Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ТАРҶУМАИ ҲОЛ

Дар душвориҳоям тасаллӣ ёфтам

Дар душвориҳоям тасаллӣ ёфтам

Дар соҳили ғарбии дарёи Ҳинд (Покистони ҳозира) шаҳри қадимаи Суккур ҷойгир аст. Нӯҳуми ноябри соли 1929 ман дар ин шаҳр ба дунё омадам. Тақрибан он вақт миссионере аз Англия ба оилаамон китобҳои рангорангеро, ки аз чанд ҷилд иборат буд, дод. Он китобҳо, ки бар Китоби Муқаддас асос ёфта буданд, ба ҳаёти ман таъсир расонданд.

ВАҚТЕ КИ ман ин китобҳоро варақ задам, расмҳои рангоранги он шавқи маро бедор кард. Ба хурдсолиам нигоҳ накарда ман фаҳмидам, ки ташнаи ҳақиқатам.

Вақте Ҷанги Дуюми Ҷаҳон Ҳиндустонро фаро гирифт, дар ҳаётам тағйироте рӯй дод. Дар ин вақт волидонам ҷудо шуданд. Ман намефаҳмидам, ки барои чӣ ду шахсе, ки бароям аз ҳама азиз буданд, дигар бо ҳам зиндагӣ намекунанд. Ман худро танҳою шикаста ҳис мекардам. Азбаски дар оила фарзанди ягона будам, касе набуд, ки маро дастгирӣ кунад ва тасаллӣ диҳад.

Баъд аз ин ману модарам дар шаҳри Карачи зиндагӣ мекардем. Рӯзе Фред Ҳадейкер, духтури пиронсоле, ки Шоҳиди Яҳува буд, дари хонаамонро тақ-тақ кард. Баъдтар маълум шуд, ки ӯ ҳамимони миссионере буд, ки ба оилаамон он китобҳои рангорангро дод. Фред Ҳадейкер ба модарам омӯзиши Китоби Муқаддасро пешниҳод кард. Аммо модарам пешниҳодашро рад карда гуфт, ки шояд ман хоҳиши омӯзиш карданро дошта бошам. Дар натиҷа, ҳафтаи дигар бародар Фред бо ман омӯзишро сар кард.

Баъд аз чанд ҳафта, ман дар вохӯриҳо, ки дар духтурхонаи бародар Ҳадейкер мегузаштанд, иштирок мекардагӣ шудам. Ба ин вохӯриҳо одатан 12 Шоҳиди пиронсол меомад. Онҳо маро тасаллӣ медоданд ва падарворона ғамхорӣ мекарданд. Вақте ман ба ёд меорам, ки чӣ тавр онҳо хам шуда бо мани хурдсол сӯҳбат мекарданд, диламро хурсандӣ фаро мегирад. Он вақт ман ба чунин дӯстони ҳақиқӣ мӯҳтоҷ будам.

Дере нагузашта бародар Ҳадейкер маро даъват кард, ки ҳамроҳаш ба хизмат равам. Ӯ ба ман чӣ тавр истифода бурдани фонографро ёд дод, аз ин рӯ ман метавонистам ба одамон нутқҳои сабтшударо монам. Азбаски мавзӯи баъзе нутқҳо рӯйирост буданд, он на ба ҳамаи соҳибхонаҳо маъқул буд. Ба ин нигоҳ накарда, ман аз мавъиза кардан ҳаловат мебурдам. Ман ба ҳақиқат шавқу рағбати зиёд доштам ва ба дигарон мавъиза карданро нағз медидам.

Вақте аскарони Ҷопон ба Ҳиндустон зада даромаданд, ҳукуматдорони Бритониёи Кабир ба Шоҳидони Яҳува фишор оварданро сар карданд. Ин тағйирот ба ман бетаъсир намонд. Моҳи июли соли 1943 директори мактабамон, ки он вақт коҳини калисои англиканӣ буд, маро аз мактаб пеш кард. Ӯ ба модарам гуфт, ки рафтуомади ман бо Шоҳидони Яҳува ба дигар талабагон таъсири бад мерасонад. Модарам талхакаф шуда талаб кард, ки дигар бо Шоҳидони Яҳува мулоқот накунам. Чанде пас ӯ маро ба назди падарам ба шаҳри Пешовар, ки дар масофаи 1370 км дуртар аз шаҳри мо қарор дошт, равона кард. Азбаски ман аз бародарон дур будам ва имконияти хондани адабиётамонро надоштам, муносибатам бо Яҳува суст шуд.

