Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

«Бигзор нури шумо дар пеши мардум дурахшад»

«Бигзор нури шумо дар пеши мардум дурахшад»

«Бигзор нури шумо дар пеши мардум дурахшад, то онҳо... Падари шуморо, ки дар осмон аст, ҷалол диҳанд» (МАТ. 5:16).

СУРУДҲО: 143, 104

1. Мо барои хурсанд шудан чӣ гуна сабаб дорем?

ХУРСАНДИОВАР аст, ки имрӯзҳо шумораи Шоҳидони Яҳува афзуда истодааст. Масалан, соли гузашта мо зиёда аз 10 000 000 омӯзиши Китоби Муқаддас гузарондем. Ғайр аз ин, миллионҳо шавқмандон ба Шоми ёдбуд ташриф оварда дар бораи Яҳува ва муҳаббати Ӯ, ки ба воситаи фидя ба мо зоҳир гашт, дониш гирифтанд. Ин нишонаи он аст, ки, дар ҳақиқат, нури халқи Худо дар ҷаҳон дурахшида истодааст (1 Юҳ. 4:9).

2, 3. а) Барои «чун нур дар ҷаҳон» дурахшиданамон чӣ монеъ шуда наметавонад? б) Мо дар ин мақола чиро дида мебароем?

2 Ҳарчанд халқи Худо ба забонҳои гуногун гап мезанад ин ба онҳо барои Яҳуваро дар ягонагӣ ҳамд гуфтан халал намерасонад (Ваҳй 7:9). Бале, новобаста аз забон ё ҷойи зистамон ҳамаи мо метавонем «чун нур дар ҷаҳон» дурахшем (Флп. 2:15).

3 Хизмат, ягонагӣ ва ҳушёру бедор буданамон Яҳуваро ҷалол медиҳад. Мо дар ин мақола дида мебароем, ки чӣ тавр ин се чиз ба мо ёрдам мекунад, ки нурамон дар пеши мардум дурахшад. (Матто 5:14–16-ро хонед.)

ҲАМАРО ДАЪВАТ МЕКУНЕМ

4, 5. а) Ғайр аз мавъиза кардан боз чӣ кор кунем, ки нури мо дар пеши мардум дурахшад? б) Рафтори хуби мо чӣ гуна натиҷа меорад? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

4 Дар «Бурҷи дидбонӣ» аз 1 июни соли 1925, дар мақолаи «Нур дар торикӣ» гуфта шуда буд, ки агар нури шахс дар ҷаҳон надурахшад, ӯ дар рӯзҳои охир ба Ҳазрат содиқ монда наметавонад. Инчунин дар он мақола фаҳмонда шуда буд, ки шахс «бояд хушхабарро ба одамон мавъиза карда мувофиқи меъёрҳои одилонаи Яҳува зиндагӣ кунад». Равшан аст, ки вақте мо хушхабарро мавъиза мекунем ва шогирд месозем нурамон дар ҷаҳон медурахшад (Мат. 28:19, 20). Ғайр аз ин, мо бо рафторамон низ Яҳуваро ҷалол дода метавонем, зеро соҳибони хона ва роҳгузарон маҳз ба ҳамин чиз аҳамият медиҳанд. Табассуми дӯстона ва саломи гарму ҷӯшони мо нишон медиҳанд, ки мо кистем ва кадом Худоро ибодат мекунем.

5 Исо ба шогирдонаш гуфт: «Вақте ки ба хонае медароед, ба аҳли хонавода салом диҳед» (Мат. 10:12). Дар ҷойҳое, ки Исо ва расулонаш мавъиза мекарданд, одамони бегонаро ба хона даъват намудан як чизи муқаррарӣ буд. Аммо имрӯз дар бисёр ҷойҳо ин хел одат хос нест. Аз ин рӯ барои он ки соҳиби хона моро дар назди дараш дида хавотир нашавад ва ором гардад, ба мо лозим аст, ки бо ӯ муносибати дӯстона ва меҳрубонона дошта бошем. Хуб мешуд, ки дар аввал табассуми ширин кунем. Ин маслиҳатро ҳангоми мавъиза бо аробачаи адабиётдор низ истифода бурдан мумкин аст. Агар шумо дар ин намуди хизмат иштирок карда бошед, шояд пай бурдед, ки табассум ва салому алейки самимӣ одамонро ба худ ҷалб мекунад ва онҳоро бармеангезад, ки озодона ба мо наздик шуда, яке аз адабиётамонро гиранд. Ин гуна рафтори хубамонро дида одамон метавонанд хоҳиш пайдо кунанд, ки бо мо ҳамсӯҳбат шаванд.

