Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 21

Нагузоред, ки «хиради ин ҷаҳон» шуморо гумроҳ созад

Нагузоред, ки «хиради ин ҷаҳон» шуморо гумроҳ созад

«Хиради ин ҷаҳон дар назари Худо беақлист» (1 ҚӮР. 3:19).

СУРУДИ 37 Навиштаҳо аз рӯи илҳоми Худоянд

ПЕШГУФТОР *

1. Каломи Худо ба мо чиро таълим медиҳад?

ДАР зиндагӣ мо бо кадом мушкилие дучор нашавем, ҳалли онро ёфта метавонем, зеро Роҳнамои ҳаёти мо Яҳува аст (Иш. 30:20, 21). Каломи Ӯ ба мо хиради лозима мебахшад, то «дар ҳама кор моҳир гашта, ба ҳар кори нек пурра тайёр» бошем (2 Тим. 3:17). Вақте мо аз рӯйи таълимоти Китоби Муқаддас зиндагӣ мекунем, мо назар ба одамоне, ки аз рӯйи «хиради ин ҷаҳон» зиндагӣ мекунанд, бохирадтар мешавем (1 Қӯр. 3:19; Заб. 118:97–100).

2. Дар ин мақола мо чиро дида мебароем?

2 Чуноне ки аз давоми мақола мебинем, хиради ин ҷаҳон шахсро ба қонеъ кардани хоҳишҳои ҷисм бармеангезад. Ва шояд муқобилат кардан ба фикррониву рафтори одамони ин ҷаҳон барои мо душвор гардад. Аз ин рӯ, Китоби Муқаддас моро огоҳ мекунад: «Эҳтиёт шавед, ки касе шуморо бо фалсафа ва суханони хушку холии фиребанда асир нагардонад» (Қӯл. 2:8). Мо дар ин мақола ба таърих назар карда мефаҳмем, ки чӣ тавр Шайтон ду чизи дурӯғро паҳн карда одамонро гумроҳ кардааст. Дар ҳар як маврид мо мебинем, ки чаро хиради ин ҷаҳон беақлӣ аст ва чӣ тавр хиради Каломи Худо аз ақидаҳои нодурусти одамӣ бартарии калон дорад.

ДИГАР ШУДАНИ АХЛОҚ

3, 4. Аввалҳои асри 20-ум дар Иёлоти Муттаҳида дар фикрронии одамон чӣ гуна дигаргунӣ рӯй дод?

3 Дар аввалҳои асри 20-ум дар Иёлоти Муттаҳида ва баъзе давлатҳои дигар нуқтаи назари одамон дар бораи ахлоқ тамоман тағйир ёфт. Пеш бисёриҳо боварӣ доштанд, ки алоқаи ҷинсӣ танҳо байни зану шавҳар раво аст ва ин мавзӯъ набояд дар пеши ҳама муҳокима шавад. Вале аз ин меъёрҳои ахлоқӣ ягон ному нишон намонд ва дигар нуқтаи назар паҳн гашт. Минбаъд одамон дар бораи алоқаи ҷинсӣ кушоду равшан гап мезадагӣ шуданд ва он дар байни шахсоне, ки зану шавҳар нестанд, раво гашт.

4 Баъди Ҷанги якуми ҷаҳон дар ҷомеа ва фикрронии одамон бисёр дигаргуниҳо рӯй доданд. Як тадқиқотчӣ мегӯяд, ки филмҳо, намоишҳои театрӣ, сурудҳо, китобҳо ва маводҳои рекламавӣ бозори вақтхушиҳое гаштанд, ки мазмуни онҳо алоқаи ҷинсиро дар бар мегирифт. Аз он солҳо сар карда тарзи рақскунии баъзе одамон шаҳватбедоркунанда шуданд ва либоспӯшиашон торафт бешармона гашт. Дар Китоби Муқаддас пешгӯйӣ шуда буд, ки дар охирзамон одамон аз ҳад зиёд ба «айшу ишрат» дода мешаванд (2 Тим. 3:4).

Халқи Яҳува намегузорад, ки ақидаҳои ҳеҷу пучи ин ҷаҳон онҳоро гумроҳ кунад (Ба сархати 5 нигаред.) *

5. Аз солҳои 1960-ум инҷониб дар фикрронии одамон чӣ гуна тағйирот ба амал омад?

