Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 20 ҚИСМИ 4

Тасаллӣ ба ҷабрдидагони таҷовузи ҷинсӣ

Тасаллӣ ба ҷабрдидагони таҷовузи ҷинсӣ

«Худои ҳар тасалло... моро дар ҳамаи азобу уқубатҳоямон тасаллӣ медиҳад» (2 ҚӮР. 1:3, 4).

СУРУДИ 41 Ба Яҳува аз ҷавонӣ ибодат намо

ПЕШГУФТОР *

1, 2. а) Кадом мисол нишон медиҳад, ки инсон табиатан ба тасаллӣ мӯҳтоҷ аст ва каси дигарро тасаллӣ дода метавонад? б) Баъзе кӯдакон аз чӣ зарар мебинанд?

ОДАМОН табиатан ба тасаллӣ мӯҳтоҷанд ва аҷоиб ки ҳар яки мо барои тасаллӣ додан низ қобилият дорем. Масалан, вақте кӯдак ҳангоми бозӣ афтида зонуяшро мехарошад, вай гирякунон давида, пеши модар ё падараш меравад. Волидон захми кӯдакро зуд сиҳат карда натавонанд ҳам, ӯро тасаллӣ медиҳанд. Онҳо аз вай мепурсанд, ки чӣ шуд, ашкҳояшро пок мекунанд, гапҳои мулоим зада ӯро навозиш мекунанд ва шояд доруе молида зонуяшро мебанданд. Чанде пас кӯдак гиряро бас карда, гӯё чизе нашуда бошад, аз нав бозиро давом медиҳад. Бо гузашти вақт захми ӯ сиҳат мешавад.

2 Лекин баъзан, кӯдакон аз чизҳои бадтар зарар мебинанд. Баъзеи онҳо тӯъмаи таҷовузкорон мегарданд. Баъзан кӯдак як бор бо таҷовузи ҷинсӣ дучор мешавад, вале баъзе нобакорон солҳои зиёд кӯдакро азоб медиҳанд. Дар ҳар ду маврид ҳам ба кӯдак зарари хеле калон расонда мешавад ва ӯ солҳои сол аз ин нохушӣ ба худ намеояд. Гоҳ вақт таҷовузкор дастгир шуда ҷазо мегирад. Дар баъзе ҳолатҳо бошад, шояд ба назар чунин тобад, ки гӯё ҷинояткор аз рӯйи адолат ҷазо намегирад. Вале ҳатто ҷинояткор даррав ҷазо гирад ҳам, таъсироти рафтори ваҳшиёнааш баъди калон шудани кӯдак низ боқӣ мемонад.

3. Мувофиқи 2 Қӯринтиён 1:3, 4 Яҳува чиро хоҳон аст? Мо кадом саволҳоро дида мебароем?

3 Шояд баъзе бародару хоҳарони мо дар кӯдакӣ аз дасти таҷовузкорон зарар дидаанд ва то ҳол, баъди калон шудан низ, дар дил захмҳои дарднок доранд. Чӣ ғами онҳоро сабук мекунад? (2 Қӯринтиён 1:3, 4-ро хонед.) Яҳува мисли Чӯпони меҳрубон хеле мехоҳад, ки гӯсфандчаҳояшро ба бағал гирифта, онҳоро ором кунад. Биёед ҳоло се саволро дида бароем: 1) Чаро онҳое, ки дар кӯдакӣ аз дасти таҷовузкорон азоб кашидаанд, ба тасаллӣ мӯҳтоҷанд? 2) Кӣ метавонад онҳоро тасаллӣ диҳад? 3) Чӣ тавр онҳоро тасаллӣ диҳем, то дардашон сабук гардад?

ЧАРО ОНҲО БА ТАСАЛЛӢ МӮҲТОҶАНД?

4, 5. а) Кӯдакон аз калонсолон бо чӣ фарқ мекунанд ва чаро донистани ин муҳим аст? б) Таҷовузи ҷинсӣ ба кӯдак боз чӣ тавр таъсири бад мерасонад?

