Дар назари кӣ қадру қимат доштан мехоҳед?
«Худо беинсоф нест, ки кор ва муҳаббатеро, ки шумо нисбати номи Ӯ нишон [додед]... фаромӯш кунад» (ИБР. 6:10).
1. Кадом хоҳиш барои ҳамаи мо табиӣ аст?
ФАРЗ мекунем, шумо як шиноси деринаатонро вомехӯред. Лекин ӯ номатонро фаромӯш кардааст ва аз ҳама бадтараш он ки ӯ шуморо намешиносад. Эҳтимол ин ба шумо сахт мерасад. Чунки табиатан ҳар як инсон мехоҳад, ки дигарон ӯро дар хотирашон нигоҳ доранд ва ба қадри вай ва корҳояш расанд (Ад. 11:16; Айюб 31:6).
2, 3. Агар эҳтиёт нашавем, дар мо кадом рӯҳияи нодуруст пайдо шуда метавонад? (Ба расми аввали мақола нигаред.)
2 Лекин аз сабаби нокомилӣ мо метавонем дар бораи қадру қимати худ аз ҳад зиёд фикр карда, иззатталаб шавем. Зери таъсири ҷаҳони Шайтон одамон мехоҳанд машҳур ва баобрӯ бошанд. Агар мо ба ин хоҳиши нодуруст дода шавем, Падари осмониамон, Яҳуваро, ки дар ҳақиқат сазовори шӯҳрат ва ибодат аст, ҷалол намедиҳем (Ваҳй 4:11).
3 Дар рӯзҳои Исо баъзе пешвоёни динӣ танҳо дар бораи обрӯи худ фикр мекарданд. Исо пайравонашро огоҳ кард: «Аз шариатдонон эҳтиёт шавед. Ба онҳо маъқул аст, ки либосҳои Луқ. 20:46, 47). Ӯ рӯҳияи фарисиёнро танқид кард, вале бевазани камбағалро таъриф намуд, зеро ӯ ҳангоми ба маъбад хайрия оварданаш, ба худ ягон обрӯ намеҷуст (Луқ. 21:1–4). Маълум, ки тарзи фикрронии Исо аз нуқтаи назари дигарон фарқ мекард, чунки ӯ ба ин масъала мисли Яҳува нигоҳ мекард. Ин мақола ба мо кӯмак мекунад, ки дар бобати қадру қимат нуқтаи назари Яҳуваро дошта бошем.
қиматбаҳо пӯшида гарданд ва дар бозорҳо одамон ба пешвози онҳо бароянд, дар ибодатгоҳҳо ҷойҳои беҳтаринро ишғол кунанд ва дар зиёфатҳо болонишин бошанд». Исо гуфт, ки «онҳо ба ҷазои сахттар маҳкум мешаванд» (ҚАДРДОНӢ АЗ ТАРАФИ КӢ МУҲИМ АСТ?
4. Мо пеш аз ҳама дар назари кӣ қадру қимат доштан мехоҳем ва чаро?
4 Мо пеш аз ҳама дар назари кӣ қадру қимат доштан мехоҳем? Аксари одамон кӯшиш мекунанд, ки дар соҳаи илм, тиҷорат ё санъат муваффақият ба даст оварда, дар назди одамон обрӯву эътибор пайдо кунанд. Лекин Павлус фаҳмонд, ки аз тарафи кӣ қадрдонӣ шудан беҳтар аст. Ӯ гуфт: «Ҳоло, ки шумо Худоро шинохтаед, ё аниқтараш, Худо шуморо шинохтааст, чӣ тавр боз ба фикру ақидаҳои беҳудаву пасти ин ҷаҳон бармегардед ва мехоҳед аз нав ғуломи онҳо шавед?» (Ғал. 4:9). Дар ҳақиқат, вақте Худо — Ҳокими Даҳр моро мешиносад, ин шарафи бениҳоят бузург аст! Чунки мо бо Ӯ муносибати наздик пайдо карда метавонем. Охир, бо Офаридгорамон Яҳува дӯст будан, мақсади зиндагии мост (Воиз 12:13, 14).