5 Аз солҳои 1960-ум сар карда одобу ахлоқ торафт паст шудан гирифт. Масалан, бисёриҳо издивоҷ накарда якҷоя зиндагӣ мекардагӣ шуданд, ҳомосексуализм ва ҷудошавӣ дар ҳама ҷо паҳн гашт. Бисёр намудҳои вақтхушӣ алоқаи ҷинсиро торафт ошкоро нишон медоданд. Вайроншавии ахлоқи одамон ба чӣ оварда расонд? Чуноне ки муаллифи як китоб гуфт, паст шудани ахлоқ оқибатҳои хеле нохуш овард, масалан, вайроншавии оилаҳо, зиёд шудани шумораи волидони танҳо, захмҳои чуқури эмотсионалӣ, вобастагӣ аз порнография. Боз як оқибати нохуш ин аст, ки бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда, ба монанди СПИД, хеле зиёд шуданд. Ҳамаи ин нишон медиҳад, ки хиради ин ҷаҳон беақлӣ аст (2 Пет. 2:19).

6. Чӣ тавр назари ҷаҳон ба алоқаи ҷинсӣ мувофиқи мақсади Шайтон аст?

6 Издивоҷ, алоқаи ҷинсӣ байни зану шавҳар, қобилияти ба дунё овардани кӯдак — ҳамаи ин дар асл ато аз ҷониби Яҳува аст. Лекин ин ҷаҳон ба алоқаи ҷинсӣ назари нодурустро таълим медиҳад, ки мувофиқи мақсади Шайтон аст. Чӣ тавр? Вақте одамон ин атоҳои Яҳуваро нодуруст истифода бурда, ба алоқаи ҷинсии нораво даст мезананд, Шайтон аз ин бешубҳа хурсанд мешавад (Эфс. 2:2). Чунин одамон бо ин рафторашон на танҳо ба Яҳува беҳурматӣ нишон медиҳанд, балки аз имконияти ҷовидона зистан низ маҳрум шуда метавонанд (1 Қӯр. 6:9, 10).

НУҚТАИ НАЗАРИ КИТОБИ МУҚАДДАС БА АХЛОҚИ ҶИНСӢ

7, 8. Китоби Муқаддас оиди муносибати маҳрамона кадом нуқтаи назари солимро таълим медиҳад?

7 Одамоне, ки аз рӯйи хиради ин ҷаҳон зиндагӣ мекунанд, меъёрҳои ахлоқии Китоби Муқаддасро паст зада мегӯянд, ки аз рӯйи онҳо зиндагӣ карда намешавад. Онҳо чунин мегӯянд: «Агар Худо организми моро бо чунин талабот офарида бошад, пас чаро аз алоқаи ҷинсӣ бояд худдорӣ кунем?» Ин фикрронии онҳо ба чунин ақидаи нодуруст асос меёбад, ки гӯё одам чӣ кореро, ки кардан хоҳад, бояд кунад. Лекин Китоби Муқаддас дигар чизро таълим медиҳад. Дар он гуфта шудааст, ки мо набояд аз пайи иҷрои ҳар як хоҳишамон шавем, балки бо хоҳишҳои нодурустамон бояд мубориза барем (Қӯл. 3:5). Илова бар ин Яҳува сохтори издивоҷро фароҳам овардааст, то дар он ҳамсарон ниёзи шаҳвонии худро ба таври дуруст қонеъ кунанд (1 Қӯр. 7:8, 9). Алоқаи ҷинсӣ дар издивоҷ баръакси бадахлоқии ҷинсӣ ягон пушаймонӣ ва оқибатҳои бад намеорад.

8 Баръакси хиради ин ҷаҳон, Китоби Муқаддас ба мо оиди алоқаи ҷинсӣ назари дурустро таълим медиҳад. Он мегӯяд, ки муносибатҳои маҳрамона манбаи ҳаловат буда метавонад (Мас. 5:18, 19). Лекин Каломи Худо огоҳ мекунад: «Ҳар яки шумо бояд донед, ки чӣ тавр ҷисми худро идора кунед, то муқаддас бошед ва розигии Худоро ба даст оред ва мисли халқҳое, ки Худоро намешиносанд, ҳарисона ба хоҳишҳои шаҳвонӣ дода нашавед» (1 Тас. 4:4, 5).

