Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Худдорӣ. Бе ин хислат мо ба Яҳува писанд омада наметавонем

Худдорӣ. Бе ин хислат мо ба Яҳува писанд омада наметавонем

«Вақте як хешам бо ман баҳс кардан гирифт, ман аз ҷой хеста вайро буғӣ карданӣ шудам. Хостам, ки вайро кушам»,— мегӯяд Пол.

«Дар хона ман ҳатто бо сабабҳои ночиз зуд ба ғазаб омада мебел, бозичаҳои кӯдакон ва ҳар чизеро, ки ба дастам меафтид, зада мешикастам»,— мегӯяд Марко.

Аксари мо шояд мисли ин ду нафар бадфеъл нестем. Вале ба ҳар яки мо баъзан худдорӣ кардан душвор аст. Сабаби асосии ин майлҳои гунаҳкорона мебошанд, ки мо аз Одам мерос гирифтаем (Рум. 5:12). Баъзеҳо мисли Пол ва Марко ҳиссиёти худро, масалан хашми худро дошта наметавонанд. Ба дигарон идора кардани фикрҳояшон душвор аст. Чунин касон доимо оиди чизҳое фикр мекунанд, ки онҳоро ба тарс меорад ё рӯҳафтода месозад. Баъзеи дигар дар рафтор худдорӣ карда наметавонанд. Шояд онҳо ба осонӣ ба бадахлоқии ҷинсӣ, нӯшокиҳои спиртӣ ва нашъа дода шаванд.

Онҳое, ки фикр, ҳиссиёт ва рафтори нодурусти худро идора карда наметавонанд, дар ҳаёт шикаст хӯрданашон мумкин аст. Лекин бо як роҳ мо худро аз чунин оқибати бад эмин дошта метавонем. Ин инкишоф додани худдорӣ аст. Биёед аввал се саволи зеринро дида бароем: 1) Худдорӣ чист? 2) Чаро доштани худдорӣ муҳим аст? 3) Чӣ тавр мо ин хислати «самари рӯҳ»-ро инкишоф дода метавонем? (Ғал. 5:22,23). Сипас мефаҳмем, ки агар баъзан ба мо худдорӣ нарасад, мо чӣ кор карда метавонем.

ХУДДОРӢ ЧИСТ?

Шахсе, ки худдорӣ дорад, сари ҳар масъала зуд ба хашм намеояд. Ӯ лаҷоми забонашро медорад ва аз кардани коре, ки ба Худо маъқул нест, худдорӣ мекунад.

Мо равшан мебинем, ки Исо худдорӣ зоҳир мекард

Исо нишон дод, ки худдорӣ зоҳир кардан чӣ маъно дорад. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Ӯро паст мезаданд, вале ӯ дар ҷавоб чунин намекард, вақте азоб мекашид, таҳдид наменамуд, балки довариро ба Худои одил месупорид» (1 Пет. 2:23). Душманон Исоро ҳангоми дар сутун мехкӯб шуданаш мазоҳу масхара карданд, вале ӯ худдорӣ зоҳир намуд (Мат. 27:39–44). Инчунин роҳбарони динӣ ба Исо бисёр саволҳо дода ҳаракат мекарданд, ки дар суханони ӯ айбе ёбанд, вале Исо худдориро аз даст намедод (Мат. 22:15–22). Боре бошад, яҳудиёни ба хашмомада ӯро сангсор карданӣ шуданд, вале Исо ба ҷойи қасос гирифтан «пинҳон шуда, аз маъбад берун рафт» (Юҳ. 8:57–59).

Исо комил буд, мо бошем не. Вале ба ҳар ҳол мо метавонем ба андозае ба ӯ пайравӣ кунем. Павлуси расул низ гуфт: «Масеҳ бароятон азоб кашид ва намунаи ибрат гузошт, то аз пайи ӯ равона шавед» (1 Пет. 2:21). Ба нокомилии худ нигоҳ накарда мо худдорӣ зоҳир карда метавонем. Чаро худдорӣ доштан муҳим аст?