4 Баъзе одамони калон, ки дар хурдсолӣ таҷовуз шуда буданд, баъди гузаштани солҳои зиёд низ шояд азоб мекашанд. Чаро? Барои фаҳмидани ин мо бояд аввал дарк кунем, ки кӯдакон аз одамони калон сахт фарқ доранд. Масалан, вақте одами калон бо муносибати бад дучор мешавад, ин, албатта, дардовар аст. Лекин ба кӯдакон зӯроварӣ кардан таъсири аз ин ҳам бадтар мерасонад. Дар натиҷаи таҷовузи ҷинсӣ кӯдакон зарари бениҳоят калон мебинанд. Биёед баъзе сабабҳоро дида бароем.

5 Кӯдакон одатан ба наздикони худ бовар ва такя мекунанд. Ғамхории онҳоро дида, кӯдакон худро орому осуда ҳис мекунанд ва шахсонеро, ки ба онҳо меҳрубонӣ мекунанд, дӯст медоранд (Заб. 21:10). Лекин, афсӯс ки аксар вақт кӯдаконро аъзоёни оилаи худашон ё дӯстони оила таҷовуз мекунанд. Баъди сар задани чунин ҳодисаи нохуш кӯдак бовариашро ба дигарон солҳои зиёд гум мекунад.

6. Чаро таҷовузи ҷинсии кӯдак амали ваҳшиёна аст? Баъди таҷовуз дар кӯдак чӣ гуна ақида пайдо мешавад?

6 Кӯдакон худро ҳимоя карда наметавонанд ва онҳоро таҷовуз кардан амали ваҳшиёна аст. Вақте кӯдак ба камол мерасад, организми вай ба алоқаи ҷинсие, ки дар издивоҷ раво аст, тайёр мешавад. Ӯ ба маънои издивоҷ ва муносибати маҳрамона пурра сарфаҳм меравад. Лекин вақте одамро дар кӯдакӣ таҷовуз мекунанд, ӯ дар бораи алоқаи ҷинсӣ фаҳмиши нодуруст пайдо мекунад. Инчунин вай худро беқадр ҳис мекунад ва ба ҳар касе ки ба ӯ наздик шудан мехоҳад, бо шубҳа менигарад.

7. а) Чаро таҷовузкорони нобакор кӯдаконро ба осонӣ ба доми худ меафтонанд ва онҳо чӣ гуна гапҳои дурӯғро истифода мебаранд? б) Шунидани суханони дурӯғ ба ҳаёти кӯдак чӣ хел таъсир мерасонад?

7 Қобилияти фикрронии кӯдакон ҳоло пурра инкишоф наёфтааст ва ақли онҳо намегирад, ки хатарро фаҳмида худро аз он дур гиранд (1 Қӯр. 13:11). Барои ҳамин, таҷовузкорони маккор кӯдаконро ба осонӣ фиреб медиҳанд. Нобакорон ба кӯдак гапҳои дурӯғ зада мегӯянд, ки гӯё ба шудани ин кор худаш айбдор аст, кӯдак бояд дар ин бора ба касе нагӯяд, агар вай оиди ин чиз ба дигарон хабар диҳад, ҳеҷ кас ба вай бовар намекунад ва ёрдам намедиҳад. Ва гӯё алоқаи ҷинсӣ байни одами калон ва кӯдак ягон ҷойи бадӣ надорад, балки роҳи нишон додани муҳаббати самимӣ аст. Ин гапҳои дурӯғ фикрронии кӯдакро вайрон мекунанд ва ӯ то дурӯғ будани онҳоро мефаҳмад, ки солҳои зиёд мегузарад. Дар рух додани таҷовуз кӯдак тамоман айбдор нест. Вале кӯдак шояд худро нопок, беқадру нодаркор ва гунаҳкор ҳис кунад. Ва мумкин фикр кунад, ки акнун бо ягон кас, ҳатто бо Худо дӯст шуда наметавонад.

8. Чаро мо боварӣ дорем, ки Яҳува қодир аст ғамзадагонро тасаллӣ диҳад?

