Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 51

Умед дошта бош, ноумед намешавӣ

Умед дошта бош, ноумед намешавӣ

«Умед моро ноумед намекунад» (РУМ. 5:5).

СУРУДИ 154 Мо истодагӣ хоҳем кард

ПЕШГУФТОР a

1. Аз чӣ маълум аст, ки умеди Иброҳим беҳуда набуд?

 ЯҲУВА ба дӯсташ, Иброҳим, ваъда дод, ки тамоми халқҳои рӯйи замин ба воситаи насли ӯ баракат меёбанд (1 Мӯсо 15:5; 22:18). Азбаски Иброҳим ба Худо имони қавӣ дошт, бовар мекард, ки ваъдаи Худо ҳатман иҷро мешавад. Вале Иброҳим ба 100 расиду занаш ба 90 ва онҳо ҳанӯз ҳам фарзанд надоштанд (1 Мӯсо 21:1–7). Аммо Китоби Муқаддас мегӯяд: «Иброҳим умед баст ва барои ҳамин имон овард, ки падари халқҳои бисёр мешавад, чуноне ки Худо гуфта буд» (Рум. 4:18). Мо медонем, ки умеди деринаи Иброҳим ҷомаи амал пӯшиду ӯ соҳиби писар шуд ва ӯро Исҳоқ номид. Вале чаро Иброҳим ба ваъдаи Худо ин қадар бовар дошт?

2. Чаро Иброҳим дилпур буд, ки Яҳува ваъдаашро амалӣ мекунад?

2 Азбаски Иброҳим дӯсти наздики Яҳува буд, ӯ «боварии комил дошт, ки Худо ваъдаашро ҳатман ба ҷо меорад» (Рум. 4:21). Яҳува аз Иброҳим розӣ буду ӯро барои имон оварданаш росткор шумурд (Яъқ. 2:23). Чуноне ки аз Румиён 4:18 мефаҳмем, миёни имону умеди Иброҳим алоқае ҳаст. Ҳоло биёед бинем, ки Павлуси расул дар Румиён боби 5 дар бораи умед чӣ мегӯяд.

3. Аз суханони Павлус дар бораи умед чиро мефаҳмем?

3 Павлус ҳамчунин мефаҳмонад, ки чаро «умед моро ноумед намекунад» (Рум. 5:5). Ӯ ба мо нишон медиҳад, ки чӣ хел умедамон нашъунамо ёфта метавонад. Суханони Павлусро аз Румиён 5:1–5 дида баромада, дар бораи саргузашти худ фикр кунед. Ин тавр карда шумо, эҳтимол, мебинед, ки чӣ тавр имонатон бо гузашти вақт қавитар гашт. Мутолиаи ин мақола ҳамчунин ба шумо роҳҳои нави қувват бахшидани умедатонро нишон медиҳад. Ҳоло бошад, биёед дар бораи порчаҳое гап занем, ки ба гуфти Павлус ба ноумедӣ намебарад.

УМЕДИ ПУРҶАЛОЛИ МО

4. Дар Румиён 5:1, 2 дар бораи чӣ гуфта шудааст?

4 Румиён 5:1, 2-ро хонед. Павлус ин суханонро ба ҷамоати Рум навишт. Бародару хоҳарони он ҷо дар бораи Яҳува ва Исо фаҳмида, имон оварданду масеҳӣ гаштанд. Аз ин рӯ Худо аз рӯйи имонашон онҳоро росткор донист ва бо рӯҳи муқаддас онҳоро тадҳин кард. Ҳамин тавр онҳо соҳиби умеди ҳақиқиву нотакроре гаштанд.

5. Тадҳиншудагон чӣ гуна умед доранд?

5 Павлус баъдтар ба масеҳиёни тадҳиншудаи Эфсӯс навишт, ки онҳо барои чӣ гуна умед даъват шудаанд. Ӯ гуфт, ки Яҳува «сарвати пурҷалолеро ба покон мерос медиҳад» (Эфс. 1:18). Павлус ҳамчунин қайд намуд, ки умеди масеҳиёни қӯлассӣ умедест, ки барояшон «дар осмон нигоҳ дошта шудааст» (Қӯл. 1:4, 5). Пас, умеди масеҳиёни тадҳиншуда ин аст, ки барои зиндагонии ҷовидона дар осмон зинда шуда, ҳамроҳи Масеҳ ҳукмронӣ кунанд (1 Тас. 4:13–17; Ошкор. 20:6).

Аз суханони бародар Френс маълум мегардад, ки тадҳиншудагон ба умеди худ боварии комил доранд (Ба сархати 6 нигаред.)

