Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

«Подшоҳии ман аз ин ҷаҳон нест»

«Подшоҳии ман аз ин ҷаҳон нест»

«Ман... барои он ба ҷаҳон омадам, ки дар бораи ростӣ шаҳодат диҳам» (ЮҲ. 18:37).

СУРУДҲО: 5, 28

1, 2. а) Чӣ нишон медиҳад, ки дар ҷаҳон ҷудоӣ зиёд шуда истодааст? б) Мо кадом саволҳоро дида мебароем?

ХОҲАРЕ аз Аврупои Ҷанубӣ ҳаёти пештараашро ба хотир оварда мегӯяд: «Аз хурдӣ ман шоҳиди беадолатӣ будам. Аз ин рӯ тартиботи сиёсии давлати худро рад карда, тарафдори дигар ҳизби сиёсӣ шудам. Инчунин ман солҳои дароз дӯстдухтари террорист будам». Бародаре аз Африқои Ҷанубӣ, ки пештар зӯровариро дуруст мешуморид, мегӯяд: «Ман боварӣ доштам, ки қабилаам аз қабилаҳои дигар болотар аст. Ҳамин тавр ман аъзои ҳизби сиёсӣ шудам. Ин ҳизб моро таълим медод, ки бо найза рақибонамонро кушем. Мо ҳатто ҳамқабилаҳои худро, ки дигар ҳизбҳои сиёсиро дастгирӣ мекарданд, мекуштем». Хоҳаре аз Аврупои Марказӣ мегӯяд: «Ман нисбати одамоне, ки миллат ва динашон дигар буд, бадгумонӣ доштам ва аз онҳо нафрат мекардам».

2 Ақидаи ин се шахс рӯҳияи ҷаҳонро инъикос мекунад. Масалан, имрӯзҳо гурӯҳҳои сиёсӣ барои озодӣ ба зӯроварӣ даст мезананд. Зиддиятҳои сиёсӣ бошанд, бештару бештар мегарданд ва дар бисёр давлатҳо ғарибонро бад мебинанд. Дар Китоби Муқаддас пешгӯйӣ карда шудааст, ки ҳама гуна одамон дар рӯзҳои охир «номуросо» мешаванд (2 Тим. 3:1, 3). Чӣ тавр дар ин дунёи пур аз нафрату ҷудоӣ ягонагиро нигоҳ дорем? Мо аз муносибати Исо ба сиёсат бисёр чиз омӯхта метавонем. Дар замони ӯ низ одамон ҳизбҳои сиёсии гуногунро дастгирӣ мекарданд. Биёед дида бароем, ки чаро Исо сиёсатро дастгирӣ намекард? Чӣ тавр ӯ нишон дод, ки ходимони Худо бояд бетарафиро нигоҳ доранд? Ва чӣ тавр Исо моро таълим дод, ки зӯроварӣ накунем?

ОЁ ИСО ШАХСОНЕРО, КИ ОЗОДИХОҲ БУДАНД, ДАСТГИРӢ МЕКАРД?

3, 4. а) Дар рӯзҳои Исо яҳудиён чиро интизор буданд? б) Чӣ тавр он чизе ки яҳудиён интизор буданд ба фикри шогирдони Исо таъсир карда буд?

3 Яҳудиёни бисёре, ки Исо ба онҳо мавъиза мекард, мехостанд аз дасти Рум озод шаванд. Як гурӯҳи ифротгарони (экстремистони) яҳудӣ ҳар кори аз дасташон меомадаро мекарданд, то ин хоҳишро дар дили халқашон зиёд гардонанд. Бисёри ин ифротгарон ақидаи Яҳудои ҷалилиро дастгирӣ мекарданд. Ин шахс дар асри як зиндагӣ мекард ва бардурӯғ худро масеҳ номида одамони бисёрро гумроҳ мекард. Таърихшиноси яҳудӣ Иосиф Флавий мегӯяд, ки Яҳудои ҷалилӣ «ҳамватанони худро бармеангехт, ки шӯриш бардоранд ва онҳоро аз сабаби ба Рум андоз супориданашон, тарсончак меномид». Оқибат, румиён Яҳудоро ба қатл расонданд (Аъм. 5:37). Баъзе ифротгарони яҳудӣ барои ба мақсадҳояшон расидан, ҳатто ба зӯроварӣ даст мезаданд.

