳо дар дуои самимӣ ҳиссиёташонро ба Яҳува баён мекарданд (Заб. 54:23). Онҳо инчунин дарк карданд, ки Падари меҳрубони осмониамон медонад, ки воқеаҳое, ки пеш бо мо рӯй додаанд, ба фикрронӣ ва худбаҳодиҳии мо таъсир мерасонанд. Вале Ӯ дар мо ҳамчунин чизҳои хуб, яъне хислатҳоеро мебинад, ки шояд худи мо онҳоро набинем. (1 Юҳанно 3:19, 20-ро хонед.)

6. Шахсе, ки хатои пештараашро боз такрор мекунад, чӣ ҳис карда карда метавонад?

6 Шояд касе бисёр мекӯшад, ки рафтори бадашро, ки дар ӯ одат шудааст, партояд, вале боз ҳамон хатогиашро такрор мекунад ва аз ин зиқ мешавад. Албатта, мо одатан аз гуноҳи худ ғамгин мешавем (2 Қӯр. 7:10). Вале мо набояд аз ҳад худро хӯрда фикр кунем, ки «ман шахси тамоман намешудагӣ ҳастам. Яҳува ҳеҷ гоҳ маро намебахшад». Ин гуна фикрҳо нодурустанд ва бо таъсири онҳо шахс метавонад хизмати Яҳуваро бас кунад. Ба хотир оред, ки дар Масалҳо 24:10 чӣ гуфта шудааст — вақте мо зиқу рӯҳафтодаем, қуввати мо кам аст. Ба ҷои худро хӯрда шиштан беҳтараш масъаларо бо Яҳува ҳал кунед, яъне ба Ӯ дуо гӯед ва барои гуноҳатон бахшиш пурсед (Иш. 1:18). Вақте Яҳува мебинад, ки шумо дар ҳақиқат пушаймонед ва барои ислоҳ шудан сахт кӯшиш карда истодаед, Ӯ шуморо мебахшад. Инчунин ба пирони ҷамъомад муроҷиат кунед. Онҳо пурсаброна ба шумо кӯмак мекунанд, то аз ҷиҳати рӯҳонӣ аз нав бақувват шавед (Яъқ. 5:14, 15).

7. Агар мо ба кори дуруст кӯшиш карда истода бошем, чаро набояд худро ношуд ҳисобем?

7 Жан-Люк ном пири ҷамъомад аз Фаронса ба касоне, ки бо камбудиҳои худ мубориза мебаранд, чунин мегӯяд: «Шахси дар чашми Яҳува одил на он касест, ки ҳеҷ гоҳ хато намекунад, балки ҳамонест, ки аз хатоҳои худ пушаймон шуда ба ислоҳ шудан ҳаракат мекунад» (Рум. 7:21–25). Аз ин рӯ, агар шумо бо сустиҳои худ мубориза бурда истода бошед, худро беқадр ё ношуд ҳис накунед. Дар хотир доред, ки ҳамаи мо гунаҳкорем ва ба лутфу марҳамати Яҳува, ки тавассути фидия зоҳир мекунад, ниёз дорем (Эфс. 1:7; 1 Юҳ. 4:10).

8. Ҳангоми рӯҳафтодагӣ мо аз кӣ кӯмак пурсида метавонем?

8 Дар вақти рӯҳафтодагӣ аз бародару хоҳарон рӯҳбаландӣ ҷӯед. Онҳо барои мо манбаи тасаллӣ буда метавонанд. Вақте мо сӯҳбат кардан мехоҳем, онҳо моро гӯш карда бо суханони рӯҳбаландкунанда дилбардорӣ мекунанд (Мас. 12:25; 1 Тас. 5:14). Хоҳар Ҷой аз Нигерия, ки аз рӯҳафтодагӣ азоб мекашид, чунин мегӯяд: «Бе бародару хоҳарон ман чӣ кор мекардам!? Рӯҳбаландие, ки ман аз онҳо мегирам, ҷавоб ба дуоҳои ман аст. Ман аз онҳо ҳатто чӣ тавр рӯҳбаланд кардани дигаронро ёд гирифтам». Вале дар хотир бояд дошт, ки бародару хоҳарон шояд на ҳама вақт рӯҳафтода будани моро мефаҳманд. Барои ҳамин мо бояд худамон назди ягон ҳамимони баркамол рафта ошкоро гӯем, ки ба кӯмак ва тасаллӣ мӯҳтоҷем.

