Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 53

Бародарони ҷавон, мардони баркамоли масеҳӣ шавед

Бародарони ҷавон, мардони баркамоли масеҳӣ шавед

«Қавӣ ва мард бош» (3 ПОДШ. 2:2).

СУРУДИ 89 Насиҳати падаронаи Яҳува: «Эй писарам, бохирад бош»

ПЕШГУФТОР a

1. Ҳар як бародари ҷамоат барои пешравӣ кардан бояд чӣ кор кунад?

 ПОДШОҲ Довуд ба Сулаймон чунин насиҳат дод: «Қавӣ ва мард бош» (3 Подш. 2:1–3). Ин маслиҳат ба ҳама мардони масеҳии имрӯза дахл дорад. Барои марди ҳақиқии рӯҳонӣ шудан онҳо бояд ба қонунҳои Худо итоат карда, принсипҳои Каломи ӯро дар ҳама ҷонибҳои ҳаёташон ба кор баранд (Луқ. 2:52). Барои чӣ ба бародарони ҷавон лозим аст, ки мардони пухтаи масеҳӣ шаванд?

2, 3. Чаро бародарони ҷавон бояд масеҳии баркамол шаванд?

2 Марди масеҳӣ ҳам дар оила ва ҳам дар ҷамоат нақши муҳимеро иҷро мекунад. Бародарони ҷавон, шумо, бешак, дар бораи вазифаву масъулиятҳои ояндаатон фикр кардаед. Шояд, шумо мақсад доред ходими пурравақт, хизматгузор ва баъдтар пири ҷамоат шавед. Шояд, шумо хоҳед оиладор шаведу соҳиби фарзанд гардед (Эфс. 6:4; 1 Тим. 3:1). Барои ба ин мақсадҳо расидану комёб шудан шумо бояд масеҳии пухта гардед b.

3 Барои масеҳии пухтаю баркамол шудан чӣ даркор аст? Барои ин бояд шумо баъзе ҳунару сифатҳоро аз худ кунед. Худи ҳозир шумо чӣ кор карда метавонед, то барои масъулияту вазифаҳои ояндаатон тайёрӣ бинеду аз уҳдаашон бароед?

СӮЙИ ПУХТАГӢ ҚАДАМ МОНЕД

Ба хислатҳои бебаҳои Исо пайравӣ карда, масеҳии баркамол шавед (Ба сархати 4 нигаред.)

4. Барои пайравӣ кардан намунаҳои хубро аз куҷо ёфтан мумкин? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

4 Намунаҳои хуби ибратро интихоб кунед. Китоби Муқаддас пур аз намунаҳои хуби ибрат барои ҷавонмардон аст. Ин мардони замони гузашта Худоро дӯст медоштанду барои ғамхорӣ кардан ба халқаш вазифаҳои гуногунро иҷро мекарданд. Ғайр аз шахсиятҳои Китоби Муқаддас, шумо аз миёни бародарони масеҳии оила ва аҳли ҷамоататон намунаҳои шоистаи ибратро ёфта метавонед (Ибр. 13:7). Албатта, намунаи беҳтарин барои пайравӣ Исои Масеҳ мебошад (1 Пет. 2:21). Ин намунаҳои зеборо хуб омӯхта, ба сифатҳои барҷастаашон аҳамият диҳед (Ибр. 12:1, 2). Сипас хулоса кунед, ки шумо аз кадом ҷиҳат мисли онҳо рафтор кардан мехоҳед.

5. Чӣ тавр соҳиби хирад шавем ва чаро ин муҳим аст? (Забур 119:9).

