Оё шумо дар хотир доред?
Оё шумораҳои «Бурҷи дидбонӣ»-и имсоларо бодиққат хонда будед? Пас, ба воситаи саволҳои зерин худро санҷед:
«Фикрронии худро дигаргун» кардан чӣ маъно дорад? (Рум. 12:2).
Танҳо корҳои нек кардан кофӣ нест. Бояд ниятҳои худро тафтиш карда истем ва ислоҳ шавем, то ҳаётамонро ба меъёрҳои Худо мувофиқ созем (w23.01, саҳ. 8, 9).
Воқеаҳои ҷаҳонро дида, чӣ тавр ҳушёриро нигоҳ дорем?
Иҷро шудани пешгӯйиҳоро дида, мо ба шавқ меоем. Лекин бояд эҳтиёт шавем, ки ҳар хел тахминҳо ягонагии ҷамоатро вайрон накунанд. Ҳангоми суҳбат мо кӯшиш мекунем, ки танҳо маълумотеро далел орем, ки ташкилоти Яҳува нашр кардааст (1 Қӯр. 1:10) (w23.02, саҳ. 16).
Таъмиди Исо аз таъмиди пайравонаш чӣ фарқ мекард?
Мо худро ба Яҳува мебахшем. Исо бошад, аз халқи ба Худо бахшидашуда ба миён омад. Барои ҳамин ба ӯ шарт набуд, ки худро ба Яҳува бахшад. Ғайр аз ин, ӯ инсони комил, бегуноҳ буд, барои ҳамин ба ӯ аз гуноҳҳояш тавба кардан шарт набуд (w23.03, саҳ. 5).
Чӣ тавр ба дигарон кумак кунем, ки дар вохӯриҳо ҷавоб диҳанд?
Агар мо дар вохӯриҳо ҷавобҳои кӯтоҳ диҳем, ба дигарон имкон мешавад, ки дар муҳокима иштирок кунанд. Ҳамчунин, агар тамоми сархатро шарҳ надиҳем, барои дигарон ҷавоб боқӣ мемонад (w23.04, саҳ. 23).
Дар Ишаъё 35:8 гап дар бораи кадом «Роҳи покӣ» меравад?
Ин ҷо гап дар бораи шоҳроҳи рамзие меравад, ки бо он гурӯҳи якуми яҳудиён аз Бобил ба ватанашон баргаштанд. Дар бораи замони мо чӣ гуфтан мумкин? То соли 1919, дар давоми садсолаҳо бисёр корҳо карда шуд, аз ҷумла тарҷума ва нашри Китоби Муқаддас ва дигар адабиёт. Ба туфайли ин имрӯз халқи Худо дар биҳишти рӯҳониянд ва бо «Роҳи покӣ» қадам мезананд, бо роҳе, ки сӯйи баракатҳои Подшоҳӣ мебарад (w23.05, саҳ. 15–19).
Даъвати ду зани маҷозие, ки дар боби 9-уми Панднома омадааст, ба чӣ оварда мерасонад?
Таклифи «зани аблаҳ»-е, ки дар Панднома омадааст, ба «чуқурии гӯр» мебарад ва таклифи зане, ки «ҳикмат»-ро тасвир мекунад, ба «роҳи фаҳм» ва ҳаёт мебарад (Пнм. 9:1, 6, 13, 18) (w23.06, саҳ. 22–24).
Аз ҷавобе, ки Яҳува ба Лут дод, чӣ тавр фурӯтанию боандешагияшро фаҳмидан мумкин?
Яҳува ба Лут амр дод, ки аз Садӯм баромада, ба кӯҳистон гурезад. Вақте Лут аз Худо илтиҷо кард, ки дар Сӯар паноҳ ёбад, Яҳува хоҳиши ӯро ба ҷо овард (w23.07, саҳ. 21).
Агар шавҳар порнография тамошо кунад, зан чӣ кор карда метавонад?
Ӯ набояд худро айбдор кунад. Беҳтараш диққатро ба муносибате, ки бо Яҳува дорад, равона кунад ва дар бораи занони замони қадим, ки аз Худо тасалло ёфтанд, мулоҳиза ронад. Зан метавонад ба шавҳараш кумак кунад, то ӯ аз вазъиятҳои васвасаовар дурӣ ҷӯяд (w23.08, саҳ. 14–17).
Вақте дар бораи боварҳоямон савол медиҳанд, чӣ тавр мулоҳизакорӣ кумак мекунад, ки бо мулоимӣ ҷавоб диҳем?
Вақте ба мо савол медиҳанд, мо инро чун танқид ё ҳуҷум қабул намекунем, балки мекӯшем фикру ташвишҳои ҳамсуҳбатамонро фаҳмем ва ҷавоби мулоим диҳем (w23.09, саҳ. 17).
Мо аз Марям дар бораи қувват ёфтан чиро меомӯзем?
Вақте Марям фаҳмид, ки модари Масеҳ мешавад, ӯ аз дигарон қувват кофт. Ҷабраил ва Элисобаъ бовари Марямро ба Яҳува қавӣ сохтанд. Мо ҳам аз ҳамдинонамон қувват ёфта метавонем (w23.10, саҳ. 15).
Яҳува бо кадом роҳҳо ба дуои мо ҷавоб медиҳад?
Яҳува ваъда медиҳад, ки дуоҳои моро мешунавад ва мебинад, ки онҳо бо хосташ чӣ алоқае доранд (Ирм. 29:12). Ӯ ба дуоҳои якхела ба таври гуногун ҷавоб дода метавонад, лекин ҳамеша моро дастгирӣ мекунад (w23.11, саҳ. 21, 22).
Дар Румиён 5:2 дар бораи «умед» гуфта шудааст, пас, чаро он боз дар ояти 4 муҳокима мешавад?
Вақте шахс дар бораи хушхабар мешунавад, дар дилаш умеди дар биҳишти рӯйи замин зиндагӣ кардан пайдо мешавад. Лекин, вақте бо озмоишҳо рӯ ба рӯ мешаваду онҳоро паси сар мекунад, розигии Худоро соҳиб мегардад. Ҳамин тавр умеди ӯ қавитар мешавад ва ӯ ин умедро бисёртар қадр мекунад (w23.12, саҳ. 12, 13).