МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 25
Ҳангоми зиқу рӯҳафтода будан ба Яҳува такя кунед
«Ғуссаи дили одам ӯро фишор медиҳад» (МАС. 12:25).
СУРУДИ 51 Ба Яҳува бичасп
ПЕШГУФТОР *
1. Чаро мо бояд ба огоҳии Исо гӯш диҳем?
ДАР пешгӯйии худ оиди охирзамон Исо гуфт: «Ба худ диққат диҳед, то... ташвишҳои зиндагӣ ҳеҷ гоҳ дилҳои шуморо пахш накунанд» (Луқ. 21:34). Мо бояд ба ин огоҳӣ гӯш диҳем. Чаро? Зеро дар ин рӯзҳои охир мо ҳам аз душвориҳое, ки ба сари ҳамаи одамон меоянд, эмин нестем.
2. Бародару хоҳарони мо бо кадом мушкилиҳо дучор мешаванд?
2 Баъзан яку якбора ба сари мо якчанд мушкилӣ меояд. Биёед баъзе мисолҳоро бинем: бародаре бо номи Ҷонн * аз беморие азоб мекашад, ки дар он иммунитети одам торафт ҳуҷайраҳои майнаи сарро нобуд мекунад (рассеянный скелероз). Занаш баъди 19 соли оиладорӣ ӯро партофта рафт. Баъдтар бошад, ду духтари ӯ ба Яҳува хизмат намуданро бас карданд. Аз ин воқеаҳои ногаҳонӣ Ҷонн сахт рӯҳафтода шуд. Бо ҳамсарон Боб ва Линда мушкилии дигаре рӯй дод. Ҳардуи онҳо корашонро аз даст доданд ва аз сабаби бепулӣ маҷбур шуданд, ки аз ҳавлии худ ба хонаи хурдакаке кӯчанд. Ғайр аз ин духтурон дар Линда касалии марговари дилро муайян намуданд ва боз ӯ гирифтори бемории дигаре шуд, ки иммунитети ӯро торафт суст мекард.
3. Филиппиён 4:6, 7 моро ба чӣ боварӣ мебахшад?
3 Талхиҳои зиндагӣ моро ғамгину рӯҳафтода месозанд. Яҳува — Офаридгор ва Падари меҳрубонамон бешубҳа ин ҳиссиёти моро мефаҳмад. Ӯ барои тоб овардан ба мушкилиҳо ба мо кӯмак кардан мехоҳад. (Филиппиён 4:6, 7-ро хонед.) Дар Китоби Муқаддас саргузашти бисёр ходимони Худо навишта шудааст. Мо мехонем, ки онҳо чӣ гуна сахтиҳоро аз сар гузаронданд ва чӣ тавр Яҳува барои тоб овардан ба онҳо мадад карда буд. Биёед баъзеи он мисолҳоро дида бароем.
«ИЛЁС НИЗ МИСЛИ МО ИНСОНИ ОДӢ БУД»
4. Илёс бо кадом душвориҳо рӯ ба рӯ шуд ва ӯ чӣ кор кард?
4 Илёс-пайғамбар дар замонҳои сахт ба Яҳува хизмат карда душвориҳои ҷиддиро аз сар гузаронда буд. Дар он давра Аҳъоб, ки дар таърихи Исроил яке аз подшоҳони хиёнаткор буд, ҳукмронӣ мекард. Зани бадкори ӯ Изобал Баалро парастиш мекард. Ӯ ҳамроҳи шавҳараш тамоми Исроилро ба бутпарастӣ тела доданд ва бисёр пайғамбарони Яҳуваро куштанд. Илёс бошад, тавонист, ки аз дасти онҳо раҳо шавад. Вай ҳангоми қаҳтии сахт низ ба Яҳува такя карда зинда монд (3 Подш. 17:2–4, 14–16). Илёс инчунин ба Яҳува такя карда ба пайғамбарони Баал муқобилат нишон дод. Ӯ исроилиёнро водор кард, ки ба Яҳува хизмат кунанд (3 Подш. 18:21–24, 36–38). Илёс дар ҳаёти худ борҳои зиёд дида буд, ки чӣ тавр Яҳува дар душвориҳо ӯро дастгирӣ мекунад.
