Бигзор қонуну принсипҳои Худо виҷдонатонро таълим диҳанд
«Шариати Туро чӣ сон дӯст медорам! Тамоми рӯз фикру хаёлам дар бораи он аст» (ЗАБ. 118:97).
1. Одамон аз ҳайвонҳо бо чӣ фарқ мекунанд?
ОДАМИЗОД аз аввали пайдоишаш бо виҷдон офарида шудааст ва бо ин аз ҳайвонҳо фарқ мекунад. Баъд аз он ки Одаму Ҳавво қонуни Яҳуваро вайрон карданд, аз шарм пинҳон шуданд. Аз ин маълум мешавад, ки Одаму Ҳавво виҷдон доштанд ва виҷдонашон онҳоро азоб дод.
2. Чаро виҷдонамонро бо қутбнамо монанд кардан мумкин аст? (Ба расми аввали мақола нигаред.)
2 Онҳоеро, ки виҷдонашон дуруст таълим наёфтааст, ба киштие монанд кардан мумкин аст, ки бо қутбнамои (компасси) вайроншуда ба сафар мебарояд. Бо ин гуна қутбнамо сафар кардан хатарнок аст. Шамол ва ҷараёни уқёнус метавонад киштиро ба самти нодуруст равона кунад. Қутбнамое, ки дуруст кор мекунад ба капитани киштӣ кӯмак мерасонад, ки роҳгум назанад. Виҷдони моро ба қутбнамо монанд кардан мумкин аст. Виҷдон овози даруниест, ки ба мо дурусту нодуруст будани чизеро мегӯяд ва ба роҳи дуруст равона мекунад. Лекин, барои
он ки виҷдонамон моро ба роҳи дуруст равона кунад, мо бояд онро таълим диҳем.3. Агар виҷдон дуруст таълим наёбад, чӣ мешавад?
3 Агар виҷдон дуруст таълим наёбад, шахсро аз корҳои бад бознамедорад (1 Тим. 4:1, 2). Ин гуна виҷдон ҳатто метавонад «бадиро некӣ» номад (Иш. 5:20). Исо ба шогирдонаш гуфт: «Замоне фаро мерасад, ки ҳар кӣ шуморо мекушад, гумон мекунад, ки ба Худо хизмат карда истодааст» (Юҳ. 16:2). Масалан, онҳое, ки Истефанусро ба қатл расонданд ин гуна ақида доштанд (Аъм. 6:8, 12; 7:54–60). Инчунин таърих нишон медиҳад, ки диндорон ҷиноятҳои вазнин содир карда бо боварӣ мегуфтанд, ки инро барои Худо мекунанд. Лекин дар асл онҳо қонунҳои Худоеро, ки ибодат менамуданд, вайрон мекарданд (Хур. 20:13). Аён аст, ки виҷдонашон онҳоро фиреб медиҳад.
4. Чӣ кор кунем, ки виҷдонамон моро фиреб надиҳад?
4 Чӣ кор кунем, ки виҷдонамон моро фиреб надиҳад? Қонуну принсипҳои Каломи Худо «барои таълим, нишон додани айбу хато, ислоҳ ва барои тарбия кардан дар роҳи рост фоиданоканд» (2 Тим. 3:16). Барои ҳамин, вақте мо Китоби Муқаддасро чуқур омӯхта мулоҳиза меронем ва дар ҳаётамон чизҳои фаҳмидаамонро ба кор мебарем, виҷдонамонро таълим медиҳем. Агар виҷдонамонро дуруст таълим диҳем, тарзи фикрронии Яҳуваро беҳтар мефаҳмем. Он гоҳ виҷдонамон моро дуруст роҳнамоӣ мекунад. Биёед дида бароем, ки чӣ тавр қонуну принсипҳои Яҳува виҷдони моро таълим дода метавонанд.
ГУЗОРЕД, КИ ҚОНУНҲОИ ХУДО ШУМОРО ТАЪЛИМ ДИҲАНД
5, 6. Риоя кардани қонунҳои Яҳува чӣ фоида меорад?
5 Танҳо донистани қонунҳои Яҳува бас нест. Агар хоҳем, ки қонунҳои Худо ба мо фоида оранд, бояд онҳоро дӯст дорем ва қадр кунем. Дар Каломи Худо гуфта шудааст: «Аз бадӣ нафрат кунед ва некиро дӯст доред» (Омӯс 5:15). Барои ин мо бояд ба ҳама чиз бо чашми Яҳува нигоҳ карданро ёд гирем. Масалан, тасаввур кунед, ки шумо аз бехобӣ азоб мекашед. Духтур ба шумо маслиҳат медиҳад, ки парҳез намоед, машқ кунед ва реҷаи хобатонро дигар карда дар ҳаётатон тағйирот дароред. Вақте аз рӯйи маслиҳатҳои духтур амал карда фоидаашро мебинед, шумо, бешубҳа, аз духтур миннатдор мешавед. Чунки ӯ ба шумо кӯмак кард, ки ҳаётатон беҳтар гардад.
