Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Имрӯз мо ба «навохтани карнайҳо» чӣ тавр муносибат мекунем?

Имрӯз мо ба «навохтани карнайҳо» чӣ тавр муносибат мекунем?

ҲАМАИ мо боварӣ дорем, ки дар ин «рӯзҳои охир» Яҳува халқашро роҳнамоӣ карда аз ҷиҳати рӯҳонӣ дастгирӣ намуда истодааст (2 Тим. 3:1). Лекин ба ҳамаи мо лозим аст, ки ба роҳнамоии Яҳува итоат кунем. Вазъияти моро бо вазъияти исроилиёне, ки дар биёбон буданд, монанд мумкин аст. Онҳо бо баробари шунидани овози карнай бояд амал мекарданд.

Яҳува ба Мӯсо амр дод, ки «барои даъват кардани ҷамоат ва барои кӯчонидани ӯрдуҳо» ду карнайи нуқрагин бисозад (Ад. 10:2). Бо тарзҳои гуногун навохта шудани карнайҳо нишон медоданд, ки аз халқ чӣ талаб карда мешавад (Ад. 10:3–8). Дар ин мақола мо мебинем, ки бо кадом се тарз дар Исроили қадим ба воситаи навохтани карнайҳо дастурот дода мешуд. Имрӯз ба халқи Худо бо роҳҳои гуногун дастурот дода мешавад ва мо се тарзи онро дида мебароем. Масалан, дар рӯзҳои мо низ халқи Яҳува ба вохӯриҳои калон даъват карда мешаванд, нозирони таъйиншуда таълим мегиранд ва ба тамоми ҷамъомадҳо оиди ягон дигаргунӣ дастурот дода мешавад.

ДАЪВАТ БА ВОХӮРИҲОИ КАЛОН

Дар замони қадим дувоздаҳ сибти Исроил ба чор дастаи калон се қабилагӣ тақсим шуда дар чор тарафи хаймаи муқаддас ӯрду мезаданд. Вақте коҳинон ҳарду карнайро баробар менавохтанд, ин аломати он буд, ки Яҳува мехоҳад «тамоми ҷамоат» дар назди дари хаймаи муқаддас ҷамъ шаванд (Ад. 10:3). Баъди шунидани садо сибтҳои ба хаймаи муқаддас наздик эҳтимол дар якчанд дақиқа ба назди хайма ҳозир шуда метавонистанд. Ба омадани сибтҳое, ки дуртар ҷойгир буданд, вақт ва қуввати зиёдтар лозим буд. Ба ҳар ҳол Яҳува мехост, ки тамоми халқ ҷамъ оянд ва дастуроти Ӯро шунаванд.

Имрӯз мо дар назди ягон хаймаи муқаддас ҷамъ намеоем, вале мо ба вохӯриҳои халқи Худо даъват карда мешавем, ки онҳо анҷуманҳои минтақавӣ ва дигар вохӯриҳои махсусро дар бар мегиранд. Дар онҳо маълумот ва дастуроти муҳим дода мешаванд. Дар саросари замин халқи Худо аз ҳамон як барнома баҳра мегиранд. Аз ин рӯ ҳамаи онҳое, ки даъвати Яҳуваро қабул карда ба ин гуна вохӯриҳо ҷамъ меоянд, худро дар байни бародарият ҳис карда хурсанд мешаванд. Ба баъзеҳо шояд лозим меояд, ки нисбат ба дигарон аз ҷойҳои дуртар сафар кунанд. Вале ҳамаи онҳое, ки ба он вохӯриҳо меоянд, бешубҳа розиянд, ки кӯшишҳояшон беҳуда нест.

Оё гурӯҳҳои дурдаст низ аз чунин вохӯриҳо манфиат мегиранд? Бале, ба туфайли технологияи ҳозиразамон бисёри онҳо метавонанд аз барномае, ки ба тамоми халқи Худо омода мегардад, манфиат гиранд ва худро дар вохӯрии калон ҳис кунанд. Масалан, вақте ба филиали Бенин намояндаи идораи марказӣ ташриф овард, барномаи рӯҳонӣ ба тариқи видео ба шаҳри Арлити Нигерия, ки дар биёбони Сахара ҷойгир аст, мустақим пахш шуд. Дар он ҷо бисту як бародару хоҳарон ва шавқмандон ҷамъ омада буданд. Ҳарчанд онҳо дар мавзеи дурдаст қарор доштанд, худро дар вохӯрии калоне ҳис карданд, ки дар он 44 131 нафар ҳузур дошт. Оиди ин вохӯрӣ як бародарамон чунин навишт: «Мо аз шумо барои пахши мустақими ин барнома аз замин то осмон миннатдорем. Бори дигар мо ҳис кардем, ки то чӣ андоза шумо моро дӯст медоред».

ВАҚТЕ ПИРОН БА ТАЪЛИМГИРӢ ДАЪВАТ МЕШАВАНД

Вақте коҳинони исроилӣ танҳо як карнайро менавохтанд, пеши хайма бояд танҳо «раисон, сардорони сибтҳо» ҳозир мешуданд (Ад. 10:4). Дар он ҷо Мӯсо ба онҳо ягон маълумотро мерасонд ё чизеро таълим медод. Ин ба онҳо кӯмак мекард, ки вазифаҳои худро дар сибтҳояшон хуб иҷро кунанд. Агар шумо яке аз сардорони исроилӣ мебудед, оё саъю кӯшиш намекардед, ки ба он ҷо ҳозир шуда аз шунидани дастурот манфиат гиред?

