Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 28

Боварӣ ҳосил кунед, ки шумо дар роҳи ҳақиқат ҳастед

Боварӣ ҳосил кунед, ки шумо дар роҳи ҳақиқат ҳастед

«Минбаъд низ ба чизе, ки таълим гирифтаӣ ва ба ҳақ будани он боварӣ ҳосил кардаӣ, пайравӣ кун» (2 ТИМ. 3:14).

СУРУДИ 34 Мувофиқи номи худ зиндагӣ мекунем

ПЕШГУФТОР *

1. Зери мафҳуми «ҳақиқат» мо чиро мефаҳмем?

ОДАТАН Шоҳидони Яҳува ҳангоми сӯҳбат аз якдигар мепурсанд: «Шумо ҳақиқатро чӣ хел фаҳмидед? Оё шумо дар роҳи ҳақиқат калон шудед? Чанд сол боз шумо дар роҳи ҳақиқат мебошед?» «Ҳақиқат» гуфта, мо чиро дар назар дорем? Одатан Шоҳидони Яҳува зери ин мафҳум эътиқод, тарзи ибодат ва ҳаёти худро дар назар доранд. Онҳое, ки «дар роҳи ҳақиқат»-анд, медонанд, ки Китоби Муқаддас чиро таълим медиҳад ва мувофиқи принсипҳои он зиндагӣ мекунанд. Дар натиҷа, онҳо аз таъсири таълимоти дурӯғ озод мешаванд ва дар ин дунёи Шайтон то ҳадди имкон хушбахтона зиндагӣ мекунанд (Юҳ. 8:32).

2. Мувофиқи Юҳанно 13:34, 35 кадом чиз метавонад шахсро ба ҳақиқат ҷалб кунад?

2 Бори аввал шуморо чӣ ба ҳақиқат ҷалб карда буд? Мумкин ин рафтори неки Шоҳидони Яҳува буд (1 Пет. 2:12). Ё мумкин муҳаббате, ки онҳо зоҳир карданд, ба дилатон таъсир кард. Бисёриҳо вақте бори аввал ба ҷамъомад меоянд, асосан на суханони нотиқ, балки меҳру муҳаббати Шоҳидони Яҳува дар хотирашон мемонад. Ин тааҷҷубовар нест, зеро Исо гуфта буд, ки шогирдони ӯро маҳз аз рӯйи муҳаббате, ки ба якдигар доранд, шинохтан мумкин аст. (Юҳанно 13:34, 35-ро хонед.) Вале барои имони қавӣ доштан фақат ҳис кардани муҳаббате, ки дар байни халқи Худо аст, кифоя нест.

3. Чаро имони мо набояд танҳо бар муҳаббати масеҳӣ асос ёбад?

3 Имони мо набояд танҳо ба муҳаббати масеҳие, ки бародару хоҳарон зоҳир мекунанд, асос ёбад. Чаро? Зеро агар имони мо танҳо ба он муҳаббат асос ёбад, мо ба осонӣ онро гум карда метавонем. Масалан, чунин ҳолатҳо рӯй дода метавонанд: ягон ҳамимон, ҳатто пири ҷамъомад ё пешрав гуноҳи ҷиддие содир мекунад, ё касе аз ҷамъомад шуморо бо гуфтор ва рафтораш меранҷонад, бародар ё хоҳаре аз ҳақиқат рӯй гардонда осӣ мегардад ва мегӯяд, ки дини Шоҳидон ҳақиқат нест. Ин чизҳо оё ба шумо монеа мешаванд ва шуморо аз хизмати Яҳува бозмедоранд? Барои чунин нашуданаш мо бояд шахсан бо Яҳува муносибати наздик инкишоф диҳем. Имонро ба хона монанд кардан мумкин аст. Агар имони мо танҳо аз рафтори дигарон вобаста бошад, он мустаҳкам нахоҳад буд. Аслан мо бояд худамон бо Яҳува муносибати наздик инкишоф диҳем. «Хона»-и шумо на танҳо аз чунин масолеҳи мулоим ба мисли эҳсосоту ҳаяҷон сохта шавад, балки бар далелҳои устувор ва бомантиқ низ асос ёбад. Яъне шумо бояд шахсан боварӣ ҳосил кунед, ки таълимоти Китоби Муқаддас дуруст аст (Рум. 12:2).

