Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 50

Имон ва корҳо сӯйи наҷот мебаранд

Имон ва корҳо сӯйи наҷот мебаранд

«Ба имоне, ки падарамон Иброҳим... дошт, пайравӣ мекунанд» (РУМ. 4:12).

СУРУДИ 54 Мо бояд имон дошта бошем

ПЕШГУФТОР a

1. Вақте дар бораи имони Иброҳим андеша мекунем, кадом савол пайдо мешавад?

 ҲАРЧАНД бисёриҳо дар бораи Иброҳим шунидаанд, одамони хеле кам дар бораи ӯ маълумоти дуруст доранд. Шумо бошед, бо Иброҳим нағз шиносед. Масалан, шумо медонед, ки Иброҳим «падари ҳамаи имондорон» номида шудааст (Рум. 4:11). Шояд шумо аз худ пурсед: «Оё ман ҳам метавонам аз Иброҳим ибрат гирифта, мисли ӯ имони қавӣ дошта бошам?» Бале, шумо метавонед.

2. Чаро намунаи Иброҳимро дида баромадан муҳим аст? (Яъқуб 2:22, 23).

2 Як роҳе, ки шумо мисли Иброҳим имони қавиро инкишоф дода метавонед, омӯхтани саргузашти ӯ мебошад. Ба амри Худо гӯш дода, Иброҳим ба ҷойи дурдасте кӯчид, тӯли даҳсолаҳо дар хаймаҳо зиндагӣ кард ва тайёр буд писараш, Исҳоқро, қурбонӣ орад. Ин рафтори ӯ аз имони қавияш гувоҳӣ медод. Барои имону корҳояш Иброҳим ризои Худоро соҳиб шуду дӯсти ӯ номида шуд. (Яъқуб 2:22, 23-ро хонед.) Яҳува мехоҳад, ки ҳар яки мо — шахсан шумо — низ аз ҳамин баракатҳо баҳра баред. Аз ин рӯ ӯ нависандагони Китоби Муқаддас, Павлус ва Яъқубро, илҳом бахшидааст, ки дар бораи Иброҳим нависанд. Биёед Румиён боби 4 ва Яъқуб боби 2-ро омӯхта, бинем, ки дар он ҷо дар бораи Иброҳим чӣ гуфта мешавад.

3. Павлус ва Яъқуб кадом ояти Китоби Муқаддасро иқтибос оварданд?

3 Ҳам Павлус ва ҳам Яъқуб аз 1 Мӯсо 15:6 иқтибос меоранд, ки он ҷо гуфта шудааст: «Абром ба Яҳува имон овард ва Худо ӯро барои ин кораш росткор шумурд». Росткор касест, ки Худо рафтори ӯро дуруст ва ҳатто беайб мешуморад. Чӣ фикри ҳайратангезе! Инсони гунаҳкору нокомил метавонад дар назари Худо беайб бошад. Бешак, шумо мехоҳед, ки Худо ба шумо низ чунин назар дошта бошад. Ин аз имкон берун нест. Барои он ки дар чашми Худо росткор бошем, бояд чӣ кор кунем? Пеш аз он ки ба ин савол ҷавоб диҳем, биёед фаҳмем, ки чаро Худо дар бораи Иброҳим чунин фикр дошт.

БАРОИ РОСТКОР БУДАН ИМОН ЗАРУР АСТ

4. Чӣ ба одамон халал мерасонад, ки росткор бошанд?

4 Дар номаи худ ба румиён Павлуси расул гуфт, ки тамоми одамон гунаҳкоранд (Рум. 3:23). Пас, чӣ тавр онҳо метавонанд соҳиби ризои Худо шаванду дар назари ӯ росткору беайб бошанд? Барои ҳамаи масеҳиёни самимиро сӯйи ҷавоби ин савол равона кардан Павлус мисоли Иброҳимро овард.

5. Чаро Яҳува Иброҳимро росткор эълон кард? (Румиён 4:2–4).

5 Яҳува Иброҳимро вақте росткор эълон кард, ки ӯ дар замини Канъон мезист. Чаро Яҳува ин тавр кард? Оё бо сабаби он ки Иброҳим Шариати Мӯсоро бекамукост риоя мекард? Албатта, не (Рум. 4:13). Шариати Мӯсо ба халқи Исроил беш аз 400 сол пас аз он дода шуд, ки Худо Иброҳимро росткор эълон кард. Пас, дар асоси чӣ Яҳува Иброҳимро росткор эълон кард? Яҳува аз лутфу марҳамати худ Иброҳимро дар асоси имонаш росткор эълон кард. (Румиён 4:2–4-ро хонед.)