МУНОСИБАТАМРО БО ЯҲУВА БАРҚАРОР МЕНАМОЯМ

Соли 1947 ман ба Карачи барои ёфтани кор баргаштам. Баъдтар ман ба духтурхонаи бародар Ҳадейкер омадам. Ӯ маро нағз пешвоз гирифт.

«Хайр, чӣ шикоят доред?»— пурсид бародар. Ӯ фикр кард, ки ман барои ташхиси тиббӣ омадам.

Дар ҷавоб ман ба ӯ гуфтам: «Духтур, ман касал нестам, балки мӯҳтоҷи Худоям ва мехоҳам Каломашро омӯзам».

Ӯ аз ман пурсид: «Кай мехоҳӣ омӯзишро сар кунӣ?»

«Илоҷаш бошад, худи ҳозир»,— ҷавоб додам ман.

Он бегоҳ мо нағз омӯзиш кардем. Ман хеле хурсанд будам, ки ба оғӯши гарми Яҳува баргаштам. Модарам бисёр кӯшиш кард, ки бо Шоҳидон рафтуомад накунам, аммо ин дафъа ман қарор кардам, ки ба Яҳува хизмат мекунам. Ҳамин тавр 31-уми августи соли 1947 ман таъмид гирифтам ва дере нагузашта, дар синни 17-солагӣ чун пешрави доимӣ хизмат карданро сар кардам.

АЗ ХИЗМАТИ ПУРРАВАҚТ ХУРСАНДӢ МЕГИРАМ

Ман чун пешрав хизматамро дар шаҳри Кветта сар кардам, ки он ҷо пеш посгоҳи ҳарбии Бритониёи Кабир буд. Соли 1947 Ҳиндустон ба ду давлати мустақил: Ҳиндустон ва Покистон *, тақсим шуд. Ин тақсимшавӣ сабаби зӯроварии динӣ гашт. Мусулмононе, ки дар Ҳиндустон зиндагӣ мекарданд, ба Покистон кӯчиданд. Пайравони дини ҳиндуия ва сикҳия, ки дар Покистон буданд, ба Ҳиндустон гурехтанд. Дар натиҷа, аз ин давлатҳо 14 миллион нафар гуреза шуданд, ки дар таърих чун шумораи калонтарини муҳоҷирон қайд шудааст. Дар он замони нотинҷ ман бо қатора аз Карачи ба Кветта сафар кардам. Он чунон аз мусофирон пур буд, ки ман берун аз қатора бо як даст базӯр аз дастаи даромадгоҳ дошта меистодам.

Соли 1948 дар анҷумани ноҳиявии Ҳиндустон

Дар Кветта ман бо Ҷорҷ Сингх ном пешрави махсус, ки тақрибан 25-сола буд, шинос шудам. Ӯ ба ман велосипеди кӯҳнаеро дод, то ман дар минтақаҳои кӯҳӣ онро истифода барам. Аксари вақт ман танҳо хизмат мекардам ва дар байни шаш моҳ аллакай бо 17 нафар омӯзиш мегузарондам. Баъзеи онҳо ҳақиқатро қабул карданд. Якеашон Седик Мэси, афсари ҳарбӣ, буд, ки ба ману Ҷорҷ дар тарҷумаи адабиётамон ба забони урду, забони давлатии Покистон, ёрӣ расонд. Чанде пас Седик таъмид гирифта бо ҷидду ҷаҳд мавъиза карданро сар кард.

Бо киштии «Квин Элизабет» ба Мактаби Ҷилъод равонаем

Баъдтар ман ба Карачи баргаштам. Дар он ҷо бо Ҳенри Финч ва Ҳарри Форрест, ки миссионер ва хатмкунандагони Мактаби Ҷилъод буданд, хизмат кардам. Ман аз онҳо бисёр чизҳоро ёд гирифтам. Боре ҳамроҳи бародар Финч ба Покистони шимолӣ барои мавъиза сафар кардам. Дар домани кӯҳҳои баланд мо одамони маҳаллиро вохӯрдем, ки ба забони урду гап мезаданд. Онҳо хеле фурӯтан ва ташнаи ҳақиқат буданд. Пас аз ду сол, ман ҳам имконият пайдо кардам, ки дар Ҷилъод таҳсил кунам. Баъди таҳсил ба Покистон баргашта хизматамро давом додам ва баъзан чун нозири ноҳиявӣ низ хизмат мекардам. Дар хонаи миссионерон дар Лаҳор ман бо се миссионер зиндагӣ мекардам.