4. Мувофиқи Матто 13:3–6, 20, 21 озмоиши имон ба баъзеҳо чӣ гуна таъсир мерасонад?

4 Исо гуфт, ки баъзеҳо ҳақиқатро «бо хурсандӣ» қабул мекунанд, вале вақте озмоишҳо сар мешаванд, имонашон суст мегардад. (Матто 13:3–6, 20, 21-ро хонед.) Эҳтимол онҳо дарк намекарданд, ки пайрави Исо шудан душвориҳоро дар бар мегирад (Мат. 16:24). Ё шояд онҳо фикр мекарданд, ки агар одам хизматгори Худо шавад, Ӯ вайро фақат баракат медиҳад ва аз проблемаҳо эмин медорад. Вале дар ин ҷаҳони нокомил аз душвориҳо ҷойи гурез нест. Вазъияти мо метавонад дигар шавад ва хурсандиамон ба андозае кам гардад (Заб. 6:7; Воиз 9:11).

5. Аз чӣ маълум аст, ки аксарияти бародару хоҳарон боварӣ доранд, ки дар роҳи ҳақиқатанд?

5 Аксарияти бародару хоҳарони мо боварӣ доранд, ки дар роҳи ҳақиқатанд. Чаро дар бораи онҳо ин тавр гуфтан мумкин? Зеро вақте ягон бародар ё хоҳар онҳоро хафа мекунад ё ба кори ношоиста даст мезанад, имони онҳо суст намешавад (Заб. 118:165). Бо паси сар кардани ҳар як озмоиш имони онҳо на заиф, балки қавитар мегардад (Яъқ. 1:2–4). Чӣ тавр мо ин гуна имони мустаҳкамро дар худ инкишоф дода метавонем?

ОИДИ ХУДО «ДОНИШИ АНИҚ» БА ДАСТ ОРЕД

6. Шогирдони асри як имони худро бар чӣ бино карда буданд?

6 Масеҳиёни асри як имони худро бар дониш аз Навиштаҳо ва таълимоти Исои Масеҳ бино карда буданд. Яъне онҳо ба «ростие, ки дар хушхабар аст» имон доштанд (Ғал. 2:5). Ин «ростӣ» тамоми таълимоти масеҳӣ ва далелҳоро оиди қурбонии фидия ва эҳёшавии Исо дар бар мегирад. Павлуси расул боварӣ дошт, ки ин таълимот ҳақиқат аст. Чаро чунин гуфтан мумкин? Зеро Павлус «ба воситаи оятҳо исбот мекард», ки «Масеҳ бояд азобу уқубат мекашид ва аз мурдагон зинда мешуд» (Аъм. 17:2, 3). Шогирдони асри як он таълимотро қабул намуда барои фаҳмидани Каломи Худо ба кӯмаки рӯҳи муқаддас такя мекарданд. Онҳо бодиққат таҳқиқот мебурданд, то боварӣ ҳосил кунанд, ки ин таълимот бар Навиштаҳо асос ёфтааст (Аъм. 17:11, 12; Ибр. 5:14). Онҳо «хона»-и имони худро танҳо бар эҳсосот бино намекарданд ва ба Яҳува танҳо барои он хизмат намекарданд, ки бо ҳамимонон будан ба онҳо маъқул аст. Имони онҳо бар «дониши аниқ оиди Худо» асос меёфт (Қӯл. 1:9, 10).

7. Чаро мо бояд ба ҳақ будани таълимоти Китоби Муқаддас пурра боварӣ ҳосил кунем?