6. Яҳува дар асоси чӣ шахси гунаҳкорро росткор меномад?

6 Павлус гуфт, ки «росткор ҳамоне шумурда мешавад, ки... имон меорад» (Рум. 4:5). Боз ӯ илова мекунад: «Довуд низ шахсеро, ки Худо ӯро новобаста ба корҳояш росткор меҳисобад, хушбахт номида, гуфт: “Хушбахтанд касоне, ки ҷиноятҳояшон бахшида ва гуноҳҳояшон рӯпӯш шудаанд, хушбахт аст касе, ки Яҳува аз гуноҳаш мегузарад”» (Рум. 4:6–8; Заб. 32:1, 2). Худо аз гуноҳҳои касоне, ки ба ӯ имон меоваранд, мегузарад ва онҳоро рӯпӯш мекунад. Ӯ гуноҳҳои чунин касонро пурра мебахшаду дигар онҳоро ба ҳисоб намегирад. Дар назари Худо чунин касон дар асоси имонашон беайб ва росткоранд.

7. Чаро гуфтан мумкин аст, ки хизматгорони пештараи Яҳува росткор буданд?

7 Ҳарчанд Иброҳим, Довуд ва дигар хизматгорони содиқи Яҳува росткор эълон гардида буданд, онҳо ба ҳар ҳол нокомилу гунаҳкор буданд. Вале ба сабаби имонашон Худо онҳоро беайб меҳисобид, баръакси одамоне, ки ба ӯ наздик набуданд (Эфс. 2:12). Павлус дар номааш таъкид мекунад, ки барои ба Худо наздик шудан имон доштан ҳатмист. Имон ҳам барои Иброҳиму Довуд зарур буду ҳам барои мо имрӯз.

ИМОН ВА КОРҲО ЧӢ ПАЙВАСТЕ ДОРАНД?

8, 9. Баъзеҳо суханони Павлусу Яъқубро чӣ гуна шарҳи ғалат медиҳанд ва чаро?

8 Тӯли асрҳо дар ҷаҳони масеҳият сари алоқаи миёни имон ва корҳо баҳсҳои тезутунд мерафт. Баъзе диндорони масеҳӣ мегӯянд, ки барои наҷот ёфтан танҳо ба Исои Масеҳ бовар кардан кофист. Шояд шумо суханони онҳоро шунидаед: «Исоро қабул куну наҷот ёб». Чунин диндорон барои қувват додани гапашон ҳатто суханони Павлусро иқтибос меоранд: «Худо ӯро новобаста ба корҳояш росткор меҳисобад» (Рум. 4:6). Дигарон бошанд, мегӯянд, ки барои наҷот ёфтан шахс бояд ҷойҳои муқаддасро зиёрат кунаду дигар маросимҳои диниеро, ки калисо муайян кардааст, иҷро кунад. Онҳо баъзан суханони Яъқуб 2:24-ро иқтибос меоранд: «Одам на фақат аз рӯйи имон, балки аз рӯйи корҳояш низ росткор ҳисобида мешавад».

9 Ба сабаби чунин гуногунии ақидаҳо баъзеҳо ба хулосае омаданд, ки Павлусу Яъқуб дар ин масъала фикрҳои гуногун доштанд. Ба гуфти баъзе диндорон Павлус бовар дошт, ки корҳои одам аҳамияте надоранд, фақат имонаш муҳим аст, Яъқуб бошад, таълим медод, ки барои соҳиб шудани ризои Худо корҳои мо муҳиманд. Як профессори диншиносӣ менависад: «Яъқуб намефаҳмид, ки чаро Павлус боисрор мегӯяд, ки инсон на дар асоси рафтораш, балки танҳо дар асоси имонаш наҷот меёбад». Вале Павлусу Яъқуб суханонашонро аз пеши худ неву зери илҳоми илоҳӣ навиштаанд (2 Тим. 3:16). Аз ин рӯ суханони онҳо ба якдигар зид нестанд. Барои ба ин бовар ҳосил кардан биёед батафсилтар дида бароем, ки онҳо чиро дар назар доштанд.

