Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ТАРҶУМАИ ҲОЛ

Ман кореро кардам, ки карданам лозим буд

Ман кореро кардам, ки карданам лозим буд

БАРОДАР Доналд Ридли ҳуқуқшинос буд ва зиёда аз 30 сол ҳуқуқи Шоҳидони Яҳуваро дар судҳои гуногун ҳимоя кардааст. Ӯ бо бисёр духтурон ва судяҳо ҳамкорӣ карда ба онҳо мефаҳмонд, ки беморон ҳуқуқ доранд аз хунгузаронӣ даст кашанд. Дар давоми хизмати ӯ ташкилоти мо дар бисёр судҳои олии Иёлоти Муттаҳида ғолибият ба даст овардааст. Дӯстони бародар Доналд ба ӯ Дон гуфта муроҷиат мекарданд ва ӯро чун инсони боғайрат, фурӯтан ва фидокор мешинохтанд.

Соли 2019 бародар Дон ба як бемории шифонопазири системаи асаб гирифтор шуд. Он беморӣ тез авҷ гирифт ва ӯ 16-уми августи соли 2019 вафот кард. Биёед аз нақли ӯ дар борааш фаҳмем.

Ман соли 1954 дар шаҳри Сент-Поли иёлоти Миннесота (ИМА) таваллуд шудам. Мо миёнаҳол зиндагӣ мекардем ва волидонам дини католикиро пайравӣ менамуданд. Аз панҷ фарзанд ман дуюмин будам. Ман ба мактаби калисои католикӣ мерафтам ва дар вақти маросимҳои динӣ ба коҳини калисо ёрӣ медодам. Вале дар бораи Китоби Муқаддас дониши ман хеле кам буд. Ман боварӣ доштам, ки Худое ҳаст, ки ҳама чиро офаридааст, аммо ба калисо бовариамро гум карда будам.

ҲАҚИҚАТРО МЕФАҲМАМ

Вақте ман дар курси якуми колеҷи ҳуқуқшиносии Уилям Митчелл мехондам, Шоҳидони Яҳува ба хонаам омаданд. Он вақт ман бо либосшӯйӣ банд будам ва онҳо боадабона гуфтанд, ки дигар вақт боз меоянд. Ҳангоми бори дуюм омаданашон ман ба онҳо ду савол додам: Барои чӣ назар ба одамони нек одамони бад хубтар зиндагӣ мекунанд? Чӣ тавр хушбахтии ҳақиқиро ёфтан мумкин аст? Ман аз онҳо китоби «Ҳақиқате, ки сӯйи ҳаёти ҷовидона роҳнамоӣ мекунад» ва «Китоби Муқаддас — Тарҷумаи дунёи нав»-ро, ки муқовааш сабзи баланд буд, гирифтам. Инчунин ман ба омӯзиши Китоби Муқаддас розӣ шудам. Ин омӯзиш ҳақиқатан чашми маро ба бисёр чизҳо кушод. Ман фаҳмидам, ки Подшоҳии Худо ҳокимиятест, ки ҳамаи мушкилиҳои инсониятро ҳал мекунад ва аз ин беҳад хурсанд шудам. Дидан мумкин буд, ки ҳукмронии одамӣ оқибати хуб надорад, чунки ҷаҳон пур аз дарду азоб, беадолатӣ ва мусибат аст.

Аввали соли 1982 ман ҳаётамро ба Яҳува бахшидам ва баъдтар дар анҷумани «Ҳақиқат оиди Подшоҳӣ», ки дар қасри маданияти шаҳри Сент-Пол гузашт, таъмид гирифтам. Ҳафтаи дигар ман боз ба он ҷо барои имтиҳонсупорӣ омадам, то ки соҳиби дипломи ҳуқуқшиносӣ шавам. Аввалҳои моҳи октябр маълум шуд, ки ман аз имтиҳон гузаштам ва акнун чун ҳуқуқшинос кор карда метавонам.

Дар он анҷуман ман бо бародар Мик Ричардсон шинос шудам, ки дар Байт-Или Бруклин хизмат мекард. Вай ба ман гуфт, ки дар идораи марказӣ шӯъбаи юридикӣ таъсис дода шудааст. Баъди ин ман суханони ҳабашии мансабдорро аз Аъмол 8:36 ба хотир оварда ба худ гуфтам: «Барои дар он шӯъбаи юридикӣ хизмат карданам чӣ халал мерасонад?» Пас аз ин ман барои хизмат дар Байт-Ил варақа пур кардам.