6 Ба ин монанд, Офаридгорамон ба мо қонунҳоеро додааст, ки моро аз оқибати гуноҳ муҳофизат мекунанд ва ҳаёти моро беҳтар мегардонанд. Масалан, риоя намудани қонунҳои Худо оиди дурӯғгӯйӣ, фиреб, дуздӣ, бадахлоқии ҷинсӣ, зӯроварӣ ва сеҳру ҷоду ба худи мо фоида меорад (Масалҳо 6:16–19-ро хонед; Ваҳй 21:8). Вақте аз рӯйи гуфтаҳои Яҳува амал карда фоидаашро мебинем, муҳаббатамон нисбати Яҳува ва қонунҳояш зиёдтар мегардад.
7. Чӣ тавр омӯхтани Китоби Муқаддас ба мо ёрдам карда метавонад?
7 Хушбахтона, барои фаҳмидани дуруст ё нодуруст будани чизе ба мо лозим нест, ки қонунҳои Худоро вайрон карда азоби виҷдон кашем. Мо аз хатогиҳои онҳое, ки Китоби Муқаддас дар бораашон нақл мекунад, дарс гирифта метавонем. Дар Масалҳо 1:5 гуфта шудааст: «Хирадманд бишнавад, ва донишаш биафзояд». Дониши мо ҳамон вақт зиёд мегардад, ки Китоби Муқаддасро хонда мулоҳиза ронем. Зеро таълими беҳтаринро танҳо Яҳува дода метавонад. Масалан, дар бораи он фикр кунед, ки вақте шоҳ Довуд аҳкоми Яҳуваро вайрон намуда бо Батшобаъ зино кард, чӣ қадар азоб кашид (2 Подш. 12:7–14). Вақте ин порчаи Китоби Муқаддасро мехонем ба худ савол дода метавонем: «Шоҳ Довуд барои азоб накашидан чӣ кор карда метавонист? Агар ман бо ин гуна васваса рӯ ба рӯ шавам чӣ кор мекунам? Оё мисли Юсуф аз васваса мегурезам ё мисли Довуд ба бадахлоқӣ даст мезанам?» (Ҳас. 39:11–15). Дар бораи оқибати гуноҳ мулоҳиза рондан кӯмак мекунад, ки аз бадӣ нафрат карданро ёд гирем.
8, 9. а) Чӣ тавр виҷдонамон ба мо кӯмак мерасонад? б) Чӣ тавр принсипҳои Яҳува ба виҷдонамон таъсир мерасонанд?
8 Дар баъзе ҳолатҳо Яҳува ба мо қонуни аниқ додааст, ки чӣ кор бояд кунем. Лекин, агар дар Китоби Муқаддас оиди ин ё он вазъият ягон дастуроти аниқ дода нашуда бошад, чӣ кор кунем? Чӣ тавр фаҳмем, ки ба Яҳува чӣ маъқул аст? Дар ин ҳолат виҷдони таълимёфтаамон ба мо ёрдам мекунад, ки қарори дуруст барорем.
9 Яҳува аз рӯйи муҳаббат ба мо принсипҳояшро додааст, ки виҷдонамонро роҳнамоӣ кунанд. Ӯ Худаш мегӯяд: «Ман Худованд Худои ту ҳастам ва туро таълим медиҳам, ки ба худат фоида бирасонӣ, ва туро ба роҳе ҳидоят менамоям, ки бояд ба он биравӣ» (Иш. 48:17, 18). Вақте оиди принсипҳои Китоби Муқаддас чуқур мулоҳиза меронем ва роҳ медиҳем, ки чизҳои фаҳмидаамон ба дили мо таъсир расонанд, виҷдонамон дуруст таълим мегирад. Дар натиҷа, мо қарорҳои бохирадона қабул карданро ёд мегирем.
ГУЗОРЕД, КИ ПРИНСИПҲОИ ХУДО ШУМОРО РОҲНАМОӢ КУНАНД
10. Принсип чист ва чӣ тавр Исо принсипҳоро ба кор мебурд?