6. Чӣ тавр як ҷуфти пиронсол дар хизмат фаъол буданашонро нишон доданд?

6 Як ҷуфти пиронсол, ки дар Англия зиндагӣ мекунанд, аз сабаби бад шудани саломатиашон дигар мисли пештара аз хона ба хона мавъиза карда наметавонанд. Азбаски хонаи онҳо дар наздикии мактаб аст, онҳо қарор карданд, ки дар назди хонаашон мизеро бо адабиётҳоямон гузошта ба волидоне, ки барои аз мактаб гирифтани фарзандонашон меоянд, мавъиза кунанд. Дар натиҷа, бисёри волидон якчанд нусхаи китоби «Саволҳои ҷавонон. Маслиҳатҳои амалӣ» (рус.), ҷилди 1, 2 ва брошураҳоямонро бо худ гирифтанд. Аз ҷамъомадашон як хоҳари пешрав дар ин намуди хизмат ба онҳо ҳамроҳ шуд. Муносибати дӯстонаи хоҳар ва хоҳиши самимии ба дигарон кӯмак намудани ин ҷуфт аз назари волидон пӯшида намонд. Баъдтар, ҳатто як волид омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кард.

7. Чӣ тавр шумо ба гурезагоне, ки ба давлати шумо меоянд, ёрдам карда метавонед?

7 Солҳои охир шумораи гурезаҳо дар давлатҳои бисёр торафт зиёд шуда истодааст. Чӣ тавр шумо ба гурезагон ёрдам карда метавонед, ки бо Яҳува шинос шаванд? Дар аввал ба забони онҳо салому алейк карданро ёд гиред ва аз барномаи JW Language якчанд ҷумларо аз худ намоед. Ҳамин тавр шумо шавқи онҳоро ба ҳақиқат бедор месозед. Инчунин шумо метавонед диққати гурезагонро ба сайти jw.org равона кунед ва аз он видеову адабиётҳоямонро, ки ба забонашон дастрас аст, нишон диҳед (Такр. Ш. 10:19).

8, 9. а) Чӣ тавр вохӯрии «Ҳаёт ва хизмат» ба шумо дар хизмат ёрӣ расонда метавонад? б) Чӣ тавр волидон ба кӯдаконашон кӯмак карда метавонанд, ки дар вохӯриҳо ҷавоб диҳанд?

8 Яҳува аз рӯйи муҳаббат ба мо вохӯрии «Ҳаёт ва хизмат»-ро додааст, то мо дар хизмат бештар самар орем. Маслиҳату дастуроте, ки мо дар ин вохӯрӣ мегирем, ба мо кӯмак мекунад, ки дилпурона боздид кунем ва омӯзиш гузаронем.

9 Бисёри онҳое, ки нав ба ҷамъомадамон меоянд, дар вохӯриҳо ҷавоб додани кӯдаконро дида, ҳайрон мешаванд. Волидони азиз, ба фарзандонатон кӯмак намоед, ки бо гапҳои худ ҷавоб диҳанд ва бо онҳо шарҳашонро машқ кунед. Фаромӯш накунед, ки ҷавобҳои одӣ ва самимонаи кӯдакон баъзе шавқмандонро ба ҳақиқат ҷалб кардааст (1 Қӯр. 14:25).

БА ЯГОНАГӢ МУСОИДАТ МЕКУНЕМ

10. Барои нигоҳ доштани ягонагӣ дар оила чӣ кор карда метавонем?

10 Боз як роҳи дигаре, ки нурамон дар ҷаҳон дурахшида метавонад ин дар оила ва ҷамъомад нигоҳ доштани ягонагӣ мебошад. Волидон барои ягонагии оилаашон метавонанд, ки мунтазам ибодати оилавӣ гузаронанд. Масалан, бисёри оилаҳо барномаи JW Broadcasting-ро тамошо карда, баъд муҳокима мекунанд, ки чӣ тавр чизҳои фаҳмидаашонро дар ҳаёт истифода баранд. Ниёзҳои кӯдакон аз ниёзҳои наврасон фарқ мекунанд. Инро ба назар гирифта кӯшиш кунед, ки маводеро, ки дар ибодати оилавӣ истифода мебаред ба ҳар як аъзои оилаатон фоида орад (Заб. 148:12, 13).

Бо бародару хоҳарони пиронсол сӯҳбат карда рӯҳбаландӣ гиред (Ба сархати 11 нигаред.)

11–13. Чӣ тавр мо ба ягонагӣ мусоидат карда метавонем?

