Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 22

Дар «Роҳи покӣ» бимонед!

Дар «Роҳи покӣ» бимонед!

«Он ҷо шоҳроҳе хоҳад буд, роҳе, ки Роҳи покӣ номида мешавад» (ИШ. 35:8).

СУРУДИ 26 Бо Худо роҳ рав!

ПЕШГУФТОР a

1, 2. Яҳудиёне, ки дар Бобил зиндагӣ мекарданд, бояд кадом қарори муҳимро мебароварданд? (Эзро 1:2–4).

 ПОДШОҲ қарор баровард: Яҳудиёне, ки 70 сол дар Бобил ғулом буданд, акнун метавонанд ба ватанашон Исроил баргарданд. (Эзро 1:2–4-ро хонед.) Ин қарорро танҳо Яҳува роҳбарӣ карда метавонист. Чаро чунин гуфтан мумкин? Чунки бобилиён асирони худро одатан озод намекарданд (Иш. 14:4, 17). Лекин Бобил забт гардид ва ҳокими нав ба яҳудиён гуфт, ки онҳо озоданд, метавонанд аз он ҷо баромада раванд. Акнун ҳар як яҳудӣ, махсусан сардорони оила, бояд қарор мебароварданд, ки аз Бобил баромада раванд ё дар он ҷо бимонанд. Баровардани ин қарор осон набуд. Чаро?

2 Барои бисёриҳо аз сабаби пиронсолӣ дурудароз сафар кардан душвор буд. Ғайр аз ин, азбаски аксари яҳудиён дар Бобил таваллуд шуда буданд, фақат он ҷоро манзили худ меҳисобиданд. Исроил бошад, барояшон ҷойи бегона менамуд, замине, ки як замон аҷдодонашон зиндагӣ мекарданд. Аз афташ, баъзе яҳудиён дар Бобил боигарӣ ба даст оварда буданд. Барои ҳамин ба онҳо, эҳтимол, хонаи бароҳат ва тиҷораташонро монда дар замини ношинос манзил кардан душвор буд.

3. Яҳудиёнеро, ки ба Исроил бармегаштанд, чӣ гуна баракат интизор буд?

3 Лекин яҳудиёни содиқ медонистанд, ки ба Исроил баргаштани онҳо аз ҳар қурбоние, ки мекунанд, болотар меистад. Баракати бузургтарин бо ибодати онҳо алоқаманд буд. Ҳарчанд дар Бобил зиёда аз 50 ибодатхона буд, ягон ибодатгоҳи Яҳува вуҷуд надошт. Исроилиён на қурбонгоҳе доштанд, ки мувофиқи Шариати Мӯсо қурбонӣ оварда метавонистанд ва на тартиботе, ки коҳинон қурбониҳо пешкаш мекарданд. Ғайр аз ин, халқи Худо дар байни бутпарастон, мардону заноне зиндагӣ мекарданд, ки Яҳува ва меъёрҳояшро писанд намекарданд. Барои ҳамин ҳазорҳо яҳудиёни худотарс бесаброна интизор буданд, ки ба ватанашон баргашта, ибодати покро барқарор намоянд.

4. Яҳува ба яҳудиёне, ки ба Исроил бармегаштанд, чӣ ваъда дод?

4 Сафар аз Бобил ба Исроил хеле душвор буд ва тақрибан чор моҳро дар бар гирифта метавонист. Лекин Яҳува ваъда дод, ки ҳамаи монеаҳоро бартараф мекунад. Пайғамбар Ишаъё навишт: «Роҳро барои Яҳува тайёр кунед! Барои Худои мо дар дашт шоҳроҳи росту ҳамворе бисозед... Замини каҷу килеб рост шавад ва ҷойи пурнишебу фароз водии ҳамвор гардад» (Иш. 40:3, 4). Тасаввур кунед: дар дашт, аз байни кӯҳҳо шоҳроҳи васею ҳамвор мегузарад. Чунин роҳро ҳар як мусофир орзу мекунад. Охир, ба ҷойи бо як азобу машаққат ба кӯҳҳову теппаҳо баромада фаромадан, бо шоҳроҳи рост рафтан хеле осон аст ва мусофирон тезтар ба манзил мерасанд.

5. Шоҳроҳе, ки аз Бобил ба Исроил мегузашт, чӣ ном дошт?

5 Имрӯз бисёр роҳу шоҳроҳҳо ном ё рақам доранд. Шоҳроҳе, ки Ишаъё дар борааш навишт, инчунин ном дошт: Мо мехонем: «Он ҷо шоҳроҳе хоҳад буд, роҳе, ки Роҳи покӣ номида мешавад. Каси нопок бо он равона намешавад» (Иш. 35:8). Ин ваъда барои исроилиён чӣ маъно дошт? Ва имрӯз барои мо чӣ маъно дорад?