5 Хирад ба даст ору онро «нигоҳ дор» (Пнм. 3:21). Марди бохирад пеш аз амал кардан вазъиятро ҳаматарафа баҳо медиҳад. Аз ин рӯ барои хирад пайдо кардану онро нигоҳ доштан бисёр меҳнат кунед. Чаро ин муҳим аст? Ин дунё пур аз ҷавононест, ки аз рӯйи ақидаҳои худ амал мекунанд ё ғуломи эҳсосоти худанд (Пнм. 7:7; 29:11). Ғайр аз ин, телевизиону дигар воситаҳои хабарӣ ба одамон таъсири сахт мерасонанд. Чӣ тавр шумо метавонед соҳиби хирад шавед? Дар аввал принсипҳои Каломи Худоро омӯхта, фикр кунед, ки барои чӣ онҳо фоида меоранд. Сипас аз рӯйи онҳо қарорҳое қабул кунед, ки Яҳуваро хурсанд мекунанд. (Забур 119:9-ро хонед.) Агар барои соҳиб шудани хирад шумо бисёр кӯшиш кунед, сӯйи пухтагӣ қадами ҷиддие мемонед (Пнм. 2:11, 12; Ибр. 5:14). Биёед бинем, ки ба кор бурдани хирад 1) ҳангоми муомила бо хоҳарон ва 2) ҳангоми интихоби либос ба шумо чӣ фоида меорад.

6. Чӣ тавр бародари ҷавони бохирад эҳтиромашро ба хоҳарон нишон медиҳад?

6 Хирадро ба кор бурда, шумо ба хоҳарон эҳтиром нишон медиҳед. Вақте бародари ҷавоне мехоҳад бо хоҳари масеҳие мулоқот кунад, ин ягон бадие надорад. Аммо, агар бародар бо ягон гапаш, рафтораш ё паёмакаш ба хоҳаре таваҷҷуҳи ошиқона нишон диҳаду ягон мақсади ҷиддӣ надошта бошад, кори бехирадонае мекунад (1 Тим. 5:1, 2). Вақти бо ягон хоҳар мулоқот карданаш бошад, бародар обрӯйи хоҳарро фикр карда, ҳамеша эҳтиёт мешавад, ки бо ӯ танҳо намонанд, балки ҳамроҳашон ҳамеша ягон каси дигар бошад (1 Қӯр. 6:18).

7. Ҳангоми интихоби сару либос ҷавонмардони масеҳӣ бояд чиро дар ёд доранд?

7 Як нишонаи бохирадии ҷавонмард аз либоспӯшӣ ва намуди зоҳирияш маълум мешавад. Бисёр вақт навовариҳоро дар либоспӯшӣ ё намуди зоҳирӣ касоне медароранд, ки Яҳуваро тамоман намешиносанд ва ҳаёти бадахлоқона ба сар мебаранд. Ин одамони бадахлоқу нопокандеш либосҳои танг мебароранд ё либосҳое, ки мардон онҳоро пӯшида, ба занон монанд мешаванд. Вақти интихоби либос ҷавонмарде, ки сӯйи камолоти масеҳӣ мешитобад, аз рӯйи принсипҳои Китоби Муқаддас ва намунаҳои хуб дар ҷамоат амал мекунад. Ӯ аз худ пурсида метавонад: «Оё аз либоспӯшиву афту андоми ман маълум аст, ки шахси солимфикраму ақидаи дигаронро ба назар мегирам? Ё либоспӯшии маро дида, бовари одамон меояд, ки ман хизматгори Худоям? (1 Қӯр. 10:31–33; Тит. 2:6). Ҷавонмарди бохирад на фақат ҳурмати бародару хоҳаронашро соҳиб мешавад, балки эҳтироми Падари осмонияшро низ.

8. Чӣ тавр бародари ҷавон масъулиятшинос шуда метавонад?

8 Масъулиятшинос бошед. Ҷавонмарди масъулиятшинос ҳама вазифаҳояшро ҳалолкорона иҷро мекунад (Луқ. 16:10). Биёед намунаи комили Исоро бинем. Ӯ ҳеҷ гоҳ бемасъулиятӣ ё бепарвогӣ намекард. Ӯ ҳар як вазифаеро, ки аз Яҳува мегирифт, иҷро мекард, ҳатто агар он душвор мебуд. Ӯ одамонро дӯст медошт, хусусан шогирдонашро. Аз ин рӯ бо ихтиёри худ ҷонашро барои онҳо қурбон кард (Юҳ. 13:1). Аз Исо ибрат гиреду чӣ вазифаеро, ки ба шумо надиҳанд, аз таҳти дил иҷро кунед. Агар надонед, ки корро чӣ хел иҷро кардан даркор аст, хоксорона аз бародарони баркамол пурсед. Ҳеҷ як корро сарам-дилам иҷро накунед (Рум. 12:11). Супоришу масъулиятҳоятонро бо «ҷону дил» ба ҷо оред, мисли он ки барои Яҳува бошад, на барои одамон (Қӯл. 3:23). Азбаски шумо нокомил ҳастед, як-як хато мекунед. Аз ин рӯ, ҳар гоҳе ба хато роҳ диҳед, ҳадшиносона онҳоро ба гардан гиред (Пнм. 11:2).