8 Акнун мо фаҳмидем, ки барои чӣ касоне, ки дар кӯдакӣ аз дасти таҷовузкорон зарар дидаанд, солҳои зиёд азоб мекашанд. Ин дар ҳақиқат ҷинояти даҳшатнок аст! Таҷовузи ҷинсии кӯдакон проблемаест, ки тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст. Ин далели он аст, ки мо дар замонҳои охир зиндагӣ дорем — дар замоне, ки одамон «бемеҳр» шудаанд ва касони «бад ва фиребгарон рӯз ба рӯз бадтар гашта» истодаанд (2 Тим. 3:1–5, 13). Иблис одамонро ба корҳои хеле бад тела додан мехоҳад ва вақте онҳо мувофиқи хоҳиши вай амал мекунанд, ӯ хурсанд мешавад. Аммо Яҳува аз Шайтон ё пайравони вай садчандон бақувваттар аст. Ӯ ҳамаи макру ҳиллаҳои Шайтонро медонад. Бешубҳа, Яҳува тамоми дарду ранҷи моро мефаҳмад ва тасаллии лозима бахшида метавонад. Мо хушбахтем, зеро ба Худое хизмат мекунем, ки «моро дар ҳамаи азобу уқубатҳоямон тасаллӣ медиҳад, то мо низ бо он тасаллие, ки аз Худо меёбем, дигаронро дар ҳар гуна уқубатҳояшон тасаллӣ дода тавонем» (2 Қӯр. 1:3, 4). Вале барои тасаллӣ додани ғамзадагон Яҳува киро истифода мебарад?

ҶАБРДИДАГОНРО КӢ ТАСАЛЛӢ ДОДА МЕТАВОНАД?

9. Мувофиқи Забур 26:10 вақте волидон ба фарзандонашон дуруст ғамхорӣ намекунанд, Яҳува чӣ кор мекунад?

9 Хусусан касоне ба тасаллӣ мӯҳтоҷанд, ки волидонашон нисбати онҳо ба таври лозима ғамхорӣ намекарданд ё худи одами наздикашон онҳоро таҷовуз кардааст. Довуди забурнавис медонист, ки Яҳува дӯсти аз ҳама боваринок аст ва қодир аст моро тасаллӣ бахшад. (Забур 26:10-ро хонед.) Вай имон дошт, ки Яҳува касонеро, ки наздиконашон аз онҳо рӯй гардондаанд, қабул мекунад. Чӣ тавр? Ӯ барои ин хизматгорони содиқашро истифода мебарад. Ҳамимонон оилаи рӯҳонии моянд. Масалан, Исо касонеро, ки мисли ӯ Яҳуваро парастиш мекарданд, бародарон, хоҳарон ва модари худ номид (Мат. 12:48–50).

10. Павлус ба ҳамимонон чӣ тавр муносибат мекард?

10 Биёед дида бароем, ки чӣ тавр ҷамъомад барои мо мисли оила аст. Павлуси расул чун пири содиқ сахт меҳнат мекард. Ӯ ба дигарон намунаи хуб гузошт ва ҳатто зери илҳоми Худо гуфт, ки ба вай пайравӣ кунанд, чуноне ки ӯ ба Масеҳ пайравӣ мекунад (1 Қӯр. 11:1). Аҳамият диҳед, ки ӯ муносибати худро ба бародару хоҳарон чӣ тавр тасвир кард: «Мо нисбати шумо меҳрубон будем, мисли он ки модар фарзандони ширмакашро навозиш мекунад» (1 Тас. 2:7). Имрӯз низ пирон мувофиқи Навиштаҳо амал карда шахсони ғамгину дилшикастаро бо суханони гарму меҳрубонона тасаллӣ медиҳанд.

Хоҳарони баркамол аксар вақт тасаллидиҳандагони хубанд (Ба сархати 11 нигаред.) *

11. Магар шахсони дилшикастаро фақат пирон тасаллӣ дода метавонанд?

11 Оё шахсонеро, ки аз дасти таҷовузкорон зарар дидаанд, танҳо пирон тасаллӣ дода метавонанд? Не. Ҳамаи мо бояд якдигарро тасаллӣ диҳем (1 Тас. 4:18). Масалан, хоҳарони рӯҳан баркамол аксар вақт тасаллидиҳандагони хубанд. Яҳува низ худро чун модаре тасвир кардааст, ки фарзандашро тасаллӣ медиҳад (Иш. 66:13). Дар Китоби Муқаддас мисоли заноне оварда шудаанд, ки дигаронро дар андӯҳашон таскин медоданд (Айюб 42:11). Занони масеҳӣ, вақте шумо хоҳари ғамгинро дилбардорӣ мекунед, Яҳува хеле хурсанд мешавад. Дар баъзе мавридҳо пирони ҷамъомад дар алоҳидагӣ ягон хоҳари баркамолро хоҳиш мекунанд, ки ба хоҳари рӯҳафтодае кӯмак расонад *.

