МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 18 ҚИСМИ 2
Муҳаббату адолат дар ҷамъомади масеҳӣ
«Минбаъд низ борҳои якдигарро бардоред, бо ин шумо шариати Масеҳро иҷро хоҳед кард» (ҒАЛ. 6:2).
СУРУДИ 112 Яҳува Худои бузург
ПЕШГУФТОР *
1. Ба кадом ду чиз мо боварии комил дошта метавонем?
МУҲАББАТИ Яҳува ба хизматгоронаш пойдор аст. Ӯ онҳоро ҳамеша дӯст медошт ва то абад дӯст хоҳад дошт. Ӯ ҳамчунин дӯстдори адолат аст (Заб. 32:5). Аз ин рӯ мо метавонем ба ин ду чиз боварии комил дошта бошем: 1) Муносибати беадолатона нисбати хизматгоронаш ба Яҳува дарднок аст. 2) Ӯ ваъда медиҳад, ки ба беадолатиҳо хотима мебахшад ва золимонро беҷазо намемонад. Аз қисми якуми ин силсилаи мақолаҳо * мо фаҳмидем, ки Шариате, ки Худо ба воситаи Мӯсо дода буд, бар муҳаббат асос меёфт. Он халқро бармеангехт, ки бо ҳама, аз он ҷумла бо одамони бекасу бечора, аз рӯйи адлу инсоф амал кунанд (Такр. Ш. 10:18). Аз он Қонун дида мешуд, ки Яҳува ба хизматгоронаш то чӣ андоза ғамхор аст.
2. Мо ба кадом саволҳо ҷавоб меёбем?
2 Соли 33-юми милодӣ ҷамъомади масеҳӣ ташкил ёфт. Шариати Мӯсо, ки бар муҳаббат ва адолат асос меёфт, бекор шуд. Магар ин маънои онро дошт, ки акнун масеҳиёнро ҳеҷ гуна қонун ҳимоя намекунад? Албатта, не. Ба масеҳиён шариати нав дода шуд, ки ин шариати Масеҳ мебошад. Дар ин мақола мо аввал дида мебароем, ки он кадом қонун аст. Сипас ба саволҳои зерин ҷавоб меёбем: «Чаро гуфтан мумкин аст, ки ин қонун бар муҳаббат асос меёбад? Чӣ тавр он моро ба адлу инсоф бармеангезад? Мувофиқи ин қонун, касоне, ки дорои ҳокимиятанд, бо дигарон чӣ тавр бояд муносибат кунанд?»
«ШАРИАТИ МАСЕҲ» ЧИСТ?
3. Мувофиқи Ғалотиён 6:2 «шариати Масеҳ» чиро дар бар мегирад?
3 Ғалотиён 6:2-ро хонед. Масеҳиён зери «шариати Масеҳ» мебошанд. Исо ба пайравонаш рӯйхати қонунҳои муайянро нанавишт, балки ба онҳо дастурот, амрҳо ва принсипҳо дод, то аз рӯйи онҳо зиндагӣ кунанд. «Шариати Масеҳ» тамоми таълимоти Исоро дар бар мегирад. Аз сархатҳои поён мо дар бораи он бисёртар мефаҳмем.
4, 5. Исо бо кадом роҳҳо ва кай шогирдонашро таълим медод?
4 Исо бо кадом роҳҳо таълим медод? Ӯ инро пеш аз ҳама бо суханаш мекард. Суханони Исо қувваи бузург доштанд, чунки ӯ дар бораи Худо ҳақиқатро мегуфт, чӣ будани маънои ҳаётро нишон медод ва мефаҳмонд, ки ягона роҳи ҳалли азобу душвориҳои тамоми инсоният Подшоҳии Худо мебошад (Луқ. 24:19). Исо инчунин бо тарзи ҳаёти худ дигаронро таълим медод. Бо намунаи худ ӯ ба шогирдонаш нишон дод, ки онҳо бояд чӣ тавр зиндагӣ кунанд (Юҳ. 13:15).
