МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 52
Хоҳарони ҷавон, масеҳизанони баркамол шавед
«Занон низ бояд... андозашинос ва аз ҳар ҷиҳат ба Худо вафодор бошанд» (1 ТИМ. 3:11).
СУРУДИ 41 Ба Яҳува аз ҷавонӣ ибодат намо
ПЕШГУФТОР a
1. Барои масеҳии баркамол шудан бояд чӣ кор кунем?
АЗ ОН ки чӣ хел кӯдак тез ба воя мерасад, кас ба ҳайрат меояд. Ин худ аз худ рӯй медиҳад. Аммо барои он ки шахс масеҳии баркамол шавад, кӯшиш дар талаб аст b (1 Қӯр. 13:11; Ибр. 6:1). Барои ба ин мақсад расидан кас бояд дӯстии қавӣ бо Яҳува дошта бошад. Барои ин ба ӯ дастгирии рӯҳи муқаддас даркор аст, то сифатҳои писанди Худоро инкишоф диҳад, баъзе касбу ҳунарро ёд гирад ва барои масъулиятҳои ояндаро ба дӯш гирифтан тайёр шавад (Пнм. 1:5).
2. Мо аз 1 Мӯсо 1:27 чӣ мефаҳмем ва дар ин мақола чӣ дида баромада мешавад?
2 Яҳува одамонро марду зан офаридааст ва онҳо на фақат аз ҷиҳати ҷисмонӣ фарқ мекунанд. (1 Мӯсо 1:27-ро хонед.) Яҳува марду занро тавре офаридааст, ки ҳар кадомаш нақши муайянеро иҷро кунад. Аз ин рӯ барои иҷро кардани супоришҳояшон ба онҳо сифату қобилиятҳои гуногун даркор аст (1 Мӯсо 2:18). Дар ин мақола мо дида мебароем, ки хоҳарони ҷавон чӣ кор карда метавонанд, то дар оянда масеҳизани баркамол шаванд. Дар мақолаи навбатӣ бошад, баъзе маслиҳатҳоеро дида мебароем, ки ба бародарони ҷавон дахл доранд.
СИФАТҲОИ БА ХУДО ПИСАНДРО ИНКИШОФ ДИҲЕД
3, 4. Хоҳарони ҷавон намунаҳои хубро аз куҷо ёфта метавонанд? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
3 Дар Китоби Муқаддас намунаи барҷастаи бисёр занони худодӯсту худопараст оварда мешавад. (Дар сомонаи jw.org ба мақолаи «Аз заноне, ки дар бораашон Китоби Муқаддас нақл мекунад, чӣ дарс гирифтан мумкин аст?» нигаред.) Онҳо мувофиқи ояти асосии ин мақола амал карда, «андозашинос ва аз ҳар ҷиҳат ба Худо вафодор» буданд. Ғайр аз намунаҳои Китоби Муқаддас, ҷавондухтарон дар ҷамоаташон хоҳарони баркамолеро ёфта метавонанд, ки рафторашон шоистаи пайравӣ аст.
4 Хоҳарони ҷавон, оё шумо якчанд хоҳари баркамолеро мешиносед, ки аз онҳо ибрат гирифта метавонед? Кадом сифатҳои хубашон ба шумо маъқул аст? Чӣ тавр шумо низ ин сифатҳоро нишон дода метавонед? Дар сархатҳои навбатӣ се сифати муҳимеро мебинем, ки ҳар як масеҳизани баркамол бояд дошта бошад.
5. Чаро ба масеҳизани баркамол хоксорӣ даркор аст?
5 Хоксорӣ яке аз хислатҳои масеҳии пухта мебошад. Агар зан хоксору фурӯтан бошад, ҳам ба Яҳува маъқул мешавад, ҳам ба дигарон (Яъқ. 4:6). Зани хоксору яҳувадӯст ба қоидаи сарварӣ, ки Падари осмонияш ҷорӣ кардааст, итоат мекунад (1 Қӯр. 11:3). Ин қоида ҳам дар оила амал мекунад, ҳам дар ҷамоат c.