7 Ҳақиқатҳои Каломи Худо ҳеҷ гоҳ тағйир намеёбанд (Заб. 118:160). Ҳатто агар ҳамимоне моро хафа кунад, ё ба гуноҳи ҷиддие даст занад, ё мо бо озмоишҳо дучор шавем ҳам, ҳақиқатҳои Каломи Худо як хел мемонанд. Аз ин рӯ ба мо лозим аст, ки таълимоти Китоби Муқаддасро нағз аз худ кунем ва ба ҳақ будани онҳо боварӣ ҳосил намоем. Он гоҳ мо имони мустаҳкам пайдо мекунем, ки дар вақти озмоишҳо суст намешавад. Чуноне ки лангар киштиро дар баҳри пурталотум нигоҳ медорад, имони бар дониш асосёфтаи мо низ ба мо кӯмак мекунад, ки дар вақтҳои душвор ба Яҳува содиқ монем. Чӣ тавр боварии худро қавӣ кунем, ки дар роҳи ҳақиқат ҳастем?

БА ДУРУСТ БУДАНИ ЭЪТИҚОДИ ХУД БОВАРӢ ҲОСИЛ КУНЕД

8. Мувофиқи 2 Тимотиюс 3:14, 15 Тимотиюс чӣ тавр боварӣ ҳосил кард, ки ӯ дар роҳи ҳақиқат аст?

Тимотиюс боварӣ дошт, ки ӯ дар роҳи ҳақиқат аст. Чаро вай ба чунин хулоса омад? (2 Тимотиюс 3:14, 15-ро хонед.) Ҳарчанд модару бибиаш Тимотиюсро бо «Навиштаҳои Муқаддас» шинос карда буданд, бешубҳа вай худаш ҳам вақту қувваташро сарф карда он Навиштаҳоро меомӯхт. Дар натиҷа, ӯ «боварӣ ҳосил кард», ки дар Китоби Муқаддас ҳақиқат навишта шудааст. Баъдтар Тимотиюс ва модару бибиаш бо таълимоти масеҳӣ шинос шуданд. Шубҳае нест, ки ба дили Тимотиюс муҳаббати пайравони Масеҳ таъсир кард ва дар дилаш хоҳиш пайдо шуд, ки ҳамроҳи онҳо бошад ва дар ҳаққи бародару хоҳарон ғамхорӣ кунад (Флп. 2:19, 20). Аммо имони ӯ на танҳо ба муҳаббати масеҳӣ, балки ба дониш ва далелҳое, ки ӯро ба Худо наздик мекарданд, асос меёфт. Шумо низ бояд Китоби Муқаддасро чуқур омӯхта боварӣ ҳосил кунед, ки чизе ки он дар бораи Яҳува мегӯяд, ҳақ аст.

9. Ба кадом се таълимоти муҳим мо бояд бовариамонро қавӣ гардонем?

9 Барои имони қавӣ доштан ба шумо лозим аст, ки камаш ба ин се чизи асосӣ боварӣ ҳосил кунед: 1) ба он ки Яҳува Худо Офаридгори ҳамаи мавҷудот аст; (Хур. 3:14, 15; Ибр. 3:4; Ваҳй 4:11). 2) Китоби Муқаддас каломи илоҳӣ ба одамон мебошад; (2 Тим. 3:16, 17). 3) Яҳува дар замин халқе дорад, ки зери роҳбарии Исо Ӯро ибодат мекунанд ва ин халқ Шоҳидони Яҳува мебошанд (Иш. 43:10–12; Юҳ. 14:6; Аъм. 15:14). Ба ин чизҳо боварӣ ҳосил кардан маънои онро надорад, ки шумо бояд олими Китоби Муқаддас шавед. Ба шумо лозим аст, ки қобилияти фикррониатонро ба кор бурда бовариатонро қавӣ гардонед, ки дар роҳи ҳақиқат ҳастед (Рум. 12:1).

БА ДИГАРОН КӮМАК КУНЕД, ТО БОВАРӢ ҲОСИЛ КУНАНД

10. Ғайр аз донистани ҳақиқат мо бояд чӣ кор кунем?