5 Исо дар куҷо таълим медод? Ӯ одамонро ҳангоми хизмати заминиаш таълим медод (Мат. 4:23). Баъди эҳё шуданаш низ ӯ таълим додани шогирдонашро давом дод. Масалан, ӯ ба як гурӯҳ шогирдонаш, ки эҳтимол аз 500 нафар зиёд буданд, зоҳир шуд ва ба онҳо амр дод, ки шогирд тайёр кунанд (Мат. 28:19, 20; 1 Қӯр. 15:6). Баъди ба осмон рафтан Исо сарвари ҷамъомад шуд ва ба шогирдонаш дастур доданро давом дод. Тахминан соли 96-уми милодӣ ӯ ба воситаи Юҳаннои расул пайравони тадҳиншудаашро рӯҳбаланд кард ва ба онҳо маслиҳат дод (Қӯл. 1:18; Ваҳй 1:1).
6, 7. а) Таълимоти Исо дар куҷо навишта шудааст? б) Чӣ тавр мо ба шариати Масеҳ итоаткор буданамонро нишон медиҳем?
6 Таълимоти Исо дар куҷо навишта шудааст? Оиди бисёр суханон ва корҳои Исо дар чор Инҷил навишта шудааст. Дигар китобҳои Навиштаҳои Юнониро низ мардоне навиштаанд, ки аз рӯҳи муқаддас илҳом ёфта буданд ва «фикрронии Масеҳро» доштанд. Аз он китобҳо мо мефаҳмем, ки Исо оиди ин ё он масъала Исо чӣ фикр дошт (1 Қӯр. 2:16).
7 Дарсҳо барои мо: Таълимоти Исо, яъне шариати Масеҳ тамоми ҷонибҳои ҳаёти моро дар бар мегирад. Он ба мо мефаҳмонад, ки дар хона, дар ҷойи кор, дар мактаб ва ҷамъомад чӣ гуна рафтор кунем. Ва мо ин шариатро бо хондани Навиштаҳои Юнонӣ ва мулоҳиза оиди онҳо аз худ мекунем. Чӣ тавр мо ба он итоаткор буданамонро нишон медиҳем? Агар ҳаётамонро ба дастуроту принсипҳои он китобҳои илҳомбахшидашуда Юҳ. 8:28).
мувофиқ гардонем. Вақте мо ба шариати Масеҳ итоат мекунем, мо ба Худои пурмуҳаббати худ, Яҳува, гӯш медиҳем. Чунки ҳамаи таълимоти Исо аслан аз Яҳува бармеоянд (ҚОНУНЕ, КИ БАР МУҲАББАТ АСОС ЁФТААСТ
8. Шариати Масеҳ бар чӣ асос меёбад?
8 Агар хона таҳкурсии устувор дошта бошад, он мустаҳкам аст ва касоне, ки дар он зиндагӣ доранд, худро дар бехатарӣ ҳис мекунанд. Ба ин монанд, қонуне, ки таҳкурсии мустаҳкам дорад, ба касоне, ки аз рӯйи он зиндагӣ мекунанд, ҳисси бехатарӣ ва оромӣ мебахшад. Шариат ё қонуни Масеҳ ба таҳкурсии беҳтарин — муҳаббат асос ёфтааст. Ба кадом маъно?
9, 10. Кадом мисолҳо нишон медиҳанд, ки Исо ҳар як корро аз муҳаббат мекард ва мо чӣ тавр ба ӯ пайравӣ карда метавонем?
9 Чаро гуфтан мумкин аст, ки шариати Масеҳ бар муҳаббат асос меёбад? Якум, ба ҳар як кор Исоро муҳаббат бармеангехт. Ӯ ба одамон раҳмдилу дилсӯз буд, чунки онҳоро дӯст медошт. Аз раҳмдилӣ Исо мардуми зиёдро таълим медод, беморонро шифо мебахшид, гуруснагонро сер менамуд ва мурдагонро зинда мекард (Мат. 14:14; 15:32–38; Марқ. 6:34; Луқ. 7:11–15). Ҳарчанд ин корҳо вақту қуввати зиёди ӯро мегирифт, лекин Исо на дар бораи худ, балки бисёртар дар бораи дигарон фикр мекард. Беш аз ин, ӯ муҳаббати бузург зоҳир карда, ҳаёташро барои одамон қурбон кард (Юҳ. 15:13).