5, 6. Мувофиқи 3 Подшоҳон 19:1–4 Илёс ба чӣ гуна ҳиссиёт дода шуд? Яҳува чӣ тавр нишон дод, ки ӯро дӯст медорад?
5 3 Подшоҳон 19:1–4-ро хонед. Вақте малика Изобал ба ҳаёти Илёс таҳдид кард, ӯ тарсида ба Беэр-Шобаъ гурехт. Вай чунон рӯҳафтода буд, ки «ба ҷони худ маргро хост». Барои чӣ Илёс ба ин ҳиссиёт дода шуд? Чунки ӯ нокомил ва «мисли мо инсони одӣ буд» (Яъқ. 5:17). Шояд аз тарс ва хастагиву бемаҷолӣ вай ошуфтаҳол буд. Эҳтимол Илёс фикр кард, ки ҳамаи кӯшишҳое, ки ӯ дар роҳи ибодати пок ба харҷ дод, як тин шуданд, дар Исроил ягон беҳбудӣ нашуд ва аз хизматгорони Яҳува танҳо худаш мондааст (3 Подш. 18:3, 4, 13; 19:10, 14). Шояд мо ҳайрон шавем, ки чаро ин пайғамбари содиқ ба чунин ҳиссиёт дода шуд. Вале Яҳува Илёсро мефаҳмид.
6 Ӯ Илёсро барои ин ҳиссиёташ таънаву маломат накард. Баръакс ӯ ба Илёс ёрдам кард, ки аз нав қувват ёбад (3 Подш. 19:5–7). Баъдтар, Яҳува қудрати беҳамтои Худро ба Илёс нишон дода тарзи фикрронии ӯро бо меҳрубонӣ ислоҳ кард. Сипас Яҳува қайд кард, ки ҳанӯз 7000 исроилиён ҳастанд, ки Баалро парастиш накардаанд (3 Подш. 19:11–18). Ҳамин тавр Яҳува бо амалу суханаш ба Илёс нишон дод, ки ӯро дӯст медорад.
ЯҲУВА БА МО НИЗ МАДАД МЕКУНАД
7. Аз он ки Яҳува ба Илёс кӯмак кард, мо чӣ тасаллӣ меёбем?
7 Оё ба сари шумо ягон душворӣ афтодааст, ки шуморо андӯҳгин месозад? Пас дилпур бошед, ки Яҳува чуноне ки Илёсро мефаҳмид, ҳиссиёти шуморо низ мефаҳмад. Ӯ медонад, ки мо чиро карда метавонем ва чиро не. Яҳува ҳатто мефаҳмад, ки аз сарамон чӣ гуна фикрҳо гузашта истодаанд (Заб. 102:14; 138:3, 4). Агар мо мисли Илёс ба Яҳува такя кунем, Ӯ ба мо кӯмак мекунад, то ба мушкилиҳое, ки моро рӯҳафтода месозанд, тоб орем (Заб. 54:23).
8. Чӣ тавр Яҳува ба мо кӯмак мекунад, ки ба ғаму андӯҳ дода нашавем?