6. Як бародари тадҳиншуда дар бораи умеди худ чӣ гуфт?

6 Масеҳиёни тадҳиншуда умеди худро қадр мекунанд. Яке аз онҳо бародар Фредерик Френс чунин суханони самимӣ гуфт: «Умеди мо воқеист, он дар ҳаққи ҳар яки узви рамаи хурд, дар ҳаққи тамоми 144 000 нафар, иҷро мешавад. Он тавре амалӣ мегардад, ки ҳатто дар гӯшаи хаёламон набуд». Баъд аз даҳсолаҳо содиқона ба Худо хизмат кардан, соли 1991, бародар Френс чунин гуфт: «Арзиши умедамон дар назарамон кам нашудааст... Ҳар қадаре онро бештар интизор мешавем, қадри он дар чашмамон зиёдтар мешавад. Ҳатто агар онро миллион сол интизор шудан лозим ояд, он ба ин интизорӣ меарзад. Дар назари ман умедамон аз пештара арзиши бештар дорад».

7, 8. Бисёре аз мо чӣ гуна умед дорем? (Румиён 8:20, 21).

7 Аксари парастандагони Яҳува умеди дигаре доранд. Онҳо мисли Иброҳим умед доранд, ки таҳти ҳукмронии Подшоҳии Худо дар замин ҷовидона зиндагӣ кунанд (Ибр. 11:8–10, 13). Павлус дар бораи оқибати умеди пурҷалоле навишт, ки соҳибони чунин умедро интизор аст. (Румиён 8:20, 21-ро хонед.) Вақте шумо бори аввал бо ваъдаи Китоби Муқаддас дар бораи оянда шинос шудед, чияш ба шумо бештар маъқул шуд? Оё он ки шумо комил мешаведу аз занҷиру ишкели гуноҳ халос мешавед? Ё аз он ба ваҷд омадед, ки наздикони аз дунё рафтаатон аз нав дар биҳишти рӯйи замин зинда мешаванд? Ба ин умед баста, шумо ба оянда назар дӯхтед.

8 Хоҳ мо интизори зиндагии ҷовидона дар осмон бошем, хоҳ дар рӯйи замин, ҳамаи мо соҳиби умеди пурҷалолу шодибахш ҳастем. Бо гузашти вақт умеди мо заифтар неву бақувваттар мегардад. Суханони навбатии Павлус нишон медиҳанд, ки ин чӣ тавр рӯй дода метавонад. Суханони ӯро омӯхта, мо дилпур мешавем, ки умедамон рӯз ба рӯз меафзояду моро ноумед намекунад.

ЧӢ ТАВР УМЕД АФЗОИШ МЕЁБАД?

Ҳеҷ як масеҳӣ аз озмоиш эмин нест (Ба сархатҳои 9 ва 10 нигаред.)

9, 10. Аз рӯйи саргузашти Павлус масеҳиён бо чӣ рӯ ба рӯ мешаванд? (Румиён 5:3). (Ҳамчунин ба расмҳо нигаред.)

9 Румиён 5:3-ро хонед. Шояд шумо ин оятҳоро хонда ҳайрон шавед, ки чаро барои қавӣ кардани умедамон азобҳо заруранд. Ҳақиқати ҳол чунин аст, ки ҳамаи пайравони Масеҳ бо азобҳо рӯ ба рӯ шуда метавонанд. Дар бораи саргузашти Павлус фикр кунед. Ӯ ба масеҳиёни Таслӯникӣ чунин навишт: «Вақте ҳамроҳатон будем, шуморо огоҳ мекардем, ки ҳамаи мо бо азобҳо рӯ ба рӯ мешавем ва, чи тавре ки худатон медонед, ҳамин тавр ҳам шуд» (1 Тас. 3:4). Ба қӯринтиён бошад, ӯ гуфт: «Эй бародарон, намехоҳем аз азобу уқубате, ки... ба сарамон омада буд, бехабар бошед... Мо ҳатто умедамонро аз зиндагӣ кандем» (2 Қӯр. 1:8; 11:23–27).