10 Дарсҳо барои мо: Хуб мебуд, ки мо низ мисли Исо ниёзҳои дигаронро аз хоҳишҳои худ боло монем. Ва нисбати одамони маҳалламон бисёртар дилсӯз бошем. Аз раҳмдилӣ ба одамон хушхабарро мавъиза карда, мо ба шариати Масеҳ итоат мекунем.
11, 12. а) Чӣ нишон медиҳад, ки Яҳува ба мо беҳад ғамхор аст? б) Чӣ тавр мо ба муҳаббати Яҳува пайравӣ карда метавонем?
11 Дуюм, дар корҳои Исо муҳаббати Падараш дида мешуд. Дар давоми хизматаш Исо нишон дод, ки Яҳува то чӣ андоза ба хизматгоронаш ғамхор аст. Масалан, Исо мегуфт, ки ҳар яки мо барои Падари осмониамон азиз ҳастем (Мат. 10:31). Агар гунаҳкори тавбакарда ба ҷамъомад баргардад, Яҳува бо хурсандӣ гӯсфанди гумшудаашро қабул мекунад (Луқ. 15:7, 10). Боз Яҳува муҳаббаташро бо он исбот кард, ки Писарашро чун фидия барои мо дод (Юҳ. 3:16).
12 Дарсҳо барои мо: Хуб мебуд, ки мо низ ба муҳаббати Яҳува пайравӣ кунем (Эфс. 5:1, 2). Мо ҳар як бародар ва хоҳарро бояд мисли Яҳува азиз донем ва дӯст дорем ва вақте «гӯсфанди гумшуда»-е ба ҷамъомад бармегардад, ӯро бо хурсандӣ пешвоз гирем (Заб. 118:176). Муҳаббати худро ба бародару хоҳарон мо бо он нишон медиҳем, ки кӯмаки худро аз онҳо дареғ намедорем, хусусан вақте ки онҳо мӯҳтоҷанд (1 Юҳ. 3:17). Ба дигарон аз рӯйи муҳаббат рафтор карда, мо ба шариати Масеҳ итоат мекунем.
13, 14. а) Мувофиқи Юҳанно 13:34, 35 Исо ба шогирдонаш чӣ амр дод ва чаро онро амри нав гуфтан мумкин аст? б) Чӣ тавр мо ба ин амри нав итоат мекунем?
13 Сеюм, Исо ба пайравонаш амр дод, ки ба якдигар муҳаббати фидокорона дошта бошанд. (Юҳанно 13:34, 35-ро хонед.) Чаро ин амри Исо нав аст? Чунки аз ин пеш, Шариате, ки Худо ба Исроил дода буд, зоҳир кардани чунин муҳаббатро талаб намекард. Вале имрӯз мо бояд бародару хоҳаронро мисли Исо дӯст дорем, яъне ба онҳо муҳаббати фидокорона * дошта бошем. Мо ҳатто онҳоро бояд аз худамон ҳам зиёдтар дӯст дорем. Муҳаббати мо бояд чунон пурзӯр бошад, ки чун Исо тайёр бошем барои онҳо ҷонамонро фидо кунем.
14 Дарсҳо барои мо: Агар мо бо омодагӣ баҳри бародару хоҳарон некӣ кунем, ба амри нави Исо итоат мекунем. Мо тайёрем, ки барои наҷот додани ҳаёти онҳо ҷони худро фидо кунем. Вале бо корҳои майда-чуйда низ муҳаббати худро нишон додан мумкин аст. Масалан, бо ин роҳҳо: бародар ё хоҳари калонсолро бо мошинамон ба ҷамъомад бурдан, барои хурсандии дӯсти азизамон аз баҳри ягон чизи ба худамон маъқул гузаштан, рухсатиамонро барои кӯмак ба осебдидагони офатҳои табиӣ истифода бурдан ва ғайраҳо. Чунин карда мо ба шариати Масеҳ итоат мекунем. Он гоҳ ҷамъомад маконе мегардад, ки дар он ҳар як кас худро орому осуда ҳис мекунанд.