9. а) Дар аввалҳои асри 20 чӣ ба халқи Яҳува кӯмак мекард, ки пок монанд? б) Дар 1 Юҳанно 2:15, 16 чӣ гуна насиҳат дода шудааст? в) Аз кадом амалҳои бадахлоқонае, ки дар Румиён 1:24–27 номбар шудаанд, мо бояд худро дур гирем?

9 Чуноне ки аз таърих фаҳмидем, аз аввалҳои асри 20 сар карда одамон «шарму ҳаёро тамоман аз даст доданд» (Эфс. 4:19). Вале фикру ақидаҳои ҳеҷу пучи он одамон халқи Яҳуваро гумроҳ карда натавонист. Онҳо кӯшиш мекарданд, ки аниқ аз рӯйи меъёрҳои Яҳува амал кунанд. Дар «Бурҷи дидбонӣ» аз 15 майи с. 1926 қайд шуда буд, ки «мардону занон бояд пок бошанд ва дар фикру рафтор, хусусан дар муносибат бо шахси ҷинси муқобил покиро нигоҳ доранд». Новобаста аз вазъияти гирду атроф халқи Яҳува аз рӯйи хиради бузурги Каломи Худо амал мекарданд. (1 Юҳанно 2:15, 16-ро хонед.) То чӣ андоза мо аз Яҳува миннатдорем, ки ба мо Каломашро додааст! Ҳамчунин аз Ӯ барои он миннатдорем, ки ба воситаи ташкилоташ моро бо ғизои саривақти рӯҳонӣ таъмин менамояд. Он ба мо кӯмак мекунад, то ба ахлоқи нодурусти ин ҷаҳон дода нашавем *. (Румиён 1:24–27-ро хонед.)

ТАҒЙИР ЁФТАНИ НУҚТАИ НАЗАР БА ХУДБИНӢ

10, 11. Китоби Муқаддас дар бораи рӯзҳои охир чиро пешгӯйӣ карда буд?

10 Китоби Муқаддас огоҳ карда буд, ки дар рӯзҳои охир «одамон худбин» мешаванд (2 Тим. 3:1, 2). Чуноне ки имрӯз мебинем, ҷаҳон одамонро ба он бармеангезад, ки асосан худашонро дӯст доранд ва дар бораи худашон фикр кунанд. Мувофиқи як энсиклопедия дар давоми солҳои 1970-ум бисёр китобҳое баромаданд, ки дар бораи ба даст овардани ҳаёти хуб маслиҳат медоданд. Баъзеи он китобҳо ба хонандагон чунин фикрро талқин мекарданд, ки ба одам шарт нест, ки аз ягон ҷиҳат ислоҳ шавад ва ягон рафторашро хато ҳисоб кунад. Масалан, дар як китоб гуфта шуда буд: «Худатонро дӯст доред, чунки дар олам шахси аз ҳама зеботарин, беҳтарин ва сазовортарин ин шумоед». Аз рӯйи гуфти он китоб гӯё шахс бояд худаш шоҳу табъаш вазир бошад ва чи хеле хоҳад ҳамон хел рафтор кунад; ҳеҷ кас ба вай ин ё он тавр карданро амр надиҳад.

11 Оё чунин тарзи фикрронӣ ба шумо шинос аст? Шайтон низ Ҳавворо ба кори ба ин монанде водор карда буд. Ӯ гуфт, ки вай «монанди Худо орифи неку бад» шуда метавонад (Ҳас. 3:5). Имрӯз бисёриҳо то ба дараҷае ҳавобаланд шудаанд, ки ба фикрашон ҳеҷ кас ва ҳатто Худо, набояд ба онҳо чӣ дуруст ва чӣ нодуруст буданашро гӯяд. Масалан, чунин рӯҳия хусусан дар муносибати одамон ба издивоҷ дида мешавад.