10 Масеҳиёни имрӯз низ аз азобу дард эмин нестанд (2 Тим. 3:12). Дар бораи шумо чӣ гуфтан мумкин? Оё вақте шумо ба Исо имон овардеду пайрави ӯ шудед, ягон сахтӣ ба саратон омад? Шояд, дӯстону наздиконатон шуморо масхара карданд ё ба шумо зид баромаданд. Шояд, ба сабаби он ки шумо аз ҳар ҷиҳат росткору ҳалолкор будан хостед, дар ҷойи кор душвориҳо пайдо шуданд (Ибр. 13:18). Оё шумо дар бораи умедатон ба дигарон нақл карда, бо муқобилати ҳокимиятдорон дучор шуда будед? Чӣ азобе ба сарамон наомада бошад, Павлус мегӯяд, ки шодӣ кунем. Барои чӣ?

11. Чаро мо бояд азми қавӣ дошта бошем, ки дар озмоишҳо истодагӣ кунем?

11 Мо ҳангоми азобҳо ба он сабаб шодӣ мекунем, ки натиҷаи онҳо хуб аст. Дар Румиён 5:3 гуфта мешавад, ки «дар азобҳо истодагиро инкишоф медиҳем». Ҳамаи масеҳиён бо душвориҳо ва азобҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Аз ин рӯ ҳамаи масеҳиён бояд истодагӣ дошта бошанд. Агар хоҳем иҷро шудани умедамонро бинем, бояд азми қавӣ дошта бошем, то ба ҳар озмоише, ки дар пешамон пайдо мешавад, тоб орем. Мо намехоҳем мисли касоне бошем, ки Исо онҳоро ба замини санглох монанд кард. Вақте тухмии каломи ростӣ ба дили онҳо меафтад, онро бо шодӣ қабул мекунанд, аммо ҳамин ки «аз барои каломи Подшоҳӣ ранҷу озор» бинанд, дарҳол боварияшонро гум мекунанд (Мат. 13:5, 6, 20, 21). Албатта, озмоишҳо осону лаззатбахш нестанд, лекин истодагӣ карда, соҳиби меваи хуб мешавем. Чӣ тавр?

12. Агар дар озмоишҳо истодагӣ кунем, чӣ фоида мегирем?

12 Яъқуб дар бораи фоидаи бо истодагарӣ аз озмоишҳо гузаштан чунин навишт: «Сабру тоқататон ки пурра обутоб ёфт, шумо аз ҳар ҷиҳат комилу солиму бекамбудӣ мешавед» (Яъқ. 1:2–4). Натиҷаи хуби истодагӣ ин аст, ки сабру имонамон обутоб меёбаду мо бештар ба Худо такя мекунем. Вале истодагӣ як фоидаи дигар низ меорад.

13, 14. Истодагӣ чӣ ба бор меорад ва чӣ тавр умеди моро қавӣ месозад? (Румиён 5:4).

13 Румиён 5:4-ро хонед. Павлус мегӯяд, ки вақти истодагарӣ кардан мо «ризои Худоро ба даст меорем». Яҳува аз он розию хурсанд нест, ки бар сарамон озмоиш омадааст. Ӯ аз мо розӣ аст. Вақте истодагӣ мекунем, дар назари ӯ зебо мешавем. Чӣ баракати бузурге! (Заб. 5:12).

14 Ба ёд биёред, ки Иброҳим ба озмоишҳо тоб оварду ризои илоҳиро соҳиб шуд. Яҳува ӯро дӯсти худ шумурду росткор ҳисобид (1 Мӯсо 15:6; Рум. 4:13, 22). Ин баракатҳо барои мо низ дастрасанд. Ризои Худоро фақат бо бисёр меҳнат кардан дар кори Худо ё соҳиби таъйинотҳо будан ба даст оварда намешавад. Ризои Худоро бо вафодорию истодагӣ ба даст меорем. Биёед дар ёд дорем: ҳар яки мо чӣ гуна шароит, қобилият ва синну соле надошта бошем, метавонем истодагӣ кунем. Оё шумо айни ҳол содиқона ба озмоише тоб оварда истодаед? Агар чунин бошад, донед, ки Яҳува аз шумо розист. Донистани ин ба шумо қувват мебахшаду умедатонро зиёд карда метавонад.

УМЕДИ ҚАВИТАР

15. Павлус дар Румиён 5:4, 5 чӣ гуфт ва чаро ин баъзеҳоро ба ҳайрат меорад?

15 Чуноне ки Павлус мегӯяд, мо ба озмоишҳо тоб оварда, ризои Яҳуваро соҳиб мешавем. Бинед, ки дар давоми гапаш Павлус чӣ мегӯяд: «Ризои Худо бошад, ба мо умед мебахшад ва ин умед моро ноумед намекунад» (Рум. 5:4, 5). Шояд, инро хонда ҳайрон шавед. Каме пештар дар Румиён 5:2 Павлус гуфт, ки масеҳиёни Рум аллакай умед доштанд, ки Худо онҳоро «соҳиби ҷалол мегардонад». Аз ин рӯ саволе пайдо мешавад: «Агар он масеҳиён аллакай умед дошта бошанд, барои чӣ Павлус менависад, ки онҳо боз соҳиби умед шуда метавонанд?»