Павлус ба масеҳиёни яҳудии Рум фаҳмонд, ки шахс на барои риоя кардани Шариати Мӯсо росткор ҳисобида мешавад, балки барои имон оварданаш (Ба сархати 10 нигаред.) b

10. Павлус асосан дар бораи кадом «корҳо» гап зад? (Румиён 3:21, 28). (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

10 Павлус дар Румиён бобҳои 3 ва 4 дар бораи кадом «корҳо» гап мезанад? Ӯ бештар «корҳо» гуфта иҷро кардани шариат, яъне Шариати Мӯсоро дар назар дорад, ки ба ӯ дар кӯҳи Сино дода шуд. (Румиён 3:21, 28-ро хонед.) Ба назар чунин мерасад, ки баъзе масеҳиёни замони Павлус ҳоло ҳам қабул карда наметавонистанд, ки иҷро кардани Шариати Мӯсо ва корҳои он дигар ҳатмӣ нест. Аз ин рӯ Павлус намунаи Иброҳимро истифода бурда, ба онҳо фаҳмонд, ки «аз рӯйи иҷро кардани шариат» шахс росткор ҳисобида намешавад. Ӯ дар асоси имонаш росткор ҳисоб меёбад. Пас, аз ин бармеояд, ки ризои Худоро соҳиб шудан барои мо дастнорас нест. Ин фикр ба мо умед мебахшад. Ҳар шахс метавонад имонашро ба Худо ва Масеҳ инкишоф диҳад, то Худо аз ӯ розӣ бошад.

Яъқуб масеҳиёнро даъват кард, ки имонашонро бо амалҳо нишон диҳанд ва бе рӯйбинӣ некӣ кунанд (Ба сархатҳои 11 ва 12 нигаред.) c

11. Яъқуб дар бораи кадом «корҳо» навишт?

11 Яъқуб бошад, дар боби 2-юми номааш, вақте дар бораи «корҳо» гап мезанад, мисли Павлус корҳоеро, ки «иҷро кардани шариат»-ро талаб мекунанд, дар назар надорад. Яъқуб дар бораи корҳо ва рафторе гап мезанад, ки масеҳиён дар ҳаёти ҳаррӯзаашон мекунанд. Чунин корҳо аз имони ҳақиқӣ доштани масеҳӣ шаҳодат медиҳанд. Биёед ду мисолеро дида бароем, ки Яъқуб истифода бурд.

12. Чӣ тавр Яъқуб алоқаи байни имону корҳоро фаҳмонд? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

12 Дар мисоли якумаш Яъқуб ба масеҳиён маслиҳат дод, ки ба ҳама одамон бо як чашм нигаранд. Ӯ мисоли одамеро овард, ки шахси бойро иззат карду бо камбағал муомилаи хуб накард. Яъқуб сипас гуфт, ки ҳатто агар чунин шахс даъвои имондорӣ кунад, нишонаҳои имон дар рафтораш дида намешавад (Яъқ. 2:1–5, 9). Дар мисоли дуюмаш Яъқуб дар бораи шахсе мегӯяд, ки бародар ё хоҳари ба либос ё хӯрок муҳтоҷро мебинаду дасти ёрӣ дароз намекунад. Ҳатто агар чунин шахс даъво кунад, ки имон дорад, ин дар рафтораш дида намешавад ва имони ӯ беҳуда аст. Яъқуб мегӯяд: «Имон низ, агар амал надошта бошад, мурда аст» (Яъқ. 2:14–17).

13. Яъқуб барои фаҳмондани аҳамияти имону амал чӣ гуна мисол меорад? (Яъқуб 2:25, 26).

13 Яъқуб мисоли касеро меорад, ки имонаш дар амал маълум мешавад, мисоли Роҳобро. (Яъқуб 2:25, 26-ро хонед.) Роҳоб дар бораи Яҳува шунида буд ва медонист, ки ӯ исроилиёнро дастгирӣ мекунад (Юшаъ 2:9–11). Аз ин рӯ ӯ дар амал имон зоҳир карда, ду ҷосуси исроилиро аз хатари марг наҷот дод. Дар натиҷа ин зани ғайриисроилӣ, ҳарчанд нокомил буд, мисли Иброҳим росткор шумурда шуд. Мисоли ӯ нишон медиҳад, ки рафтори кас бояд гувоҳи имонаш бошад.

14. Чӣ тавр суханони Павлус ва Яъқуб ҳамоҳанганд?

14 Ин ду нависандаи Китоби Муқаддас, Павлус ва Яъқуб, ба масъалаи имон аз паҳлуҳои гуногун равшанӣ меандохтанд. Павлус ба масеҳиёни яҳудӣ мегуфт, ки онҳо танҳо бо иҷро кардани маросиму корҳои Шариати Мӯсо ҳаргиз наметавонанд ризои Худоро ба даст оранд. Яъқуб бошад, мегуфт, ки имони ҳар як масеҳӣ бояд дар корҳои некаш дида шавад.

