Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ба нӯшокиҳои спиртӣ мисли Яҳува назар кунед

Ба нӯшокиҳои спиртӣ мисли Яҳува назар кунед

БЕШУБҲА, шумо ҳама атоҳои Яҳуваро қадр мекунед ва миннатдоред, ки барои истифодаи онҳо ӯ ихтиёрро ба дасти мо додааст. Шароб яке аз атоҳои Яҳува мебошад. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Нон дилро хурсанд мекунад ва шароб ҳаётро хуш мегардонад» (Пандгӯ 10:19; Заб. 104:15). Шояд, шумо касонеро дидаед, ки аз шароб дил канда наметавонанд. Ғайр аз ин, дар ҳар мамлакату маданият ба нӯшокиҳои спиртӣ ҳар хел муносибат мекунанд. Пас, чӣ тавр масеҳӣ фаҳмида метавонад, ки ба ӯ чӣ мумкин асту чӣ не?

Ҳангоми қарор қабул кардан мо намехоҳем, ки ақидаи одамони гирду атрофамон ба мо таъсир кунад, балки аз рӯйи маслиҳати Худо амал карданием, зеро ӯ ба фоидаи мо маслиҳат медиҳад.

Ҳамаи мо пай бурдаем, ки дар ин ҷаҳон одамон зуд-зуд ва хеле бисёр арақ менӯшанд. Баъзеҳо барои баровардани зиқию мондагӣ менӯшанд, дигарон барои фаромӯш кардани мушкилиҳояшон. Дар баъзе ҷойҳо бошад, мегӯянд, ки бисёр арақ нӯшидан нишонаи мардонагию бақувватӣ аст.

Мо, масеҳиён, ба маслиҳати Офаридгори меҳрубон гӯш медиҳем. Масалан, ӯ моро аз оқибатҳои талхи нӯшонӯшӣ огоҳ мекунад. Дар ин бора мо аз Панднома 23:29–35 хонда метавонем a. Даниел ном пири ҷамоат аз Аврупо ҳаёти пеш аз масеҳӣ шуданашро ба ёд оварда, мегӯяд: «Нӯшонӯшӣ карда, ман чӣ беақлиҳое накардаам ва ба сарам чӣ балоҳое наовардам. То ҳол, агар корҳоям ба ёдам оянд, дилам сиёҳ мешавад».

Чӣ тавр масеҳиён худро аз доми ин бало эмин нигоҳ дошта метавонанд? Пеш аз нӯшидан ё нанӯшидани арақ маслиҳатҳои Каломи Худоро ба назар гиред.

Биёед бинем, ки дар Китоби Муқаддас дар бораи нӯшокиҳои масткунанда ва бо кадом ният нӯшидани баъзеҳо чӣ гуфта шудааст.

КИТОБИ МУҚАДДАС ДАР БОРАИ НӮШОКИҲОИ СПИРТӢ ЧӢ МЕГӮЯД?

Каломи Худо нӯшидани бамеъёри нӯшобаҳои спиртиро манъ накардааст. Дар он гуфта мешавад, ки шароб шодӣ мебахшад. Мо мехонем: «Бо шодӣ хӯрок бихӯр ва бо дилхушӣ шароб бинӯш» (Пандгӯ 9:7). Исо ва дигар хизматгорони вафодори Яҳува баъзан шароб менӯшиданд (Мат. 26:27–29; Луқ. 7:34; 1 Тим. 5:23).

Лекин дар Китоби Муқаддас фарқи байни камнӯшиву бадмастӣ аниқ фаҳмонда шудааст. Дар он кушоду равшан гуфта шудааст: «Масти шароб нашавед» (Эфс. 5:18). Ҳатто гуфта шудааст, ки «бадмастон... Подшоҳии Худоро мерос намегиранд» (1 Қӯр. 6:10). Яҳува касонеро, ки аз ҳад зиёд менӯшанду маст мешаванд, сахт ҳукм мекунад. Аз ин рӯ биёед дар ин масъала ҳамранги ҷомеа нашавем, балки дили Яҳуваро ба даст орем.

Баъзеҳо гумон доранд, ки чӣ қадаре нанӯшанд, маст намешаванд, лекин ин хатарнок аст. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки, агар мард ё зан побанди шароб шавад, метавонад аз Яҳува дур шаваду ба роҳи бадахлоқӣ қадам монад (Тит. 2:3; Пнм. 20:1). Исо ҳатто огоҳ карда буд, ки, агар шахс «саргарми... мастигарӣ» шавад, ба дунёи нави Худо роҳ намеёбад (Луқ. 21:34–36). Агар майпарастӣ ин қадар оқибатҳои нохуш дошта бошад, пас, чӣ тавр аз он гурезем?