ЧАРО ДОШТАНИ ХУДДОРӢ МУҲИМ АСТ?

Агар мо хоҳем, ки ба Яҳува писанд бошем, бояд худдорӣ зоҳир кунем. Ҳатто мо ба Яҳува солҳои зиёд хизмат карда истода бошем ҳам, агар дар рафтору гуфтор худдорӣ зоҳир накунем, дӯстиамонро бо Ӯ аз даст дода метавонем.

Мисоли Мӯсо-пайғамбарро дида мебароем. Ӯ «марди бағоят фурӯтан буд, бештар аз ҳар одаме ки бар рӯи замин аст» (Ад. 12:3). Мӯсо даҳсолаҳо шикояту ғур-ғури исроилиёнро тоқат кард, вале рӯзе косаи сабраш лабрез шуду худдориро аз даст дод. Исроилиён аз нав барои норасоии об мағал бардоштанд ва ин карат ӯ бо онҳо дағалона муносибат карда чунин гуфт: «Бишнавед, эй саркашон! Оё аз ин сахра об барои шумо берун оварем?» (Ад. 20:2–11).

Мӯсо қаҳру ғазаби худро дошта натавонист. Ҳарчанд обро Яҳува ба таври мӯъҷиза муҳайё кард, Мӯсо шаъну шарафро ба Ӯ надод (Заб. 105:32, 33). Дар натиҷа Яҳува ба Мӯсо иҷозат надод, ки ба Замини ваъдашуда дарояд (Ад. 20:12). Эҳтимол Мӯсо як умр аз кори кардааш афсӯс мехӯрд (Такр. Ш. 3:23–27).

Мо аз ин чӣ панд мегирем? Ҳатто агар мо солҳои зиёд дар роҳи ҳақиқат бошем ҳам, ҳеҷ вақт набояд бо касоне, ки моро асабӣ мекунанд ё ба ислоҳшавӣ ниёз доранд, беэҳтиромона гап занем (Эфс. 4:32; Қӯл. 3:12). Пӯшида нест, ки вақте мо торафт пир шуда саломатиамон заиф мегардад, баъзан пурсабрӣ зоҳир кардан душвор буда метавонад. Вале мисоли Мӯсоро фаромӯш накунед. Мо ҳеҷ гоҳ намехоҳем, ки аз норасоии худдорӣ муносибати хубамонро бо Яҳува аз даст диҳем. Чӣ тавр ин хислати заруриро инкишоф диҳем?

ХУДДОРИРО ЧӢ ТАВР ИНКИШОФ ДИҲЕМ?

Аз Худо рӯҳи муқаддас пурсед. Чаро ин муҳим аст? Зеро худдорӣ яке аз хислатҳои самари рӯҳи Худо мебошад ва Яҳува тайёр аст, рӯҳи Худро ба онҳое, ки мепурсанд, ато кунад (Луқ. 11:13). Яҳува қодир аст, ки бо рӯҳи Худ ба мо барои худдорӣ кардан қуввати лозима бахшад (Флп. 4:13). Ӯ ҳамчунин ба мо ёрӣ медиҳад, ки дигар хислатҳои самари рӯҳро ба монанди муҳаббат инкишоф диҳем. Агар мо дигаронро дӯст дорем, аз рафтору гуфтори нодуруст худдорӣ карданамон осонтар мегардад (1 Қӯр. 13:5).

Аз ҳар чизе ки худдорӣ зоҳир карданро бароятон мушкил мекунад, канора ҷӯед

Аз ҳар чизе, ки худдорӣ карданро бароятон душвор мегардонанд, дурӣ ҷӯед. Масалан, баъзе намудҳои вақтхушӣ ва шабакаҳои интернетӣ асосан рафтори нодурустро дар бар мегиранд (Эфс. 5:3, 4). Мо бояд аз ҳар чизе ки моро ба кори нодуруст тела медиҳад, канорагирӣ кунем (Мас. 22:3; 1 Қӯр. 6:12). Масалан, агар ба шахс хоҳишҳои шаҳвониашро идора кардан душвор бошад, беҳтараш умуман филмҳои ошиқона тамошо накунад ва чунин китобҳоро нахонад.