Оё шумо аз имон корҳои ба Яҳува писандро мекунед? (Ба сархати 15 нигаред.)

15. Бо кадом роҳҳо имони худро бо корҳо нишон додан мумкин? (Ҳамчунин ба расмҳо нигаред.)

15 Яҳува намегӯяд, ки барои росткор шумурда шудан мо бояд як ба як корҳоеро кунем, ки Иброҳим карда буд. Барои нишон додани имонамон дар рафтор роҳҳои гуногун вуҷуд дорад. Мо метавонем касонеро, ки нав ба ҷамоати мо пайвастанд, пазироӣ кунем, бародару хоҳарони муҳтоҷро дастгирӣ намоем ва бо аъзои оилаамон меҳрубон бошем. Яҳува чунин рафторамонро баракат медиҳаду аз мо розӣ мешавад (Рум. 15:7; 1 Тим. 5:4, 8; 1 Юҳ. 3:18). Як кори дигаре, ки аз имонамон ба таври олӣ гувоҳӣ медиҳад, боғайратона расондани хушхабар ба дигарон аст (1 Тим. 4:16). Ҳар яки мо метавонем бо рафторамон нишон диҳем, ки ба ваъдаҳои Яҳува ва дурустии аҳкоми ӯ бовар дорем. Агар мо чунин кунем, бовар дошта метавонем, ки дар назари Худо росткор мешавему ӯ моро дӯсти худ меномад.

ИМОН БЕ УМЕД НАМЕШАВАД

16. Иброҳим ба чӣ умед мебаст ва ба чӣ имон дошт?

16 Дар боби чоруми Румиён як дарси хуби дигаре оварда шудааст, ки мо аз Иброҳим омӯхта метавонем: аҳамияти умед. Яҳува ба Иброҳим ваъда дод, ки ба воситаи ӯ «халқҳои бисёре» баракат меёбанд. Иброҳим соҳиби умеди олиҷанобе буд (1 Мӯсо 12:3; 15:5; 17:4; Рум. 4:17). Аммо, вақте Иброҳим 100-сола буду занаш Соро 90-сола фарзанди ваъдашудааш ҳанӯз таваллуд нашуда буд. Аз нуқтаи назари инсонӣ барои Иброҳиму Соро писардор шудан аз имкон берун буд. Ин барои имони Иброҳим озмоиши ҷиддие буд. «Ҳарчанд бӯйи умеде набуд, Иброҳим умед баст ва барои ҳамин имон овард, ки падари халқҳои бисёр мешавад» (Рум. 4:18, 19). Мо медонем, ки Иброҳим фиреб нахӯрд. Ӯ соҳиби писаре гашт, ки дер боз интизораш буд ва ӯро Исҳоқ ном монд (Рум. 4:20–22).

17. Мо аз куҷо медонем, ки Худо моро дӯстони худ ва шахсони росткор мешуморад?

17 Мо низ мисли Иброҳим метавонем ризои Худоро соҳиб шавем ва дар назари ӯ росткор бошем. Павлус дар ин бора чунин навишт: «Суханони “росткор шумурда шуд” на танҳо дар бораи [Иброҳим], балки дар барои мо низ, ки росткор шумурда хоҳем шуд, навишта шудаанд, чунки мо ба Оне, ки Ҳазратамон Исоро зинда кардааст, имон овардем» (Рум. 4:23, 24). Мо низ бояд мисли Иброҳим соҳиби имон, рафтор ва умед бошем. Дар боби панҷуми Румиён Павлус дар бораи умед гап мезанад. Дар мақолаи навбатӣ гап дар ин бора меравад.

СУРУДИ 106 Дӯстӣ бо Яҳува

a Мо мехоҳем ризои Худоро соҳиб шавем ва дар назари ӯ росткор бошем. Дар ин мақола мо навиштаҳои Павлус ва Яъқубро дида баромада мебинем, ки чӣ тавр имон ва корҳо барои соҳиб шудани ризои Яҳува заруранд.

b ШАРҲИ РАСМ: Павлус ба масеҳиёни яҳудӣ фаҳмонд, ки шахс дар асоси имон росткор ҳисобида мешавад, на «бо иҷро кардани гуфтаҳои шариат», ба монанди дӯхтани риштаи кабуд дар либос, ҷашн гирифтани Иди Раҳоӣ ва урфу одати дастшӯӣ.

c ШАРҲИ РАСМ: Яъқуб масеҳиёнро даъват мекард, ки имон зоҳир карда, ба дигарон некӣ кунанд, масалан, ба камбағалон дасти ёрӣ расонанд.