5. Барои он ки Яҳува моро шиносад, чӣ кор кардан лозим аст?
5 Яке аз шахсоне, ки Яҳува ӯро қадр мекард ва дӯсти худ меҳисобид, Мӯсо буд. Вақте ӯ ба Яҳува илтиҷо карда гуфт, ки «роҳҳои Худро ба ман маълум намо», Яҳува чунин ҷавоб дод: «Ин корро низ, ки гуфтаӣ, Ман хоҳам кард, зеро ки ту манзури назари Ман шудаӣ, ва Ман туро бо номат шинохтаам» (Хур. 33:12–17). Яҳува метавонад моро низ шахсан шиносад. Лекин барои ин чӣ бояд кард? Мо бояд Ӯро дӯст дорем ва ҳаётамонро ба Ӯ бахшем. (1 Қӯринтиён 8:3-ро хонед.)
6, 7. Аз кадом сабаб муносибати мо бо Яҳува вайрон шуда метавонад?
6 Лекин ғайр аз бо Падари осмониамон дӯст шудан, мо бояд ин дӯстиамонро қадр кунем ва онро нигоҳ дорем. Барои ин мо бояд чизҳои ҳеҷу пучи ин ҷаҳонро рад кунем. Мо бояд мисли масеҳиёни Ғалотия аз «фикру ақидаҳои беҳудаву пасти ин ҷаҳон» ва шӯҳрату обрӯе, ки он пешкаш мекунад, даст кашем (Ғал. 4:9). Он масеҳиёни асри як аллакай роҳҳои Яҳуваро медонистанд ва Ӯ низ онҳоро мешинохт. Вале Павлус қайд кард, ки айнан ҳамон бародарон аз нав ба чизҳои ҳеҷу пуч баргаштанд. Павлус дар номааш гӯё ба онҳо мегуфт: «Чаро шумо баъди аз ҷаҳони нопок ин қадар дур шудан, аз нав ба чизҳои аблаҳонаю бефоидаи он бармегардед?»
7 Оё бо мо низ чунин рӯй дода метавонад? Бале, метавонад. Вақте ки мо нав бо Яҳува шинос шудем, шояд мисли Павлус, дар ҷаҳони Шайтон номдору баобрӯ шуданро рад кардем. (Филиппиён 3:7, 8-ро хонед.) Мумкин мо аз имконияти гирифтани маълумоти олӣ, соҳиби мартабаи баланд ва кори сердаромад шудан, даст кашидем. Шояд мо дар соҳаи мусиқӣ ё варзиш маҳорату қобилияти хуб доштем, ки моро номдору бой карда метавонист (Ибр. 11:24–27). Вале бехирадона мебуд, агар мо он чизҳоро имконияти аздастрафта ҳисобида афсӯс хӯрем! Чунин фикрронӣ моро метавонад ба он тела диҳад, ки аз нав ба чизҳои «беҳудаву пасти ин ҷаҳон» дода шавем *.
ҲАМЕША РОЗИГИИ ЯҲУВАРО ҶӮЕД
8. Чӣ хоҳиши моро зиёдтар мекунад, ки дар назари Яҳува қадру қимат дошта бошем?
8 Мо мехоҳем, ки дар ин ҷаҳон неву дар назари Яҳува қадру қимат дошта бошем. Барои он ки ин хоҳишамон қавӣ бошад, мо бояд ду чизи муҳимро дар хотир нигоҳ дорем. Якум, Яҳува ҳамеша ходимони содиқашро дар хотир дорад ва қадр мекунад. (Ибриён 6:10-ро хонед; Ибр. 11:6.) Барои Яҳува ҳар як хизматгораш азиз аст ва нисбати онҳо беаҳамият буданро Ӯ беинсофӣ меҳисобад. Яҳува ҳама вақт «касонеро, ки аз они Ӯ ҳастанд, мешиносад» (2 Тим. 2:19). Ӯ «тариқи одилонро медонад» ва «медонад, ки чӣ тавр касони худотарсро аз озмоиш халос кунад» (Заб. 1:6; 2 Пет. 2:9).
