Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ӯ метавонист розигии Яҳуваро ба даст орад

Ӯ метавонист розигии Яҳуваро ба даст орад

ҲАМАИ МО мехоҳем, ки ба Худо писанд оем. Лекин кӣ метавонад писанди Худо гардад ва соҳиби баракатҳо шавад? Китоби Муқаддас дар бораи шахсоне нақл мекунад, ки дар гузашта гуноҳҳои ҷиддӣ содир карда буданд, лекин ба ин нигоҳ накарда розигии Худоро ба даст оварданд. Баъзеи дигарашон бошад, хислатҳои хуб доштанд, лекин дар охир натавонистанд писанди Худо гарданд. Саволе ба миён меояд, ки «Яҳува пеш аз ҳама дар дили ҳар яки мо чиро дидан мехоҳад?» Мисоли Раҳабъом, подшоҳи Яҳудо, барои ба ин савол ҷавоб ёфтан ба мо кӯмак мекунад.

ОҒОЗИ БАД

Падари Раҳабъом, Сулаймон буд, ки бар Исроил 40 сол подшоҳӣ кард (3 Подш. 11:42). Шоҳ Сулаймон соли 997-и то милод вафот кард. Баъд аз ин Раҳабъом барои подшоҳ шудан аз Ерусалим ба Шакем сафар намуд (2 Вақ. 10:1). Падари ӯ подшоҳи бохирад буд. Оё Раҳабъом метавонист мисли падараш шавад? Раҳабъом бояд исбот мекард, ки барои ҳал намудани душвориҳо мисли падараш хиради лозимаро дорад.

Вақте ки Раҳабъом ба Шакем рафт, ӯ фаҳмид, ки мардум норозигӣ баён мекунад. Баъдтар халқ намояндаҳои худро ба назди шоҳ фиристода гуфт: «Падарат юғи моро гарон карда буд, вале ту алҳол хизмати сахти падарат ва юғи гарони варо, ки бар мо ниҳода буд, сабук гардон, ва мо хизмати туро ба ҷо хоҳем овард» (2 Вақ. 10:3, 4).

Раҳабъом бояд интихоб мекард, ки чӣ кор кунад. Агар ӯ талаботи мардумро қонеъ гардонда юғашонро сабук кунад, он гоҳ худаш, оилааш ва аҳли дарбор мисли пештара бароҳат зиндагӣ карда наметавонанд. Аз тарафи дигар, агар гуфтаҳои халқро иҷро накунад, мардум исён бардошта метавонад. Ӯ чӣ кор кард? Подшоҳ аввал бо шахсони калонсол, ки машваратчиёни падараш буданд, маслиҳат кард. Лекин баъдтар Раҳабъом аз ҷавононе, ки бо ӯ калон шуда буданд, маслиҳат пурсид. Ӯ маслиҳати онҳоро гӯш дода қарор кард, ки бори халқро сабук намекунад. Аз ин рӯ Раҳабъом ба халқ ҷавоб гардонда гуфт: «Падарам юғи шуморо гарон карда буд, вале ман онро боз ҳам гаронтар хоҳам кард; падарам шуморо бо тозиёнаҳо ҷазо медод, вале ман — бо нешҳои каждум» (2 Вақ. 10:6–14).

Мо аз ин чӣ дарс мегирем? Вақте мо аз калонсолоне, ки солҳои сол ба Яҳува хизмат мекунанд ва дар ҳаёт таҷриба доранд, маслиҳат мепурсем, хирадмандона амал мекунем. Онҳо ба мо маслиҳати хуб дода метавонанд, зеро дар ҳаёт бисёр чизро аз сар гузаронидаанд ва медонанд, ки ин ё он қарор ба чӣ оварда мерасонад (Айюб 12:12).

«ОНҲО БА КАЛОМИ ХУДОВАНД ГӮШ ДОДАНД»

Раҳабъом барои пахш кардани исён лашкари худро ҷамъ овард. Лекин Яҳува ба воситаи пайғамбар Шамаъё ба ӯ гуфт: «Набароед ва бо бародарони худ, банӣ-Исроил, ҷанг накунед! Ҳар яке ба хонаи худ баргардед, зеро ки ин аз ҷониби Ман шудааст» (3 Подш. 12:21–24) *.

Оё ба Раҳабъом Яҳуваро гӯш кардан осон буд? Одамон дар бораи шоҳи худ чӣ фикр мекарда бошанд? Охир, Раҳабъом ба халқ гуфта буд, ки онҳоро бо нешҳои каждум ҷазо медиҳад. Наход акнун барои бартараф кардани исён ягон чора наандешад? (Бо 2 Вақоеънома 13:7 муқоиса кунед.) Муҳим нест, ки ҳалқ чӣ фикр мекард. Муҳимаш он аст, ки ӯ ба гуфтаҳои халқ аҳамият надод. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Онҳо ба каломи Худованд гӯш доданд, ва бар тибқи каломи Худованд гашта рафтанд».

Мо аз ин чӣ дарс мегирем? Ба мазоҳу масхараи одамон нигоҳ накарда Худоро гӯш кардан аз рӯйи хирад аст. Вақте Худоро гӯш мекунем, ба Ӯ писанд меоем ва соҳиби баракатҳо мешавем (Такр. Ш. 28:2).