10 Баъди он ки шумо ба се таълимоти дар боло номбаршуда — оиди Худо, Китоби Муқаддас ва халқи Худо боварӣ ҳосил мекунед, ба шумо лозим аст, ки бо ёрии Навиштаҳо ин се чизро ба дигарон низ исбот карда тавонед. Барои чӣ? Зеро чун масеҳиён мо ӯҳдадорем, ки ҳақиқатҳои фаҳмидаамонро ба дигарон таълим диҳем (1 Тим. 4:16) *. Вақте мо далелҳо оварда ба дигарон мефаҳмонем, ки ҳақиқат дар Китоби Муқаддас аст, аз ин имони худи мо низ қавӣ мегардад.

11. Павлуси расул дар таълим додани дигарон чӣ гуна намуна гузоштааст?

11 Павлуси расул бо одамон сӯҳбат карда аз «Тавроти Мӯсо ва Навиштаҳои пайғамбарон» далелҳои боварибахш меовард, то онҳо ба Исо имон оваранд (Аъм. 28:23). Чӣ тавр мо ҳангоми таълим додани дигарон ба Павлус пайравӣ карда метавонем? Ба онҳо танҳо таълимоти Китоби Муқаддасро нақл кардан кифоя нест. Мо бояд бо ёрии оятҳо ба онҳо исбот кунем, ки таълимоти Китоби Муқаддас дуруст аст. Ҳамин тавр онҳо бо Яҳува наздик хоҳанд шуд. Мо намехоҳем, ки онҳо ҳақиқатро аз эҳтиром ба мо қабул кунанд, балки худашон боварӣ ҳосил кунанд, ки чизҳое, ки дар бораи Яҳува фаҳмида истодаанд, ҳақиқат аст.

Волидон, барои қавӣ гардондани имони фарзандони худ «фикрҳои чуқуртарини Худо»-ро ба онҳо таълим диҳед (Ба сархатҳои 12 ва 13 нигаред.) *

12, 13. Чӣ тавр волидон ба фарзандонашон кӯмак карда метавонанд, ки дар роҳи ҳақиқат монанд?

12 Волидон, бешубҳа шумо мехоҳед, ки фарзандонатон дар роҳи ҳақиқат монанд. Шояд шумо фикр кунед, ки агар онҳо дар ҷамъомад дӯстони хуб дошта бошанд, ин ба пешравии рӯҳонии онҳо мусоидат мекунад. Вале барои имони қавӣ пайдо кардани фарзандонатон фақат дӯстони хуб доштанашон кифоя нест. Онҳо бояд бо Худо шахсан муносибати наздик инкишоф диҳанд ва боварӣ ҳосил кунанд, ки чизе ки Китоби Муқаддас мегӯяд, ҳақиқат аст.

13 Барои дар дили фарзандонатон ҳақиқатро ҷо кардан аввал худатон бояд дар омӯхтани Китоби Муқаддас намуна бошед ва оиди чизҳои омӯхтаатон чуқур мулоҳиза ронед. Сипас ин корҳоро ба фарзандонатон низ ёд диҳед. Нишон диҳед, ки чӣ тавр онҳо бо ёрии адабиёт ва видеонаворҳои ташкилотамон омӯзиши шахсӣ карда метавонанд ва бо ёрии чунин маводҳо ба мисли «Роҳнамо», «Китобхонаи электронии Бурҷи дидбонӣ», Онлайн-Китобхона ва барномаи JW Library таҳқиқот гузарондан мумкин аст. Ҳамин тавр шумо ба фарзандонатон кӯмак мекунед, ки Яҳуваро дӯст доранд ва боварӣ ҳосил кунанд, ки Ӯ ба мо ғизои рӯҳониро бо воситаи «ғуломи бовариноку боандеша» медиҳад (Мат. 24:45–47). Волидон, ба фарзандонатон танҳо чизҳои осон ва асосии Китоби Муқаддасро таълим надиҳед. Вобаста аз синну сол ва қобилияташон ба онҳо ёрӣ диҳед, ки ба «фикрҳои чуқуртарини Худо» сарфаҳм раванд ва имони қавӣ пайдо кунанд (1 Қӯр. 2:10).

ПЕШГӮЙИҲОИ КИТОБИ МУҚАДДАСРО ОМӮЗЕД

14. Чаро мо бояд пешгӯйиҳои Китоби Муқаддасро омӯзем? (Ба чорчӯбаи  «Оё шумо ин пешгӯйиҳоро фаҳмонда метавонед?» нигаред.)