Аз он ки ман Шоҳиди Яҳува шудам, волидонам хурсанд набуданд. Падарам аз ман пурсид: «Оё дар идораи Шоҳидони Яҳува кор кардан барои пешравии касбу корат ягон фоида меорад?» Ман фаҳмондам, ки дар он ҷо кори ихтиёриро ба ҷо меорам ва барои рӯпӯш кардани хароҷоти шахсиам чун ба дигар ходимони Байт-Ил ҳар моҳ 75 доллар ёрдампулӣ дода мешавад.

Азбаски ман дар як идораи суд кор мекардам, танҳо баъди тамом шудани мӯҳлати шартнома, соли 1984 дар Байт-Или Бруклин хизматро сар кардам. Маро ба шӯъбаи юридикӣ таъйин намуданд. Таҷрибае, ки ман пеш дар суд пайдо карда будам, дар ҳалли масъалаҳои минбаъда ба кор омад.

ТАЪМИРИ «ТЕАТРИ СТЭНЛИ»

Намуди театри Стэнли ҳангоми харида шуданаш

Соли 1983 ташкилоти мо дар шаҳри Ҷерси (иёлоти Ню-Ҷерси) бинои «Театри Стэнли»-ро харид. Бародарон ба маъмурияти шаҳр муроҷиат карданд, то барои таъмири системаи барқӣ ва қубургузар иҷозат гиранд. Онҳо бо ҳокимиятдорони маҳаллӣ вохӯрда фаҳмонданд, ки ин биноро чун толор барои анҷуманҳои Шоҳидони Яҳува истифода бурдан мехоҳанд. Душворӣ ба миён омад. Дар қонуни шаҳр оиди биноҳо гуфта мешуд, ки ибодатгоҳҳои динӣ бояд дар маҳалли аҳолинишин сохта шаванд. Бинои «Театри Стэнли» бошад, дар маҳалли корӣ ҷойгир буд, барои ҳамин ҳукуматдорон дархости бародаронро рад карданд. Бародарон аз нав ба ҳукуматдорони шаҳр муроҷиат намуданд, вале ин дафъа ҳам дархости онҳо рад карда шуд.

Ҳафтаи аввали хизматам дар Байт-Ил ташкилот оиди ин масъала ба суди федералӣ муроҷиат кард. Азбаски ман ду сол дар суди ноҳиявии шаҳри Сент-Пол фаъолият карда будам, бо чунин корҳо хуб шинос будам. Яке аз ҳимоягарони мо чунин далел овард, ки «Театри Стэнли» пеш барои бисёр чорабиниҳои ҷамъиятӣ, ба монанди намоиши филмҳо ва консертҳо истифода мешуд. Пас, чаро барои чорабинии динӣ истифода бурдани он ғайриқонунист? Суди федералӣ ин масъаларо дида баромада эътироф кард, ки ҳукумати шаҳри Ҷерси ҳуқуқи озодии динии моро вайрон кардааст. Суд маъмурияти шаҳрро ӯҳдадор кард, ки ба дархости Шоҳидон иҷозат диҳад. Аз ҳамон рӯз сар карда ман медидам, ки чӣ тавр Яҳува корҳои юридикии ташкилоташро баракат медиҳад. Ман бениҳоят хурсанд шудам, ки Яҳува дар ин кор маро низ истифода бурд.

Баъди дода шудани иҷозат бародарон ҳашари калон ташкил намуда бинои театрро пурра таъмир карданд. Як сол нагузашта 8 сентябри соли 1985 дар шаҳри Ҷерси дар он Толори анҷуман хатми синфи 79-уми Мактаби Ҷилъод гузаронда шуд. Барои ман шараф буд, ки дар пешрафти кори Яҳува чун аъзои шӯъбаи юридикӣ саҳм мегузорам. Ман назар ба корҳои пешинае, ки чун ҳуқуқшинос мекардам, аз хизмати Байт-Ил қаноатмандии зиёдтар ҳис менамудам. Он вақт ман намедонистам, ки Яҳува маро барои корҳои аз ин ҳам зиёд истифода мебарад.

ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ОНҲОЕ, КИ БЕ ХУНГУЗАРОНӢ МУОЛИҶА ГИРИФТАН МЕХОСТАНД

Солҳои 1980-ум бисёр духтурон ва кормандони беморхонаҳо хоҳиши Шоҳиди баркамолро оиди муолиҷаи бехун ба назар намегирифтанд. Хусусан ба занони ҳомиладор зиёдтар фишор оварда мешуд. Судяҳо бисёр вақт иброз мекарданд, ки чунин занон ҳуқуқ надоранд аз хунгузаронӣ даст кашанд. Онҳо мегуфтанд, ки агар ба модар хун гузаронда нашавад, ӯ метавонад вафот кунад ва фарзандаш бемодар монад.