4 Яҳудиёни дигар бошанд, бесаброна Пешвои худ, Масеҳро интизор буданд. Онҳо фикр мекарданд, ки Масеҳ омада яҳудиёнро аз зулми Рум озод мекунад ва аз нав Исроилро халқи бузург мегардонад (Луқ. 2:38; 3:15). Бисёриҳо боварӣ доштанд, ки Масеҳ дар Исроил подшоҳӣ карда миллионҳо яҳудиёнро ба ватанашон бармегардонад. Ҳатто Яҳёи Таъмиддиҳанда боре аз Исо пурсида буд: «Оё ту ҳамоне ҳастӣ, ки бояд биёяд, ё каси дигареро мунтазир шавем?» (Мат. 11:2, 3). Шояд Яҳё мехост фаҳмад, ки ягон кас омада орзуҳои яҳудиёнро ба амал меорад ё не. Баъдтар, ду шогирди Исо дар роҳи Аммоус ӯро баъд аз эҳё шуданаш вохӯрданд ва гуфтанд, ки онҳо умед доштанд, ки Исо яҳудиёнро озод мекунад. (Луқо 24:21-ро хонед.) Ғайр аз ин, расулонаш аз Исо пурсида буданд: «Ҳазрат, оё подшоҳиро дар Исроил дар ҳамин вақт барқарор мекунӣ?» (Аъм. 1:6).

5. а) Чаро ҷалилиён мехостанд, ки Исоро подшоҳ кунанд? б) Чӣ тавр Исо тарзи фикрронии онҳоро ислоҳ кард?

5 Яҳудиён интизор буданд, ки Масеҳ омада душвориҳояшонро ҳал мекунад. Аз ин рӯ ҷалилиён мехостанд, ки Исоро подшоҳи худ кунанд. Онҳо фикр мекарданд, ки ӯ Пешвои беҳамто мегардад, зеро Исо нотиқи хуб ва табиби беҳтарин буд. Инчунин ӯ метавонист гуруснагонро сер кунад. Масалан, вақте Исо 5000 мардро сер кард, мардум ба ҳайрат омада хостанд ӯро подшоҳ кунанд. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Исо медонист, ки онҳо омада, ӯро маҷбуран подшоҳ карданианд, бинобар ин боз танҳо ба кӯҳ баромад» (Юҳ. 6:10–15). Рӯзи дигар, шояд, вақте одамон аллакай ором шуда буданд, Исо ба онҳо фаҳмонд, ки барои чӣ ба замин омад. Ӯ гуфт, ки на барои қонеъ кардани хоҳишҳои ҷисмонии одамон, балки барои онҳоро ба Худо наздик кардан омад. Вай суханашро қувват дода гуфт: «На барои хӯроки вайроншаванда, балки барои хӯроки вайроннашавандае меҳнат кунед, ки ҳаёти ҷовидонӣ мебахшад» (Юҳ. 6:25–27).

6. Чӣ тавр Исо кушоду равшан фаҳмонд, ки ба сиёсат сарукор надорад? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

6 Исо пеш аз маргаш фаҳмид, ки баъзе шогирдонаш интизор буданд, ки ӯ дар Ерусалим подшоҳӣ мекунад. Вай мисоли миноро оварда тарзи фикрронии онҳоро ислоҳ кард. Дар ин масал Исо худро «марде аз хонадони шоҳ» номида, мегӯяд, ки ӯ бояд ба ҷойи дур равад (Луқ. 19:11–13, 15). Инчунин Исо ба ҳукуматдорони Рум гуфта буд, ки ба сиёсат сарукор надорад. Масалан, вақте Понтиюс Пилотус аз ӯ пурсид, ки «оё ту Подшоҳи яҳудиён ҳастӣ?», Исо дар ҷавоб гуфт: «Подшоҳии ман аз ин ҷаҳон нест» (Юҳ. 18:33, 36). Яъне ӯ гуфт, ки Подшоҳиаш осмонӣ аст. Ҳамчунин Исо ба Пилотус фаҳмонд, ки ӯ ба замин барои «дар бораи ростӣ шаҳодат» додан омадааст. (Юҳанно 18:37-ро хонед.) Чаро Пилотус ба Исо чунин савол дод? Ӯ шояд метарсид, ки Исо яҳудиёнро бар зидди ҳокимияти Рум бармеангезад.

Диққати шумо ба душвориҳои ин ҷаҳон ё Подшоҳии Худо равона аст? (Ба сархати 7 нигаред.)

7. Чаро ҳам дар сухан ва ҳам дар дил сиёсатро дастгирӣ накардан душвор аст?