8 Дар вақтҳои стресс ба назарамон шояд чунин тобад, ки мушкилиҳои мо ҳеҷ тамомшавӣ надоранд ва аз ин мо ғамгин мешавем. Агар бо шумо чунин рӯй диҳад, дар ёд доред, ки Яҳува ба шумо ҳатман кӯмак мекунад, ки ба ғаму андӯҳ дода нашавед. Чӣ тавр? Ӯ моро даъват мекунад, ки ғаму ташвишҳоямонро дар дуо ба Ӯ баён кунем. Яҳува нолаву зориҳои моро бе ҷавоб намемонад (Заб. 5:4; 1 Пет. 5:7). Аз ин рӯ тез-тез дар бораи душвориҳоятон ба Ӯ дуо гӯед. Албатта, Яҳува чуноне ки бо Илёс гап зада буд, бо шумо аз осмон гап намезанад, балки Ӯ ба воситаи Китоби Муқаддас ва ташкилоташ ба шумо сухан хоҳад гуфт. Воқеаҳое, ки шумо аз Каломи Ӯ мехонед, метавонанд шуморо тасаллӣ ва умед бахшанд. Яҳува ҳамчунин шуморо метавонад бо воситаи бародару хоҳарон рӯҳбаланд кунад (Рум. 15:4; Ибр. 10:24, 25).
9. Чӣ тавр дӯсти боваринок ба мо кӯмак карда метавонад?
9 Яҳува ба Илёс гуфт, ки баъзе вазифаҳоеро, ки дар хизмат дорад, ба Элишоъ супорад. Ҳамин тавр Ӯ ба Илёс дӯсти хубе дод, ки дар вақтҳои рӯҳафтодагӣ ба Ӯ кӯмак карда метавонист. Ба ин монанд, вақте ки шумо дарди дилатонро ба ягон дӯсти боваринокатон холӣ мекунед, ин ба шумо сабукӣ мебахшад (4 Подш. 2:2; Мас. 17:17). Лекин, агар ба касе сирри дилатонро гуфта натавонед-чӣ? Пас, ба Яҳува дуо гӯед, то барои ёфтани дӯсти рӯҳан баркамол, ки шуморо дастгирӣ карда метавонад, кӯмак кунад.
10. Барои истодагарӣ дар душвориҳо мисоли Илёс ба мо чӣ тавр кӯмак мекунад? Суханони Ишаъё 40:28, 29 моро ба чӣ боварӣ мебахшанд?
10 Яҳува дар тангии Илёс ӯро дастгирӣ кард ва ӯ боз солҳои зиёд ба Худо содиқона хизмат кард. Саргузашти Илёс моро рӯҳбаланд месозад. Баъзан мо дар ҳаёт бо душвориҳое дучор мешавем, ки моро сахт рӯҳафтода месозанд ва ҷисман хаставу бемадор мегардонанд. Вале агар мо ба Яҳува такя кунем, Ӯ ба мо қуввати лозима мебахшад, то ба Ӯ хизмат карданро давом диҳем. (Ишаъё 40:28, 29-ро хонед.)
СЕ НАФАРЕ, КИ БА ЯҲУВА ТАКЯ МЕКАРДАНД
11–13. Душвориҳои ҳаёт ба хизматгорони пешинаи Худо чӣ тавр таъсир мекард?
11 Дигар хизматгорони Худо низ бо душвориҳои калон рӯ ба рӯ шуда буданд. Масалан, Ҳанно аз нанги безурётӣ ва таънаю пичингҳои талхи палонҷаш азоб мекашид (1 Подш. 1:2, 6). Аз вазъияти худ Ҳанно чунон рӯҳафтода мешуд, ки гиря мекард ва чизе намехӯрд (1 Подш. 1:7, 10).
12 Баъзан шоҳ Довуд аз азобу уқубатҳо беҳад хаста мешуд. Боре истода дар бораи душвориҳои ӯ фикр кунед. Вай аз барои хатою гуноҳҳои зиёди пештарааш азоби виҷдон мекашид (Заб. 39:13). Писари дӯстдоштааш, Абшолӯм, ба рӯйи ӯ по монда ба муқобилаш исён бардошт, ки ин бо марги худи Абшолӯм анҷом ёфт (2 Подш. 15:13, 14; 18:33). Ба болои ин яке аз дӯстони наздиктарини Довуд ба ӯ хиёнат кард (2 Подш. 16:23–17:2; Заб. 54:13–15). Дар бисёр таронаҳои Забур, Довуд ғаму андӯҳи дилашро баён мекунад. Вале ӯ ҳамчунин ба Яҳува боварии қавӣ доштанашро изҳор кардааст (Заб. 37:6–11; 93:17–19).