ВАЗЪИЯТИ ДУШВОРРО ПАСИ САР МЕКУНАМ

Соли 1954 дар байни миссионерон якдигарнофаҳмӣ шуд. Азбаски ман бехирадона тарафдори яке аз онҳо шудам, филиал маро сарзаниш кард. Ман рӯҳафтода шудам, чунки фикр мекардам, ки масеҳии баркамол нестам. Аз ин рӯ ман боз ба Карачи баргаштам ва баъдтар ба умеде, ки дар дигар ҷо хизмат карда боз муносибатамро бо Яҳува наздиктар мекунам, ба Лондон (Англия) кӯчидам.

Бисёри аъзоёни ҷамъомадамонро байтилчиён ташкил медоданд. Прис Ҳюз, ки ходими филиал буд, маро меҳрубонона таълим медод. Рӯзе ӯ ба ман нақл кард, ки чӣ тавр Ҷозеф Рутерфорд ба ӯ маслиҳат дода буд. Вақте бародар Ҳюз худро сафед карданӣ шуд, Ҷозеф Рутерфорд ӯро сарзаниш кард. Ман ҳайрон шудам, ки чаро бародар дар ин бора бо табассум нақл мекунад. Бародар гуфт, ки дар аввал ӯ рӯҳафтода шуд. Аммо баъдтар фаҳмид, ки мӯҳтоҷи маслиҳати Рутерфорд буд ва дар ин муҳаббати Яҳуваро медид (Ибр. 12:6). Ин воқеа ба ман таъсир расонд ва кӯмак кард, ки аз хизмат хурсандӣ гирам.

Тақрибан ҳамон вақт модарам ба Лондон кӯчида омад ва розӣ шуд, ки бародар Ҷон Барр, ки баъдтар дар Ҳайати роҳбарикунанда хизмат мекард, бо ӯ омӯзиш гузаронад. Модарам пешравӣ мекард ва оқибат соли 1957 таъмид гирифт. Каме пас ман фаҳмидам, ки падарам низ пеш аз вафот карданаш бо Шоҳидони Яҳува омӯзиш мекард.

Соли 1958 ман бо Лене ном хоҳари даниягӣ, ки дар Лондон зиндагӣ мекард, оиладор шудам. Баъд аз як сол мо фарзанддор шудем. Номи духтарчаамонро Ҷейн мондем. Ӯ аз байни панҷ фарзандамон фарзанди аввалин буд. Инчунин ман хурсанд будам, ки маро дар ҷамъомади Фулем пири ҷамъомад таъйин карданд. Бо гузашти вақт саломатии ҳамсарам бад шуд ва мо маҷбур шудем, ки ба ҷойи гармтар кӯчем. Барои ҳамин соли 1967 мо ба Аделаида (Австралия) кӯчидем.

ВОҚЕАИ ДИЛРЕШКУНАНДА

Дар ҷамъомади Аделаида 12 бародари пиронсоли тадҳиншуда хизмат мекард. Онҳо бо ғайрат дар кори мавъиза иштирок карда ба ҳама намуна буданд. Намунаи онҳо ба мо низ ёрдам кард, ки муносибатамонро бо Яҳува нигоҳ дорем ва хизматамонро давом диҳем.