11 Ҷавонон, шумо низ метавонед, дигаронро рӯҳбаланд намуда ба ягонагии ҷамъомад мусоидат кунед. Масалан, шумо метавонед бо бародару хоҳарони пиронсол дӯстӣ кунед ва аз онҳо пурсед, ки чӣ ба онҳо ёрдам мекунад, ки ба Яҳува хизмат карданро давом диҳанд. Ин ҳам ба шумо ва ҳам ба онҳо рӯҳбаландӣ мебахшад. Инчунин ҳамаи мо метавонем мақсад монем, то шахсонеро, ки нав ба вохӯриҳоямон ташриф меоранд, пешвоз гирем. Биёед саъю кӯшиш намоем, ки бо табассум ба онҳо салом гуфта, барои ёфтани ҷой кӯмак расонем ва бо дигарон шинос кунем, то худро бегона ҳис накунанд.

12 Агар шуморо барои гузарондани вохӯрии мавъиза таъйин карда бошанд, кӯшиш намоед, ки ба пиронсолон ёрдам кунед, то онҳо дар хизмат иштирок кунанд. Масалан, шумо метавонед ба онҳо минтақаеро диҳед, ки барои мавъиза кардан қулай аст. Инчунин шахсони солхӯрдаро, ки саломатиашон на он қадар хуб аст, ба назар гирифта ба онҳо ягон ҷавонро вобаста карда метавонед, то хоҳар ё бародари пиронсолро дар хизмат дастгирӣ кунанд. Ғамхорӣ ва фаҳмиши шумо ба пиру ҷавон ва шахсони ботаҷрибаву камтаҷриба ёрдам мекунанд, ки бо ғайрат мавъиза карданро давом диҳанд (Ибд. 19:32).

13 Забурнавис сароида буд: «Чӣ хуш аст ва чӣ дилпазир, ки бародарон дар як ҷой ҳамнишин бошанд». (Забур 132:1, 2-ро хонед.) Исроилиён хурсанд буданд, ки бо ҳамимононашон якҷоя Яҳуваро ибодат мекунанд. Ин барои онҳо мисли равғани тадҳин фораму тароватбахш буд. Мо низ кӯшиш мекунем, ки ба бародару хоҳарон таъсири хуб расонда ба ягонагӣ мусоидат намоем. Оё шумо бо бародару хоҳарони ҷамъомадатон аз наздик шинос шуда «дари дили худро» сӯйи онҳо боз мекунед? (2 Қӯр. 6:11–13).

14. Барои он ки нури шумо дар пеши ҳамсояҳоятон дурахшад, чӣ кор карда метавонед?

14 Нури шумо дар куҷое, ки набошед, дар пеши мардум дурахшида метавонад. Масалан, суханон ва рафтори меҳрубононаи шумо, эҳтимол, ҳамсояатонро ба ҳақиқат ҷалб созад. Аз худ пурсед: «Ҳамсояҳоям дар бораи ман чӣ фикр доранд? Оё ман хона ва гирду атрофи онро тозаву озода нигоҳ медорам, то бо ҳамсоягон муносибати хуб дошта бошам? Оё якум шуда ба дигарон дасти ёрӣ мерасонам?» Вақте бо ҳамимонон ҳамсӯҳбат мешавед, аз онҳо пурсед, ки чӣ тавр меҳрубонӣ ва рафтори хуби онҳо ба хешу табор, ҳамсоягон, ҳамкорон ё ҳамсинфонашон таъсир мерасонад (Эфс. 5:9).

БЕДОР БОШЕД

15. Чаро бедор будан хеле муҳим аст?

15 Агар хоҳем, ки нурамон дар пеши мардум дурахшад, бояд фаромӯш накунем, ки дар кадом замон зиндагӣ карда истодаем. Исо гаштаю баргашта ба шогирдонаш гуфта буд: «Бедор бошед» (Мат. 24:42; 25:13; 26:41). Вақте мо фикр мекунем, ки «мусибати бузург» ба наздикӣ намеояд, то чи дараҷа муҳим будани кори мавъизаро дарк намекунем (Мат. 24:21). Ва ба ҷойи он ки нурамон дар пеши мардум дурахшад, он милт-милт карда, оқибат хомӯш шуда метавонад.

16, 17. Чӣ кор кунем, ки ҳушёру бедор монем?