10 Принсип пойдевори ҳақиқат аст. Он фикрронии моро роҳнамоӣ карда ёрӣ мерасонад, ки қарорҳои дуруст барорем. Барои фаҳмидани принсип бояд тарзи фикрронии Қонунгузорро фаҳмем. Инчунин мо бояд фаҳмем, ки чаро Ӯ ин ё он қонунро додааст. Вақте Исо дар замин буд, ӯ ба шогирдонаш принсипҳои асосиро таълим дод. Ӯ мехост, ки онҳо дарк кунанд, ки фикррониву рафторашон метавонад оқибати хуб ё бад дошта бошад. Масалан, ӯ таълим медод, ки хашм ба зӯроварӣ, фикрҳои бадахлоқона бошад, ба зино оварда мерасонад (Мат. 5:21, 22, 27, 28). Барои дуруст таълим ёфтани виҷдонамон, бояд гузорем, ки принсипҳои Худо моро роҳнамоӣ кунанд. Он гоҳ қарорҳои бохирадонаи мо Яҳуваро ҷалол медиҳанд. (1 Қӯр. 10:31).
11. Чӣ тавр виҷдони масеҳиён аз якдигар фарқ мекунад?
11 Ду масеҳие, ки виҷдонашон аз рӯйи Китоби Муқаддас таълим ёфтааст, оиди як масъала қарорҳои гуногун бароварда метавонанд. Масалан, дар масъалаи нӯшокиҳои спиртӣ. Китоби Муқаддас истеъмоли бамеъёри нӯшокиҳои спиртиро манъ намекунад. Лекин он моро аз истеъмоли барзиёди нӯшокиҳои спиртӣ ва бадмастӣ огоҳ мекунад (Мас. 20:1; 1 Тим. 3:8). Агар масеҳӣ аз ҳад зиёд нанӯшад, оё ин маънои онро дорад, ки ӯ дигар чизҳоро бояд ба назар нагирад? Албатта, не. Ҳатто агар виҷдонаш ӯро ҳукм накунад, ӯ бояд виҷдони дигаронро ба назар гирад.
12. Чӣ тавр Румиён 14:21 ба мо ёрдам мекунад, ки виҷдони дигаронро ба назар гирем?
12 Масеҳиён бояд виҷдони дигаронро ба назар гиранд. Дар ин бора Павлус навишт: «Беҳтараш гӯшт нахӯред, шароб нанӯшед ё ба коре, ки сабаби пешпо хӯрдани бародаратон мешавад, даст назанед» (Рум. 14:21). Агар барои нӯшидан ҳақ дошта бошем ҳам, барои пешпо нахӯрдани бародарамон аз баҳри нӯшидан мегузарем. Чаро? Зеро баъзе бародарони мо пеш аз фаҳмидани ҳақиқат ғуломи нӯшокиҳои спиртӣ буданд. Мо намехоҳем, ки бародарони мо ба одати пештараи худ баргашта гирифтори ғаму андӯҳи бисёр шаванд (1 Қӯр. 6:9, 10). Барои ҳамин соҳиби хона набояд ба бародар фишор оварда ӯро маҷбур кунад, ки нӯшад.
13. Чӣ тавр Тимотиюс виҷдони дигаронро ба назар гирифта ба онҳо кӯмак кард, ки хушхабарро қабул кунанд?
13 Вақте Тимотиюс тақрибан 20-сола буд, ӯро хатна карданд. Дар ин синну сол хатна кардан осон набуд. Лекин ӯ ин корро бо омодагӣ кард, то ба яҳудиёне, ки мавъиза карданӣ буд, монеа нашавад. Рӯҳияи ӯ ба рӯҳияи Павлуси расул монанд буд (Аъм. 16:3; 1 Қӯр. 9:19–23). Оё шумо низ тайёред, ки мисли Тимотиюс барои дигарон ягон чизро қурбон кунед?
«СӮЙИ КАМОЛОТ» ШИТОБЕД
14, 15. а) Чӣ нишон медиҳад, ки шахс масеҳии баркамол аст? б) Масеҳиёни баркамол ба дигарон чӣ тавр муносибат мекунанд?
14 Барои масеҳиён танҳо донистани таълимоти асосӣ кифоя нест. Онҳо бояд кӯшиш кунанд, ки масеҳии баркамол шаванд (Ибр. 6:1). Шахс худ ба худ баркамол намешавад. Барои ин ӯ бояд кӯшишу ғайрат кунад, дониш гирад ва бофаросат гардад. Барои ҳамин ба мо тез-тез маслиҳат медиҳанд, ки ҳар рӯз порчаеро аз Китоби Муқаддас хонем, зеро хондани Китоби Муқаддас ба мо кӯмак мекунад, ки қонун, принсип ва Каломи Яҳуваро беҳтар фаҳмем (Заб. 1:1–3). Оё шумо Каломи Худоро ҳар рӯз мехонед?