НИЯТУ ОДАТҲОЯТОНРО САНҶЕД

Дар ҳар маданият одамон дар бораи нӯшидан нуқтаи назари худро доранд, лекин масеҳиён ҳангоми интихоби чӣ хӯрдану чӣ нӯшидан фикри Яҳуваро ба назар мегиранд. Дар Каломи Худо гуфта мешавад: «Хоҳ мехӯред, хоҳ менӯшед ё кори дигаре мекунед, ҳама чиро барои ҷалоли Худо ба ҷо оред» (1 Қӯр. 10:31). Дар поён якчанд савол ва принсипҳои Каломи Худоро дида мебароем:

Оё ман барои он арақ менӯшам, ки «зоғи ало» нашавам? Дар 2 Мӯсо 23:2 гуфта мешавад: «Аз пайи бисёриҳо нарав». Яҳува намехост, ки исроилиён аз одамоне ибрат гиранд, ки рафторашон ба ӯ маъқул нест. Имрӯз ҳам фикри Яҳува дигар нашудааст ва ин маслиҳат ба мо низ дахл дорад. Агар монем, ки фикри дигарон дар бораи арақнӯшӣ ба мо таъсир кунад, мо оҳиста-оҳиста аз Яҳува ва меъёрҳои ӯ дур мешавем (Рум. 12:2).

Оё ман барои он арақ менӯшам, ки зӯр буданамро нишон диҳам? Дар баъзе маданиятҳо тез-тез арақ нӯшидану бисёр нӯшидан як чизи одативу дуруст ба ҳисоб меравад (1 Пет. 4:3). Лекин бинед дар 1 Қӯринтиён 16:13 чӣ гуфта шудааст: «Бедор бошед, дар имон устувор монед, мардвор рафтор кунед ва қавӣ бошед». Оё нӯшидан дар ҳақиқат одамро зӯру қавӣ мекунад? Не, баръакс, арақ ҳуши одамро кунд карда, ақлашро хира месозад. Пас, касоне, ки бисёр менӯшанд, бақувватияшонро нею беақлияшонро нишон медиҳанд. Дар Ишаъё 28:7 гуфта мешавад, ки касоне, ки аз пушти арақ роҳгум мезананд, мекалаванду пешпо мехӯранд.

Қуввати ҳақиқиро Яҳува медиҳад ва шахсе, ки онро соҳиб аст, ҳушёру дар имон устувор аст (Заб. 18:32). Масеҳии қавииродаву қавиимон эҳтиёт мекунад, ки чизе миёни ӯву Яҳува ҷудоӣ наандозад. Вақте Исо дар рӯйи замин буд, нишон дод, ки шахси бақувват аст, зеро бисёриҳо ӯро барои мардонагиву далерияш эҳтиром мекарданд.

Оё ман барои фаромӯш кардани мушкилиҳоям арақ менӯшам? Зери илҳоми Худо забурнавис чунин гуфтааст: «Вақте ғаму ташвиш диламро зер мекард, ту [Яҳува] маро тасаллӣ медодӣ ва ором мекардӣ» (Заб. 94:19). Агар шумо душворие дошта бошед, оромиро аз Яҳува ҷӯед, на аз шароб. Як роҳи ором гирифтан зуд-зуд ба Яҳува дуо гуфтан мебошад. Ҳамчунин дардатонро ба ягон масеҳии баркамол гуфтан сабукӣ оварда метавонад. Лекин, агар одам ғамашро бо шароб барорад, хоҳиши дурусткорияш гум мешавад ва сӯйи бадахлоқӣ қадам мемонад (Ҳуш. 4:11). Даниел, ки дар борааш пештар ёдовар шудем, тан мегирад: «Ман доимо дар оташи ташвиш месӯхтам ва виҷдонам маро барои коре азоб медод. Барои паст кардани дардам, менӯшидам, лекин душвориҳоям дучанд шуд. Оқибат дӯстонамро аз даст додам ва аз худам нафрат мекардам». Ӯ чӣ тавр аз ин доми бало раҳо шуд? Даниел мегӯяд: «Ман фаҳмидам, ки барои аз мушкилиҳо раҳоӣ ёфтан ба ман Яҳува даркор аст, на арақ. Охиру оқибат бо ёрдами Яҳува ман аз ин бало халос шудам». Мо дилпурем, ки Яҳува ҳамеша барои тасаллӣ бахшидан тайёр аст, ҳатто агар вазъият беилоҷ тобад (Флп. 4:6, 7; 1 Пет. 5:7).