9. Мисол оред, ки чӣ хел Яҳува аз халқи худ розӣ буданашро нишон медиҳад.
9 Баъзан Яҳува бо роҳҳои махсус нишон медиҳад, ки аз халқаш розӣ аст (2 Вақ. 20:20, 29). Масалан, ба хотир оред, ки чӣ хел Яҳува халқашро дар назди Баҳри Сурх аз лашкари пурзӯри фиръавн наҷот дод (Хур. 14:21–30; Заб. 105:9–11). Ин воқеа чунон ҳайратовар буд, ки халқҳои гирду атроф ҳатто баъди 40 сол дар ин бора гап мезаданд (Еҳ. 2:9–11). То чӣ андоза дар хотир доштани ин амалҳои наҷотбахши Яҳува рӯҳбаландкунанда аст, зеро мо ба наздикӣ бо ҳамлаи Ҷуҷ аз замини Моҷуҷ рӯ ба рӯ мешавем (Ҳиз. 38:8–12). Дар он вақт мо бениҳоят хурсанд мешавем, ки розигии ҷаҳонро неву розигии Яҳуваро ба даст овардем.
10. Боз кадом чизи муҳимро мо бояд дар хотир дорем?
10 Дуюм чизи муҳиме, ки мо бояд дар хотир дошта бошем, ин аст: Яҳува аз мо розӣ буданашро бо роҳҳое нишон медиҳад, ки ҳатто дар гӯшаи хаёламон набуд. Касоне ки танҳо барои ба одамон худро нишон додан корҳои хуб мекунанд, аз Яҳува ягон мукофот намегиранд. Чаро? Чунки вақте онҳо аз одамон таъриф мешунаванд, аллакай мукофоти худро мегиранд. (Матто 6:1–5-ро хонед.) Лекин Исо гуфт, ки агар одамон корҳои неки моро набинанд ва онҳоро ба таври лозима қадр накунанд ҳам, Падарамон «чизҳои аз чашми дигарон пинҳонро мебинад». Ӯ ба корҳои нек аҳамият дода, ҳар касро мувофиқи амалаш мукофот медиҳад. Лекин баъзан Яҳува инро тавре мекунад, ки мо интизор нестем. Биёед баъзе мисолҳоро дида бароем.
ЯҲУВА ҶАВОНДУХТАРИ ФУРӮТАНРО БАРАКАТ ДОД
11. Чӣ тавр Яҳува нишон дод, ки аз Марям розӣ аст?
11 Яҳува ҷавондухтари фурӯтан Марямро интихоб кард, то модари Писари Ӯ шавад. Марям дар шаҳри на он қадар номдор, Носира, ки аз Ерусалиму маъбади боҳашамати он дур буд, зиндагӣ мекард. (Луқо 1:26–33-ро хонед.) Чаро маҳз Марям ба ин шараф сазовор шуд? Фаришта Ҷаброил ба ӯ гуфт: «Ту розигии Худоро соҳиб шудаӣ!» Марям бо Худо муносибати хеле наздик дошт ва мо инро аз суханоне, ки ӯ ба хешаш Элисобаъ гуфт, мебинем (Луқо 1:46–55). Бале, Яҳува Марямро мушоҳида мекард ва барои садоқатмандиаш ӯро ба таври ғайричашмдошт, яъне тавре, ки дар гӯшаи хаёли Марям набуд, баракат дод.
12, 13. Бо кадом роҳ ба Исо баъди таваллуд шуданаш таваҷҷӯҳи махсус зоҳир шуд? Дар маъбад бошад, чӣ рӯй дод?