7 Агар ба таъйинотамон мисли Исо муносибат кунем, ягон гурӯҳи сиёсиро дар сухан ё дар дил дастгирӣ намекунем. Албатта, ин на ҳама вақт осон аст. Як нозири ноҳиявӣ мегӯяд: «Одамон дар ҷойи мо ба сиёсат дода шудаанд». Ӯ илова мекунад: «Миллатпарастӣ чунон реша давондааст, ки одамон боварӣ доранд, ки агар ҳокимият дар дасти ҳамшаҳриашон мебуд, ҳаёташон беҳтар мешуд. Хушбахтона, бародару хоҳарон диққаташонро ба кори мавъиза равона карда, ягонагиро нигоҳ медоранд. Онҳо интизоранд, ки кай Худо беадолатӣ ва дигар душвориҳоро бартараф мекунад».

ЧӢ ТАВР ИСО ДАР МАСЪАЛАҲОИ СИЁСӢ БЕТАРАФИРО НИГОҲ МЕДОШТ?

8. Дар асри як бисёри яҳудиён бо чӣ гуна беадолатӣ рӯ ба рӯ мешуданд?

Вақте одамон беадолатиро мебинанд, ба сиёсат бештар моил мегарданд. Дар замони Исо масъалаи андозсупорӣ дар байни мардум баҳсҳои зиёдро ба миён меовард. Он вақт румиён одамонро ба қайд мегирифтанд, то боварӣ ҳосил кунанд, ки ҳама андозро супоридаанд. Маҳз барои ҳамин Яҳудои ҷалилӣ, ки дар борааш дар боло гуфтем, яҳудиёнро бар зидди ҳокимияти Рум барангехта буд. Онҳое, ки Исоро гӯш мекарданд, бояд барои бисёр чиз андоз месупориданд, масалан, барои мол, хона ва замин. Ҷамъкунандагони андоз порахӯр буданд ва бо ин ҳаёти одамонро вазнинтар мекарданд. Баъзан онҳо барои мансаб гирифтан ба ҳукуматдорон пора медоданд ва баъд аз ин аз вазифаашон сӯиистифода карда аз мардум пул канда мегирифтанд. Заккай дар Ериҳӯ сардори ҷамъкунандагони андоз буд, ки ноинсофона аз одамон пул гирифта сарват ҷамъ мекард (Луқ. 19:2, 8). Он вақтҳо ин гуна рафтор ба ҷамъкунандагони андоз хос буд.

9, 10. а) Чӣ тавр душманони Исо мехостанд ӯро дар масъалаи супоридани андоз ба дом афтонанд? б) Мо аз ҷавоби Исо чӣ меомӯзем? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

9 Душманони Исо мехостанд, ки ӯро дар масъалаи супоридани андоз ба дом афтонанд. Онҳо ба Исо дар бораи «андози сарикасӣ», ки он вақт як динорро ташкил медод, савол доданд. (Матто 22:16–18-ро хонед.) Ин намуди андоз ба яҳудиён хотиррасон мекард, ки онҳо дар зери дасти румиён мебошанд. Аз ин рӯ ин намуди андоз яҳудиёнро хеле асабонӣ мекард. Онҳое, ки ақидаҳои сиёсии Ҳиродусро тарафдорӣ мекарданд ва ин масъаларо бардоштанд, интизор буданд, ки агар Исо андоз насупоред, гӯяд, ӯро ба исёнгарӣ айбдор мекунанд. Аммо, агар супоред гӯяд, одамон худашон ба Исо пайравӣ карданро бас мекунанд. Пас, Исо бояд чӣ кор мекард?

10 Исо дар ин масъала барои нигоҳ доштани бетарафӣ эҳтиёткорона амал кард. Ӯ гуфт: «Он чӣ аз они қайсар аст, ба қайсар диҳед ва он чӣ аз они Худост — ба Худо» (Мат. 22:21). Исо медонист, ки порахӯрӣ дар байни ҷамъкунандагони андоз як чизи муқаррарӣ буд. Аммо вай ба ин чиз сахт аҳамият намедод. Ӯ медонист, ки танҳо Подшоҳии Худо ин гуна беадолатиҳоро бартараф карда метавонад, барои ҳамин диққаташро ба ин Подшоҳӣ равона мекард. Баъзе ақидаҳои сиёсӣ ба назарамон дуруст ё нодуруст тобанд ҳам, мо ба Исо пайравӣ карда ягон ҷонибро тарафдорӣ намекунем. Мо умедамонро ба Подшоҳии Худо ва адолати Ӯ мебандем. Бинобар ин сиёсатро дастгирӣ намекунем ва бар зидди он чизе намегӯем (Мат. 6:33).