Масеҳӣ ниёзи дигаронро, хусусан ниёзи ҳамсарашро аз хоҳишҳои худ боло мегузорад (Ба сархати 12 нигаред.) *

12. Ин ҷаҳон дар бораи издивоҷ чӣ гуна нуқтаи назарро паҳн мекунад?

12 Китоби Муқаддас ба шавҳар ва зан амр медиҳад, ки якдигарро эҳтиром кунанд ва ба ваъдае, ки ҳангоми издивоҷ дода буданд, вафо кунанд. Он ҳамсаронро бармеангезад, ки якумр бо ҳам бимонанд. «Мард падар ва модари худро тарк мекунад ва бо зани худ мепайвандад ва ҳар ду як тан мешаванд»— мегӯяд Каломи Худо (Ҳас. 2:24). Лекин онҳое, ки ба таъсири хиради ин ҷаҳон дода шудаанд, ақидаи дигар доранд. Онҳо мегӯянд, ки ҳар як ҳамсар бояд ба ниёзҳои худаш диққат диҳад. Дар як китоб, ки оиди ҷудошавӣ аст, гуфта мешавад, ки «баъзе ҷуфтон ҳангоми хонадоршавӣ ба ҳамдигар ваъда дода, ба ҷойи “то даме ки зиндаем, бо ҳам мемонем” гуфтан, “то даме ки якдигарро дӯст медорем” бо ҳам мемонем, мегӯянд». Чунин хунукназарӣ ба издивоҷ ба он оварда мерасонад, ки оилаҳои бешумор вайрон гашта дар дили садҳо одамон захмҳои чуқур боқӣ мегузоранд. Равшан аст, ки назари ҷаҳон ба издивоҷ беақлона аст.

13. Яке аз сабабҳое, ки Яҳува аз одамони мағрур нафрат дорад, кадом аст?

13 Китоби Муқаддас мегӯяд: «Ҳар касе ки дили мағрур дорад, назди Худованд зишт аст» (Мас. 16:5). Барои чӣ Яҳува аз одамони ҳавобаланд нафрат дорад? Як сабабаш ин ки одамони мағрур мисли Шайтон худписанданд. Тасаввур кунед: Шайтон раво донист, ки ба Исо — шахсеро, ки Худо дар офаридани ҳамаи чиз истифода бурд, гӯяд, ки зону зада ба ӯ саҷда кунад (Мат. 4:8, 9; Қӯл. 1:15, 16). Одамони мағруру ҳавобаланд худро аз дигарон муҳимтар ва болотар мешуморанд, вале дар чашми Худо онҳо беақланд.

НУҚТАИ НАЗАРИ КИТОБИ МУҚАДДАС БА ХУДБИНӢ

14. Чӣ тавр Румиён 12:3 ба мо кӯмак мекунад, ки ба худамон назари дуруст дошта бошем?

14 Китоби Муқаддас ба мо кӯмак мекунад, ки ба худамон назари дуруст дошта бошем. Он мегӯяд, ки ба меъёри муайян худамонро дӯст доштан дуруст аст. Исо гуфт: «Дигаронро мисли худат дӯст дор». Ин маънои онро дорад, ки мо бояд на танҳо дар бораи худ, балки дар бораи ниёзҳои дигарон низ фикр кунем (Мат. 19:19). Ҳарчанд Китоби Муқаддас мегӯяд, ки худро бамеъёр дӯст доштан дуруст аст, лекин он таълим намедиҳад, ки мо худро аз дигарон боло гирем ва муҳим шуморем. Баръакс, он насиҳат мекунад: «Ягон корро аз рӯйи ҷангҷӯйӣ ё шӯҳратпарастӣ накунед, балки бо фурӯтанӣ дигаронро аз худ боло донед». (Флп. 2:3; Румиён 12:3-ро хонед.)

15. Ба фикратон чаро маслиҳатҳои Китоби Муқаддас оиди худбин набудан оқилонаанд?

