МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 19 ҚИСМИ 3
Муҳаббату адолат ҳангоми бо бадкорӣ рӯ ба рӯ шудан
«Ту Худои шароратхоҳ нестӣ: назди Ту бадкеш сокин нахоҳад шуд» (ЗАБ. 5:5).
СУРУДИ 54 Мо бояд имон дошта бошем
ПЕШГУФТОР *
1–3. а) Мувофиқи Забур 5:5–7, Яҳува ба бадӣ чӣ тавр муносибат мекунад? б) Чаро гуфтан мумкин аст, ки таҷовузи кӯдакон муқобили шариати Масеҳ аст?
ЯҲУВА ХУДО аз ҳар намуди бадӣ нафрат дорад. (Забур 5:5–7-ро хонед.) Тасаввур кунед, ки таҷовузи ҷинсии кӯдакон то чӣ андоза дар чашми Ӯ қабеҳ аст, чунки ин ҷинояти даҳшатовар мебошад. Мо низ чун Шоҳидони Ӯ таҷовузи кӯдаконро гуноҳи азим мешуморем ва онро дар ҷамъомади масеҳӣ тамоман роҳ намедиҳем (Рум. 12:9; Ибр. 12:15, 16).
2 Ҳар гуна зӯроварӣ ба кӯдакон ба «шариати Масеҳ» зид мебошад (Ғал. 6:2). Чаро чунин гуфтан мумкин аст? Зеро чи хеле ки аз мақолаи гузашта фаҳмидем, шариати Масеҳ, яъне таълимоти Исо бар муҳаббат асос меёбад ва ба адлу инсоф бармеангезад. Мувофиқи ин шариат, масеҳиёни ҳақиқӣ бояд ба кӯдакон меҳрубон бошанд, то ки онҳо худро орому осуда ҳис кунанд. Вале таҷовузи кӯдакон бошад, амали худбинона ва беинсофӣ аст, чунки баъди он дар кӯдак чунин ҳиссиёт пайдо мешавад, ки гӯё ӯро ҳеҷ кас муҳофизат намекунад ва дӯст намедорад.
3 Сад афсӯс, ки таҷовузи кӯдакон дар тамоми ҷаҳон дида мешавад ва масеҳиёни ҳақиқӣ низ аз ин бало зарар мебинанд. Барои чӣ? Чунки «одамони бад ва фиребгарон» хеле бисёр шудаанд ва баъзеи онҳо кӯшиш мекунанд, ки ба ҷамъомад зарар расонанд (2 Тим. 3:13). Ғайр аз ин, баъзеҳо худро аъзои ҷамъомад вонамуд сохта бо мақсади қонеъ кардани хоҳишҳои нопоки худ кӯдаконро таҷовуз мекунанд. Биёед дар аввал дида бароем, ки чаро таҷовузи ҷинсии кӯдакон гуноҳи хеле азим аст. Сипас мо мефаҳмем, ки ҳангоми дар ҷамъомад содир шунидани чунин ҷиноят пирон чӣ кор мекунанд ва чӣ тавр волидон фарзандонашонро муҳофизат карда метавонанд *.
ГУНОҲИ ХЕЛЕ АЗИМ
4, 5. Чаро касе, ки ба таҷовузи кӯдак даст мезанад, бар зидди ӯ гуноҳ мекунад?
4 Таҷовузи ҷинсии кӯдакон оқибати хеле бад дорад ва таъсири он солҳои сол намеравад. Он на танҳо ба худи кӯдаки ҷабрдида, балки ба аъзоёни оила ва бародару хоҳарони ҷамъомад низ зарар меорад. Аз ин рӯ таҷовузи кӯдакон гуноҳи хеле азим аст.