БО КАДОМ РОҲҲО МО ОНҲОРО ДАСТГИРӢ КАРДА МЕТАВОНЕМ?

12. Мо бояд аз кадом кор худдорӣ намоем?

12 Вақте мо ба бародар ё хоҳаре кӯмак карданӣ мешавем, оиди чизҳое, ки вай гуфтан намехоҳад, бояд напурсем (1 Тас. 4:11). Пас, ба ҷабрдидагон чӣ хел кӯмак кунем? Биёед панҷ роҳро, ки Каломи Худо маслиҳат медиҳад, дида бароем.

13. Чуноне ки дар 3 Подшоҳон 19:5–8 нақл карда мешавад, фариштаи Яҳува барои Илёс чӣ кор кард? Чӣ тавр мо ба он фаришта тақлид карда метавонем?

13 Кӯмаки амалӣ расонед. Вақте Илёс аз дасти душманонаш гурехт, вай чунон рӯҳафтода буд, ки мурдан мехост. Яҳува барои рӯҳбаланд кардани ӯ фариштаашро фиристод. Ва фаришта ба ӯ ёрдами амалӣ расонд. Вай ба Илёс хӯроки гарм пешниҳод карда гуфт, ки бихӯрад. (3 Подшоҳон 19:5–8-ро хонед.) Ин воқеа ба мо як чизи муҳимро мефаҳмонад. Баъзан як кори хурди мо касро беҳад хурсанд мекунад. Масалан, бо овардани ягон хӯрок, додани тӯҳфаи хурд ва навиштани номачаи рӯҳбаландкунанда мо ба шахсони рӯҳафтода муҳаббати худро нишон медиҳем. Бо каси ҷабрдида дар бораи мавзӯи шахсӣ ва дарднок гап задан на ҳама вақт осон аст, лекин бо чунин роҳҳо мо онҳоро дастгирӣ карда метавонем.

14. Мо аз нақл дар бораи Илёс чӣ меомӯзем?

14 Тавре кунед, ки шахс худро осуда ва бароҳат ҳис кунад. Мо аз нақл дар бораи Илёс боз як дарси дигар мегирем. Яҳува ба таври мӯъҷиза пайғамбарашро сер кард ва Илёс қувват дошт, ки то кӯҳи Ҳӯриб рафта расад. Эҳтимол дар он ҷойи дурдаст, ки Яҳува асрҳо пеш бо халқаш аҳд баста буд, Илёс худро дар бехатарӣ ҳис мекард. Шояд дили вай аз он ором буд, ки душманонаш хеле дуранд ва ба вай зарар расонда наметавонанд. Аз ин мисол мо чӣ дарс мегирем? Агар мо хоҳем, ки шахси ҷабрдидаро тасаллӣ диҳем, мо аввал бояд ба ӯ кӯмак кунем, ки худро орому осуда ҳис кунад. Масалан, вақте пирон бо ягон хоҳари дилшикаста сӯҳбат карданӣ мешаванд, бояд ба назар гиранд, ки ӯ дар куҷо худро бештар ором ва бароҳат ҳис мекунад: дар ҷое, ки ҷамъомад мегузарад ё дар хона, дар сари як пиёла чой? Баъзе касон шояд худро дар ҷойи ҷамъомад осуда ҳис кунанд, баъзеи дигар шояд дар хона.

Мо рӯҳафтодагонро дастгирӣ мекунем, агар онҳоро босаброна гӯш кунем, самимона ҳамроҳашон дуо гӯем ва суханоне гӯем, ки онҳоро ором кунанд (Ба сархати 15–20 нигаред.) *

15, 16. Шунавандаи хуб будан чӣ маъно дорад?