Имрӯз пирони ҷамъомад «раисон» нестанд ё ба рамаи Худо ҳукмфармоӣ намекунанд (1 Пет. 5:1–3). Баръакс, онҳо то ҳадди имкон кӯшиш мекунанд ба гӯсфандони Худо ғамхорӣ кунанд. Аз ин рӯ вақте ташкилот онҳоро ба гирифтани таълими иловагӣ, масалан, ба Мактаб барои пирон даъват мекунад, онҳо бо омодагӣ инро қабул мекунанд. Дар чунин вохӯриҳо пирон ба таври беҳтар ҳал кардани масъалаҳои ҷамъомадро ёд мегиранд. Ин курсҳои таълимӣ ҳам ба пирон ва ҳам ба аъзоёни ҷамъомад кӯмак мекунад, ки ба Яҳува наздиктар шаванд. Вақте пирон чизҳои омӯхтаашонро дар амал ба кор мебаранд, ҳатто касоне ки дар чунин Мактабҳо нахондаанд, манфиати онро ҳис мекунанд.

ВАҚТЕ ЯГОН ДИГАРГУНӢ МЕШАВАД

Вақте абр аз болои хаймаи муқаддас ба ҳаракат медаромад, ин аломати он буд, ки Яҳува мехоҳад тамоми қавм кӯч баста ба роҳ бароянд. Ва барои инро эълон кардан коҳинон карнайро канда-канда менавохтанд (Ад. 10:5, 6, ТДН). Ҳангоми ба роҳ баромадани халқ тартибу низоми хуб ба назар мерасид, вале ба дигар ҷо кӯчидан барои онҳо осон набуд. Гоҳ вақт баъзе исроилиён шояд бо дили нохоҳам ба роҳ мебаромаданд. Чаро?

Мумкин баъзеҳо ҳис мекарданд, ки даъват барои кӯч бастан зуд-зуд ва ногаҳон садо медиҳад. Баъзан абр танҳо «аз шом то субҳ» меистод. Лекин баъзан он «ду рӯз ё як моҳ» ё аз ин зиёдтар таваққуф менамуд (Ад. 9:21, 22). Исроилиён дар биёбон ҳамагӣ чанд бор аз як ҷо ба ҷойи дигар кӯчиданд? Аз боби 33-юми китоби Ададҳо фаҳмидан мумкин аст, ки онҳо қариб 40 бор кӯч бастанд.

Баъзан исроилиён дар мавзеи салқин хайма мезаданд. Дар ҳавои гарму сӯзони биёбон ин шояд айни муддао буд (Такр. Ш. 1:19). Аз ин рӯ дар сарашон чунин фикр пайдо шуда метавонист, ки кӯч бастан вазъияти хуби онҳоро бад месозад.

Овози канда-кандаи карнайро тамоми халқ баробар шунавад ҳам, на ҳама сибтҳо дар як вақт ба роҳ мебаромаданд. Азбаски онҳо бояд яке пайи ҳам ба роҳ мебаромаданд, ба баъзе сибтҳо пуртоқатӣ лозим буд, ки навбати худро интизор шаванд. Ҳангоме ки бори аввал овози канда-кандаи карнай садо медод, ӯрдуҳои тарафи шарқ — бани Яҳудо, Иссокор ва Забулун ба роҳ мебаромаданд (Ад. 2:3–7; 10:5, 6). Вақте он дафъаи дуюм садо медод, ӯрдуҳои тарафи ҷануб кӯч мебастанд. Ҳамин тавр то кӯчидани тамоми ӯрдуҳо бо ин тарз карнай навохта мешуд.

Вақте дар ташкилот дигаргуние ҷорӣ шуд, мумкин қабул кардани он ба шумо душвор буд. Шояд аз дигаргуниҳои пайи ҳам ва ногаҳонӣ сару калобаатонро гум кардед. Мумкин шумо ба баъзе чизҳои пештара одат карда будед ва намехостед, ки онҳо тағйир ёбанд. Аз ягон ҷиҳат шояд пуртоқатии шумо озмуда шуд ва барои ба дигаргунӣ мутобиқ шуданатон вақт лозим буд. Бо вуҷуди ин, агар мо ба дастуроти нав гӯш карда мувофиқи он амал кунем, мо мебинем, ки ин бар манфиати мост ва ба Яҳува писанд аст.

Дар рӯзҳои Мӯсо Яҳува дар биёбон миллионҳо мардон, занон ва кӯдаконро роҳнамоӣ мекард. Агар ӯ ба онҳо ғамхорӣ намекард ва дастурот намедод, онҳо зинда намемонданд. Дар ин рӯзҳои хатарноки охирзамон низ Яҳува моро роҳнамоӣ мекунад. Агар мо ба дастуроти Худо гӯш диҳем, муносибати наздикро бо Ӯ нигоҳ дошта дар имон қавӣ мемонем. Барои ҳамин, биёед мисли исроилиёни содиқ, ки бо баробари шунидани карнай аз рӯйи дастурот амал мекарданд, мо ҳам итоаткор бошем.