6. Хоҳарони ҷавон аз хоксории Ривқо чӣ омӯхта метавонанд?
6 Мисоли Ривқоро дида мебароем. Ривқо зани донову далер буд ва наметарсид вазъиятро ба дасти худ гирад (1 Мӯсо 24:58; 27:5–17). Аммо ӯ фармонбардору боэҳтиром буд (1 Мӯсо 24:17, 18, 65). Агар шумо низ бо хоксорӣ мисли Ривқо қонуну принсипҳои муқарраркардаи Яҳуваро дастгирӣ кунед, ҳам дар оилаатон ва ҳам дар ҷамоат таъсири хуб мегузоред.
7. Чӣ тавр хоҳарони ҷавон мисли Эстер ҳадшинос шуда метавонанд?
7 Ҳадшиносӣ барои тамоми масеҳиёни пухта даркор аст. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки «хирад бо ҳадшиносон аст» (Пнм. 11:2). Эстер зани худотарсу ҳадшинос буд. Ҳадшиносияш ба ӯ намегузошт, ки худбоварона амал кунад. Ӯ маслиҳати хешаш Мордахайро, ки аз ӯ калонтар буд, гӯш карда, аз рӯйи он амал намуд (Эст. 2:10, 20, 22). Агар шумо низ хоҳед мисли Эстер ҳадшинос бошед, маслиҳати хубро ҷӯё шаведу онро ба кор баред (Тит. 2:3–5).
8. Мувофиқи 1 Тимотиюс 2:9, 10 чӣ тавр хоксорӣ ба хоҳар кумак мекунад, ки дар интихоби сару либос қарори бохирадона барорад?
8 Ҳадшиносии Эстер боз дар дигар рафтораш дида мешуд. Ӯ «духтари зебову дилкаш буд», аммо ба худаш диққати аз ҳад зиёдро ҷалб намекард (Эст. 2:7, 15). Чӣ тавр занони масеҳӣ аз Эстер ибрат гирифта метавонанд? Як роҳаш дар 1 Тимотиюс 2:9, 10 оварда шудааст. (Оятро хонед.) Павлуси расул ба занони масеҳӣ маслиҳат дод, ки бо хоксориву солимфикрӣ либос пӯшанд. Калимаи юноние, ки ин ҷо истифода шудааст, маънои онро дорад, ки зани масеҳӣ ҳангоми интихоби либос бояд фикру эҳсосоти дигаронро ба назар гирад. Мо хоҳарони баркамолро барои хоксорона либос пӯшиданашон қадр мекунем.
9. Аз Абиҷайл чӣ меомӯзем?
9 Ҳушёрӣ як сифати дигарест, ки ба ҳама хоҳарони масеҳии баркамол хос аст. Ҳушёрӣ чист? Ҳушёрӣ оқилона баркашидани вазъият, фарқ кардани дурусту нодуруст ва хирадмандона амал кардан аст. Саргузашти Абиҷайлро ба ёд оред. Шавҳари ӯ рафтори баде кард, ки бар сари тамоми хонавода фалокат оварда метавонист. Абиҷайли оқил бошад, ҳушёрӣ карда, ҳаёти ҳамаро наҷот дод (1 Подш. 25:14–23, 32–35). Мо аз рӯйи ҳушёрӣ вазъиятро пай бурда, дарк карда метавонем, ки кай гап занему кай хомӯш монем. Ҳушёриву оқилӣ ҳамчунин ёрӣ мерасонад, ки ҳангоми таваҷҷуҳ кардан ба дигарон мо ҳадду андозаро нигоҳ дорем (1 Тас. 4:11).
КАСБУ ҲУНАРРО ЁД ГИРЕД
10, 11. Агар хондану навиштанро нағз ёд гиред, ба худатон ва дигарон чӣ фоида мешавад? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
10 Занони масеҳӣ бояд баъзе касбу ҳунарро донанд. Вақте духтарон аз кӯдакияшон ягон касбу ҳунарро ёд мегиранд, он тамоми умр ба онҳо фоида меорад. Якчанд мисолро дида мебароем.