15 Каломи Худо мегӯяд, ки худро аз дигарон боло нагирем. Лекин бисёр одамоне, ки худро хирадманд меҳисобанд, ин маслиҳатро беақлона мешуморанд. Онҳо мегӯянд, ки «агар худро аз дигарон паст гирӣ, туро одами суст ҳисобида бар фоидаи худ истифода мебаранд». Аз ин рӯ онҳо худро ҳеҷ гоҳ аз дигарон паст гирифтан намехоҳанд. Зоҳир кардани чунин рӯҳияи худбинона чӣ натиҷа меорад? Шумо чиро мушоҳида мекунед? Оё одамони худбин хушбахтанд? Оилаи онҳо-чӣ? Оё онҳо дӯстони ҳақиқӣ дошта метавонанд? Оё бо Худо муносибати наздик доранд? Баъди мушоҳида кардан, худатон хулоса бароред, ки кадом одамон хушбахтанд: онҳое, ки аз рӯйи хиради ин ҷаҳон амал мекунанд ё онҳое, ки аз рӯйи хиради Худо?

16, 17. Барои кадом атоҳо мо аз Яҳува миннатдорем ва чаро?

16 Шахсоне, ки аз рӯйи маслиҳати одамони хирадманди ин ҷаҳон амал мекунанд, ба сайёҳе монанданд, ки роҳро аз сайёҳи дигаре, ки роҳгум задааст, мепурсад. Исо дар бораи одамони «хирадманди» замони худ гуфт: «Онҳо роҳнамоёни кӯранд. Агар як кӯр ба кӯри дигар роҳ нишон диҳад, ҳар ду ба чоҳ меафтанд» (Мат. 15:14). Дар ҳақиқат, хиради ин ҷаҳон дар назари Худо беақлист.

Хизматгорони Худо солҳои дар хизмати Яҳува гузаронидаашонро бо хурсандӣ ба ёд меоранд (Ба сархати 17 нигаред.) *

17 Маслиҳатҳои Китоби Муқаддас бошанд, ҳамеша «барои таълим, нишон додани айбу хато, ислоҳ ва барои тарбия кардан дар роҳи рост фоиданоканд» (2 Тим. 3:16). То чӣ андоза мо аз Яҳува миннатдорем, ки ба воситаи ташкилоташ моро аз хиради ин ҷаҳон муҳофизат мекунад (Эфс. 4:14). Ғизои рӯҳоние, ки мо саривақт мегирем, ба мо қувват мебахшад, ки ба меъёрҳои Каломи Ӯ бичаспем. Аз рӯйи он зиндагӣ карда мо ҳеҷ гоҳ пешпо намехӯрем. Чӣ шарафи бузург аст, ки моро хиради Каломи Худо роҳнамоӣ мекунад!

СУРУДИ 65 «Роҳ ин аст»

^ сарх. 5 Ин мақола боварии моро қавӣ мегардонад, ки танҳо Яҳува чун Дӯсти боваринок дар ҳаёт моро дуруст роҳнамоӣ карда метавонад. Ҳамчунин, аз он мо мефаҳмем, ки аз рӯйи хиради ин ҷаҳон амал кардан оқибатҳои фалокатовар дорад, вале ба кор бурдани хиради Каломи Худо бошад, бар фоидаи мост.

^ сарх. 9 Масалан ба китоби «Саволҳои ҷавонон. Маслиҳатҳои амалӣ» (рус.) ҷилди 1, бобҳои 24–26 ва ҷилди 2 бобҳои 4, 5 нигаред.

^ сарх. 50 ШАРҲИ РАСМ: Мо баъзе лаҳзаҳоро аз ҳаёти ҳамсароне, ки Шоҳиди Яҳуваанд, мебинем. Дар замоне, ки бисёриҳо издивоҷ накарда якҷоя зиндагӣ мекарданду ҳомосексуализм ва ҷудошавӣ паҳн мешуд, ин ҳамсарон ба ҳам содиқ монда якҷоя ба Худо хизмат мекарданд.

^ сарх. 52 ШАРҲИ РАСМ: Баъди якчанд сол шавҳар дар давоми бемории занаш ба ӯ меҳрубонона ғамхорӣ мекунад; духтарчаашон дар наздашон аст.

^ сарх. 54 ШАРҲИ РАСМ: Имрӯз он ҳамсарон хотираҳои некро аз ҳаёташон ба ёд меоранд ва хурсанданд, ки мувофиқи хиради Худо зиндагӣ карданд. Духтарашон калон шудааст ва ҳамроҳи оилааш дар шодии волидон шарик мебошад.