13 Солҳо пас як забурнавис ба тарзи ҳаёти бадкорон ҳасад пайдо кард. Ин эҳтимол яке аз наслҳои Ософи левизода буд, ки дар «қудсҳои Худо» хизмат мекард. Ӯ гул-гулшукуфии шариронро дида рӯҳафтода шуд ва аз вазъияти худ норизо гашт. Вай ҳатто шубҳа пайдо кард, ки Худо ӯро барои хизматаш баракат медиҳад (Заб. 72:2–5, 7, 12–14, 16, 17, 21).
14, 15. Мо аз се ходими пешинаи Яҳува чӣ меомӯзем?
14 Ҳар се хизматгори Худо, ки нав дар бораашон гуфтем, ба кӯмаки Яҳува такя 1 Подш. 1:9, 10; Заб. 54:23; 72:17; 121:1).
мекарданд. Онҳо ташвишҳои худро дар дуоҳои гарму ҷӯшон ба Яҳува баён менамуданд. Дар дуоҳои худ онҳо ошкоро ба Худо мегуфтанд, ки аз кадом сабаб зиқу рӯҳафтодаанд. Ва онҳо ба ибодатгоҳи Яҳува рафтанро давом медоданд (15 Яҳува аз дилсӯзӣ ба дуои ҳар яки он хизматгораш ҷавоб дод. Масалан, Ҳанно дар дилаш оромӣ пайдо кард (1 Подш. 1:18). Довуд бошад, чунин навишт: «Мусибатҳои одил бисёр аст, валекин аз ҳамаи онҳо Худованд ӯро халосӣ медиҳад» (Заб. 33:20). Бо забурнависе, ки ба бадкорон ҳасад пайдо кард, чӣ шуд? Баъдтар ӯ ҳис кард, ки Яҳува гӯё аз дасти росташ гирифта бо маслиҳаташ ӯро ҳидоят мекунад. Ӯ чунин гуфт: «Барои ман ба Худо наздик шуданам некӯст; ба Худованд Худо ман паноҳ бурдаам» (Заб. 72:23, 24, 28). Мо аз ин мисолҳо чӣ меомӯзем? Баъзан мо бо проблемаҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ мешавем, ки моро сахт рӯҳафтода мекунанд. Вале мулоҳиза дар бораи он ки чӣ тавр Яҳува ба хизматгорони замони пеш кӯмак мекард, ба мо сабукӣ мебахшад. Барои паси сар кардани душвориҳо мо ҳам бояд мисли онҳо дар дуо ба Яҳува такя кунем ва дар бобати ҳама чиз ба Ӯ итоаткор бошем (Заб. 142:1, 4–8).
БА ЯҲУВА ТАКЯ КУНЕД ВА ҒАМ АЗ ШУМО ДУР МЕШАВАД
16, 17. а) Чаро мо набояд худро аз Яҳува ва халқи Ӯ дур гирем? б) Чӣ ба мо қуввати тоза бахшида метавонад?
16 Мисоли он се нафар ба мо боз як дарси муҳимро таълим медиҳад — мо набояд ҳеҷ гоҳ худро аз Яҳува ва халқи Ӯ дур кашем (Мас. 18:1). Нэнси ном хоҳар, ки баъди ӯро партофта рафтани шавҳараш сахт маъюсу ноумед гашт, чунин мегӯяд: «Рӯзҳои бисёр ман ҳеҷ касро дидан ва бо касе гап задан намехостам. Аммо чи қадаре ки худро аз дигарон дур кашам, ҳамон қадар ғамам зиёдтар мешуд». Лекин вақте Нэнси диққаташро барои ба дигарон кӯмак расондан равона кард, аҳволаш беҳтар шуд. Ӯ мегӯяд: «Ҳангоми сӯҳбат онҳо нақл мекарданд, ки бо кадом мушкилиҳо мубориза мебаранд. Ва ман пай бурдам, ки вақте дар ҳаққи дигарон ғамхорӣ мекунам, дар бораи ташвишу ғами худ камтар фикр мекунам».