ВАҚТЕ САЛОМАТИАМОН БАД АСТ

9. Чӣ тавр оятҳои Забур 40:4 ва 93:19 моро тасаллӣ мебахшанд?

9 Аз Яҳува мадад ҷӯед. Вақте мо худро бад ҳис мекунем ва хусусан вақте ки аз бемории кӯҳнае азоб мекашем, дар бораи чизҳои мусбӣ фикр кардан бароямон душвор буда метавонад. Ҳарчанд имрӯз Яҳува моро ба таври мӯъҷиза сиҳат намекунад, Ӯ моро тасаллӣ медиҳад ва барои тоб овардан қуввати лозима мебахшад. (Забур 40:4; 93:19-ро хонед.) Масалан, Ӯ метавонад дар дили хоҳару бародаронамон хоҳиш андозад, ки ба мо дар баъзе корҳои хона ва харидкунӣ ёрӣ диҳанд ё ҳамроҳи мо дуо гӯянд. Инчунин Ӯ метавонад фикрҳои тасаллибахшро аз Каломаш ба ёдамон орад, масалан, ваъдаҳои олиҷанобашро дар бораи дунёи нав, ки он ҷо мо бе дарду касалӣ зиндагӣ мекунем (Рум. 15:4).

10. Чаро Исэнг баъд аз он ки бо ӯ ҳодисаи нохуш рӯй дод, маъюсу ноумед шуда нагашт?

10 Бародар Исэнг, ки дар Нигерия зиндагӣ мекунад, аз сабаби ҳодисаи нохуш маъюб гашт. Духтур гуфт, ки ӯ дигар роҳ гашта наметавонад. «Ман рӯҳафтода ва дилшикаста будам»,— гуфт ӯ. Вале чӣ ба Исэнг кӯмак кард, ки маъюс ва ноумед нагардад? Ӯ нақл мекунад: «Ману занам пайваста ба Яҳува дуо мегуфтем ва Каломашро меомӯхтем. Ҳамчунин мо кӯшиш мекардем, ки барои баракатҳои доштаамон, аз он ҷумла барои умед ба ҳаёт дар дунёи нав миннатдор бошем».

Ҳатто онҳое, ки имконияташон маҳдуд аст, роҳҳои мавъиза карданро меёбанд ва аз хизмат хурсандӣ мегиранд (Ба сархатҳои 11–13 нигаред.)

11. Ҳангоми бемории сахташ Синди аз чӣ хурсандӣ мегирифт?

11 Синди ном хоҳаре аз Мехико баъд аз ташхис фаҳмид, ки ба бемории марговар гирифтор шудааст. Барои истодагарӣ кардан чӣ ба ӯ кӯмак расонд? Ҳангоми табобат гирифтан ӯ дар пешаш мақсад монд, ки ҳар рӯз ба касе шаҳодат медиҳад. Синди мегӯяд: «Ин ба ман ёрӣ медод, ки диққатамро ба дарду беморӣ ва ҷарроҳӣ неву ба дигарон равона кунам. Масалан, дар вақти сӯҳбат бо духтурон ва ҳамширагон ман аз онҳо дар бораи оилаашон мепурсидам. Сипас, савол медодам, ки чаро онҳо ин касби душворро интихоб кардаанд. Ва ба ҷавоби онҳо нигоҳ карда мавзӯеро интихоб мекардам, ки ба онҳо шавқовар аст. Баъзеи онҳо мегуфтанд, ки шумораи ками беморон аз кору бори онҳо пурсон мешаванд. Ва ба ман миннатдорӣ баён мекарданд, ки ба онҳо ғамхорӣ ва таваҷҷӯҳ зоҳир кардам. Баъзеашон ба ман ҳатто суроға ё рақами телефонашонро медоданд. Ҳамин тавр, дар вақтҳои душвори ҳаётам Яҳува ба дили ман чунон хурсандӣ мебахшид, ки ман дар ҳайрат мемондам» (Мас. 15:15).