5 Гуноҳ бар зидди ҷабрдида *. Ин рафтори ваҳшиёнае мебошад, ки берун аз чорчӯбаи одамгарист, зеро ба дигарон дарду ранҷи бисёр меорад. Чуноне ки дар мақолаи навбатӣ мебинем, касе ки кӯдакро таҷовуз мекунад, дар дили ӯ захмҳои чуқуре мегузорад. Ӯ аз боварии кӯдак истифода бурда ба ӯ зарар мерасонад. Дар натиҷа кӯдак оромиро гум карда дар дил тарсу ҳарос пайдо мекунад. Мо бояд кӯдаконро аз дасти чунин бадкорон муҳофизат кунем ва онҳоеро, ки тӯъмаи таҷовузкорон гаштаанд, тасаллӣ диҳем ва дастгирӣ кунем (1 Тас. 5:14).
6, 7. Чаро таҷовузи кӯдакон гуноҳ бар зидди ҷамъомад аст ва қонуншиканӣ ҳисоб меёбад?
6 Гуноҳ бар зидди ҷамъомад. Агар ягон кас аз ҷамъомад дар содир кардани таҷовузи кӯдак айбдор гардад, вай ба ҷамъомад доғ меорад (Мат. 5:16; 1 Пет. 2:12). Ин беинсофӣ нисбати миллионҳо масеҳиёнест, ки барои имони худ «бо ҷидду ҷаҳд мубориза» мебаранд (Яҳд. 3). Ба он одамоне, ки аз рафтори бадашон тавба намекунанду обрӯйи ҷамъомадро мерезонанд, дар байни халқи Худо ҷой нест.
7 Таҷовузи кӯдакон қонуншиканӣ ҳисоб меёбад. Масеҳиён бояд «ба ҳокимиятҳои боло фармонбардор бошад» (Рум. 13:1). Мо фармонбардор буданамонро бо эҳтиром ва риоя кардани қонунҳои давлат нишон медиҳем. Агар ягон кас аз ҷамъомад дар вайрон кардани қонуни давлат, ба мисли таҷовузи ҷинсии кӯдак айбдор гардад, ӯ қонуни давлатро мешиканад. (Бо Аъмол 25:8 муқоиса кунед.) Ҳарчанд пирон дар мавриди шахси гуноҳкарда қонунҳои давлатро ба кор намебаранд, онҳо таҷовузкорро аз ҷазое, ки давлат ба ӯ муайян мекунад, ҳимоя намекунанд (Рум. 13:4). Гунаҳкор бояд оқибати рафторашро чашад (Ғал. 6:7).
8. Вақте инсон бар зидди каси дигар гуноҳ мекунад, Яҳува ба ин чӣ тавр менигарад?
8 Ин пеш аз ҳама гуноҳ бар зидди Худост (Заб. 50:6). Вақте инсон бар зидди каси дигар гуноҳ мекунад, ӯ ҳамчунин дар пеши Яҳува гунаҳкор мешавад. Аз қонуне, ки Худо ба Исроили қадим дода буд, мисоле меорем. Масалан, дар он қонун гуфта мешуд, ки агар касе моли ёри худро дуздад ё ӯро фиреб диҳад, «дар ҳаққи Худованд хиёнат» менамояд (Ибд. 6:2–4). Пас, агар ягон кас аз ҷамъомад кӯдакеро таҷовуз кунад, ин ҳам хиёнат ба Худованд аст, чунки ӯ оромиву осудагии кӯдакро медуздад. Агар шахсе, ки ҳама ӯро чун Шоҳиди Яҳува мешиносанд, ба ин кори зишт даст занад, ӯ ба номи Яҳува доғ меорад. Ана барои ҳамин таҷовуз гуноҳи азим бар зидди Худо аст ва Ӯ аз он нафрат дорад.
9. Таи солҳо ташкилоти Яҳува чӣ гуна маълумоти бар Навиштаҳо асосёфтаро пешкаш мекунад ва чаро?