15 Муҳимтарин қонун барои ходимони Худо қонуни муҳаббат аст. Исо ба шогирдонаш гуфта буд: «Агар дар байнатон муҳаббат бошад, ҳама хоҳанд донист, ки шогирдони ман ҳастед» (Юҳ. 13:35). Бародари Исо, Яъқуб, муҳаббатро «шариати шоҳона» номид (Яъқ. 2:8). Павлус низ гуфта буд: «Шахсе, ки дӯст медорад, тамоми шариатро ба ҷо меорад» (Рум. 13:10). Чаро расулон диққатро бештар ба хислати муҳаббат равона кардаанд? Чунки Китоби Муқаддас мегӯяд, ки «Худо муҳаббат аст» (1 Юҳ. 4:8). Муҳаббати Худо танҳо ҳиссиёти холӣ нест. Ӯ ҳамеша муҳаббаташро дар амал зоҳир мекунад. Юҳанно дар ин бора навишт: «Муҳаббати Худо нисбати мо дар он зоҳир шуд, ки Худо Писари ягонаашро ба ҷаҳон фиристод, то ки мо ба воситаи ӯ ҳаётро ба даст орем» (1 Юҳ. 4:9). Бале, маҳз муҳаббат Худоро барангехт, ки Писарашро ба замин фиристад. Вақте мо муҳаббатамонро ба Яҳува, Писараш, бародару хоҳарон ва дигар одамон зоҳир мекунем, нишон медиҳем, ки масеҳии баркамол ҳастем (Мат. 22:37–39).
16. Чаро вақте масеҳии баркамол мешавем, принсипҳоро бештар қадр мекунем?
16 Вақте масеҳии баркамол мешавед, принсипҳоро бисёртар қадр мекунед. Зеро қонунро танҳо дар вазъияти муайян, принсипро бошад, дар ҳама вазъият истифода бурдан мумкин аст. Масалан, кӯдаки майда таъсири ёрони бадро намефаҳмад, барои ҳамин волиди бохирад барои муҳофизат кардани фарзандаш қоидаҳоро худаш муқаррар мекунад (1 Қӯр. 15:33). Лекин вақте кӯдак калонтар мешавад, қобилияти фикррониаш инкишоф меёбад. Барои ҳамин ӯ худаш метавонад оиди принсипҳои Китоби Муқаддас мулоҳиза ронад ва дӯстонашро бохирадона интихоб кунад. (1 Қӯринтиён 13:11; 14:20-ро хонед.) Чи қадаре ки ба принсипҳои Худо нағзтар сарфаҳм равем, ҳамон қадар виҷдонамон роҳнамои хуб мешавад ва ҳангоми қарор қабул кардан хоҳиши Яҳуваро ба назар мегирем.
17. Чӣ ба мо ёрдам мекунад, ки хирадмандона қарор қабул кунем?
17 Мо барои қарорҳои хирадмандона баровардан ҳама чизҳои лозимаро дорем. Агар қонуну принсипҳои Каломи Худоро бомаҳорат истифода барем, «дар ҳама кор моҳир гашта, ба ҳар кори нек пурра тайёр» мешавем (2 Тим. 3:16, 17). Барои ҳамин биёед кӯшиш кунем, ки аз Китоби Муқаддас принсипҳоро ёфта хости Яҳуваро нағзтар фаҳмем (Эфс. 5:17). Дар ин кор ба мо «Индекси адабиётҳои ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ» (рус.), «Роҳнамо барои Шоҳидони Яҳува дар гузаронидани тадқиқот», «Китобхонаи электронии Ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ» (рус.), «ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ» ва барномаи JW Library ёрдам мекунанд. Ин маводҳо барои он тайёр шудаанд, ки мо омӯзиши шахсӣ ё оилавиамонро беҳтар гардонда аз он фоидаи бештар гирем.
ВИҶДОНИ ТАЪЛИМЁФТА БАРАКАТҲО МЕОРАД
18. Вақте аз рӯйи қонуну принсипҳои Яҳува амал мекунем, соҳиби чӣ гуна баракатҳо мешавем?
18 Вақте мо аз рӯйи қонуну принсипҳои Яҳува рафтор мекунем соҳиби баракатҳо мешавем. Дар Забур 118:97–100 гуфта шудааст: «Шариати Туро чӣ сон дӯст медорам! Тамоми рӯз фикру хаёлам дар бораи он аст. Аҳкоми Ту маро аз душманонам зиёдтар ҳикмат омӯхтааст; зеро ки он ҳамеша бо ман аст. Аз ҳамаи муаллимони худ донотар шудаам; зеро ки фикру хаёлам дар бораи шаҳодоти Туст. Аз пирон бомаърифаттар шудаам; зеро ки фармудҳои Туро риоя менамоям». Агар мо вақт ҷудо карда оиди қонуну принсипҳои Худо мулоҳиза ронем, бохираду бофаҳм мегардем ва қарорҳои оқилона мебарорем. Бо саъю кӯшиши бисёр мо метавонем, ки «шахси баркамол гардем ва ба дараҷаи камолоти Масеҳ бирасем» (Эфс. 4:13). Лекин барои ин мо бояд гузорем, ки қонуну принсипҳои Худо виҷдонамонро таълим диҳанд.