12, 13. Онҳое, ки бемор ё заифанд, чӣ тавр мавъиза мекунанд ва хизмати онҳо чӣ натиҷаҳо меорад?

12 Шахсони бемор ё маъюб шояд аз он рӯҳафтода шаванд, ки бисёр хизмат карда наметавонанд. Ба ҳар ҳол бисёри чунин бародару хоҳарон хеле шаҳодати хуб дода метавонанд. Хоҳар Лорел аз Иёлоти Муттаҳида 37 сол боз зери дастгоҳи оҳанине мехобад, ки барои нафасгирӣ ба ӯ кӯмак мекунад. Ӯ ҳамчунин касалии саратон, якчанд ҷарроҳӣ ва бемориҳои пӯстро аз сар гузаронидааст. Вале ба ин душвориҳои ғайриодӣ нигоҳ накарда ӯ мавъиза карданро бас накард. Ӯ ба ҳамширагон ва ба дигар кормандони тиб, ки ба хонааш меомаданд, шаҳодат медод. Дар натиҷа, ӯ камаш ба 17 нафар барои фаҳмидани ҳақиқат кӯмак расонд *.

13 Ричард ном пири ҷамъомад аз Фаронса ба онҳое, ки имконияти аз хона баромадан надоранд ё дар хонаи маъюбонанд, маслиҳати хубе медиҳад. «Ман ба онҳо мегӯям, ки баъзе китобу маҷаллаҳоямонро дар ҷойи ба одамон намоён гузоранд. Адабиётамонро дида кунҷкобии одамон бедор мешавад ва ҳамин тавр онҳо ба сӯҳбат моил мегарданд. Чунин шаҳодатдиҳӣ ба бародару хоҳарони азизамон, ки хона ба хона мавъиза карда наметавонанд, рӯҳбаландӣ меорад». Касони бемор ё имконияташон маҳдуд инчунин ба воситаи телефон ва навиштани номаҳо мавъиза карда метавонанд.

ВАҚТЕ ТАЪЙИНОТИ ДИЛХОСТАМОНРО НАМЕГИРЕМ

14. Шоҳ Довуд аз кадом ҷиҳат ба мо намунаи хуб аст?

14 Аз бисёр сабабҳо мо шояд таъйиноти дилхоҳамонро гирифта наметавонем, масалан шояд синну соли мо мувофиқ нест ё саломатиамон имконият намедиҳад ва ё дигар омилҳо сабаб шуда метавонанд. Шоҳ Довуд низ бо чунин ҳолат дучор шуда буд. Ӯ сахт мехост, ки барои Худо маъбад созад. Вале вақте ӯ фаҳмид, ки Худо барои сохтани маъбад каси дигарро интихоб кардааст, ӯ он шахсро пурра дастгирӣ кард. Довуд ҳатто барои сохтани маъбади Худо миқдори зиёди тилло ва нуқра хайрия кард. Чӣ намунаи олиҷаноб аст ӯ барои мо! (2 Подш. 7:12, 13; 1 Вақ. 29:1, 3–5).

15. Бародар Ҳюг чӣ тавр ба рӯҳафтодагӣ ғолиб омад?