ҚОНУНЕ, КИ БА АДЛУ ИНСОФ БАРМЕАНГЕЗАД
15–17. а) Чӣ тавр корҳои Исо нишон медоданд, ки ӯ адолатпарвар аст? б) Чӣ тавр мо ба Исо пайравӣ карда метавонем?
15 Китоби Муқаддас «адолат» гуфта кору рафтореро дар назар дорад, ки он дар чашми Худо дуруст аст ва бе рӯйбинӣ карда мешавад. Чаро гуфтан мумкин аст, ки шариати Масеҳ шахсро ба адолат бармеангезад?
16 Якум, амалҳои Исо адолатпарвар будани ӯро нишон медиҳанд. Дар рӯзҳои ӯ роҳбарони дин аз ғайрияҳудиён нафрат доштанд, яҳудиёни одиро паст мезаданд ва занонро ҳурмат намекарданд. Лекин Исо ҳамаро бо як чашм медид ва аз рӯйи адлу инсоф амал мекард. Ӯ аз ғайрияҳудиёне, ки ба вай имон меоварданд, кӯмакашро дареғ намедошт (Мат. 8:5–10, 13). Исо бадгумонӣ надошт, чунки ҳам ба камбағалон ва ҳам ба одамони бой мавъиза мекард (Мат. 11:5; Луқ. 19:2, 9). Исо ҳеҷ вақт бо занон муомилаи бад намекард ва дағал набуд. Баръакс, онҳоро ҳурмат мекард ва нисбаташон меҳрубон буд, аз он ҷумла ба онҳое, ки дигарон радди маърака меҳисобиданд (Луқ. 7:37–39, 44–50).
17 Дарсҳо барои мо: Мисли Исо мо бояд ҳамаро бо як чашм бинем. Мо ба ҳамаи онҳое, ки ба гӯш кардан тайёранд, мавъиза мекунем, нигоҳ накарда ба он ки онҳо боянд ё камбағал ва ё дар кадом дин ҳастанд. Мардони масеҳӣ мисли Исо бояд бо занон эҳтиромона муносибат кунанд. Бо кардани ин корҳо мо ба шариати Масеҳ итоат мекунем.
18, 19. Исо дар бораи адолат чиро таълим дод ва мо аз гуфтаҳои ӯ барои худ чӣ дарс мегирем?
18 Дуюм, Исо ба шогирдонаш таълим медод, ки бояд бо дигарон аз рӯйи адлу инсоф амал намоянд. Масалан, Қоидаи тиллоиро ба ёд оред (Мат. 7:12). Ҳамаи мо мехоҳем, ки дигарон бо мо боадолат бошанд. Аз ин рӯ худи мо ҳам бояд бо дигарон аз рӯйи адлу инсоф муносибат кунем. Ва дар ҷавоб шояд дигарон низ нисбати мо боадолатона рафтор кунанд. Вале чӣ бояд кард, агар мо аз беадолатӣ зарар дида бошем? Исо таълим дод, ки мо бояд ба Яҳува такя кунем, зеро Ӯ барои онҳое «ки шабу рӯз сӯйи Ӯ илтиҷо мекунанд, адолатро барқарор» мекунад (Луқ. 18:6, 7). Худои адолатманди мо аз озмоишҳое, ки дар ин рӯзҳои охир рӯ ба рӯ мешавем, бохабар аст ва Ӯ ваъда медиҳад, ки адолатро дар вақти мувофиқ барқарор хоҳад кард (2 Тас. 1:6).
19 Дарсҳо барои мо: Мувофиқи принсипҳое, ки Исо таълим дод, мо бояд бо дигарон аз рӯйи адолат амал кунем. Агар мо дар ҷаҳони Шайтон бо беадолатӣ дучор шуда бошем, моро донистани он тасаллӣ мебахшад, ки Яҳува ҳатман адолатро барқарор хоҳад кард.
ДАСТУРОТ БА ОНҲОЕ, КИ ДОРОИ ҲОКИМИЯТАНД
20, 21. а) Онҳое, ки дорои ҳокимиятанд, бо дигарон бояд чӣ тавр муносибат кунанд? б) Чӣ тавр шавҳар ба занаш бояд муҳаббати фидокорона зоҳир намояд ва падар бо фарзандонаш бояд чӣ тавр муомила кунад?
