Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё шумо дар хотир доред?

Оё шумо дар хотир доред?

Оё шумораҳои охирини «Бурҷи дидбонӣ»-ро бодиққат хонда будед? Пас, худро санҷед, ки ба саволҳои зерин ҷавоб дода метавонед ё не:

Мо ба масеҳиёни тадҳиншуда чӣ тавр бояд муносибат кунем?

Мо онҳоро барои имони қавӣ доштанашон ҳурмат менамоем, вале онҳоро болобардор намекунем. Мо ба онҳо «хушомад» намезанем (Яҳд. 16). Ва дар бораи умедашон саволҳои шахсӣ намедиҳем (w20.01 саҳ. 29).

Барои чӣ шумо боварӣ дошта метавонед, ки Яҳува шахсан ба шумо аҳамият медиҳад?

Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Яҳува ба шумо ҳатто пеш аз он ки таваллуд шавед, аҳамият медод. Ва Ӯ дуоҳои моро мешунавад. Ӯ аз фикрҳо ва аз чизҳое, ки дар диламон ҳаст, бохабар аст. Рафтори мо Ӯро ё хурсанд мекунад, ё зиқ (1 Вақ. 28:9; Мас. 27:11). Маҳз Яҳува шуморо ба Худаш ҷалб кардааст (w20.02 саҳ. 12).

Мисол оред, ки кай бояд сухан гӯему кай хомӯш монем?

Мо бо хурсандӣ оиди Яҳува гап мезанем. Ҳамчунин вақте мебинем, ки касе ба роҳи нодуруст қадам монданӣ аст, ба ӯ гап мезанем. Пирон дар мавриди лозима ба дигарон маслиҳат медиҳанд. Вале вақте гап дар бораи ҷойҳое меравад, ки фаъолиятамон манъ шудааст, мо батафсил ҳама чиро нақл намекунем ё намепурсем. Мо чизҳои махфиро ба касе намегӯем (w20.03 саҳ. 20, 21).

Малахҳо аз боби 2-юми китоби Юил аз малахҳое, ки оидашон дар Ваҳй боби 9 гап меравад, бо чӣ фарқ мекунанд?

Дар Юил 2:20–29 гуфта шудааст, ки Худо «малахҳо»-ро дур мекунад ва зарари расондаи онҳоро подош ё ин ки ҷуброн менамояд. Баъд аз он, Худо рӯҳи Худро мерезад. Ин пешгӯйиҳо ҳангоми ба Исроил ҳуҷум кардани бобулиён ва каме баъдтар иҷро шуданд. Малахҳое, ки дар Ваҳй 9:1–11 омадаанд, тадҳиншудагони рӯзҳои моро тасвир мекунанд. Онҳо довариҳои Худоро бар зидди ин тартиботи бад эълон менамоянд, ки ин ба шахсоне, ки корҳои ин ҷаҳонро тарафдорӣ мекунанд, сахт мерасад (w20.04 саҳ. 3–6).

Кӣ дар рӯзҳои мо подшоҳи Шимол ҳисоб меёбад?

Русия ва ҳамаҳдонаш. Онҳо бевосита ба халқи Худо ҳамла меоранд, кори мавъизаи моро манъ мекунанд ва нафраташонро ба Шоҳидон нишон медиҳанд. Шоҳи Шимол бо шоҳи Ҷануб рақобат мекунад (w20.05 саҳ. 13)

Оё нӯҳ хислате, ки дар Ғалотиён 5:22, 23 оварда шудаанд, ҳамаи хислатҳои «самари рӯҳ» мебошанд?

Не. Рӯҳи муқаддас ба мо ёрӣ медиҳад, ки хислатҳои хуби дигар, масалан, росткориро низ зоҳир кунем (Эфс. 5:8, 9(w20.06 саҳ. 17).

Як хатари дар интернет дар бораи худ маълумот гузоштан кадом аст?

Чизи дар шабакаҳои интернетӣ гузоштаи шахс метавонад аз он дарак диҳад, ки ӯ фурӯтан нест, балки худнамоӣ карда истодааст (w20.07 саҳ. 6, 7).

Хизматгорони Яҳува аз моҳигирони ботаҷриба чӣ омӯхта метавонанд?

Онҳо дар вақт ва ҷои муносиб моҳӣ медоранд. Ва онҳо истифода бурдани асбобу лавозимоти лозимаро нағз медонанд. Ва онҳо ҳангоми тағйир ёфтани вазъиятҳо, масалан обу ҳаво далерона корашонро давом медиҳанд. Мо ин чизҳоро аз онҳо омӯхта метавонем (w20.09 саҳ. 5).

Чӣ тавр мо ба омӯзандагон барои зиёд шудани муҳаббаташон ба Яҳува ёрӣ дода метавонем?

Мо онҳоро ҳавасманд карда метавонем, ки ҳар рӯз Китоби Муқаддас хонанд ва оиди чизи хондаашон мулоҳиза ронанд. Ва боз ба онҳо дуо гуфтанро ёд дода метавонем (w20.11 саҳ. 4).

Ба онҳое «дар Масеҳ зинда мешаванд», киҳо дохил мешаванд? (1 Қӯр. 15:22).

Павлуси расул гуфтанӣ набуд, ки ҳар як одам эҳё мешавад. Ин суханонро Павлус ба масеҳиёни шаҳри Қӯринт, ки «дар ягонагӣ бо Исои Масеҳ муқаддас гардида» буданд, навишт, барои ҳамин ба «ҳама»-и онҳое, ки зинда мешаванд, тадҳиншудагон низ дохил мешаванд (1 Қӯр. 1:2; 15:18). (w20.12 саҳ. 5, 6).

Тадҳиншудагоне, ки «дар як мижа задан» дигаргун мешаванд, чӣ кор хоҳанд кард? (1 Қӯр. 15:51–53).

Онҳо ҳамроҳи Масеҳ халқҳоро бо асои оҳанин чӯпонӣ мекунанд (Ваҳй 2:26, 27). (w20.12 саҳ. 12, 13)