9 Таи солҳои зиёд ташкилоти Яҳува барои кӯдаконро аз таҷовузи ҷинсӣ муҳофизат кардан дар асоси Навиштаҳо маълумоти фаровон пешниҳод мекунад. Масалан, дар маҷаллаҳои «Бурҷи дидбонӣ» ва «Бедор шавед!» як қатор мақолаҳо баромаданд, ки дар онҳо барои сабук кардани дарди эмотсионалии ҷабрдидагон маслиҳатҳо дода шудаанд. Дар он мақолаҳо ҳамчунин гуфта шудааст, ки чӣ тавр дигарон чунин шахсони ғамзадаро кӯмаку тасаллӣ дода метавонанд ва чӣ тавр волидон фарзандони худро бояд муҳофизат кунанд. Ташкилот ба пирон дар асоси Китоби Муқаддас дастуроти аниқ медиҳад, ки масъалаҳои бо гуноҳи таҷовузи кӯдак алоқамандро чӣ тавр дида бароянд. Ва он дастурот ҳар вақт аз нав дида баромада мешавад. Чаро? Чунки бародарон мехоҳанд, ки чунин масъалаҳо аниқ аз рӯйи шариати Масеҳ ҳал шаванд.
ҲАНГОМИ СОДИР ШУДАНИ ГУНОҲИ ҶИДДӢ ПИРОН ЧӢ ГУНА АМАЛ МЕКУНАНД?
10–12. а) Ҳангоми дида баромадани масъалаҳои бо гуноҳи ҷиддӣ алоқаманд, пирон бояд чиро дар хотир доранд ва мақсади асосии онҳо кадом аст? б) Мувофиқи Яъқуб 5:14, 15 пирон ба чӣ кӯшиш мекунанд?
10 Ҳангоми дида баромадани масъалаҳои бо гуноҳи ҷиддӣ алоқаманд, пирон бояд дар хотир доранд, ки мувофиқи шариати Масеҳ бо рама аз рӯйи муҳаббат ва адолат муносибат кардан зарур аст. Вақте онҳо мефаҳманд, ки касе гуноҳи ҷиддӣ содир кардааст, бояд оиди якчанд чизҳо бодиққат фикр кунанд. Пирон пеш аз ҳама оиди муқаддас нигоҳ доштани номи Худо фикр мекунанд (Ибд. 22:31, 32; Мат. 6:9). Онҳо ҳамчунин дар бораи беҳбудии рӯҳонии бародару хоҳарон ғамхорӣ мекунанд ва ба онҳое, ки аз дасти шахси гунаҳкор зарар дидаанд, кӯмак мерасонанд.
11 Илова бар ин агар шахси гуноҳкарда аз ҷамъомад бошад, пирон ҳаракат мекунанд, то фаҳманд, ки гунаҳкор тавба кардааст ё не. Агар вай аз кардааш пушаймон бошад, ба ӯ ёрӣ медиҳанд, ки муносибати худро бо Яҳува барқарор кунад. (Яъқуб 5:14, 15-ро хонед.) Масеҳие, ки ба хоҳиши нодуруст дода мешавад, бо Яҳува дигар муносибати наздик надорад *. Пирон мисли духтурони рӯҳонианд, онҳо кӯшиш мекунанд, ки «шахси беморро [яъне гунаҳкорро] шифо» бахшанд. Маслиҳати бар Навиштаҳо асосёфта метавонад ба ӯ кӯмак кунад, то муносибаташро бо Яҳува барқарор намояд. Лекин ин танҳо ба шарте имконпазир аст, ки агар вай аз таҳти дил тавба кунад (Аъм. 3:19; 2 Қӯр. 2:5–10).
12 Дар ҳақиқат, пирон масъулияти ҷиддӣ доранд. Онҳо дар бораи рамае, ки Худо ба онҳо бовар карда супоридааст, бисёр ғам мехӯранд (1 Пет. 5:1–3). Онҳо кӯшиш мекунанд, ки бародару хоҳарон худро дар ҷамъомад дар бехатарӣ ҳис кунанд. Аз ин рӯ агар фаҳманд, ки касе гуноҳи ҷиддӣ содир кардааст, ба монанди таҷовузи ҷинсии кӯдак, онҳо дарҳол амал менамоянд. Ва чӣ тавр амал кардани онҳо дар сархатҳои 13, 15 ва 17 фаҳмонда шудааст.
13, 14. Оё пирон оиди таҷовузи кӯдак бояд ба полис хабар диҳанд? Фаҳмонед.