15 Бародар Ҳюг аз Фаронса аз сабаби бад шудани саломатиаш дигар чун пири ҷамъомад хизмат карда наметавонист ва ӯ ҳатто ба кардани корҳои майда-чуйдаи хона қувват надошт. Ӯ менависад: «Дар аввал ман худро беқадр ҳис кардам ва хеле рӯҳафтода шудам. Вале бо гузашти вақт ман дарк кардам, ки бояд ба маҳдудиятҳои худ тан диҳам. Баъд аз ин, ман тавонистам аз ҳар коре, ки дар хизмат карда метавонистам, хурсандӣ ёбам. Ман то охир истодагарӣ кардан мехоҳам, чуноне ки Ҷидъӯн ва сесад ҷанговари ӯ нигоҳ накарда ба он ки “монда шуда буданд”, муҳорибаро давом доданд!» (Дов. 8:4).

16. Мо аз фариштагон чӣ омӯхта метавонем?

16 Фариштагони содиқ ба мо намунаи хубанд. Ҳангоми ҳукмронии шоҳ Оҳоб, Яҳува фариштагонро назди худ даъват намуд, то ки пешниҳоди онҳоро дар бораи фиреб кардани шоҳи золим гӯш кунад. Баъзе фариштагон фикрҳои худро пешниҳод карданд. Вале Яҳува пешниҳоди танҳо яктои онҳоро интихоб кард ва гуфт, ки он барор меёбад (3 Подш. 22:19–22). Оё дигар фариштагон аз ин рӯҳафтода шуданд? Оё дар онҳо чунин фикр пайдо шуд, ки «чаро ман вақтамро беҳуда сарф карда фикрамро пешниҳод кардам?» Албатта не. Фариштагон ҳақиқатан ҳам фурӯтананд ва тамоми ҷалолро ба Яҳува равона мекунанд (Дов. 13:16–18; Ваҳй 19:10).

17. Агар ягон намуди таъйинотро соҳиб набошему аз ин диламон ғамгин шавад, мо бояд чӣ кор кунем?

17 Бар худ доштани номи Яҳува ва эълон кардани Подшоҳии Ӯ аллакай шарафи бузург аст. Таъйинот имрӯз ҳасту пагоҳ шояд нест, вале он моро дар чашми Яҳува пурарзиш намегардонад. Балки хоксору фурӯтан будан моро барои Яҳува ва бародару хоҳарон ҳақиқатан пурқимат мегардонад. Барои ҳамин аз Яҳува зориву илтиҷо кунед, ки ба шумо барои хоксору фурӯтан мондан кӯмак кунад. Дар бораи намунаи бисёр хизматгорони хоксору фурӯтани Яҳува, ки дар Каломаш оварда шудааст, мулоҳиза ронед. Ва бо ҳар роҳе ки аз дастатон меояд, ба бародару хоҳарон хизмат кунед (Заб. 137:6; 1 Пет. 5:5).

ВАҚТЕ МИНТАҚАИ ШУМО БЕСАМАР МЕТОБАД

18, 19. Агар минтақаатон бесамар тобад, чӣ тавр шумо дар хизмат хурсандиро нигоҳ дошта метавонед?

18 Вақте минтақаатон ба назар бесамар менамояд ё ҳангоми хизмат одамони камро дар хона меёбед, шояд аз ин баъзан зиқ шавед. Пас, барои хурсандиро нигоҳ доштан ё онро зиёд кардан чӣ ёрӣ медиҳад? Баъзе маслиҳатҳои муфид дар чорчӯбаи  «Роҳҳои беҳтар кардани хизмат» оварда шудаанд. Ғайр аз ин, ба хизмат назари дуруст доштан муҳим аст. Ин чӣ маъно дорад?

