Тиккае аз ҳаёт
Нишон додани ҳамдардӣ ба ҳама
Боре як хоҳарамон аз Зеландияи Нав видеонавори «Ба якдигар ғамхорӣ кунед»-ро (рус.) тамошо кард. Дар он гуфта мешуд, ки Яҳува на танҳо дарди одамонро мефаҳмад, балки боз дилсӯзияшро нишон медиҳад (Иш. 63:7–9). Ӯ қарор кард, ки ин маслиҳатро ба кор бурда, дасти муҳтоҷеро мегирад. Худи ҳамон рӯз, каме баъдтар, вақте барои харид кардан мерафт, хоҳарамон зани оворагардеро дида мепурсад, ки барояш хӯроке харад. Зан ҷон-ҷон гуфта розӣ мешавад. Вақте хоҳарамон хӯрок дар даст бармегардад, ба воситаи рисолаи «Оё ранҷу азоб ба охир мерасад?» ба он зан мавъиза мекунад.
Он зан гиряро сар медиҳад. Ӯ мегӯяд, ки дар оилаи Шоҳидони Яҳува калон шудааст, лекин чанд солҳо пеш аз Яҳува дур шудааст. Он зан каме пештар аз Яҳува пурсидааст, ки барои ба назди Яҳува баргаштан роҳ кушояд. Хоҳарамон ба он зан Китоби Муқаддас медиҳаду барои омӯзиш гапзанон мекунад a.
Мисли Яҳува мо ҳам метавонем ба дигарон ҳамдардиямонро нишон диҳем, аз ҷумла ба хешу табор ва бародару хоҳарони ҷамоат. Аз дилсӯзӣ мо ба дигарон дар бораи Яҳува ва ваъдаҳояш нақл мекунем.
a Барои фаҳмидани роҳҳои кумак ба касоне, ки аз Яҳува дур шудаанд, ба мақолаи «Сӯи Ман баргардед» аз «Бурҷи дидбонӣ» моҳи июни соли 2020 нигаред.