Луқо 2:8–14). Ва чӯпонон кӯдаки навзодро хабаргирӣ рафтанд (Луқо 2:15–17). Инро дида Марям ва Юсуф эҳтимол ба ҳаяҷон омаданд, чунки Яҳува бо ин роҳ ба Исо таваҷҷӯҳи махсус зоҳир кард. Аҳамият диҳед, ки чӣ хел тарзи амал кардани Яҳува аз рафтори Шайтон фарқ мекунад. Вақте ки Шайтон ситорашиносонро ба назди Исо ва волидони вай фиристод, тамоми мардуми Ерусалим дар бораи таваллуд шудани Исо фаҳмиданд ва ин мушкилии зиёдро ба миён овард (Мат. 2:3). Дар натиҷа, бисёр кӯдакон бесабаб кушта шуданд (Мат. 2:16).
12 Вақте ки Марям оқибат Исоро таваллуд кард, Яҳува инро ба сардорон ё подшоҳони Ерусалим ва Байт-Лаҳм ошкор накард. Фариштаҳо ба чӯпонони одӣ, ки дар саҳрои назди Байт-Лаҳм гӯсфандонро мечарониданд, зоҳир шуда оиди таваллуди Исо хабар доданд (13 Баъд аз чил рӯзи таваллуди Исо, Марям барои ба Яҳува қурбонӣ овардан бояд ба маъбад мерафт. Барои ҳамин, ӯ бо Юсуф ва Исо аз Байт-Лаҳм ба Ерусалим, ки 9 км дур буд, равона шуданд (Луқ. 2:22–24). Марям шояд дар роҳ фикр мекард, ки оё коҳин дар маъбад нақши ояндаи Исоро ба таври махсус эътироф мекунад. Бале, дар асл ин рӯй дод, лекин на ба тавре, ки Марям интизор буд. Яҳува марди «росткору худотарс», ки Шимъӯн ном дошт ва набияи 84-сола — Ҳаноро истифода бурд, то тасдиқ кунад, ки ин кӯдак Масеҳи ваъдашуда мегардад (Луқ. 2:25–38).
14. Яҳува Марямро чӣ тавр баракат дод?
14 Дар бораи Марям чӣ гуфтан мумкин аст? Марям ба Писари Худо нағз ғамхорӣ карда ӯро калон кард. Оё Яҳува ин меҳнати ӯро ба таври лозима қадр кард? Бале, Худо корҳо ва суханони Марямро дар Китоби Муқаддас ҷой дод. Дар давоми сею ним соли хизмати Исо, аз афташ Марям имконият надошт, ки ҳамроҳи вай сафар кунад, зеро чун бевазан ӯ бояд дар Носира мемонд. Ҳарчанд Марям бисёр корҳои аҷоиби Исоро дида натавонист, ӯ дар дами марги Исо ҳамроҳаш буд (Юҳ. 19:26). Баъдтар дар арафаи Иди ҳафтаҳо (Пантикост) Марям ҳамроҳи дигар шогирдон дар Ерусалим буд (Аъм. 1:13, 14). Вақте ки ба шогирдон рӯҳи муқаддас рехта шуд, Марям низ эҳтимол дар қатори онҳо тадҳин шуд. Агар ҳамин тавр бошад, пас ба ӯ имконият дода шудааст, ки якҷоя бо Исо абадӣ дар осмон бошад. Яҳува дар ҳақиқат хизмати содиқонаи Марямро мукофот дод!
ЯҲУВА ПИСАРАШРО ҚАДРДОНӢ КАРД
15. Вақте Исо дар замин буд, чӣ тавр Яҳува аз ӯ розӣ буданашро нишон дод?