14 Пешгӯйиҳои Китоби Муқаддас қисми муҳими Каломи Худоянд, ки имони моро мустаҳкам месозанд. Иҷрошавии кадом пешгӯйиҳо имони шуморо қавӣ карда буд? Шояд шумо пешгӯйиҳо оиди «рӯзҳои охир»-ро номбар кунед (2 Тим. 3:1–5; Мат. 24:3, 7). Вале иҷрошавии боз кадом пешгӯйиҳо метавонад имони шуморо қавӣ созад? Масалан, оё шумо фаҳмонда метавонед, ки чӣ тавр пешгӯйиҳо аз китоби Дониёл боби 2 ва боби 11 то ҳол иҷро шуда истодаанд? * Агар шумо ба Китоби Муқаддас боварии қавӣ дошта бошед, ҳеҷ чиз имони шуморо суст намекунад. Биёед мисоли бародаронеро дида бароем, ки ҳангоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз таъқиботи сахт азоб мекашиданд. Ҳарчанд онҳо пешгӯйиҳои Китоби Муқаддасро оиди айёми охир ҳоло пурра намефаҳмиданд, онҳо ба ҳақ будани гуфтаҳои Каломи Худо имони қавӣ доштанд.

Омӯзиши Китоби Муқаддас, аз он ҷумла пешгӯйиҳои он ба мо кӯмак мекунад, ки дар вақтҳои душвор ба Яҳува содиқ монем (Ба сархатҳои 15–17 нигаред.) *

15–17. Омӯзиши бодиққати Китоби Муқаддас чӣ тавр ба бародарони мо кӯмак кард, ки ба таъқиботи фашистон тоб оранд?

15 Вақте дар Германия фашистон дар сари қудрат буданд, ҳазорон бародару хоҳарони мо ба лагерҳои консентратсионӣ фиристода шуданд. Гитлер ва ходими номдори сиёсии Германия Ҳенрих Ҳиммлер Шоҳидони Яҳуваро чашми дидан надоштанд. Як хоҳар нақл кард, ки рӯзе Ҳенрих Ҳиммлер ба гурӯҳи хоҳарони дар лагери консентратсионӣ буда чунин гуфт: «Яҳуваи шумо дар осмон ҳукмрониашро кардан гирад, вале ин ҷо дар замин мо ҳукмронӣ мекунем! Ҳоло мо ба шумо нишон медиҳем, ки кӣ боқӣ мемонад, мо ё шумо!» Чӣ ба халқи Яҳува ёрдам дод, ки дар он вақти душвор имонашонро мустаҳкам нигоҳ доранд?

16 Он Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас медонистанд, ки соли 1914 Подшоҳии Худо ҳукмрониро сар кард. Онҳо аз шиддат ёфтани таъқибот аз тарафи ҷаҳони Шайтон ҳайрон набуданд. Лекин халқи Яҳува боварии комил дошт, ки ҳокимияти одамӣ Худоро аз иҷро кардани нияташ боздошта наметавонад. Гитлер ибодати ҳақиқиро нест карда натавонист ва қудрат надошт, ки аз Подшоҳии Худо дида ҳокимияти тавонотар барпо кунад. Бародарони мо медонистанд, ки ҳукмронии Гитлер як рӯз не як рӯз аниқ ба охир мерасад.