Агар шумо баъзан арақ нӯшед, аз худ пурсед: «Оё аз оилаам ё аз байни дӯстонам ягон кас гуфт, ки аз нӯшидани ман хавотир аст?» Агар ҷавобаш «ҳа» бошад, шояд, шумо беихтиёр одати нохубе пайдо карда истодаед. Саволи дигар ин аст: «Оё ман аз пештара бисёртар менӯшам?» Агар ҷавоби инаш ҳам «ҳа» бошад, ин бонги хатарест, ки шумо сӯйи майпарастӣ майда-майда қадам монда истодаед. Боз аз худ пурсед: «Агар ду-се рӯз ё зиёдтар нанӯшам, азоб мекашам?» Агар ин тавр бошад, шумо ба нӯшидан гандаодат шудаед. Дар ин ҳолат, шояд, ба шумо ёрдами духтур ё коршиноси дигаре даркор аст.

Тамоми хатарҳоро ба назар гирифта, баъзе масеҳиён қарор карданд, ки тамоман аз арақ даст мекашанд. Дигарон бошанд, барои он наменӯшанд, ки маззаи нӯшокиҳои спиртӣ ба онҳо маъқул нест. Агар ягон дӯстатон чунин қарор карда бошад, қарори ӯро эҳтиром кунед ва ҳеҷ гоҳ ӯро танқид накунед.

Дар масъалаи нӯшидан ба худ сарҳад мондан аз рӯйи хирад аст. Фарз кардем ягон масеҳӣ қарор мекунад, ки дар як ҳафта як бор ё камтарак дар вақти хӯрокхӯрӣ менӯшад. Дигарон муайян мекунанд, ки кадом намуди машруботи спиртиро менӯшанду кадомашро не. Масалан, каме шароб ё пива, лекин ягон арақи сахттаъсирро наменӯшанд, ҳатто агар он каме ба шарбати мева ҳамроҳ шуда бошад. Агар шахс меъёри аниқ дошта бошад, онро риоя кардан осонтар мешавад. Масеҳии баркамол хавотир намешавад, ки дигарон дар бораи қарори ӯ чӣ фикр мекунанд.

Боз ҳиссиёти дигаронро бояд ба назар гирифт. Дар Румиён 14:21 мехонем: «Беҳтараш гӯшт нахӯред, шароб нанӯшед ё ба коре даст назанед, ки бародаратонро пешпо медиҳад». Ин маслиҳатро чӣ тавр ба кор бурдан мумкин? Ҳамимононро дӯст доред. Агар шумо донед, ки нӯшидани шумо касеро ранҷонда метавонад, оё метавонед аз рӯйи муҳаббат амал карда, дар ҳузури ӯ нанӯшед? Ҳамин тавр шумо ба дигарон муҳаббату эҳтиром нишон медиҳед ва «фоидаи худро неву фоидаи каси дигарро» меҷӯед (1 Қӯр. 10:24).

Илова бар ин, масеҳиён ба қонунҳои давлате, ки дар он зиндагӣ мекунанд, итоат мекунанд. Дар бисёр давлатҳо қонун аст, ки аз чандсола боло арақ нӯшидан мумкин аст ва баъди нӯшидан сари рул нишастан ё бо техника кор кардан манъ аст (Рум. 13:1–5).

Яҳува ба мо озодӣ додааст, ки аз туҳфаҳои беҳисоби ӯ лаззат барем. Яке аз ин туҳфаҳо озодона интихоб кардани чӣ хӯрдану чӣ нӯшидан мебошад. Биёед ин озодиро қадр карда, тавре истифода барем, ки Падари осмониямонро шод гардонем.

a Як ташкилоти доир ба саломатӣ дар ИМА хабар медиҳад, ки ҳатто як бор нӯшидани меъёри зиёди нӯшокиҳои масткунанда сабаби куштор, худкушӣ, таҷовуз, зӯроварӣ дар оила, рафтори бадахлоқона ва афтидани кӯдаки батн мегардад.