«РОҲИ ПОКӢ»: ДАР ГУЗАШТА ВА ИМРӮЗ

6. Чаро ин роҳ пок номида шудааст?

6 «Роҳи покӣ» — чӣ хел номи зебо! Чаро ин роҳ пок номида шудааст? Зеро ягон «каси нопок» ба он ҷо роҳ намеёфт. Яъне, агар яҳудие қарор мекард, ки бадахлоқӣ, бутпарастӣ ё дигар гуноҳҳои ҷиддиро кардан мегирад, дар байни касоне, ки ба Исроил бармегаштанд, роҳ дода намешуд. Исроилиён барои Худояшон бояд «халқи муқаддас» мегаштанд (5 Мӯсо 7:6). Албатта, ин маънои онро надошт, ки шахсоне, ки аз Бобил баромаданд, барои ба даст овардани розигии Яҳува бояд дигар намешуданд.

7. Баъзе яҳудиён дар ҳаёташон бояд кадом дигаргуниҳоро медароварданд? Мисол оред.

7 Чи хеле дар боло қайд кардем, аксарияти яҳудиён дар Бобил таваллуд шуданд. Аз афташ, бисёри онҳо тарзи фикрронӣ ва баъзе одатҳои бобилиёнро аз худ карда буданд. Даҳсолаҳо баъд аз он, ки қисми аввали яҳудиён ба Исроил баргаштанд, пайғамбар Эзро фаҳмид, ки баъзеи онҳо занони бутпараст гирифтаанд (2 Мӯсо 34:15, 16; Эзро 9:1, 2). Боз баъдтар, вақте ҳоким Наҳемё фаҳмид, ки кӯдакони дар Исроил таваллудшуда ҳатто забони яҳудиро аз худ накардаанд, ба ҳайрат омад (5 Мӯсо 6:6, 7; Наҳемё 13:23, 24). Агар ин кӯдакон забонеро, ки қисми зиёди Каломи Худо бо он навишта шудааст, надонанд, пас, чӣ тавр Яҳуваро дӯст дошта парастиш карда метавонистанд? (Эзро 10:3, 44). Ана барои ҳамин он яҳудиён бояд ба ҳаёташон дигаргунии ҷиддӣ медароварданд. Лекин ин корро дар Исроил, дар ҷое, ки ибодати пок оҳиста-оҳиста барқарор мешуд, кардан осонтар буд (Наҳемё 8:8, 9).

Аз соли 1919 инҷониб миллионҳо мардон, занон ва кӯдакон аз Бобили бузург берун омада, бо «Роҳи покӣ» равонаанд (Ба сархати 8 нигаред.)

8. Чаро воқеаҳое, ки садсолаҳо пеш рӯй доданд, имрӯз сазовори таваҷҷуҳанд? (Ба расми муқова нигаред.)

8 Шояд баъзеҳо фикр кунанд: «Нағзу, лекин чизе, ки бо яҳудиён асрҳо пеш рӯй дода буд, ба ман чӣ дахл дорад?». Мо низ имрӯз ба маъное бо «Роҳи покӣ» равонаем. Хоҳ тадҳиншуда бошем, хоҳ аз гӯсфандони дигар, мо бояд дар ин «Роҳи покӣ» бимонем (Юҳ. 10:16). Зеро ин кумак мекунад, ки Яҳуваро ҳам ҳозир ибодат кунем ва ҳам дар оянда, вақте Подшоҳии Худо баракатҳои зиёд фароҳам меорад b. Аз соли 1919 инҷониб, миллионҳо мардон, занон ва кӯдакон Бобили бузург, империяи дини дурӯғро тарк карда, бо ин роҳ равонаанд. Эҳтимоли зиёд аст, ки шумо низ дар байни онҳо ҳастед. Ҳарчанд ин шоҳроҳ тақрибан 100 сол пеш кушода шуд, корҳои омодасозии он асрҳо пеш оғоз ёфта буд.

ОМОДАСОЗИИ РОҲ

9. Мувофиқи Ишаъё 57:14 чӣ тавр «Роҳи покӣ» тайёр карда шуд?

