Саволҳои хонандагон
Оё суханони Павлуси расул аз 1 Қӯринтиён 15:29 маънои онро доранд, ки баъзе масеҳиён дар замони ӯ ба ҷойи мурдагон таъмид мегирифтанд?
Не, дар ягон ҷойи Китоби Муқаддас ё китобҳои таърихӣ гуфта нашудааст, ки масеҳиён ба ҷойи одамоне, ки мурдаанд, таъмид мегирифтанд.
Баъзеҳо ин оятро дар дигар тарҷумаҳои Китоби Муқаддас хонда фикр мекунанд, ки дар замони масеҳиёни аввал таъмидгирӣ барои мурдагон вуҷуд дошт. Масалан, дар баъзе нусхаҳои Китоби Муқаддас ин оят чунин омадааст: «Агар мурдагон зинда нашаванд, пас, онҳое ки барои мурдагон таъмид меёбанд, чӣ хоҳанд кард?» (Тарҷумаи М. Бачаев)
Лекин, биёед шарҳи ду олими диншиносро дида бароем. Доктор Грегори Локвуд қайд кард, ки ақида дар бораи он ки одамон ба ҷойи шахсони аллакай мурда таъмид мегирифтанд, на дар Китоби Муқаддас тасдиқи худро меёбад, на дар сарчашмаҳои таърихӣ. Ба ин монанд, профессор Джордан Д. Фи навишт: «Ягон мисол аз Китоби Муқаддас ё таърих нишон намедиҳад, ки чунин намуди таъмид вуҷуд дошт. Аҳди ҷадид боре ҳам дар ин бора нагуфтааст ва ягон далел тасдиқ намекунад, ки касе аз масеҳиёни аввал ё калисоҳое, ки баъди марги расулон ташкил ёфтанд, ин гуна таъмид гирифта бошанд».
Китоби Муқаддас мегӯяд, ки пайравони Исо бояд «аз байни тамоми халқҳо» шогирд тайёр кунанд, онҳоро таъмид диҳанд ва «риоя кардани ҳар он чизеро», ки Исо фармудааст, таълим диҳанд (Мат. 28:19, 20). Пеш аз он ки шахс чун шогирди Исо таъмид гирад, ӯ аввал бояд дар бораи Яҳува ва Писари Ӯ дониш гирад, ба онҳо имон пайдо кунад ва итоат намояд. Шахсе, ки аллакай мурдаасту дар қабр мебошад, ин чизҳоро карда наметавонад ва масеҳии зинда низ ин корҳоро ба ҷойи ӯ карда наметавонад (Воиз 9:5, 10; Юҳ. 4:1; 1 Қӯр. 1:14–16).
Пас, Павлус чиро дар назар дошт?
Баъзе қӯринтиён мегуфтанд, ки мурдагон зинда намешаванд (1 Қӯр. 15:12). Павлус ба онҳо нодуруст будани ақидаашонро нишон дод. «Ман ҳар рӯз бо марг рӯ ба рӯ мешавам»,— гуфт ӯ. Павлус бо хатарҳои марговар дучор мешуд, вале боварии қавӣ дошт, ки баъди мурдан ӯ мисли Исо ба ҳаёти осмонӣ эҳё мешавад (1 Қӯр. 15:30–32, 42–44).
Қӯринтиён бояд дарк мекарданд, ки агар шахс масеҳии тадҳиншуда бошад, ӯ ҳар рӯз бо хатарҳо дучор мешавад ва барои он ки ба осмон эҳё шуда тавонад, бояд бимирад. Аз ин рӯ вақте онҳо «дар Исои Масеҳ таъмид» мегиранд, онҳо инчунин «дар марги ӯ таъмид» мегиранд (Рум. 6:3). Ин суханон маънои рамзӣ доштанд, яъне барои ба осмон эҳё шудан пайравонаш бояд чун Исо озмоишҳоро аз сар мегузаронданд ва мемурданд.
Исо баъди зиёда аз ду соли дар об таъмид гирифтанаш ба ду расули худ гуфт: «Таъмидеро, ки ман мегирам, шумо хоҳед гирифт» (Марқ. 10:38, 39). Ин суханони ӯ маънои дар об таъмид гирифтанро надошт. Исо дар назар дошт, ки ба Худо содиқ монданаш ба марги ӯ сабаб мегардад. Павлус навишт, ки тадҳиншудагон «бо [Исо] азобу уқубат» мекашанд, то «ҳамчунин бо ӯ ҷалол» ёбанд (Рум. 8:16, 17; 2 Қӯр. 4:17). Онҳо барои ба ҳаёти осмонӣ эҳё шудан бояд аввал бимиранд.
Аз ин рӯ суханони Павлусро чунин тарҷума кардан дуруст мебуд: «Агар мурдагон зинда нашаванд, он гоҳ ба касоне, ки барои мурдан таъмид мегиранд, чӣ фоидае ҳаст? Агар мурдагон ҳеҷ гоҳ зинда нашаванд, пас, ин гуна таъмид чӣ лозим аст?»