11 Хондану навиштанро нағз ёд гиред. Дар баъзе маданиятҳо чунин фикр паҳн шудааст, ки ба занон хушхату савод будан даркор нест. Аммо ҳар як масеҳӣ бояд хондану навиштанро хуб донад d (1 Тим. 4:13). Аз ин рӯ барои ёд гирифтани ин намонед, ки чизе пеши роҳи шуморо гирад. Агар хондану навиштанро хуб ёд гиред, натиҷааш чӣ мешавад? Шумо метавонед ҷойи кор ёфта, онро аз даст надиҳед. Шумо омӯзандаву омӯзгори хуби Каломи Худо мешавед. Аз ҳама муҳимаш Каломи Худоро хондаву дар бораи хондаатон андеша ронда, ба Яҳува наздиктар мешавед (Юшаъ 1:8; 1 Тим. 4:15).
12. Аз Панднома 31:26 дар бораи муошират чӣ омӯхта метавонед?
12 Сухангӯю шунавандаи хуб бошед. Масеҳиён бояд шунавандаву гӯяндаи хуб бошанд. Дар ин бобат Яъқуб чунин маслиҳат медиҳад: «Ҳар кас бояд дар шунидан бошитоб, вале дар гуфтан... оҳиста бошад» (Яъқ. 1:19). Вақте шумо дигаронро бодиққат гӯш мекунед, нишон медиҳед, ки бо онҳо «ҳамдард» ҳастед (1 Пет. 3:8). Агар гапи одамро нағз нафаҳмед ё ба ҳиссиёташ сарфаҳм наравед, барои хубтар фаҳмидани одам саволҳои бамаврид диҳед. Сипас, пеш аз гап задан, каме андеша кунед (Пнм. 15:28). Оё сухане, ки ҳозир мегӯям, суҳбатро обод мекунад? Оё он аз рӯйи одобу меҳрубонӣ аст? Ба тарзи муошират кардани масеҳизанони баркамолу хушсухан аҳамият дода, аз онҳо омӯзед. (Панднома 31:26-ро хонед.) Ҳар қадаре ки шумо шунавандаву сухангӯйи хуб бошед, муносибататон бо дигарон беҳтар мешавад.
13. Хонадориро чӣ хел ёд гирифта метавонед? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
13 Кору бори хонаро ёд гиред. Дар ҷойҳои зиёд бисёр кору бори хона бар дӯши занонанд. Модаратон ё дигар хоҳари қобил ба шумо корҳои рӯзгорро ёд дода метавонанд. Хоҳаре бо номи Синди мегӯяд: «Яке аз атоҳои беҳтарине, ки модарам ба ман дод, лаззати меҳнатро нишон доданаш аст. Ёд гирифтани пухтупаз, рӯбучин, дарздӯзӣ ва харид кардан ҳаётамро осонтар карду ба ман имкон дод, ки дар хизмати Яҳува бештар кунам. Модарам ҳамчунин ба ман меҳмондорӣ кардани дигаронро ёд дода буд. Бо ин роҳ ман бо бисёр бародару хоҳарони бебаҳо шинос шуда, аз онҳо хело чизҳоро ёд гирифтам» (Пнм. 31:15, 21, 22). Зани меҳнатдӯсту меҳмоннавоз, ки хонаашро нағз саришта мекунад, ҳам дар оилааш ва ҳам дар ҷамоат саҳми арзандае мегузорад (Пнм. 31:13, 17, 27; Кор. 16:15).
14. Аз саргузашти Кристал чӣ меомӯзем ва диққатро ба чӣ равона карда метавонем?