Соли 1979 фарзанди панҷумамон Дэниел ба дунё омад. Ӯ бо касалии Даун (як навъ касалие, ки инкишофи кӯдакро бозмедорад) * таваллуд шуд. Духтурон гуфтанд, ки ӯ бисёр зиндагӣ намекунад. Ҳатто ҳозир, вақте ман дар ин бора нақл мекунам, дилам реш-реш мегардад. Мо бо тамоми қувват кӯшиш мекардем, ки ниёзҳои Дэниелро қонеъ гардонем ва ҳамзамон ба чор фарзанди дигарамон ғамхорӣ кунем. Баъзан Дэниел аз сабаби сӯрох будани дилаш аз норасоии ҳаво каб-кабуд мешуд. Дар ин хел ҳолатҳо мо ӯро дарҳол ба беморхона мебурдем. Аммо ба саломатии вазнинаш нигоҳ накарда ӯ кӯдаки боақл ва меҳрубон буд. Инчунин вай Яҳуваро хеле дӯст медошт. Вақте ки пеш аз хӯрок дуо мегуфтем, ӯ дастаконашро ҷамъ карда, сарашро хам мекарду аз таҳти дил «омин» мегуфт. Ва баъд аз ин хӯрок хӯрданро сар мекард.

Вақте Дэниел чорсола буд, гирифтори бемории лейкемия (сафедшавии хун) шуд. Ману Лене ҳам аз ҷиҳати эмотсионалӣ ва ҳам аз ҷиҳати ҷисмонӣ сахт монда шуда будем. Ман ҳис мекардам, ки асабҳоям хароб шудааст. Як рӯз вақте мо рӯҳафтода будем, нозири ноҳиявиамон, Невил Бремич, дари моро тақ-тақ кард. Ҳамон шаб ӯ бо чашмони ашколудаш моро ба оғӯш гирифт ва мо ҳамакаса гиря кардем. Суханони меҳрубононаи бародар моро хеле тасаллӣ бахшид. Ӯ аз хонаи мо тақрибан соати яки шаб рафт. Худи ҳамон рӯз Дэниел аз олам чашм пӯшид. Марги ӯ дили моро захмдор намуд. Ба ин нигоҳ накарда мо ин дардро паси сар карда тавонистем, зеро боварӣ доштем, ки ҳеҷ чиз Дэниелро аз муҳаббати Яҳува ҷудо карда наметавонад (Рум. 8:38, 39). Мо умед дорем, ки вақте ӯ дар дунёи нав зинда мешавад, аз дидораш сер мешавем (Юҳ. 5:28, 29).

БА ДИГАРОН КӮМАК КАРДА ХУРСАНДӢ МЕГИРАМ

Ман ду бор сактаи дил шудам, аммо ба ин нигоҳ накарда чун пири ҷамъомад хизмат карда истодаам. Он чизе ки аз сар гузарондам, маро бармеангезад, ки ба дигарон дилсӯзӣ карда ҳамдардӣ зоҳир кунам. Ман кӯшиш менамоям, ки даррав одамонро ҳукм накунам. Ба ҷойи ин аз худ мепурсам, ки «чӣ тавр маданият ва муҳите, ки шахс дар он ба воя расидааст ба тарзи фикрронӣ ва ҳиссиёти ӯ таъсир расондааст? Чӣ тавр ба онҳо ғамхориамро нишон дода метавонам? Чӣ тавр ба онҳо кӯмак кунам, ки ба Яҳува хизмат карданро давом диҳанд?» Ба ман хабар гирифтани аъзоёни ҷамъомад хеле маъқул аст. Вақте ман дигаронро тасаллӣ бахшида рӯҳбаланд менамоям, ҳис мекунам, ки худам низ тасаллӣ ёфта рӯҳбаланд мешавам.

То ҳол аъзоёни ҷамъомадро хабар гирифта хурсандӣ мегирам

Ман худро мисли забурнавис ҳис мекунам, ки гуфта буд: «Вақте ки андешаҳоям андаруни ман биафзояд, тасаллиҳои Ту ҷонамро осудагӣ мебахшад» (Заб. 93:19). Яҳува маро дар душвориҳои оилавӣ, зиддиятҳои динӣ, проблемаҳои шахсӣ ва рӯҳафтодагиам дастгирӣ намуд. Бешак, Яҳува бароям Падари ғамхор буд!

^ сарх. 19 Пеш Покистон аз ду қисм иборат буд: Покистони Ғарбӣ (Покистони ҳозира) ва Покистони Шарқӣ (Бангладеши ҳозира).

^ сарх. 29 Ҳамчунин ба «Бедор шавед!»-и моҳи июни соли 2011, саҳ. 19–22 (рус.), ба мақолаи «Тарбияи фарзанде, ки касалии Даун дорад, душвор аст, аммо баракатҳо меорад», нигаред.