20 Мувофиқи шариати Масеҳ касоне, ки дорои ҳокимиятанд, бо дигарон чӣ тавр бояд муносибат кунанд? Азбаски шариати Масеҳ бар муҳаббат асос меёбад, онҳо бояд бо дигарон бо иззату эҳтиром ва муҳаббат рафтор кунанд. Онҳо бояд дар хотир доранд, ки Масеҳ ҳама вақт аз рӯйи муҳаббат рафтор мекард ва инро аз мо низ интизор аст.
21 Дар оила. Шавҳар бояд занашро тавре дӯст дорад, ки Исо «ҷамъомадро дӯст медошт» (Эфс. 5:25, 28, 29). Ӯ бояд ба муҳаббати фидокоронаи Масеҳ пайравӣ карда эҳтиёҷот ва хоҳишҳои занашро аз хоҳишҳои худ боло гузорад. Шояд барои баъзе мардон зоҳир кардани чунин муҳаббат душвор бошад, чунки онҳо дар оилае калон шудаанд, ки аъзоёнаш бемеҳр буданд ва бо дигарон беинсофона муносибат мекарданд. Шояд ба онҳо аз одатҳои бад даст кашидан душвор бошад, лекин барои итоат кардан ба шариати Масеҳ онҳо бояд ислоҳ шаванд. Агар шавҳар нисбати занаш муҳаббати фидокорона нишон диҳад, сазовори ҳурмату эҳтироми ӯ мегардад. Падаре, ки дар ҳақиқат фарзандонашро дӯст медорад, ҳеҷ гоҳ бо гуфтору рафтораш онҳоро озор намедиҳад (Эфс. 4:31). Баръакс, ӯ бо фарзандонаш бо меҳрубонӣ муносибат мекунад, то ки онҳо худро орому осуда ҳис кунанд. Чунин падар муҳаббату боварии фарзандонро ба даст меорад.
22. Мувофиқи 1 Петрус 5:1–3 «гӯсфандон» аз они кистанд ва бо онҳо чӣ тавр бояд муносибат кард?
22 Дар ҷамъомад. Пирон бояд дар хотир доранд, ки «гӯсфандон» ба онҳо тааллуқ надоранд. (Юҳ. 10:16; 1 Петрус 5:1–3-ро хонед.) Каломи Худо ба пирон хотиррасон мекунад, ки ҷамъомад «рамаи Худо» аст ва онро бояд тавре назорат кунанд, ки «писанди Худо» бошад (1 Тас. 2:7, 8). Агар пирон чӯпонони ғамхор бошанд, Яҳува аз онҳо розӣ мешавад. Онҳо ҳамчунин ба муҳаббату эҳтироми ҳамимонон сазовор мегарданд.
23, 24. а) Ҳангоми гуноҳи ҷиддӣ содир кардани аъзои ҷамъомад пирон бояд чӣ кор кунанд? б) Дар вақти дида баромадани чунин масъалаҳо, пирон чиро бояд дар хотир доранд?
23 Вақте дар ҷамъомад касе гуноҳи ҷиддӣ содир мекунад, пирон бояд чӣ кор кунанд? Вазифаи онҳо аз вазифае, ки доварон ва пирон дар Исроили қадим доштанд, фарқ дорад. Мувофиқи Шариати Мӯсо пирону доварон бояд на танҳо саволҳои бо ибодати Худо алоқаманд, балки масъалаҳои шаҳрвандӣ ва ҷиноиро * низ дида мебаромаданд. Зери шариати Масеҳ бошад, ин тавр нест. Вақте ягон масеҳӣ гуноҳи ҷиддӣ содир мекунад, пирон ӯҳдадоранд, ки танҳо ҷиҳатҳои рӯҳонии ин масъаларо дида бароянд. Онҳо дарк мекунанд, ки ҳалли масъалаҳои шаҳрвандӣ ва ҷиноиро Худо ба ӯҳдаи ҳокимиятдорон гузоштааст. Ва давлат ҳақ дорад, ки барои ҷазо додани гунаҳкор ҷарима муайян кунад ё ӯро ҳабс намояд (Рум. 13:1–4).