Оё Яҳува Раҳабъомро барои итоаткориаш баракат дод? Бале, ӯ подшоҳии худро дар Яҳудо ва Бинёмин давом дод ва «шаҳрҳои ҳисордор» сохт (2 Вақ. 11:5–12). Вай ҳатто якчанд вақт қонунҳои Яҳуваро риоя мекард. Азбаски подшоҳии даҳсибтаи Исроил дар вақти подшоҳии Ёробъом ба бутпарастӣ дода шуда буд, бисёри онҳое, ки Худоро дӯст медоштанд, барои дастгирӣ кардани Раҳабъом ва ибодати пок ба Ерусалим омаданд (2 Вақ. 11:16, 17). Ҳамин тавр подшоҳии ӯ пойдор гардида қувват гирифт.

ГУНОҲ ВА ТАВБАИ РАҲАБЪОМ

Раҳабъом баъд аз мустаҳкам гаштани подшоҳиаш, як кори аҷоиб кард. Ӯ қонуни Яҳуваро тарк карда бутпараст шуд. Барои чӣ? Оё ба ӯ модараш, ки аммӯнӣ буд, таъсир кард? (3 Подш. 14:21). Мо сабабашро аниқ намедонем, ҳаминро медонем, ки тамоми халқ аз пайи ӯ равона шуд. Барои ҳамин Яҳува роҳ дод, ки шоҳи Миср, Шишақ, бисёри шаҳрҳои мустаҳками Яҳудоро забт кунад (3 Подш. 14:22–24; 2 Вақ. 12:1–4).

Вақте ки Шишақ ба Ерусалим, шаҳре, ки Раҳабъом дар он ҷо подшоҳӣ мекард, расид, вазъият бадтар шуд. Дар ҳамон вақт пайғамбар Шамаъё ба ӯ ва сарварони Яҳудо хабари Худоро расонда гуфт: «Шумо Маро тарк кардед, пас Ман низ шуморо тарк карда, ба дасти Шишақ супурдаам». Раҳабъом ба ин хабар чӣ тавр муносибат кард? Китоби Муқаддас мегӯяд: «Сарварони Исроил ва подшоҳ гардан фуроварда, гуфтанд: “Худованд одил аст!”». Барои ҳамин Яҳува Раҳабъомро наҷот дод ва нагузошт, ки Ерусалим харобазор гардад (2 Вақ. 12:5–7, 12).

Баъд аз ин Раҳабъом дар салтанати ҷанубӣ подшоҳиро давом дод. Ӯ пеш аз маргаш ба писарони худ тӯҳфаҳои зиёд дод. Аз афташ, ӯ мехост боварӣ ҳосил кунад, ки онҳо бар зидди бародарашон Абиё, ки бояд ба ҷояш подшоҳ мешуд, исён намебардоранд (2 Вақ. 11:21–23). Бо ин кораш Раҳабъом хирадеро, ки пештар ба ӯ намерасид, нишон дод.

РАҲАБЪОМ ПОДШОҲИ ХУБ Ё БАД БУД?

Ба корҳои хубаш нигоҳ накарда Раҳабъом розигии Яҳуваро ба даст наовард. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки «ӯ корҳои бад кард». Чаро? Чунки ӯ «дили худро ба он моил нагардонида буд, ки толиби Худованд бошад» (2 Вақ. 12:14).

Раҳабъом мисли Довуд бо Яҳува муносибати наздик инкишоф надод

Хулоса, Раҳабъом Худоро баъзан гӯш мекард ва барои халқи Яҳува корҳои хуб карда буд. Лекин ӯ муносибаташро бо Яҳува инкишоф надод ва барои ба Ӯ писанд омадан дар дил хоҳиши сахт надошт. Барои ҳамин Раҳабъом ба корҳои бад даст зада бутпараст шуд. Савол пайдо мешавад, ки вақте Раҳабъом маслиҳати Яҳуваро қабул кард, ба таъсири дигарон дода шуд ё худаш тавба кард (2 Вақ. 11:3, 4; 12:6). Мо инро намедонем, лекин Китоби Муқаддас мегӯяд, ки баъдтар ӯ ба корҳои бадаш баргашт. Раҳабъом ба бобои худ, Довуд, монанд набуд. Албатта, Довуд низ хато мекард, лекин аз гуноҳҳои кардааш сахт пушаймон мешуд. Аз саргузашти Довуд маълум аст, ки ӯ Яҳува ва ибодати ҳақиқиро дӯст медошт (3 Подш. 14:8; Заб. 50:3, 19; 62:2).

Мо аз мисоли Раҳабъом барои худ дарс гирифта метавонем. Ғами оилаи худро хӯрдан ва ба дигарон некӣ кардан ягон бадӣ надорад. Лекин пеш аз ҳама барои ба даст овардани розигии Худо, мо бояд Яҳуваро тарк накунем ва ибодати ҳақиқиро дастгирӣ намоем.

Барои писанди Яҳува гаштан ба мо лозим аст, ки муҳаббатамонро ба Ӯ нигоҳ дорем. Одатан барои нигоҳ доштани оташ ба он ҳезум мепартоянд. Мо низ барои нигоҳ доштани муҳаббатамон ба Яҳува бояд Каломашро омӯзем, оиди чизҳои хондаамон мулоҳиза ронем ва мунтазам дуо гӯем (Заб. 1:2; Рум. 12:12). Агар Яҳуваро дӯст дорем кӯшиш мекунем, ки дар ҳамаи корҳоямон розигии Ӯро ба даст орем. Инчунин вақте хато мекунем, муҳаббатамон моро бармеангезад, ки аз таҳти дил тавба кунем. Он гоҳ мо ибодати ҳақиқиро дастгирӣ намуда ба Раҳабъом монанд намешавем (Яҳд. 20, 21).

^ сарх. 9 Азбаски шоҳ Сулаймон ба Яҳува содиқ намонд, Худо гуфт, ки подшоҳии ӯ тақсим мешавад (3 Подш. 11:31).