КАСБУ ҲУНАР ЁД ГИРЕД

9. Чаро ҷавонон бояд касбу ҳунар ёд гиранд?

9 Барои марди баркамоли масеҳӣ шудан шумо бояд баъзе касбу ҳунарро аз худ кунед. Бо ёрии онҳо шумо дар ҷамоат соҳиби таъйинотҳо мешавед, ҷойи кор ёфта худатону оилаатонро таъмин мекунед ва бо дигарон муносибати хубу солим пайдо мекунед. Биёед якчанд амали судмандро дида бароем.

Хондану навиштани хуб ҳам ба худат фоида меораду ҳам ба ҷамоат (Ба сархатҳои 10 ва 11 нигаред.)

10, 11. Агар бародар хондану навиштанро нағз донад, ба худаш ва ҷамоат чӣ фоида меорад? (Забур 1:1–3). (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

10 Нағз хондану навиштанро ёд гиред. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки ҳар кӣ ҳар рӯз барои хондани Каломи Худо ва андеша кардан дар бораи хондааш вақт ҷудо мекунад, шахси хушбахт аст. (Забур 1:1–3-ро хонед.) Каломи Худоро ҳар рӯз хонда, шумо бо фикрронии Яҳува шинос мешавед. Ин шуморо инсони боандеша ва боҳуш мегардонад (Пнм. 1:3, 4). Чунин касон дар ҷамоат бисёр даркоранд. Барои чӣ?

11 Вақте бародару хоҳарони мо ба маслиҳат ва раҳнамоии Китоби Муқаддас ниёз пайдо мекунанд, онҳо ба бародарони кордон муроҷиат мекунанд (Тит. 1:9). Агар шумо хушхату савод бошед, нутқҳою ҷавобҳои пурмазмун тайёр карда, имони одамонро қувват мебахшед. Шумо ҳамчунин вақти омӯзиши шахсӣ ё гӯш кардани нутқҳо дар ҷамъомадҳо, анҷуманҳои ноҳиявӣ ва минтақавӣ қайдҳои маънодор монда, ҳам имони худатонро қавӣ мегардонед, ҳам ба дигарон ёрӣ мерасонед.

12. Чӣ хел шумо санъати гуфтугӯро аз худ карда метавонед?

12 Санъати гуфтугӯро омӯзед. Марди масеҳӣ бояд одобу санъати гуфтугӯро донад. Вақте шахс ҳамсуҳбати хуб бошад, ӯ ба суханони одамон гӯш дода, ҳиссиёту андешаҳои онҳоро ба назар мегирад (Пнм. 20:5). Ӯ оҳанги овоз, қиёфа ва имову ишораи одамонро пай мебарад. Инро одам танҳо вақте ёд мегирад, ки бо дигарон вақт гузаронад. Агар шумо барои гуфтугӯ бо дигарон доим телефонро истифода бареду ягона роҳи суҳбататон паёмакнависӣ бошад, дар гуфтугӯйи рӯ ба рӯ суст мешавед. Аз ин рӯ фурсат ҷӯед, ки бо дигарон суҳбат кунед (2 Юҳ. 12).

Касберо аз худ кунед, ки дар оянда барои кор ёфтанатон кумак мекунад (Ба сархати 13 нигаред.)

13. Ҷавонписарони ҷамоат боз чиро омӯхтанашон лозим? (1 Тимотиюс 5:8). (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