16 Хусусан дар ин замонҳои охир ҳушёру бедор монданамон хеле муҳим аст. Зеро ин ҷаҳон торафт бад шуда истодааст. Фаромӯш накунед, ки Яҳува ҳатман дар вақте, ки муайян кардааст, амал мекунад (Мат. 24:42–44). Барои ҳамин зарур аст, ки пурсабриро инкишоф диҳем ва аз ҳарвақта дида ҳушёртар бошем. Биёед ҳар рӯз Китоби Муқаддасро хонем ва ҳама вақт дуо гӯем (1 Пет. 4:7). Инчунин аз бародару хоҳароне, ки солҳои сол ба Яҳува хурсандона хизмат мекунанд, ибрат гирем. Масалан, шумо аз «Бурҷи дидбонӣ» 15 апрели соли 2012, саҳ. 18–21 зери мақолаи «Ҳафтод сол боз домани марди яҳудиро сахт медорам» (рус.), дар бораи саргузашти яке аз бародаронамон хонда метавонед.

17 Ҳаётатонро аз кор, ханда ва муоширати рӯҳбаландкунанда пур кунед. Он гоҳ чӣ тавр гузаштани вақтро нафаҳмида мемонед (Эфс. 5:16). Як аср пеш бародарон корҳои бисёреро анҷом дода буданд. Имрӯз бошад, мо бо ёрдами Яҳува корҳои аз он ҳам бештарро ба анҷом расонда истодаем. Мо ҳатто тасаввур намекардем, ки то чи андоза кори Яҳува пеш меравад. Бале, нури мо дар пеши мардум торафт бештар дурахшида истодааст.

Хабаргирии пирон ба мо имконият медиҳад, ки аз Каломи Худо маслиҳатҳои хирадмандона гирем (Ба сархатҳои 18 ва 19 нигаред.)

18, 19. Чӣ тавр пирон ба мо кӯмак карда метавонанд, ки дар хизмати Яҳува боғайрату фаъол бошем? Мисол оред.

18 Ба нокомилиамон нигоҳ накарда Яҳува ба мо иҷозат медиҳад, ки ба Ӯ хизмат кунем. Донистани ин имони моро қавӣ мегардонад. Мо аз Яҳува хеле миннатдорем, ки ба мо пирони ҷамъомадро чун ато додааст. (Эфсӯсиён 4:8, 11, 12-ро хонед.) Аз ин рӯ биёед, вақте бо пирон ҳамсӯҳбат мешавем, аз хирад ва маслиҳати онҳо фоида гирем.

19 Масалан, дар Англия як ҷуфти масеҳӣ, ки дар оилаашон душворӣ доштанд, аз ду пири ҷамъомад хоҳиш карданд, ки ба онҳо ёрӣ расонанд. Зан фикр мекард, ки шавҳараш нағз роҳбарӣ карда наметавонад. Шавҳараш бошад, тан мегирад, ки муаллими хуб нест ва барои мунтазам гузарондани ибодати оилавӣ нақшаи дуруст кашида наметавонад. Пирон диққати онҳоро ба намунаи Исо равона карда, гуфтанд, ки ӯ ба шогирдонаш ғамхорӣ намуда ниёзҳояшонро ба назар мегирифт. Ин ду пир шавҳарашро барангехтанд, ки ба Исо пайравӣ кунад. Ба занаш бошад, гуфтанд, ки мисли Исо пурсабр бошад. Инчунин пирон ба ҳамсарон якчанд маслиҳат доданд, ки чӣ тавр онҳо якҷоя ҳамкорӣ карда бо ду фарзандашон ибодати оилавӣ гузаронда метавонанд (Эфс. 5:21–29). Баъд аз ин онҳо сардори оиларо барои саъю кӯшишаш таъриф карданд. Пирон ӯро рӯҳбаланд намуда гуфтанд, ки ноумед нашавад ва боварӣ дошта бошад, ки рӯҳи муқаддаси Яҳува ба вай кӯмак мекунад, то сардори хуб шавад. Муҳаббат ва ғамхории пирон ба ин оила ёрдам кард, ки нурашон хомӯш нагардад.

20. Агар нурамон дар пеши мардум дурахшад, чӣ мешавад?

20 Забурнавис мегӯяд: «Хушо ҳар тарсгори Худованд, ки бо роҳҳои Ӯ меравад!» (Заб. 127:1). Агар нурамон дар пеши мардум дурахшад, мо, дар ҳақиқат, хушбахт хоҳем буд. Барои ҳамин биёед ба дигарон мавъиза кунем, ба ягонагӣ мусоидат кунем ва ҳушёру бедор монем. Он гоҳ одамон корҳои неки моро дида Худоро ҳамду сано хоҳанд гуфт (Мат. 5:16).