29-уми декабри соли 1988 хоҳар Дениз Николо баъди таваллуди писараш хуни бисёр талаф дод. Гемоглобини ӯ ба 5 фаромад ва духтур ба ӯ гуфт, ки барои зинда монданаш бояд ба ӯ хун гузаронанд. Хоҳар Николо ба ин розӣ нашуд. Саҳарии рӯзи дигар беморхона ба судяе муроҷиат кард, ки барои ба ӯ хун гузарондан иҷозат диҳад. Судя ҳатто фикри хоҳар Николо ва шавҳарашро напурсида ба гузарондани хун иҷозат дод ва оиди ин қарораш онҳоро ҳатто хабардор накард.

30-юми декабр, рӯзи ҷумъа ҳарчанд шавҳари хоҳар Николо ва дигар аъзои оилааш дар назди бистари вай истода ба хунгузаронӣ муқобилат карда бошанд, кормандони беморхона ба ӯ хун гузаронданд. Шоми ҳамон рӯз якчанд аъзои оилаи хоҳар ва ду пири ҷамъомад барои ба хунгузаронӣ муқобилат нишон доданашон дастгир шуданд. Саҳарии рӯзи шанбе, 31-уми декабр ба воситаи рӯзномаҳо ва телевизиону радиои шаҳри Ню-Йорк ва атрофи он оиди ин воқеа хабар дода мешуд.

Бо Филип Брамли дар ҷавониамон

Саҳарии рӯзи душанбе ман бо як судяи суди зинаи болотар Милтон Молен дар ин бобат гап задам. Ман ба вай ҳамаи ҷонибҳои масъаларо фаҳмондам ва қайд кардам, ки судяи дигар бе шунидани ақидаи бемор иҷозат додааст, ки ба вай хун гузаронанд. Судя Молен гуфт, ки баъди нисфирӯзӣ ба наздаш оям, то ин масъала ва қонунҳои дахлдорро муфассал муҳокима кунем. Ман он бегоҳ бо нозири худ бародар Филип Брамли ба утоқи кории судя Молен рафтам. Судя ҳамчунин намояндаи беморхонаро даъват карда буд. Сӯҳбати мо торафт ба баҳс табдил меёфт. Ногоҳ бародар Брамли дар дафтарчааш чизе навишта ба ман нишон дод. Дар он ҷо гуфта шуда буд: «бо оромӣ гап зан». Он маслиҳати хуб буд, зеро ман диққатро ба исботи ноҳақ будани духтурон равона карда, нафаҳмида мондаам, ки дод зада гап мезанам.

Аз чап ба рост: Ричард Мок, Грегори Олдз, Пол Полидоро, Филип Брамли, ман ва Марио Морэно. Ҳамаи мо чун ҳимоягарони ташкилот дар Суди Олӣ дар парвандаи «Ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ ва дигарон муқобили деҳаи Страттон» иштирок карда будем. (Нигаред ба «Бедор шавед!» (рус.) аз 8-уми январи с. 2003)

Қариб як соат пас судя гуфт, ки пагоҳ дар суд аввал ин масъаларо дида мебароянд. Вақте мо аз он ҷо мебаромадем, судя ба мо гуфт, ки барои намояндаи беморхона пагоҳ рӯзи вазнин мешавад. Ин гапҳо маънои онро доштанд, ки барои ӯ ҳимоя кардани мавқеи худ душвор мегардад. Ҳамин тавр Яҳува маро боварӣ мебахшид, ки дар суд мо ғолиб меоем. Хеле ҳаяҷоновар буд, ки Яҳува дар иҷрои иродааш моро ба кор бурда истодааст.

Мо барои он мурофиаи судӣ то нисфи шаб тайёрӣ дидем. Бинои суд ба Байт-Или Бруклин хеле наздик буд, барои ҳамин аксари аъзоёни шӯъбаи юридикӣ ба он ҷо пиёда рафтанд. Чор судя далелҳои моро гӯш карда қарор бароварданд, ки фармони судя оиди хунгузаронӣ ғайриқонунӣ буд. Суди Олӣ ҳуқуқи хоҳар Николоро ҳимоя намуда қайд кард, ки бе гӯш кардани ақидаи бемор нисбати ӯ ягон фармон баровардан ҳуқуқҳои конститутсионии инсонро поймол мекунад.