19 Диққататонро ба мавъиза кардани номи Худо ва Подшоҳиаш равона кунед. Исо равшан гуфт, ки шумораи ками одамон бо роҳи танги ҳаёт мераванд (Мат. 7:13, 14). Вақте мо дар хизматем, мо бо Яҳува, Исо ва фариштагон ҳамкорӣ мекунем, ки ин шарафи бузург аст (Мат. 28:19, 20; 1 Қӯр. 3:9; Ваҳй 14:6, 7). Яҳува касони шоистаро, яъне онҳоеро, ки ба Ӯ хизмат кардан мехоҳанд, ба Худ ҷалб мекунад (Юҳ. 6:44). Агар шахс ҳозир ба хабари мо гӯш надиҳад, шояд дафъаи дигар моро гӯш кунад.

20. Дар мубориза бо рӯҳафтодагӣ чӣ тавр Ирмиё 20:8, 9 ба мо кӯмак мекунад?

20 Мо аз мисоли Ирмиё-пайғамбар дарсҳои зиёд гирифта метавонем. Яҳува ӯро ба минтақае таъйин кард, ки хизмат дар он ҷо беҳад душвор буд. Мардуми он ҷо тамоми рӯз Ирмиёро паст мезаданд ва масхара мекарданд. (Ирмиё 20:8, 9-ро хонед.) Боре ӯ чунон рӯҳафтода шуд, ки хост мавъизаро бас кунад. Вале ӯ инро накард. Чаро? Зеро Каломи Худованд дар дилаш «мисли оташи фурӯзон буд» ва ӯ онро дар худ дошта наметавонист. Мо низ агар Каломи Яҳуваро ҳар рӯз хонда дар борааш мулоҳиза ронем, он дар диламон мисли оташ фурӯзон мегардад. Он гоҳ хурсандии мо зиёд мешавад ва шояд одамони бештар моро гӯш кунанд (Ирм. 15:16).

21. Чӣ тавр мо дар мубориза бо рӯҳафтодагӣ ғолиб омада метавонем?

21 Дебора, ки оидаш дар боло гуфтем, қайд мекунад: «Рӯҳафтодагӣ яроқи даҳшатнокест, ки Шайтон бар зидди мо истифода мебарад». Лекин Яҳува аз Шайтон ва яроқҳои ӯ садчандон пурқудрат аст. Пас, бо чӣ сабабе рӯҳафтода нашавед, Яҳуваро илтиҷо намоед, ки шуморо дастгирӣ кунад. Ӯ бешубҳа ба шумо ёрӣ медиҳад, ки бо нокомилӣ ва камбудиҳои худ мубориза баред. Дар вақтҳои беморӣ низ Ӯ шуморо дастгирӣ мекунад. Яҳува ба шумо ёрӣ медиҳад, ки ба таъйинот ва хизмат назари дурустро нигоҳ доред. Боз шумо метавонед ба Падари осмониамон дуо гуфта фикру ҳиссиётатонро ба Ӯ ошкоро баён кунед. Бо кӯмаки Ӯ ба рӯҳафтодагӣ ғолиб омадан имконпазир аст!

СУРУДИ 6 Дуои хизматгори Худо

^ сарх. 5 Ҳамаи мо гоҳ-гоҳ рӯҳафтода мешавем. Дар ин мақола мо баъзе фикрҳо ва мисолҳоро дида мебароем, ки барои бо рӯҳафтодагӣ мубориза бурдан кӯмак мерасонанд. Мо мебинем, ки бо кӯмаки Яҳува ба рӯҳафтодагӣ ғолиб омадан мумкин аст.

^ сарх. 4 Баъзе номҳо иваз шудаанд.

^ сарх. 12 Тарҷумаи ҳоли Лорел Низбетро дар маҷаллаи «Бедор шавед!» (анг.) аз 22 январи с. 1993 хонда метавонед.

^ сарх. 69 ШАРҲИ РАСМҲО: Хоҳар муддате рӯҳафтода буд, вале ӯ дар бораи хизмати гузаштааш мулоҳиза меронад ва ба Яҳува дуо мегӯяд. Вай боварӣ дорад, ки Яҳува корҳоеро, ки ӯ пеш карда буд ва ҳозир мекунад, аз хотир намебарорад.