24 Биёед аниқтар дида бароем, ки ҳангоми содир шудани гуноҳи ҷиддӣ пирон чӣ вазифаро иҷро мекунанд. Онҳо пеш аз қабули қарор ҳамаи ҷонибҳои масъаларо бо ёрии Китоби Муқаддас бодиққат дида мебароянд. Онҳо ҳамеша бояд дар ёд доранд, ки шариати Масеҳ бар муҳаббат асос меёбад. Ва ин муҳаббат онҳоро бармеангезад, ки дар бораи чизҳои зерин фикр кунанд: «Шахсоне, ки аз дасти бадкорон зарар дидаанд, ба чӣ гуна кӯмак мӯҳтоҷанд? Оё шахси гунаҳкор аз гуноҳаш пушаймон шудааст? Чӣ тавр ба ӯ кӯмак кунем, ки муносибаташро бо Яҳува барқарор кунад?»
25. Дар мақолаи навбатӣ чиро дида мебароем?
25 Мо хеле хурсандем, ки зери шариати Масеҳ мебошем. Агар ҳамаи мо бо ҷидду ҷаҳд ба он итоат кунем, ҷамъомад макони орому осудае мегардад ва ҳар касе ки ба он меояд, ҳис мекунад, ки ӯро дӯст медоранд ва қадр мекунанд. Лекин мо ҳанӯз дар ҷаҳоне зиндагӣ дорем, ки «одамони бад» рӯз ба рӯз бадтар шуда истодаанд (2 Тим. 3:13). Барои ҳамин мо бояд худро аз бадкорон эҳтиёт кунем. Дар мақолаи навбатӣ мо дида мебароем, ки чӣ тавр ҷамъомад ба адолати Яҳува пайравӣ карда кӯдаконро аз таҷовузи ҷинсӣ муҳофизат карда метавонад.
СУРУДИ 5 Масеҳ намуна барои мост
^ сарх. 5 Ин ва ду мақолаи навбатӣ аз силсилаи мақолаҳое мебошанд, ки боварии моро ба меҳрубону адолатманд будани Яҳува қавӣ мегардонанд. Худо мехоҳад, ки бо халқи Ӯ аз рӯйи адлу инсоф муносибат кунанд. Ва Ӯ онҳоеро, ки дар ин ҷаҳони шарир бо беадолатӣ рӯ ба рӯ шудаанд, тасаллӣ мебахшад.
^ сарх. 1 Ба «Бурҷи дидбонӣ» аз феврали с. 2019, мақолаи «Муҳаббату адолат дар Исроили қадим» нигаред.
^ сарх. 13 МАЪНОИ БАЪЗЕ КАЛИМАВУ ИБОРАҲО: Муҳаббати фидокорона моро бармеангезад, ки беҳбудии дигаронро аз хоҳишҳои худ боло гузорем. Чунин муҳаббат моро водор месозад, то барои манфиати дигарон чизеро қурбон кунем ё аз чизе даст кашем.
^ сарх. 23 Масъалаҳои ҷиноӣ бо қонуншиканӣ алоқаманданд, ки дуздӣ, ғоратгарӣ, куштор ва ғайраро дар бар мегирад. Масъалаҳои шаҳрвандӣ бошанд, мавридҳоеро дар бар мегиранд, ки як шахс аз болои шахси дигар оиди тақсими мерос, риоя накардани шартномаҳои тиҷоратӣ, напардохтани қарз ва ғайраҳо даъво мекунад.
^ сарх. 62 ШАРҲИ РАСМ: Исо бевазанеро мебинад, ки писари ягонааш мурдааст. Ӯ ба зан раҳмаш омада писари ӯро эҳё мекунад.
^ сарх. 64 ШАРҲИ РАСМ: Исо дар хонаи Шимъӯн ном фарисие меҳмон шудааст. Зане, ки шояд фоҳиша буд, пойҳои Исоро бо ашкҳояш шуста бо мӯйҳояш хушк кард ва ба онҳо равғани хушбӯй рехт. Ба Шимъӯн рафтори зан маъқул намешавад, вале Исо занро тарафгирӣ мекунад.