Шояд ба мо ин маслиҳатҳоро ба кор бурдан осон набошад. Лекин агар мо кӯшиш кунем, Яҳува ба мо қуввати лозима мебахшад, ки худамонро дошта тавонем (2 Пет. 1:5–8). Ӯ ба мо ёрӣ медиҳад, ки фикрҳо, гуфтор ва рафтори худро идора кунем. Инро мисоли Пол ва Марко, ки дар боло оидашон гуфтем, тасдиқ мекунад. Ҳар яки онҳо идора кардани хашми худро ёд гирифтанд. Ҳамчунин мисоли як бародари дигарро меорем. Ӯ бисёр вақт дар роҳ бо ронандагони дигар баҳс мекард, зеро саросема ба кор мерафт ва ба назараш чунин менамуд, ки онҳо оҳиста ронда истодаанд. Вай барои ислоҳ шудан чӣ кор кард? Ӯ мегӯяд: «Ман ҳар рӯз аз сидқи дил дуо гуфтам. Оиди мавзӯи худдорӣ мақолаҳоро ёфта омӯзиш кардам ва оятҳои бо ин алоқамандро аз ёд кардам. Ман аллакай чанд сол боз худдориро инкишоф медиҳам. Лекин ҳоло ҳам саҳариҳо ба худ хотиррасон мекунам, ки дар давоми рӯз чизе нашавад, оромиро нигоҳ медорам. Инчунин ман барвақттар аз хона мебароям, то саросема нашуда ба ҷойи кор равам».

ЧӢ БОЯД КАРД, АГАР БАЪЗАН ХУДДОРӢ КАРДА НАТАВОНЕМ?

Баъзан ҳар яки мо худдориро аз даст медиҳем. Дар ин гуна ҳолатҳо мо шояд шарм медорем, ки ба Яҳува дуо гӯем. Вале маҳз дар чунин вақтҳо мо бояд бештар ба Ӯ дуо гуфта кӯмак пурсем. Барои ҳамин дарҳол ба Яҳува дар дуо муроҷиат кунед. Тавалло карда аз Ӯ бахшиш пурсед, кӯшиш кунед, ки дигар ин хатогиро такрор накунед ва барои ин аз Ӯ кӯмак пурсед (Заб. 50:11–13). Яҳува аз дуои самимии шумо гӯши Худро маҳкам намекунад (Заб. 101:18). Юҳаннои расул ба мо хотиррасон кардааст, ки хуни Писари Худо «моро аз ҳар гуноҳ пок мекунад» (1 Юҳ. 1:7; 2:1; Заб. 85:5). Яҳува ба хизматгоронаш насиҳат мекунад, ки хатогиҳои дигаронро чанд бор ки лозим ояд, бахшанд. Пас, мо боварӣ дошта метавонем, ки Худи Ӯ низ бо мо ҳамин тавр мекунад (Мат. 18:21, 22; Қӯл. 3:13).

Боре вақте Мӯсо худашро идора карда натавонист, ин ба Яҳува писанд наомад. Бо вуҷуди ин Яҳува ӯро бахшид. Каломи Худо мегӯяд, ки Мӯсо марди хеле содиқ буд ва мо бояд ба имони ӯ пайравӣ кунем (Такр. Ш. 34:10; Ибр. 11:24–28). Ҳарчанд Яҳува ба Мӯсо иҷозат надод, ки ба Замини ваъдашуда дарояд, ба ӯ имконият медиҳад, ки дар биҳишти рӯйи замин абадӣ зиндагӣ кунад. Мо ҳам ба ҳаёти ҷовидонӣ умед дошта метавонем, ба шарте ки хислати худдориро дар худ инкишоф диҳем (1 Қӯр. 9:25).