Дар натиҷа Суди Олии Ню-Йорк тасдиқ кард, ки хоҳар Николо барои бе хунгузаронӣ муолиҷа гирифтан ҳуқуқ дорад. Ин яке аз чор кори судии бо хун алоқаманд буд, ки иштирок кардан дар онҳо бароям шараф буд. (Ба чорчӯбаи  «Ғалабаҳо дар Суди Олӣ» нигаред.) Ман ҳамчунин ба дигар ҳуқуқшиносони Байт-Ил, ки дар корҳои судии бо парастории кӯдак, ҷудошавӣ ва замину моликият алоқаманд иштирок мекарданд, ёрӣ медодам.

ҲАЁТИ ОИЛАВИИ МАН

Бо ҳамсарам Дениз

Вақте ман бо хоҳар Дениз бори аввал вохӯрдам, ӯ аз шавҳараш ҷудо шуда буд ва ду духтару як писарашро танҳо калон мекард. Вай ҳам оилаашро таъмин мекарду ҳам пешрав буд. Ман аз он қоил шудам, ки Дениз мушкилиҳои сахтро аз сар гузаронда бошад ҳам, бо иродаи қавӣ ба Яҳува хизмат мекард. Соли 1992 мо ба анҷумани «Нурро ба халқҳо мерасонем» ба шаҳри Ню-Йорк рафтем ва ман ба Дениз пешниҳод кардам, ки ҳамдигарро хубтар шиносем. Мо як сол пас оиладор шудем. Яҳува ба ман ҳамсаре дод, ки ҳамеша хости Худоро дар ҷойи аввал мемонд ва шӯхтабиату хушчақчақ буд. Ҳар рӯзи бо ӯ будан бароям мукофот буд (Мас. 31:12).

Вақте мо оиладор шудем фарзандон 11, 13 ва 16-сола буданд. Ман барои онҳо падари хуб будан мехостам, аз ин рӯ ҳамаи мавзӯъҳои оид ба падарандар буданро аз адабиётамон бодиққат омӯхта маслиҳатҳои онро ба кор мебурдам. Албатта, дар муддати ин солҳо душвориҳо низ буданд, лекин хурсандам, ки фарзандон ба ман чун ба дӯсти боваринок муносибат мекарданд ва маро чун падари ғамхор дӯст медоштанд. Дари хонаи мо барои дӯсту рафиқони онҳо ҳамеша боз буд ва мо аз омадани он ҷавонони чолоку боғайрат хеле хурсанд мешудем.

Соли 2013 ману Дениз ба иёлоти Висконсин кӯчидем, то ба волидони пиронсоламон ғамхорӣ намоем. Ман хурсанд шудам, ки хизматам дар Байт-Ил тамом нашуд, зеро ба ман пешниҳод карданд, ки чун ихтиёрии муваққатӣ дар корҳои юридикии ташкилотамон кӯмак карданро давом диҳам.

ТАҒЙИРОТИ НОГАҲОНӢ

Моҳи сентябри соли 2018 ман аҳамият додам, ки дар гулӯям балғам бисёр ҷамъ мешавад. Духтури маҳаллӣ маро муоина карда ба ман ташхис монда натавонист. Баъдтар духтури дигаре маслиҳат дод, ки бояд аз муоинаи асабшинос гузарам. Январи соли 2019 духтури асабшинос маро ҳаматарафа ташхис карда як намуди бемории камдучоршавандаи системаи асабро муайян кард (Прогрессирующий супрануклеарный парез взора).

Пас аз се рӯз мо ба конкитозӣ рафтем, ки дар он ҷо ман афтида банди дастамро шикастам. Ман тамоми ҳаёт конкитозӣ мекардам ва дар он моҳир будам, барои ҳамин афтидан бароям хос набуд. Ман пай бурдам, ки ҳаракати мушакҳоямро идора карда натавониста истодаам. Ҳайратовар буд, ки бемориам зуд авҷ мегирифт. Аз таъсири иллати асаб рӯз аз рӯз гапзанӣ, ҳаракат кардан ва фурӯ бурдан бароям душвор мешуд.

Ман хеле хушбахтам, ки дар ташкилоти Яҳува чун ҳуқуқшинос хизмат карда барои пешравии кори Подшоҳӣ каме бошад ҳам, саҳм гузоштам. Ман имконият доштам дар бисёр маҷаллаҳои соҳаи ҳуқуқшиносӣ мақолаҳо нависам ва дар бисёр давлатҳои ҷаҳон дар семинарҳои тиббӣ-судӣ баромад карда ҳуқуқи Шоҳидони Яҳуваро оиди муолиҷа ва ҷарроҳии бехун ҳимоя кунам. Ба ҳар ҳол ман суханони Луқо 17:10-ро ба худ нисбат дода мегӯям: «Ман ғуломи ночиз ҳастам ва кореро кардам, ки карданам лозим буд».