14 Худро таъмин карданро ёд гиред. Ҳар як масеҳии пухта бояд худро саришта карда тавонад (Флп. 4:11). Хоҳаре бо номи Кристал мегӯяд: «Бо маслиҳати падару модарам дар синфҳои болоӣ ман курсҳоеро интихоб кардам, ки аз онҳо баъзе касбу ҳунарро ёд гирифтам. Ба гуфтаи падарам карда, ман дарсҳои буғалтерӣ гирифтам. Ин ба ман фоидаи хеле калон овард». Ба ғайри аз худ кардани ягон касбу ҳунар барои корёбӣ сарфакориро ёд гиред. Даромаду хароҷотатонро муайян кунеду аз доираи он набароед (Пнм. 31:16, 18). Чашматонро сӯйи мақсадҳои рӯҳониятон кунед. Қарзи беҳуда нагиред ва бо ҳаёти одиву хоксорона қаноат кунед (1 Тим. 6:8).
БАРОИ ВАЗИФАҲОИ ОЯНДААТОН ТАЙЁР ШАВЕД
15, 16. Хоҳарони муҷаррад дар ҷамоат кадом нақшро мебозанд? (Марқус 10:29, 30).
15 Вақте шумо соҳиби сифатҳои хуби рӯҳонӣ ва баъзе касбу ҳунар мешавед, барои иҷро кардани вазифаҳои ояндаатон хубтар омода мешавед. Биёед баъзе маслиҳатҳои ёрирасонро дида бароем.
16 Шумо метавонед муддате муҷаррад монед. Баъзе занон мувофиқи суханони Исо шавҳар намекунанд, ҳатто агар муҷаррадӣ дар маданияташон чизи хуб ба шумор наравад (Мат. 19:10–12). Баъзе хоҳарони дигар ба сабаби вазъияташон муҷарраданд. Дилпур бошед, ки Яҳува ва Исо хоҳарони муҷаррадро бо чашми кам намебинад. Хоҳарони муҷаррад дар тамоми ҷаҳон дар ҷамоатҳо саҳми бузурге мегузоранд. Ин масеҳизанони пурмуҳаббату меҳрубон барои бисёр касон модару хоҳарони рӯҳонӣ шуданд (Марқус 10:29, 30-ро хонед; 1 Тим. 5:2).
17. Хоҳарони ҷавон чӣ тавр ба хизмати пурравақт тайёр шуда метавонанд?
17 Шумо метавонед ходими пурравақт шавед. Занони масеҳӣ дар паҳн шудани хушхабар дар тамоми ҷаҳон бисёр кӯшиш мекунанд (Заб. 68:11). Оё шумо аз ҳозир мақсад монда метавонед, ки хизмати пурравақтро пеша кунед? Шумо метавонед пешрав шавед, дар сохтмонҳо иштирок кунед ё ки ходими Байт-Ил хизмат кунед. Дар бораи мақсадатон дуо гӯед. Бо касоне, ки ба ин мақсад расидаанд, суҳбат карда, фаҳмед, ки аз шумо чӣ талаб карда мешавад. Сипас нақшаи воқеӣ кашед. Агар ба ин мақсадатон расед, дарҳои гуногуни хизмат ба Яҳува бароятон кушода мешаванд.
18. Чаро хоҳар дар интихоби ҳамсар бояд бодиққат бошад? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
18 Шояд, шумо қарор кунед, ки оиладор шавед. Агар сифатҳо ва касбу ҳунареро, ки дида баромадем, аз худ кунед, шумо зани хуб шуда метавонед. Агар шумо дар фикри оиладор шудан бошед, дар интихоби ҳамсар санҷидакору хеле эҳтиёткор бошед. Ин яке аз муҳимтарин қарори ҳаётатон мебошад. Фаромӯш накунед, вақти оиладор шудан шавҳаратон сарвари шумо мешавад (Рум. 7:2; Эфс. 5:23, 33). Аз ин рӯ, пеш аз он ки ба хулосае оед, аз худ пурсед: «Оё ӯ масеҳии пухта аст? Оё корҳои рӯҳонӣ дар ҷойи аввали ҳаёташ меистанд? Оё ӯ қарорҳои бохирадона мебарорад? Оё хатоҳояшро тан мегирад? Оё занонро эҳтиром мекунад? Оё ӯ аз уҳдаи он мебарояд, ки ба ман аз ҷиҳати рӯҳонӣ, моддӣ ва равонӣ ғамхорӣ кунад? Оё одами масъулиятшинос аст? Масалан, дар ҷамоат ӯ соҳиби кадом супоришҳо аст ва оё онҳоро ҳалолкорона ба ҷо меорад?» (Луқ. 16:10; 1 Тим. 5:8). Ногуфта намонад, ки, агар шумо шавҳари хуб кобед, бояд худатон зани хуб бошед.