13 Агар қонуни давлат талаб кунад, ки оиди таҷовузи кӯдак ба мақомоти дахлдор хабар додан лозим аст, оё пирон бояд ин қонунро риоя кунанд? Бале. Агар дар мамлакат чунин тартибот муайян шуда бошад, пирон ба он итоат мекунанд (Рум. 13:1). Чунин қонун ба принсипҳои Худо мухолифат намекунад (Аъм. 5:28, 29). Бинобар ин вақте касе ба пирон хабар медиҳад, ки кӯдакеро таҷовуз кардаанд, онҳо дарҳол ба филиал муроҷиат карда, оиди чӣ тавр ба полис хабар додан маслиҳат мепурсанд.
14 Вақте чунин нохушӣ рӯй медиҳад, пирон ба ҷабрдида, оилаи ӯ ва дигар касони аз ҳодиса бохабар, метавонанд фаҳмонанд, ки онҳо ҳақ доранд ба кормандони полис арз кунанд. Вале агар ҷинояткор аз ҷамъомад бошад-чӣ? Магар шахсе, ки ба полис хабар доданист, бояд тарсад, ки ӯ обрӯйи Яҳуваро дар пеши одамони берун мерезонад? Не. Обрӯйи Яҳуваро вай не, балки таҷовузкор мерезонад.
15, 16. а) Мувофиқи 1 Тимотиюс 5:19 чаро барои ташкил додани ҳайати ҳуқуқӣ камаш ду шоҳид лозим аст? б) Вақте пирон мефаҳманд, ки ягон кас аз ҷамъомад кӯдакеро таҷовуз кардааст, онҳо чӣ кор мекунанд?
15 Чаро пеш аз он ки пирон нисбати гунаҳкор чораҳои ҳуқуқӣ бинанд, ақаллан ду шоҳид лозим аст? Чунки Китоби Муқаддас мегӯяд, ки ин аз рӯйи адолат аст. Агар таҷовузкор гуноҳашро ба гардан нагирад, барои исбот кардани айби ӯ ва дидани чораҳои ҳуқуқӣ ду шоҳид лозим аст. (Такр. Ш. 19:15; Мат. 18:16; 1 Тимотиюс 5:19-ро хонед.) Лекин агар ду шоҳид набошад, ба полис хабар додан мумкин нест магар? Хабар додан лозим аст. Чунки будани ду шоҳид барои тафтишоти пирон лозим аст, на барои хабар додани ҷиноят ба полис.
16 Вақте пирон хабардор мешаванд, ки касе аз ҷамъомад ба таҷовузи ҷинсии кӯдак даст задааст, онҳо аввал мувофиқи қонуни давлат амал карда ба мақомоти даркорӣ хабар медиҳанд. Сипас онҳо дар асоси Китоби Муқаддас худашон тафтишот мегузаронанд. Агар шахс гуноҳашро тан нагирад, пирон шаҳодати ду шоҳидро дида мебароянд. Шояд яке аз онҳо шоҳиди ҳодисаи наврухдода бошад ва дигарӣ шоҳиди ҳамин ё ҳолатҳои дигари таҷовуз аст, ки аз тарафи гумонбар содир шудаанд. Камаш ду кас агар айбдор будани ӯро исбот кунанд, он гоҳ гуноҳи вай тасдиқ мегардад ва ҳайати ҳуқуқӣ ташкил дода мешавад *. Лекин набудани шоҳиди дуюм маънои онро надорад, ки гуфтаҳои шахси якум беасосанд. Ҳатто агар гуноҳи шахс аз тарафи ду шоҳид тасдиқ нашавад ҳам, пирон мефаҳманд, ки гуноҳи ҷиддӣ шояд содир шудааст,— гуноҳе ки ба дигарон зарари хеле калон мерасонад. Аз ин рӯ онҳо барои ҷамъомадро аз хатар эҳтиёт кардан гумонбарро бодиққат зери назорат мегиранд. Ҳамчунин пирон ба онҳое, ки эҳтимол зарар дидаанд, кӯмаку дастгирии лозимаро мерасонанд (Аъм. 20:28).
17, 18. Вазифаи ҳайати ҳуқуқиро фаҳмонед.
