БУРҶИ ДИДБОНӢ (НАШРИ ОМӮЗИШӢ) Июн 2020
Дар ин шумора мақолаҳои омӯзишӣ аз 3-юм то 30-юми августи соли 2020 оварда шудаанд.
«Бигзор номи Ту муқаддас гардад»
Мақолаи омӯзишии 23 барои ҳафтаи аз 3-юм то 9-уми августи с. 2020. Дар пеши тамоми одамон ва фариштагон кадом масъалаи муҳим истодааст? Чаро он масъала аҳамияти хеле калон дорад ва дар ҳал шудани он мо чӣ нақш мебозем? Донистани ҷавоби ин саволҳо ва дигар саволҳои бо инҳо алоқаманд ба мо кӯмак мекунад, ки муносибати худро бо Яҳува қавӣ гардонем.
Диламро якто гардон, то аз исми Ту битарсад
Мақолаи омӯзишии 24 барои ҳафтаи аз 10-ум то 16-уми августи с. 2020. Дар ин мақола мо дуои ҳазрати Довудро, ки дар Забур 85:11, 12 навишта шудааст, дида мебароем. Аз исми Яҳува тарсидан чӣ маъно дорад? Чаро мо бояд нисбати номи бузурги Худо эҳтироми чуқур дошта бошем? Ва чӣ тавр тарс аз Худо моро ҳангоми васвасаҳо аз кори нодуруст муҳофизат мекунад?
Саволҳои хонандагон
Оё хислатҳои «самари рӯҳ» танҳо онҳое мебошанд, ки дар Ғалотиён 5:22, 23 оварда шудаанд?
«Ман Худам гӯсфандони Худро хоҳам талабид»
Мақолаи омӯзишии 25 барои ҳафтаи аз 17-ум то 23-юми июни с. 2020. Чаро баъзе касоне, ки солҳои зиёд содиқона ба Яҳува хизмат мекарданд, аз ҷамъомад дур мешаванд? Яҳува нисбати онҳо чӣ ҳис мекунад? Чӣ тавр Ӯ дар гузашта ба баъзе хизматгоронаш, ки муддате рӯҳан суст шуданд, кӯмак кард? Ба ин саволҳо мо дар мақолаи мазкур ҷавоб меёбем.
«Сӯи Ман баргардед»
Мақолаи омӯзишии 26 барои ҳафтаи аз 24-ум то 30-юми августи с. 2020. Яҳува онҳоеро, ки аз ҷамъомад дур шудаанд, даъват карда мегӯяд: «Сӯи Ман баргардед». Касонеро, ки ин даъвати Яҳуваро қабул кардан мехоҳанд, мо бояд дастгирӣ кунем. Дар ин мақола мо дида мебароем, ки чӣ тавр мо ба онҳо барои баргаштан кӯмак карда метавонем.