15 Шунавандаи хуб бошед. Китоби Муқаддас кушоду равшан маслиҳат медиҳад: «Ҳар кас бояд дар шунидан бошитоб, вале дар гуфтан... оҳиста бошад» (Яъқ. 1:19). Оё мо шунавандаи хуб ҳастем? Шояд мо фикр кунем, ки шунавандаи хуб будан маънои онро дорад, ки ягон гап нагӯему танҳо ба рӯйи одам нигоҳ карда истем. Лекин шунавандаи хуб будан чизи бештарро дар бар мегирад. Масалан, вақте Илёс ниҳоят дарди дили худро ба Яҳува холӣ кард, Ӯ хизматгорашро бодиққат гӯш кард. Яҳува мефаҳмид, ки Илёс тарсидааст, худро танҳо ҳис мекунад ва гӯё ҳама корҳояш як тин шуданд. Сипас, Ӯ меҳрубонона ба Илёс кӯмак кард, ки ин фикрҳои манфиро аз сараш дур кунад. Бале, Яҳува дар ҳақиқат Илёсро гӯш кард (3 Подш. 19:9–11, 15–18).

16 Чӣ тавр мо ҳангоми гӯш кардани дигарон ба онҳо ҳамдардӣ ва дилсӯзӣ нишон дода метавонем? Баъзан якчанд сухани гарму меҳрубонона муҳаббати моро нишон медиҳад. Шумо метавонед чунин гӯед: «Афсӯс бо ту чунин рӯй дода буд. Ман аз ин хеле ғамгинам. Бо кӯдак чунин рафтор кардан ноодамист!» Баъди он ки вай дилашро холӣ мекунад, як–ду саволи бамаврид дода боварӣ ҳосил кунед, ки ӯро дуруст фаҳмидед. Масалан, чунин гуфтан мумкин аст: «Аз рӯйи гапат ман фаҳмидам, ки... Оё ман туро дуруст фаҳмидам?» Чунин меҳрубонӣ шахсро боварӣ мебахшад, ки мо ӯро дар ҳақиқат гӯш мекунем ва фаҳмидан мехоҳем (1 Қӯр. 13:4, 7).

17. Чаро мо бояд «дар гуфтан... оҳиста» бошем?

17 Лекин «дар гуфтан... оҳиста» будан чӣ маъно дорад? Ҳангоми гап зада истодани шахс сухани ӯро бурида маслиҳат надиҳед ё ӯро ислоҳ накунед. Пурсабр бошед! Вақте Илёс ба Яҳува дарду ҳасрат кард, суханоне гуфт, ки пур аз алам буданд. Баъдтар, вақте ки Яҳува имони Илёсро қавӣ кард, вай ба Яҳува боз ҳамон суханонро такроран гуфт (3 Подш. 19:9, 10, 13, 14). Мо аз ин чӣ дарс мегирем? Баъзан одами рӯҳафтода дилашро холӣ карда ҳамон як гапро якчанд бор такрор мекунад. Мо бояд одамро мисли Яҳува пурсаброна гӯш кунем. Ба ҷойи роҳи ҳалли масъаларо нишон додан, хуб мебуд, ки ба ӯ ҳамдардӣ ва дилсӯзӣ зоҳир кунем (1 Пет. 3:8).

18. Ҳамроҳи шахси ғамзада дуо гуфтан чӣ манфиат меорад?

18 Ҳамроҳи шахси ғамзада самимона дуо гӯед. Онҳое, ки сахт рӯҳафтода мебошанд, шояд дуо ҳам гуфта натавонанд. Чунки шахс барои дуо гуфтан дар пеши Яҳува худашро носазовор меҳисобад. Яке аз роҳҳои тасаллӣ додани чунин шахсон ин аст, ки ҳамроҳашон дуо гӯем. Хуб мебуд, ки дар дуоямон номи онҳоро гирем ва ба Яҳува изҳор кунем, ки мо ва ҳамаи бародару хоҳарон он шахси ҷабрдидаро беҳад дӯст медорем. Боз метавонем дар дуоямон аз Яҳува илтимос кунем, ки ба ин хизматгори азизаш оромӣ ва осоиштагӣ ато кунад. Чунин дуоҳо хеле тасаллибахш буда метавонанд (Яъқ. 5:16).