9 Яҳува чунин кард, ки аз пеши роҳи яҳудиёне, ки Бобилро тарк мекарданд, ҳамаи монеаҳо бартараф шаванд. (Ишаъё 57:14-ро хонед.) Дар бораи замони мо чӣ гуфтан мумкин? Дар давоми асрҳо то соли 1919 Яҳува баъзе мардони худотарсро истифода бурд, то барои касоне, ки аз Бобили бузург берун меоянд, роҳро тоза кунанд. (Бо Ишаъё 40:3 муқоиса кунед.) Онҳо корҳои заруриро анҷом доданд, то баъдтар одамони самимӣ аз Бобили бузург берун омада, ба биҳишти рӯҳонӣ ворид шаванд, ба ҷое, ки парастиши поки Яҳува барқарор шудааст. Биёед баъзе аз ин корҳоро дида бароем.

Тӯли асрҳои зиёд, то соли 1919, мардони худотарс роҳеро, ки аз Бобили бузург мебаромад, тоза карданд (Ба сархатҳои 10–11 нигаред.)

10, 11. Чӣ тавр чоп ва тарҷума шудани Китоби Муқаддас ба паҳн гаштани ростӣ мусоидат намуд? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

10 Чоп. Тақрибан то соли 1450 Китоби Муқаддас дастӣ нусхабардорӣ мешуд. Ин кор вақти зиёдро талаб мекард ва нусхаҳои Китоби Муқаддас камёфту хеле қимат буданд. Лекин, вақте дастгоҳи чоп ихтироъ шуд, нашр кардану дастраси мардум гардондани Китоби Муқаддас хеле осон шуд.

11 Тарҷума. Дар давоми садсолаҳо Китоби Муқаддас асосан ба забони лотинӣ дастрас буд. Ин забонро танҳо одамони соҳибмаълумот мефаҳмиданд. Аммо вақте чопи китобҳо дар ҳама ҷо дастрас гашт, баъзе мардони худотарс миён баста Китоби Муқаддасро ба забони одамони одӣ тарҷума мекарданд. Акнун хонандагон таълимоти калисоро бо Китоби Муқаддас муқоиса карда, фаҳмида метавонистанд, ки Каломи Худо дар асл чиро таълим медиҳад.

Мардони худотарс роҳеро, ки аз Бобили бузург мебаромад, тоза карданд (Ба сархатҳои 12–14 нигаред.) c

12, 13. Мисол оред, ки чӣ тавр тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас дар асри 19 ба фош кардани таълимоти дурӯғи динӣ сар карданд.

12 Мавод барои омӯзиши Каломи Худо. Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас Каломи Худоро бодиққат хонда бисёр чизро мефаҳмиданд. Онҳо нигоҳ накарда ба ғазаби рӯҳониён дар бораи чизҳои фаҳмидаашон ба дигарон нақл мекарданд. Масалан, дар асри 19 якчанд мардони самимӣ рисолаҳоеро чоп мекарданд, ки дар онҳо таълимоти дурӯғи калисоҳо фош мегашт.

13 Тақрибан соли 1835 марди худотарсе бо номи Ҳенри Гру як рисола нашр кард, ки дар он гап дар бораи ҳолати мурдагон мерафт. Дар ин рисола ӯ бо ёрии Навиштаҳо исбот намуд, ки мо бо ҷони намиранда ба дунё намеоем, чи хеле бисёр калисоҳо таълим медиҳад; ҳаёти намирандаро танҳо Худо дода метавонад. Соли 1837 як хизматгузори калисо бо номи Ҷорҷ Сторрз, ҳангоми бо қатора сафар карданаш, нусхаи ин рисоларо ёфт. Ӯ онро хонда бовар кард, ки ҳақиқати муҳимеро дарёфт. Аз ин рӯ қарор кард, ки дар ин бора ба дигарон нақл мекунад. Соли 1842 якчанд суханроние кард, ки мавзуи он ҷолиб буд: «Савол: Оё бадкорон ҳаёти намирандаро мерос мегиранд?» Меҳнати Ҷорҷ Сторрз ба ҷавоне бо номи Чарлз Тейз Рассел таъсири хуб расонд.

14. Бародар Рассел ва ҳамроҳонаш аз корҳое, ки дар гузашта анҷом дода шуд, чӣ манфиат гирифтанд? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

14 Бародар Рассел ва ҳамроҳонаш аз меҳнати касоне, ки барои омода сохтани «Роҳи покӣ» карданд, чӣ манфиат гирифтанд? Онҳо ҳангоми омӯзишашон аз луғатҳо, тарҷумаҳои гуногуни Китоби Муқаддас ва дигар маводи ёрирасон, ки қаблан тайёр шуда буданд, истифода мебурданд. Ғайр аз ин, онҳо аз тадқиқоти Ҳенри Гру, Ҷорҷ Сторрз ва дигарон баҳра мебурданд. Бародар Рассел ва ҳамроҳонаш инчунин дар бораи таълимоти Китоби Муқаддас бисёр китобҳо ва рисолаҳо нашр карда, дар омодасозии шоҳроҳ саҳми худро гузоштанд.