19. Чаро «мададгор» нақши воло аст?
19 Дар Китоби Муқаддас зани хуб «мададгор» ва «ёри мувофиқ»-и ҳамсараш номида шудааст (1 Мӯсо 2:18). Оё ин суханон занонро паст мезананд? Не! Баръакс, мададгор номида шудани зан нақши муҳим ва волои ӯро нишон медиҳад. Дар Китоби Муқаддас баъзан худи Яҳува «ёр» ва «мададгор» номида мешавад (Заб. 54:4; Ибр. 13:6). Зане, ки мададгору дастёри шавҳараш аст, қарорҳоеро, ки ӯ барои оила мебарорад, ҷорӣ менамояд. Азбаски ӯ Яҳуваро дӯст медорад, кӯшиш мекунад, ки бо ҳар рафтораш обрӯи шавҳарашро бардорад (Пнм. 31:11, 12; 1 Тим. 3:11). Агар шумо пайванди муҳаббататонро бо Яҳува қавитар созеду ба дигарон дар хонаву дар ҷамоат мададгор бошед, ба ин нақши ояндаатон тайёрӣ мебинед.
20. Модар дар оила чӣ нақшро мебозад?
20 Шумо модар шуда метавонед. Баъд аз оиладор шудан шумо бо шавҳаратон фарзанддор шуда метавонед (Заб. 127:3). Аз ин рӯ аз рӯйи хирад аст, агар пешакӣ фикр кунед. Касбу ҳунар ва сифатҳое, ки имрӯз дар ин мақола дида баромадем, ба шумо ёрӣ мерасонанд, ки зан ва модари хуб шавед. Бо муҳаббат, меҳрубонӣ ва сабр шумо дар хонаатон фазои гармеро месозед, ки фарзандонатон шоду хуррам мешаванду нашъунамо меёбанд (Пнм. 24:3).
21. Чаро шумо хоҳаронро қадр мекунед? (Ба расми муқова нигаред.)
21 Хоҳарони азиз, мо шуморо барои он чи ки ба хотири Яҳува ва халқаш мекунед, дӯст медорем (Ибр. 6:10). Шумо барои инкишоф додани сифатҳои рӯҳонӣ ва ёд гирифтани касбу ҳунари бисёр сахт меҳнат мекунед. Бо ин коратон шумо ҳам ба ҳаёти худатон ва ҳам ба ҳаёти атрофиёнатон маъно мебахшед ва барои вазифаҳои ояндаатон тайёрии хуб мебинед. Шумо дар ташкилоти Яҳува ганҷи пурарзишед!
СУРУДИ 3 «Худо муҳаббат аст»
a Хоҳарони ҷавон, шумо дар ҷамоат қадри баланд доред. Бо инкишоф додани сифатҳои нек, аз худ кардани касбу ҳунар ва тайёр шудан ба вазифаҳои ояндаатон шумо метавонед масеҳии баркамол шавед. Агар чунин кунед, дар хизмати Яҳува соҳиби баракатҳои зиёд мешавед.
b МАЪНОИ БАЪЗЕ КАЛИМАВУ ИБОРАҲО: Масеҳии баркамол аз рӯйи раҳнамоии Худо амал мекунад, на аз рӯйи хиради ин ҷаҳон. Ӯ ба намунаи Исо пайравӣ намуда, барои қавӣ кардани дӯстияш бо Яҳува бисёр кӯшиш мекунад, чунки ӯ ба дигарон муҳаббати фидокорона нишон медиҳад.
d Барои фаҳмидани аҳамияти хониш дар jw.org ба мақолаи «Почему чтение книг важно для детей. Часть 1. Читать или смотреть?» нигаред.