15 Исо ташнаи он набуд, ки роҳбарони динӣ ё сиёсӣ ӯро болобардор кунанд. Лекин то чӣ андоза барои Исо рӯҳбаландкунанда буд, вақте ки Яҳува дар се мавриди гуногун аз осмон гап зада, аз ӯ розӣ буданашро нишон дод. Дарҳол баъди дар дарёи Ӯрдун таъмид гирифтани Исо, Яҳува гуфт: «Ин Писари азизи Ман аст ва Ман аз ӯ розиям» (Мат. 3:17). Аз афташ ин суханонро танҳо Яҳёи Таъмиддиҳанда шунид. Баъд аз ин, тақрибан як сол пеш аз марги Исо, се расулаш овози Яҳуваро шуниданд, ки гуфт: «Ин Писари азизи Ман аст ва Ман аз ӯ розиям. Ӯро гӯш кунед» (Мат. 17:5). Ва якчанд рӯз пеш аз марги Исо, Яҳува боз як бори дигар аз осмон ба Писараш гап зад (Юҳ. 12:28).
16, 17. Чӣ тавр Яҳува Исоро ба таври ғайричашмдошт мукофот дод?
16 Ҳарчанд Исо медонист, ки одамон Мат. 26:39, 42). Исо «ба шармандагӣ аҳамият надода, ба марг дар сутуни азобу шиканҷа тоб овард», чунки на ба ҷаҳон, балки танҳо ба Падари худ писанд омадан мехост (Ибр. 12:2). Чӣ тавр Яҳува Исоро қадрдонӣ кард?
ӯро куфргӯй номида шармандавор мекушанд, ӯ дуо гуфт, ки иродаи Яҳува иҷро гардад, на иродаи худаш (17 Исо ҳангоми дар замин буданаш дуо гуфт, ки ба мавқеи пештараи худ, ки дар осмон назди Падар дошт, баргаштан мехоҳад (Юҳ. 17:5). Дар ягон ҷой гуфта нашудааст, ки Исо чизи аз ин бештарро умедвор буд. Масалан, Исо интизор набуд, ки барои дар замин иҷро кардани иродаи Яҳува мукофоти махсусро соҳиб мешавад. Лекин Яҳува чӣ кор кард? Ӯ Исоро ба таври ғайричашмдошт мукофот дод. Вақте ки Яҳува Исоро эҳё кард, ӯ ба Писараш дар осмон «мавқеи баланд» дод. Боз ба ӯ чизеро, ки пеш ба ягон шахс надода буд, ато кард — Исо шахсияти намирандаи рӯҳӣ гашт * (Флп. 2:9; 1 Тим. 6:16). Дар ҳақиқат, Яҳува хизмати содиқонаи Исоро ба таври олиҷаноб қадрдонӣ кард!
18. Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки розигии ин ҷаҳонро неву розигии Яҳуваро ҷӯем?
18 Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки розигии ин ҷаҳонро неву розигии Яҳуваро ҷӯем? Мо бояд ду чизро нағз дар хотир дорем: Яҳува ходимони содиқашро ҳамеша қадр мекунад ва мукофот медиҳад; бисёр вақт Ӯ онҳоро тавре баракат медиҳад, ки интизор нестанд. Кӣ медонад, шояд моро дар оянда баракатҳое интизоранд, ки мо ҳатто дар бораашон ягон бор фикр накардаем. Ҳозир бошад, ба мо лозим аст, ки ба озмоишҳо ва душвориҳои ин ҷаҳони шарир тоб оварда, дар хотир дорем, ки ин ҷаҳон ва тамоми обрӯву шӯҳрате, ки он медиҳад, гузарон аст (1 Юҳ. 2:17). Падари пурмеҳри мо Яҳува «беинсоф нест, ки кор ва муҳаббатеро, ки шумо нисбати номи Ӯ нишон дода, ба муқаддасон хизмат кардаед ва мекунед, фаромӯш кунад» (Ибр. 6:10). Оре, Ӯ албатта моро баракат медиҳад, эҳтимол ҳатто бо тарзе ки ба гӯшаи хаёламон наомада буд!
^ сарх. 7 Дар дигар тарҷумаҳои Китоби Муқаддас калимаи «паст» чун «бефоида», «беарзиш» ва «ғамовар» тарҷума шудааст.
^ сарх. 17 Ин шояд баракати ғайричашмдошт буд, зеро дар бораи намирандагӣ дар Навиштаҳои ибронӣ гуфта нашудааст.