15. Соли 1919 кадом тағйироти муҳим ба амал омад?

15 Соли 1919 халқи Худо аз чанголи Бобили бузург халос шуд. Он сол «ғуломи бовариноку боандеша» ба миён омада, кору фаъолияташро сар кард, то одамони самимӣ бо «Роҳи покӣ» раҳсипор шаванд (Мат. 24:45–47). Ба шарофати корҳое, ки дар гузашта иҷро шуданд, одамон ба шоҳроҳ қадам ниҳода, дар бораи ниятҳои Яҳува бештар фаҳмида метавонистанд (Пнм. 4:18). Онҳо ҳамчунин метавонистанд ҳаёташонро ба меъёрҳои ӯ мувофиқ созанд. Оё Яҳува интизор буд, ки халқаш яку якбора ба ҳаёташон дигаргунӣ дароранд? Не, ӯ халқашро оҳиста-оҳиста поку муқаддас мегардонд. (Ба чорчӯбаи « Яҳува халқашро оҳиста-оҳиста пок мегардонад» нигаред.) Вақте бо ҳамаи корҳои худ ба Худоямон писанд меоем, чӣ қадар хушбахт хоҳем буд (Қӯл. 1:10).

«РОҲИ ПОКӢ» ТО ҲОЛ КУШОДА АСТ

16. Аз соли 1919 сар карда барои таъмири «Роҳи покӣ» кадом корҳо анҷом дода шуд? (Ишаъё 48:17; 60:17).

16 Ҳар як роҳро пайваста таъмир кардан лозим аст. Ба ин монанд корҳое, ки соли 1919 барои «Роҳи покӣ» оғоз шуда буд, давом дорад, то шумораи ҳарчи бештари одамон аз Бобили бузург берун оянд. Соли 1921, каме баъди ба кор сар карданаш, ғуломи бовариноку боандеша маводи омӯзиширо нашр намуд, то шавқмандон ба воситаи он ҳақиқатҳои Каломи Худоро омӯзанд. Он китоб «Сози илоҳӣ» ном дошт ва ба 36 забон қариб шаш миллион нусха чоп шуд. Бисёр одамон ҳақиқатро ба воситаи ин китоб фаҳмиданд. Ба наздикӣ бошад, барои гузарондани омӯзиш мо адабиёти наверо бо номи «То абад зинда бошед!» ба даст овардем. Дар давоми рӯзҳои охир Яҳува ба воситаи ташкилоташ моро мунтазам бо озуқаи рӯҳонӣ таъмин мекунад, то дар «Роҳи покӣ» бимонем. (Ишаъё 48:17; 60:17-ро хонед.)

17, 18. «Роҳи покӣ» моро ба кадом манзил мерасонад?

17 Гуфтан мумкин аст, ки, вақте шахс омӯзиши Китоби Муқаддасро қабул мекунад, имконияти бо «Роҳи покӣ» равона шуданро пайдо менамояд. Баъзеҳо бо ин шоҳроҳ каме мераванду сипас онро тарк мекунанд. Дигарон бошанд, азм кардаанд, ки то ба манзил нарасанд, аз он дур намешаванд. Ин чӣ гуна манзил аст?

18 Касонеро, ки умеди осмонӣ доранд, «Роҳи покӣ» ба осмон мебарад (Ошкор. 2:7). Онҳое, ки умеди заминӣ доранд, бо ин шоҳроҳ рафта, дар охири Ҳукмронии ҳазорсолаи Масеҳ комилият ба даст меоранд. Агар шумо имрӯз дар ин шоҳроҳ бошед, ба қафо нигоҳ накунед ва то ба манзил, яъне ба дунёи нав расидан, аз он дур нашавед. Роҳатон сафед бод!

СУРУДИ 16 Сӯи Салтанати Худо гурезед!

a Яҳува шоҳроҳеро, ки аз Бобил ба Исроил мерафт «Роҳи покӣ» номид. Оё ӯ роҳи ба ин монандро барои халқи имрӯзааш тайёр кардааст? Бале! Аз соли 1919 инҷониб миллионҳо одамон Бобили бузургро тарк карда, дар «Роҳи покӣ» равонаанд. Ҳар яки мо то ба манзил расидан бояд дар ин роҳ бимонем.

c ШАРҲИ РАСМ: Бародар Рассел ва ҳамроҳонаш маводи омӯзишии Китоби Муқаддасро, ки пеш аз онҳо тайёр шудааст, истифода мебурданд.