13 Таъмин кардани худатонро ёд гиред. Марди баркамоли масеҳӣ бояд аз уҳдаи таъмин кардани худашу аҳли хонаводааш барояд. (1 Тимотиюс 5:8-ро хонед.) Дар баъзе мамлакатҳо бародарони ҷавон аз падарашон ё дигар хешашон ягон касб ё ҳунарро ёд мегиранд. Дар дигар мамлакатҳо бошад, онҳо инро дар синфҳои болоӣ, ҳангоми дарсҳои касбу ҳунар, аз худ мекунанд. Чи хеле набошад, касберо аз худ кунед, то бароятон кор ёфтан осонтар шавад (Кор. 18:2, 3; 20:34; Эфс. 4:28). Ҷон канед, то обрӯйи одами меҳнатдӯсту ҳалолкорро соҳиб шавед. Агар ин тавр кунед, бароятон ёфтани ҷойи кор ё онро аз даст надодан осонтар мешавад. Бародарони ҷавон, касбу ҳунаре, ки мо дида баромадем, ба шумо ҳамчунин дар иҷро кардани нақшҳои ояндаатон ёрӣ мерасонад. Биёед баъзе аз ин нақшҳоро дида бароем.

БАРОИ ИҶРОИ НАҚШҲОИ ОЯНДА ТАЙЁР ШАВЕД

14. Чӣ тавр бародари ҷавон ба хизмати пурравақт тайёр шуда метавонад?

14 Ходими пурравақт. Бисёр мардони баркамоли масеҳӣ хизмати пурравақтро аз синни ҷавонӣ сар кардаанд. Вақте бародарони ҷавон хизмати пешравиро интихоб мекунанд, бо одамони гуногун ҳамкорӣ карданро ёд мегиранд. Онҳо инчунин сарфакориву саришта кардани пулро меомӯзанд (Флп. 4:11–13). Баъзан барои хизмати пурравақтро сар кардан муддате ҳамчун пешрави ёвар хизмат кардан ёрӣ мерасонад. Баъзеҳо пеш аз он ки пешрави доимӣ шаванд, муддате пешрави ёвар хизмат кардаанд. Пешрави доимӣ шудан бошад, барои шумо дарҳои нави хизмати пурравақтро мекушояд, ба монанди ходими сохтмон ё ходими Байт-Ил.

15, 16. Чӣ ба ҷавонони мо кумак мекунад, ки хизматгузор ё пири ҷамоат шаванд?

15 Хизматгузор ё пири ҷамоат шудан. Мардони масеҳӣ бояд пеши худ мақсад гузоранд, ки пири ҷамоат шуда, ба бародару хоҳарони худ хизмат кунанд. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки ҳар касе чунин мақсад дорад «кори хуберо орзу мекунад» (1 Тим. 3:1). Пеш аз он ки бародарро пир таъйин кунанд, ӯ бояд хизматгузори ҷамоат шавад. Хизматгузорони ҷамоат ба пирон бо роҳҳои гуногун ёрӣ мерасонанд. Ҳам пирону ҳам хизматгузорони ҷамоат ба бародару хоҳаронашон хоксорона хизмат карда, дар хизмат бо шӯру шавқ иштирок мекунанд. Бародарони ҷавон метавонанд хизматгузори ҷамоат шаванд, ҳатто агар синнашон ба бист нарасида бошад. Хизматгузори қобилу кордон бошад, метавонад пири ҷамоат шавад, агар синнаш ба 20 расида бошад ё аз он калонтар бошад.

16 Чӣ кор кунед, ки ба талаботи ин таъйинотҳо ҷавобгӯ бошед? Ягон қоидаи махсус нест. Вале дар Китоби Муқаддас баъзе талаботе оварда мешавад, ки бар дӯст доштани Яҳува, дӯст доштани аҳли оила ва ҷамоататон асос меёбад (1 Тим. 3:1–13; Тит. 1:6–9; 1 Пет. 5:2, 3). Кӯшиш кунед ҳар як талаботро нағз фаҳмед. Ба Яҳува дуо гӯед, ки ба ҳамаашон мувофиқат кунед c.

Яҳува мехоҳад, ки шавҳар зану кӯдаконашро дӯст дорад, аз ҷиҳати ҷисмонӣ, равонӣ ва, пеш аз ҳама, аз ҷиҳати рӯҳонӣ ғамхорӣ кунад (Ба сархати 17 нигаред.)