Имрӯз умеди шумо назар ба нав роҳи ростиро қабул карданатон қавитару боарзиштар гаштааст (Ба сархатҳои 16 ва 17 нигаред.)

16. Умед чӣ тавр нашъунамо меёбад? (Ҳамчунин ба расмҳо нигаред.)

16 Дар ёд доштани як нуктаи муҳим ба мо ёрӣ мерасонад, ки ба суханони Павлус сарфаҳм равем. Умед як чизест, ки афзуда метавонад. Масалан, вақте шумо бори аввал дар бораи умеди аҷоиб аз Каломи Худо фаҳмидед, шояд, фикр кардед, ки абадан дар рӯйи замин зиндагӣ кардан афсонаесту халос. Аммо бо Яҳуваю ваъдаҳои Китоби Муқаддас шинос шуда, шумо бовар ҳосил кардед, ки ин умед дар оянда воқеият мешавад.

17. Чӣ тавр умеди шумо баъди таъмид воқеитар шуд?

17 Ҳатто баъд аз он ки худро ба Яҳува бахшида таъмид гирифтед, рушди рӯҳонии шумо давом ёфту умедатон нашъунамо кардан гирифт (Ибр. 5:13–6:1). Бо шумо, эҳтимол, он чизе, ки дар Румиён 5:2–4 навишта шудааст, рӯй дод. Шумо озмоишҳои бисёрро паси сар карда, истодагӣ нишон додеду ризои Худоро эҳсос кардед. Аз лутфу ризои Худо дилпур гашта, шумо ваъдаҳои Худоро бо умеди бештар интизоред. Умедатон аз пештара қавитар, воқеитар ва азизтар гашт. Он ба дилатон дарунтар реша давондааст ва ба ҳар соҳаи зиндагиятон таъсир мерасонад. Масалан, ба тарзи қарор карданатон, ба муносибататон бо наздикон ва ҳатто ба саришта кардани вақтатон.

18. Яҳува чӣ кафолат медиҳад?

18 Павлуси расул дар бораи умеде, ки баъд аз соҳиб шудани ризои Худо пайдо мекунед, як фикри муҳимеро илова мекунад. Ӯ моро дилпур месозад, ки умедамон амалӣ мешавад. Чаро мо ба ин бовар дорем? Павлус аз Худо илҳом ёфта ба масеҳиён чунин кафолат медиҳад: «Ин умед моро ноумед намекунад, зеро Худо ба воситаи рӯҳи муқаддас, ки ба мо додааст, дилҳоямонро лабрези муҳаббаташ кардааст» (Рум. 5:5). Шумо сад далелу сабаб доред, ки аз умедатон дилпур бошед, аз умеде, ки шахсан шумо доред.

19. Агар умедамонро гум накунем, моро чӣ мукофот дар пеш аст?

19 Дар бораи он андешед, ки Яҳува ба Иброҳим чӣ ваъда дод, чӣ хел ӯ ризои Худоро соҳиб шуду дӯсти ӯ гашт. Умеди Иброҳим оқибат ҷомаи амал пӯшид. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Иброҳим, баъд аз он ки сабру тоқат кард, ин ваъдаро соҳиб шуд» (Ибр. 6:15; 11:9, 18; Рум. 4:20–22). Иброҳим ноумед нашуд. Агар шумо низ ба Яҳува вафодор монед, ноумед намешавед, балки соҳиби мукофот мегардед. Умеди шумо воқеист, он шодӣ меорад, на ноумедӣ (Рум. 12:12). Павлус навишт: «Бигзор Худои умедҳо шуморо, ки ба ӯ таваккал мекунед, аз шодиву осоиштагии фаровон пур созад, то умедатон аз қувваи рӯҳи муқаддас афзун гардад» (Рум. 15:13).

СУРУДИ 55 Шуд ҳаёт абадӣ!

a Дар ин мақола мо дида мебароем, ки умеди мо масеҳиён аз чӣ иборат аст ва чаро мо ба амалӣ гаштани он бовар дорем. Аз боби панҷуми Румиён мо мефаҳмем, ки умеди мо имрӯз аз умеде, ки вақти нав шинос шудан бо ростӣ доштем, чӣ фарқ дорад.