11. Бо кадом роҳ бар зидди беадолатӣ мубориза бурдан мумкин аст?

11 Бисёри Шоҳидони Яҳува ақидаҳои сиёсиашонро аз дил решакан карда тавонистанд. Хоҳаре аз Бритониёи Кабир мегӯяд: «Ман дар донишгоҳ дарси ҷомеашиносӣ меомӯхтам ва баъд аз ин сахт ба сиёсат дода шудам. Азбаски сиёҳпӯстон аз беадолатӣ бисёр азоб кашида буданд, мехостам, ки ҳуқуқҳои онҳоро ҳимоя кунам. Ҳарчанд дар баҳсҳо ғолиб мебаромадам, дар охир худро рӯҳафтода ҳис мекардам. Ман намефаҳмидам, ки барои нест кардани миллатпарастӣ онро аввал аз дили одамон решакан кардан лозим аст. Вақте омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кардам, дарк намудам, ки тағйиротро бояд аз дили худам сар кунам. Як хоҳари сафедпӯст пурсаброна ба ман дар ин кор ёрдам кард. Ҳозир ман дар ҷамъомади имову ишора чун пешрави доимӣ хизмат мекунам ва ба ҳар гуна миллатҳо мавъиза карданро меомӯзам».

«ШАМШЕРИ ХУДРО БА ҶОЯШ МОН»

12. Аз кадом «хамиртуруш» шогирдони Исо бояд дурӣ меҷустанд?

12 Дар рӯзҳои Исо диндорон сиёсатро дастгирӣ мекарданд. Дар китоби «Фаластин дар замони Исо» (англ.) гуфта шудааст, ки яҳудиён ба гурӯҳҳои динӣ тақсим шуда буданд, ки он ба ҳизбҳои сиёсии имрӯза монанд аст. Барои ҳамин Исо шогирдонашро огоҳ кард: «Ҳушёр бошед! Худро аз хамиртуруши фарисиён ва хамиртуруши Ҳиродус эҳтиёт кунед» (Марқ. 8:15). Исо «Ҳиродус» гуфта, эҳтимол, тарафдорони ақидаи сиёсии ӯро дар назар дошт. Фарисиён бошанд, тарафдори озодии яҳудиён буданд. Аз рӯйи гуфтаҳои Матто маълум аст, ки Исо шогирдонашро аз таъсири саддуқиён низ огоҳ карда буд. Саддуқиён мехостанд, ки румиён минбаъд низ бар яҳудиён ҳукмронӣ кунанд, зеро бо ҳамин тарз онҳо мавқеи сиёсиашонро нигоҳ дошта метавонистанд. Аз ин сабаб Исо шогирдонашро огоҳ кард, ки аз хамиртуруш, яъне таълимоти ин се гурӯҳ дурӣ ҷӯянд (Мат. 16:6, 12). Ҷолиби диққат аст, ки Исо ин суханонро вақте гуфта буд, ки одамон ӯро подшоҳ кардан мехостанд.

13, 14. а) Чӣ тавр ҳамкории дину сиёсат ба зӯроварӣ ва беадолатӣ оварда мерасонад? б) Чаро беадолатиро бо зӯроварӣ ҳал кардан нодуруст аст? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

13 Вақте ки дин ба сиёсат дахолат мекунад, зӯроварӣ сар мезанад. Исо шогирдонашро таълим дод, ки онҳо бояд дар ин гуна вазъиятҳо бетарафиро нигоҳ доранд. Бинобар ин саркоҳинон ва фарисиён мехостанд ӯро кушанд, чунки метарсиданд, ки одамон ба гапи Исо даромада ба онҳо пайравӣ карданро бас мекунанд. Онҳо мегуфтанд: «Агар ӯро ба ҳоли худ гузорем, ҳама ба ӯ имон меоранд ва румиён омада, ҳам ин ҷой ва ҳам халқи моро соҳиб мешаванд» (Юҳ. 11:48). Барои ҳамин саркоҳин, Қаёфо, куштори Исоро роҳбарӣ карда буд (Юҳ. 11:49–53; 18:14).

