Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Саволҳои хонандагон

Саволҳои хонандагон

Исо кай Саркоҳин гашт ва аҳди нав кай ба амалкунӣ сар кард?

Далелҳо нишон медиҳанд, ки соли 29-уми милодӣ Исо баъди таъмид гирифтанаш Саркоҳин шуд. Инро чӣ исбот мекунад? Бо таъмиди худ Исо худро ба иҷрои «хости» Худо пешкаш кард, яъне ӯ тайёр буд ҳаёташро чун фидия қурбон кунад (Ғал. 1:4; Ибр. 10:5–10). Ҳаёташро фидо карда Исо гӯё худро дар қурбонгоҳи рамзие қурбон кард. Он қурбонгоҳ «хости» Худоро тасвир мекунад. Азбаски он қурбонгоҳи рамзӣ аз вақти таъмиди Исо инҷониб вуҷуд дорад, хулоса баровардан мумкин аст, ки маъбади бузурги рӯҳонӣ низ ҳамон вақт ба вуҷуд омад. Маъбади бузурги рӯҳонӣ сохторест, ки тавассути он мо метавонем дар асоси имон ба қурбонии фидияи Исо Яҳуваро ба таври ба Ӯ мақбул ибодат кунем. Чуноне ки дар маъбад қурбонгоҳ нақши муҳим мебозид, дар маъбади бузурги рӯҳонӣ низ хости Яҳува нақши асосӣ мебозад (Мат. 3:16, 17; Ибр. 5:4–6).

Дар маъбади бузурги рӯҳонӣ саркоҳине лозим буд. Яҳува Исоро «бо рӯҳи муқаддас тадҳин кард ва ба ӯ қудрат дод», то ин вазифаро иҷро кунад (Аъм. 10:37, 38; Марқ. 1:9–11). Вале чаро гуфтан мумкин аст, ки Исо пеш аз марг ва эҳёшавиаш Саркоҳин таъйин шуд? Барои ба ин савол ҷавоб ёфтан мисоли Ҳорун ва ворисони ӯ, ки зери Шариати Мӯсо хизмат мекарданд, кӯмак мекунад.

Дар Исроили қадим ҳам хаймаи муқаддас ва ҳам маъбад, ки баъдтар сохта шуд, аз ду қисм иборат буданд: Ҷойи муқаддас ва Ҷойи муқаддастарин. Онҳоро аз ҳамдигар пардае ҷудо мекард. Мувофиқи Қонуни Мӯсо ба Ҷойи муқаддастарин фақат саркоҳин танҳо дар рӯзи кафорат даромада метавонист (Ибр. 9:1–3, 6, 7). Чуноне ки Ҳорун ва ворисонаш пеш аз ба «паси парда» гузаштанашон саркоҳин тадҳин мешуданд, Исо низ бешубҳа пеш аз мурданаш чун Саркоҳини маъбади бузурги Яҳува тадҳин шуд ва баъд «паси парда» гузашт. Ин «парда ҷисми ӯ» буд, ки паси он гузашта ӯ ба ҳаёти осмонӣ расид (Ибр. 10:20). Барои ҳамин Павлуси расул гуфт, ки Исо саркоҳинест, ки «аз хаймаи бузургтар ва комилтаре гузашт, ки бо дасти одам сохта нашудааст» — ӯ «ба худи осмон дохил шуд» (Ибр. 9:11, 24).

Кай аҳди нав қувваи қонунӣ пайдо кард? Вақте Исо ба осмон рафт ва пеши Яҳува ҳозир шуда ҳаёти комилашро чун фидия барои наҷоти инсоният пешкаш намуд, аз ҳамон вақт иборатан аҳди нав ба амалкунӣ сар кард. Он кадом қадамҳоро дар бар мегирифт?

Якум, Исо пеши Яҳува ҳозир шуд; дуюм, ӯ арзиши қурбонии худро ба Яҳува пешкаш намуд; ва сеюм, Яҳува арзиши хуни рехтаи Исоро қабул кард. То гузошта шудани ин қадамҳо аҳди нав ҳоло ба амал сар накарда буд.

Китоби Муқаддас аниқ намегӯяд, ки кай Яҳува арзиши қурбонии Исоро қабул кард. Аз ин рӯ мо ягон вақти аниқро гуфта наметавонем, ки кай аҳди нав қувваи қонунӣ пайдо кард ва ба амал шурӯъ намуд. Ба ҳар ҳол, мо медонем, ки Исо даҳ рӯз пеш аз Иди ҳафтаҳо (Иди рӯзи 50-ум) ба осмон рафт (Аъм. 1:3). Дар давоми он муддати кӯтоҳ ӯ арзиши қурбониашро ба Яҳува пешкаш намуд ва Ӯ онро қабул кард (Ибр. 9:12). Воқеаҳое, ки дар Иди ҳафтаҳо рӯй доданд, далели ба чашм аёни он буд, ки аҳди нав ба амал сар кардааст (Аъм. 2:1–4, 32, 33). Он воқеаҳо сад фоиз боварӣ мебахшиданд, ки аҳди нав қувваи қонунӣ пайдо намуд ва амал мекунад.

Хулоса, аҳди нав баъди он ба амал даромад, ки Яҳува арзиши хуни рехтаи Исоро қабул кард ва тадҳиншудагонро ба он аҳд ҳамроҳ намуд. Миёнарави он аҳд Саркоҳин Исо мебошад (Ибр. 7:25; 8:1–3, 6; 9:13–15).