19. Чӣ тавр мо барои тасаллӣ додани дигарон пешакӣ тайёрӣ дида метавонем?

19 Суханоне гӯед, ки ба дарди дили ӯ малҳам шаванд. Чуноне ки мегӯянд, «аввал андеша баъд гуфтор». Фикр накарда сухан гуфтан метавонад болои сӯхта намакоб шавад. Лекин суханони меҳрубонона рӯҳи одамро болида мекунанд (Мас. 12:18). Аз ин рӯ ба Яҳува дуо гӯед, то Ӯ барои ёфтани суханони ширин, тасаллибахш ва оромкунанда кӯмак кунад. Дар ёд доред, ки аз суханони Каломи Яҳува дида, ягон сухан таъсири бештар надорад (Ибр. 4:12).

20. Баъзе бародару хоҳарони ҷабрдида дар бораи худ шояд чӣ фикр доранд ва мо ба онҳо чиро ёдрас кардан мехоҳем?

20 Касоне, ки таҷовуз шуда буданд, фикр мекунанд, ки онҳо нопоканд, беқадру нодаркоранд ва ба муҳаббати касе сазовор нестанд. Чӣ дурӯғи даҳшатноке! Барои ҳамин, бо ёрии Навиштаҳо ба онҳо хотиррасон кунед, ки онҳо дар назари Яҳува хеле пурқиматанд. (Ба чорчӯбаи  «Тасаллӣ аз Навиштаҳо» нигаред.) Ба хотир оред, ки чӣ тавр фаришта Дониёл-пайғамбарро дар вақти заифӣ ва рӯҳафтодагиаш меҳрубонона рӯҳбаланд кард. Яҳува мехост хизматгори азизашро боварӣ бахшад, ки ӯ марди дилписанд аст (Дон. 10:2, 11, 19). Ба ин монанд, бародару хоҳарони азиятдидаи мо низ барои Яҳува азизанд.

21. Гунаҳкорони тавбанакардаро чӣ интизор аст? Мо бояд аз тарафи худ чӣ кор кунем?

21 Ҳангоми тасаллӣ додани дигарон мо ба онҳо нишон медиҳем, ки Яҳува онҳоро дӯст медорад. Ва мо ҳеҷ гоҳ набояд фаромӯш кунем, ки Яҳува Худои адолат аст. Ягон таҷовузкор аз чашми Ӯ пинҳон намемонад. Яҳува ҳама чиро мебинад ва бадкорони тавбанакардаро ҳатман ҷазо медиҳад (Ад. 14:18). Лекин таҷовузкор ҷазо гирад ҳам, дарди ҷабрдидагон ба зудӣ фаромӯш намешавад. Аз ин рӯ биёед ҳар кори аз дастамон меомадаро карда, онҳоро тасаллӣ диҳем ва дастгирӣ кунем. Ба наздикӣ Яҳува ҳамаи онҳоеро, ки аз дасти Шайтон ва ҷаҳони ӯ азоб кашидаанд, пурра шифо хоҳад дод ва чизҳои дардовар дигар ба хотир нахоҳанд омад (Иш. 65:17).

СУРУДИ 73 Якдигарро аз дилу ҷон дӯст доред

^ сарх. 5 Онҳое, ки дар кӯдакӣ аз дасти нобакорон таҷовуз шудаанд, шояд дар дил захмҳое доранд, ки солҳои сол онҳоро азоб медиҳад. Сабаби ин дар чист? Киҳо ҷабрдидагонро тасаллӣ дода метавонад? Ва бо кадом роҳҳо мо инро карда метавонем? Дар ин мақола мо ба ин саволҳо ҷавоб меёбем.

^ сарх. 11 Шахсе, ки таҷовуз шудааст, худаш қарор мекунад, ки аз духтури ботаҷриба кӯмак пурсад ё не.

^ сарх. 76 ШАРҲИ РАСМ: Хоҳари рӯҳан баркамоле хоҳари рӯҳафтодаро тасаллӣ медиҳад.

^ сарх. 78 ШАРҲИ РАСМ: Ду пири ҷамъомад ба хабаргирии он хоҳари ғамзада меоянд. Бо хоҳиши вай хоҳари баркамол низ дар он ҷо ҳузур дорад.