17 Ба вохӯриҳои ҷамъомад рафтан ба мо қуввати тоза мебахшад. Дар вохӯриҳо ҳузур дошта мо ба Яҳува имконият медиҳем, ки моро «ёварӣ намуда» тасаллӣ диҳад (Заб. 85:17). Дар он ҷо Ӯ ба воситаи рӯҳи муқаддас, Каломи Худ ва халқаш ба мо қувват мебахшад. Вохӯриҳо ба мо имконият медиҳанд, ки «аз имони якдигарамон... рӯҳбаланд шавем» (Рум. 1:11, 12). София ном хоҳаре чунин гуфт: «Яҳува ва бародару хоҳарон ба ман ёрдам карданд, ки истодагарӣ кунам. Ба вохӯриҳои ҷамъомад рафтан бароям хеле муҳим буданд. Ман фаҳмидам, ки чи қадаре ки дар хизмат ва кӯмак ба дигарон зиёдтар банд бошам, ҳамон қадар мубориза бо рӯҳафтодагӣ бароям осонтар мегардад».
18. Агар мо худро рӯҳафтода ҳис кунем, Яҳува ба мо чӣ ато мекунад?
18 Ҳар яки мо баъзан маъюсу рӯҳафтода мегардем. Лекин биёед суханони зеринро дар ёд дорем: Яҳува на танҳо дар оянда ҳамаи ғаму андӯҳро пурра бартараф мекунад, балки ҳозир низ кӯмаки худро пешкаш мекунад, то ба ғаму андӯҳ печида аз по наафтем. Ӯ ба мо «ҳам хоҳиш ва ҳам қувват медиҳад», ки бо ҳиссиёти зиқиву ноумедӣ мубориза барем (Флп. 2:13).
19. Суханони Румиён 8:37–39 моро ба чӣ боварӣ мебахшанд?
19 Румиён 8:37–39-ро хонед. Дар ин оятҳо Павлуси расул боварӣ мебахшад, ки ҳеҷ чиз моро аз муҳаббати Худо ҷудо карда наметавонад. Чӣ тавр мо ба дилсӯзии Яҳува пайравӣ карда ба ҳамимононе, ки зиқу рӯҳафтодаанд, кӯмак карда метавонем? Дар мақолаи навбатӣ ин мавзӯъро дида мебароем.
СУРУДИ 68 Дуои шахси рӯҳафтода
^ сарх. 5 Стресс ва душвориҳои пайи ҳам метавонанд моро хаставу бемаҷол гардонда асабҳоямонро хароб кунанд. Дар чунин ҳолатҳо чӣ тавр Яҳува ба мо кӯмак карда метавонад? Барои он ки Яҳува ба мо мадад кунад, мо бояд чӣ кор кунем? Дар ин мақола мо мисоли Илёс-пайғамбар ва дигар ходимони Яҳуваро дида мебароем, ки барои ба ин саволҳо ҷавоб ёфтан кӯмак мекунанд.
^ сарх. 2 Номҳо дар ин мақола дигар шудаанд.
^ сарх. 53 ШАРҲИ РАСМ: Фариштаи Яҳува бо нармӣ Илёсро аз хоб бедор карда ба ӯ нон ва об медиҳад.
^ сарх. 55 ШАРҲИ РАСМ: Забурнависе, ки аз насли Ософ аст, ҳамроҳи дигар левизодагон аз навиштан ва сароидани таронаҳои Забур хурсандӣ мегирад.