17 Вазифаи ҳайати ҳуқуқӣ дар чист? Ин мақомоти судие нест, ки оиди аз тарафи давлат ҷазо гирифтани таҷовузкор қарор барорад. Пирон масъалаи ҷиноиро ба ҳокимиятдорон вогузор мекунанд ва агар гунаҳкор мувофиқи қонуни давлат ҷазо бинад, онҳо ба ин дахолат намекунанд (Рум. 13:2–4; Тит. 3:1). Пас, вазифаи пирон чист? Онҳо бояд муайян кунанд, ки шахси гунаҳкор дар ҷамъомад монда метавонад ё не.
18 Пирон дар ҳайати ҳуқуқӣ танҳо масъалаҳои рӯҳониро дида мебароянд. Дар асоси принсипҳои Китоби Муқаддас пирон муайян мекунанд, ки таҷовузкор аз гуноҳаш тавба кардааст ё не. Агар вай тавба накунад, аз ҷамъомад хориҷ мегардад ва сипас оиди ин дар ҷамъомад эълон мешавад (1 Қӯр. 5:11–13). Агар вай тавба кунад, ба ӯ иҷозат дода мешавад, ки дар ҷамъомад монад. Лекин пирон ӯро огоҳ мекунанд, ки дар ҷамъомад шояд ҳеҷ гоҳ ба вай ягон масъулият дода намешавад. Инчунин бо мақсади муҳофизат кардани кӯдакони ҷамъомад, пирон ба волидони онҳо мефаҳмонанд, ки вақте фарзандашон бо он шахс муошират мекунад, онҳо бояд бохабар бошанд ва чашмашонро аз онҳо накананд. Ҳангоми дидани чунин чораҳои эҳтиётӣ, пирон бояд номи шахсони ҷабрдида ва аъзоёни оилаи ӯро махфӣ нигоҳ доранд.
ЧӢ ТАВР ШУМО ФАРЗАНДОНАТОНРО МУҲОФИЗАТ КАРДА МЕТАВОНЕД?
19–22. Волидон барои муҳофизат кардани фарзандонашон бояд чӣ кор кунанд? (Ба расми муқоваи маҷалла нигаред.)
19 Аз зарари одамони бад ҳимоя кардани кӯдакон пеш аз ҳама вазифаи волидон аст *. Фарзандони шумо тӯҳфа ё «мерос аз ҷониби Худованд ҳастанд» (Заб. 126:3). Шумо дар пеши Худо вазифадоред, ки онҳоро эҳтиёт кунед. Барои ин шумо чӣ кор карда метавонед?
20 Якум, дар бораи таҷовузи кӯдакон бисёртар маълумот гиред. Фаҳмед, ки кӯдаконро чӣ гуна одамон таҷовуз мекунанд ва барои фиреб додани онҳо кадом роҳҳоро истифода мебаранд. Аз ҳолатҳои хатарнок ва одамоне, ки ба назаратон шубҳанок метобанд, ҳушёр шавед (Мас. 22:3; 24:3). Дар ёд доред, ки аксар вақт таҷовузкор шахсе мебошад, ки кӯдак аллакай ӯро мешиносад ва ба вай бовар мекунад.
21 Дуюм, бо фарзандонатон ҳамеша ошкоро муошират кунед (Такр. Ш. 6:6, 7). Барои ин шумо бояд шунавандаи бодиққат бошед (Яъқ. 1:19). Дар хотир доред, ки кӯдаке, ки ба чанголи таҷовузкор афтодааст, бисёр вақт дар ин бора ба касе намегӯяд. Вай шояд метарсад, ки дигарон ба ӯ бовар намекунанд, ё таҷовузкор ба вай таҳдид кардааст, ки агар дар ин бора ба касе гӯяд, вай рӯзашро мебинад. Барои ҳамин, агар шумо пай баред, ки хотири кӯдакатон парешон аст ё чизе ӯро ғам медиҳад, бо мулоимӣ аз вай пурсед, ки чӣ шудааст ва баъд пурсаброна ӯро гӯш кунед.