17. Бародар чӣ тавр ба нақши шавҳар ё сардори оила тайёрӣ дида метавонад? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

17 Шавҳар ва сардори оила. Чи хеле ки Исо гуфт, баъзе мардони пухтаи масеҳӣ муҷаррад мемонанд (Мат. 19:12). Вале, агар шумо оиладор шуданӣ бошед, вазифаи шавҳару сардори оиларо бар дӯш мегиред (1 Қӯр. 11:3). Яҳува мехоҳад, ки шавҳар зани худро дӯст дорад ва аз ҷиҳати ҷисмонӣ, равонӣ ва рӯҳонӣ ба ӯ ғамхорӣ намояд (Эфс. 5:28, 29). Сифату ҳунарҳое, ки мо дар ин мақола дида баромадем, ба монанди инкишоф додани хирад, эҳтиром кардани занон, ҳалолкор будан ба шумо кумак мерасонанд, ки ҳамсари хуб бошед. Агар ин хислатҳоро дар бар кунед, барои иҷро кардани вазифаҳои ояндаатон ҳамчун шавҳар ва сардори оила тайёр мешавед.

18. Чӣ хел бародар ба нақши падар тайёр мешавад?

18 Падар. Баъди оиладор шудан, шояд, шумо соҳиби фарзанд шавед. Барои падари хуб шудан шумо аз Яҳува дарсҳои бисёре гирифта метавонед (Эфс. 6:4). Яҳува ба фарзандаш, Исо, кушодаву рӯирост гуфт, ки ӯро дӯст медорад ва аз ӯ розист (Мат. 3:17). Агар шумо падар шавед, ба фарзандонатон зуд-зуд гӯед, ки онҳоро дӯст медоред. Ҳар боре ягон кори хуб мекунанд, таърифатонро аз онҳо дареғ надоред. Падароне, ки аз намунаи Яҳува таълим мегиранд, ба фарзандонашон кумак мекунанд, ки занону мардони пухтаи масеҳӣ шаванд. Чӣ тавр шумо барои падар ва шавҳари хуб шудан аз ҳозир тайёрӣ дида метавонед? Агар ба аҳли оила ва ҷамоататон муҳаббату ғамхорӣ нишон диҳеду онҳоро таъриф кунед (Юҳ. 15:9). Агар ин тавр кунед, ҳам дар оянда фоида мебинеду ҳам имрӯз барои Яҳува, аҳли оила ва ҷамоататон баракат мешавед.

ШУМО ЧӢ КОР МЕКУНЕД?

Бисёр ҷавонмардон аз кӯдакӣ Китоби Муқаддасро омӯхтаанд ва чизҳои фаҳмидаашонро ба кор бурда, масеҳии баркамол гаштанд (Ба сархатҳои 19 ва 20 нигаред.)

19, 20. Бародарони ҷавон чӣ кор кунанд, ки масеҳии пухта шаванд? (Ба расми муқова нигаред.)

19 Бародарони ҷавон, шумо худ аз худ марди баркамоли масеҳӣ намешавед. Барои ин шумо бояд намунаҳои хуби ибратро интихоб кунед, хирадро инкишоф диҳед, ҳалолкору боваринок бошед, баъзе касбу ҳунарро ёд гиред ва барои нақшҳои ояндаатон тайёрӣ бинед.

20 Дар бораи вазифаҳои ояндаатон андешида, шояд, шумо фикр кунед, ки аз уҳдаашон намебароед. Вале дар ёд доред, ки Яҳува муштоқи он аст, ки ба шумо ёрдам диҳад. Аз ин рӯ шумо комёб мешавед (Иш. 41:10, 13). Бародару хоҳарони ҷамоататон низ дар ин ба шумо ёрӣ мерасонанд. Вақте шумо рушд карда, ба камоли худ раседу масеҳии пухта шавед, зиндагиятон рангину пурмаъно мешавад. Мо шуморо дӯст медорем, бародарони ҷавон! Бигзор Яҳува меҳнати шуморо барои масеҳии баркамол гаштан баракат диҳад (Пнм. 22:4).

СУРУДИ 45 Шитобон рав ба пеш!

a Ҷамоати масеҳӣ ба мардони баркамол ниёз дорад. Дар ин мақола мо мебинем, ки чӣ тавр бародарони ҷавон мардони пухтаву баркамоли масеҳӣ шуда метавонанд.

b Аз мақолаи гузашта ба «Маънои баъзе калимаву ибораҳо» нигаред.

c Ба китоби «Созмоншудагон» (рус.) бобҳои 5 ва 6 нигаред.