17 Он чизе ки бародару хоҳарон боварӣ доштанд, рӯй дод. Дере нагузашта тартиботи фашистӣ барҳам хӯрд. Ҳенрих Ҳиммлер, ки «дар замин, мо ҳукмронӣ мекунем» гуфта буд, барои ҳаёташро наҷот додан рӯ ба гурез овард. Ҳангоми гурехтанаш вай бо бародар Любке вохӯрд, ки пеш маҳбус буд. Ҳиммлер ғамгинона аз ӯ пурсид: «Хӯш, Тадқиқотчии Китоби Муқаддас, акнун чӣ мешавад?» Бародар Любке ба Ҳиммлер фаҳмонд, ки Шоҳидони Яҳува ба шикаст хӯрдани тартиботи фашистӣ ва озод шуданашон ҳеҷ гоҳ шубҳа надоштанд. Ҳиммлер, ки пеш дар бораи Шоҳидон бисёр чизҳои бад мегуфт, ин дафъа чизе гуфта натавонист. Чанде пас бошад, ӯ худкушӣ кард. Мо чӣ дарс мегирем? Агар мо ҳам мисли он бародарон Китоби Муқаддас ва пешгӯйиҳои онро бодиққат омӯзиш кунем, имонамон ба Худо бақувват мешавад ва дар вақти таъқибот истодагарӣ карда метавонем (2 Пет. 1:19–21).

18. Чуноне ки дар Юҳанно 6:67, 68 қайд шудааст, чаро мо бояд «дониши аниқ ва фаҳмиши пурра»-и ҳақиқатро ба даст орем?

18 Ҳар яки мо бояд муҳаббат зоҳир кунем, зеро он хусусияти фарқкунандаи масеҳиёни ҳақиқӣ аст. Вале ба мо ҳамчунин лозим аст, ки «дониши аниқ ва фаҳмиши пурра»-и ҳақиқатро ба даст орем (Флп. 1:9). Агар чунин дониши мустаҳкам надошта бошем, мо «мисли мавҷҳои баҳр» мегардем, ки «ба ҳар тараф ронда» мешаванд. Он гоҳ ҳар гуна ақидаҳои одамӣ, аз он ҷумла таълими осиён, моро гумроҳ карда метавонад (Эфс. 4:14). Вақте ки бисёр шогирдони Исо дар асри як ба ӯ пайравӣ карданро бас карданд, Петруси расул бо боварии қавӣ гуфт, ки «суханони ҳаёти ҷовидонӣ» дар Исо аст. (Юҳанно 6:67, 68-ро хонед.) Ҳарчанд Петрус он вақт ҳама ҷузъиёти таълимоти Исоро намефаҳмид, ӯ содиқ монд, зеро пурра боварӣ дошт, ки Исо фиристодаи Худо аст. Шумо ҳам метавонед бовариатонро ба таълимоти Китоби Муқаддас қавӣ гардонед. Он гоҳ бо кадом озмоише рӯ ба рӯ нашавед, дар имон устувор хоҳед монд ва ба дигарон низ барои имони қавӣ доштан кӯмак карда метавонед (2 Юҳ. 1, 2).

СУРУДИ 10 «Худоям, маро бифирист!»

^ сарх. 5 Барои он ки имони мо қавӣ бошад, нағз донистани ҳақиқати Каломи Худо муҳим аст. Чӣ тавр боварии бештар ҳосил кунем, ки чизе, ки ба он эътиқод дорем, ҳақиқат аст? Мақолаи мазкур ба ин мавзӯъ бахшида шудааст.

^ сарх. 10 Барои бо дигарон дар асоси Китоби Муқаддас сӯҳбат кардан рубрикаи «Сӯҳбат дар асоси мавзӯъҳои Китоби Муқаддас», ки дар маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» аз соли 2010 то 2015 нашр мешуд, ёрдам медиҳад. Дар он чунин мавзӯъҳо чоп шуда буд: «Оё Исо Худо аст?», «Кай Подшоҳии Худо ҳукмрониро сар кард?» ва «Оё Худо одамонро дар дӯзах азоб медиҳад?» Он мақолаҳо ба забони русӣ дастрасанд.

^ сарх. 14 Ин пешгӯйиҳо дар «Бурҷи дидбонӣ» аз 15-уми июни с. 2012 ва майи с. 2020 муҳокима шудаанд.

^ сарх. 60 ШАРҲИ РАСМ: Волидон бо фарзандонашон дар ибодати оилавӣ пешгӯйиҳои Китоби Муқаддасро оиди мусибати бузург муҳокима мекунанд.

^ сарх. 62 ШАРҲИ РАСМ: Дар вақти мусибати бузург он оила аз чизе ки рӯй медиҳад, дар тааҷҷуб нестанд.