22 Сеюм, фарзандонатонро таълим диҳед. Синну соли кӯдаконатонро ба назар гирифта ба онҳо дар бораи алоқаи ҷинсӣ маълумот диҳед. Ба кӯдакон пешакӣ ёд диҳед, ки агар касе ба таври нораво ба онҳо даст расонданӣ шавад, бояд чӣ гӯянд ва чӣ кор кунанд. Аз маводҳое, ки ташкилотамон барои муҳофизат кардани кӯдакон фароҳам овардааст, истифода баред. (Ба чорчӯбаи «Худатон ва фарзандонатонро таълим диҳед» нигаред.)
23. Мо ба таҷовузи ҷинсии кӯдакон чӣ тавр муносибат мекунем ва дар мақолаи навбатӣ кадом мавзӯъ муҳокима мешавад?
23 Чун Шоҳидони Яҳува мо аз таҷовузи ҷинсии кӯдакон нафрат дорем ва онро гуноҳи азим мешуморем. Мувофиқи шариати Масеҳ амал карда, мо ягон касро, ки чунин ҷинояти даҳшатнок содир кардааст, аз ҷазое, ки давлат ба ӯ муайян мекунад, ҳимоя намекунем. Вале чӣ тавр мо ба бародару хоҳароне, ки аз дасти таҷовузкорон осеб дидаанд, кӯмак карда метавонем? Ба ин савол аз мақолаи навбатӣ ҷавоб меёбем.
СУРУДИ 42 Нотавононро дастгирӣ намоед
^ сарх. 5 Дар ин мақола мо дида мебароем, ки чӣ тавр кӯдаконро аз таҷовузи ҷинсӣ муҳофизат кунем. Мо мефаҳмем, ки бо кадом роҳҳо пирон бояд ҷамъомадро аз нобакорон ҳимоя кунанд ва волидон фарзандони худро эҳтиёт намоянд.
^ сарх. 3 МАЪНОИ БАЪЗЕ КАЛИМАВУ ИБОРАҲО: Таҷовузи ҷинсии кӯдак гуфта амалеро меноманд, ки одами калон кӯдакеро барои қонеъ кардани хоҳишҳои шаҳвонии худ истифода мебарад. Ба ин алоқаи ҷинсӣ, муносибати маҳрамона тариқи даҳон ё мақъад, шаҳватомез навозиш намудани узви ҷинсӣ, сина ва куни кӯдак ё наврас ва дигар амалҳои бадахлоқона дохил мешаванд. Аз дасти таҷовузкорон асосан духтарчаҳо зарар мебинанд, лекин дар байни ҷабрдидагон писарчаҳои зиёд низ ҳастанд. Ҳарчанд аксари таҷовузкорон мардонанд, вале баъзе занҳо низ ба таҷовузи ҷинсии кӯдакон даст мезананд.
^ сарх. 5 МАЪНОИ БАЪЗЕ КАЛИМАВУ ИБОРАҲО: Дар ин мақола ва мақолаи навбатӣ, калимаи «ҷабрдида» ба онҳое ишора мекунад, ки дар кӯдакӣ тӯъмаи таҷовузкорон гардидаанд. Ин мафҳум равшан нишон медиҳад, ки ҷабрдида азоб кашидааст ва бадкорон ӯро фиреб дода бо мақсади нопок истифода бурданд, ки дар ин кор кӯдак умуман айбдор нест.
^ сарх. 11 Агар шахс аз сабаби суст шудани муносибаташ бо Яҳува ба гуноҳи ҷиддӣ даст занад, ин маънои онро надорад, ки вай барои кори кардааш айбдор нест. Яҳува ӯро барои ин, албатта, ба ҷавобгарӣ мекашад (Рум. 14:12).
^ сарх. 16 Пирон ҳеҷ гоҳ набояд кӯдакро бо таҷовузкор рӯ ба рӯ карда пурсуков кунанд. Онҳо оиди ҳодисаи рухдода бо волидон ё дигар шахсони боваринок сӯҳбат мекунанд, то дарди эмотсионалии кӯдакро аз будаш зиёд накунанд.
^ сарх. 19 Маслиҳатҳои ин мақола ҳамчунин ба онҳое дахл доранд, ки кӯдаки бегонаро парасторӣ ва тарбия мекунанд.