14 Қаёфо дар ними шаб сарбозони худро барои дастгир кардани Исо фиристод. Исо аз нияти бади онҳо бохабар буд, аз ин рӯ шаби пеш аз маргаш ба расулонаш гуфт, ки бо худ якчанд шамшер гиранд. Аммо барои ба онҳо омӯзондани дарси муҳим ду шамшер бас буд (Луқ. 22:36–38). Худи ҳамон шаб Петрус аз байни гурӯҳи одамон сарбозеро бо шамшер захмдор кард, зеро қаҳраш омада буд, ки Исоро беадолатона дастгир карданианд (Юҳ. 18:10). Аммо Исо ба вай гуфт: «Шамшери худро ба ҷояш мон, чунки ҳамаи онҳое, ки шамшер мекашанд, бо шамшер кушта хоҳанд шуд» (Мат. 26:52, 53). Исо бо ин суханонаш чӣ гуфтан мехост? Ӯ гуфтанӣ буд, ки шогирдонаш набояд аз ҷаҳон бошанд. Худи Исо ҳамон шаб дар ин бора дуо гуфта буд. (Юҳанно 17:16-ро хонед.) Шогирдони Исо бояд бартараф кардани беадолатиро ба Яҳува вомегузоштанд.

15, 16. а) Чӣ тавр Каломи Худо ба баъзеҳо ёрдам кард, ки аз якдигарнофаҳмӣ дурӣ ҷӯянд? б) Яҳува дар байни халқаш ва одамони ин ҷаҳон чӣ гуна фарқро мебинад?

15 Хоҳаре аз Аврупои Ҷанубӣ, ки аллакай дар борааш гуфта будем, дарси муҳимеро аз худ кардааст. Ӯ мегӯяд: «Ман фаҳмидам, ки адолатро бо зӯроварӣ барқарор карда намешавад. Инчунин ман дидам, ки бисёр шахсоне, ки ба зӯроварӣ даст мезанад, ҳаёташонро аз даст медиҳанд ё бадқаҳр мегарданд. Вақте ман аз Китоби Муқаддас фаҳмидам, ки танҳо Яҳува адолатро дар тамоми олам барқарор карда метавонад, хеле хурсанд шудам. Бисту панҷ соли охир ман ба одамон ин хабарро мавъиза мекунам». Бародар аз Африқои Ҷанубӣ найзаашро бо «шамшери рӯҳ», яъне Каломи Худо иваз кард. Акнун ӯ ба ҳама гуна одамон новобаста аз кадом қабила буданашон хабари осоиштагиро мавъиза мекунад (Эфс. 6:17). Хоҳарамон аз Аврупои Марказӣ, баъд аз Шоҳиди Яҳува шуданаш бо бародаре, ки нажодаш дигар буд, оиладор шуд. Ҳайратовараш ин аст, ки пеш вай аз он нажод нафрат мекард. Аён аст, ки ин се шахс барои ба Исо монанд шудан худро дигар карданд.

16 Китоби Муқаддас одамизодро ба ғалаён ва талотуми баҳри ноором монанд мекунад (Иш. 17:12; 57:20, 21; Ваҳй 13:1). Сиёсат дар миёни одамон шӯришу ҷудоӣ меандозад ва онҳоро ба зӯроварӣ тела медиҳад. Аммо мо кӯшиш мекунем, ки ягонагӣ ва осоиштагиро нигоҳ дорем. Вақте Яҳува мебинад, ки халқаш дар ин ҷаҳони ноором ягонагиро нигоҳ медорад, хеле шод мегардад. Дар ҳақиқат, хеле муҳим аст, ки тарзи фикррониамонро дигар кунем. (Сафанё 3:17-ро хонед.)

17. а) Бо кадом се роҳ мо ягонагиамонро нигоҳ дошта метавонем? б) Дар мақолаи навбатӣ чиро муҳокима мекунем?

17 Мо дар ин мақола се роҳро дида баромадем, ки барои нигоҳ доштани ягонагӣ кӯмак мерасонанд: 1) мо боварӣ дорем, ки танҳо Подшоҳии Худо беадолатиро бартараф карда метавонад, 2) ба сиёсат дахолат намекунем ва 3) ба зӯроварӣ даст намезанем. Лекин баъзан бадгумонӣ метавонад ягонагиамонро зери хатар гузорад. Дар мақолаи навбатӣ дида мебароем, ки чӣ тавр мо мисли масеҳиёни асри як ин гуна душвориҳоро паси сар карда метавонем.