Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 23

Нагузоред, ки «алангаи Ёҳ» хомӯш шавад!

Нагузоред, ки «алангаи Ёҳ» хомӯш шавад!

«Алангаҳои [ишқ] оташи сӯзон, алангаи Ёҳ, аст» (ШОҲС. 8:6).

СУРУДИ 36 «Он чиро, ки Худо бо ҳам пайваст»

ПЕШГУФТОР a

1. Китоби Муқаддас дар бораи муҳаббати ҳақиқӣ чӣ мегӯяд?

 ДАР Каломи Худо муҳаббати ҳақиқӣ бениҳоят зебо тасвир ёфтааст: «Алангаҳои он оташи сӯзон, алангаи Ёҳ, аст. Обҳои хурӯшон наметавонанд муҳаббатро хомӯш созанд, дарёҳо наметавонанд онро шуста баранд» b (Шоҳс. 8:6, 7). Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки ҳамсарон ба якдигар ишқу муҳаббати пойдор дошта метавонанд.

2. Ҳамсарон бояд чӣ кор кунанд, ки ишқашон гум нашавад?

2 То охири умр нигоҳ доштани муҳаббати пойдор дар издивоҷ ба зану шавҳар вобаста аст. Барои мисол, оташи гулхан метавонад доимо фурӯзон бошад, ба шарте ки ба он чӯб партоянд. Лекин, агар онро беназорат монӣ, оташи он рафта-рафта хомӯш мешавад. Ба ин монанд, ишқу муҳаббати зану шавҳар ба шарте пойдор мемонад, агар муносибаташонро қавӣ нигоҳ доранд. Баъзан ҳамсарон шояд ҳис кунанд, ки муҳаббаташон хунук шуда истодааст. Ин асосан, вақте рӯй дода метавонад, ки онҳо бо мушкилиҳои иқтисодӣ рӯ ба рӯ шуда бошанд, саломатиашон бад аст ё кӯдаконашонро ба воя расонанд. Ҳамсарони азиз, пас, чӣ тавр «алангаи Ёҳ»-ро фурӯзон нигоҳ дошта метавонед? Аз ин мақола мефаҳмед, ки чӣ тавр бо се роҳ муносибататонро бо ҳамсари худ қавӣ нигоҳ доред ва аз издивоҷ хурсандӣ гиред c.

МУНОСИБАТАТОНРО БО ЯҲУВА ҚАВӢ СОЗЕД

Мисли Юсуф ва Марям зану шавҳар бояд бо Яҳува муносибати наздик дошта бошанд (Ба сархати 3 нигаред.)

3. Чӣ тавр дӯстӣ бо Яҳува ба ҳамсарон кумак мекунад, ки ишқу муҳаббаташонро зинда нигоҳ доранд? (Пандгӯ 4:12). (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

3 Барои «алангаи Ёҳ»-ро фурӯзон нигоҳ доштан, ҳам шавҳар ва ҳам зан бояд муносибаташонро бо Яҳува қавӣ гардонанд. Чӣ тавр ин дар издивоҷ ба онҳо кумак мекунад? Агар ҳамсарон дӯстии худро бо Падари осмониашон қадр кунанд, онҳо бо омодагӣ маслиҳатҳои ӯро ба кор мебаранд. Ҳамин тавр мушкилиҳоеро, ки пайванди ишқашонро суст мегардонад, бартараф мекунанд. (Пандгӯ 4:12-ро хонед.) Шахси рӯҳонӣ, ҳамчунин ба Яҳува пайравӣ мекунад ва хислаҳои меҳрубонӣ, пурсабрӣ ва бахшандагиро инкишоф медиҳад (Эфс. 4:32–5:1). Барои ҳамсароне, ки ин хислатҳоро доранд, қавӣ нигоҳ доштани муҳаббаташон осонтар мегардад. Лена ном хоҳар, ки зиёда аз 25 сол боз оиладор аст, мегӯяд: «Шахсеро, ки бо Яҳува муносибати наздик дорад, дӯст доштану эҳтиром кардан осон аст».

4. Чаро Яҳува барои Масеҳ Юсуфу Марямро чун волид интихоб кард?

4 Биёед мисолеро аз Китоби Муқаддас дида бароем. Вақте Яҳува барои Масеҳ падару модар интихоб мекард, ӯ аз байни ҳазорҳо насли Довуд Юсуф ва Марямро хуш кард. Чаро? Зеро ҳар яки онҳо бо Яҳува муносибати қавӣ доштанд. Яҳува медонист, ки муҳаббати ӯ дар ҳаёти оилавиашон дар ҷойи аввал меистад. Ҳамсарони азиз, шумо аз Юсуф ва Марям чӣ омӯхта метавонед?

5. Шавҳарон аз Юсуф чӣ ибрат гирифта метавонанд?

5 Юсуф бо омодагӣ дастури Яҳуваро ба кор мебурд ва ин ӯро шавҳари хуб мегардонд. Дасти кам се маротиба Яҳува дар хусуси оилааш ба ӯ дастур дода буд. Ҳар бор ӯ бечунучаро мувофиқи роҳнамоии Яҳува амал мекард, ҳатто агар барои ин тағйироти ҷиддӣ даровардан лозим мешуд (Мат. 1:20, 24; 2:13–15, 19–21). Ба гуфти Яҳува амал карда, Юсуф Марямро муҳофизат мекард ва дар бораи ӯ ғамхорӣ менамуд. Тасаввур кунед, ки рафтори Юсуфро дида муҳаббати Марям ва иззату ҳурмати ӯ ба ҳамсараш чӣ қадар зиёд мегашт! Шавҳарон, агар шумо низ барои ба оилаи худ ғамхорӣ кардан аз Китоби Муқаддас роҳнамоӣ ҷӯед, мисли Юсуф амал мекунед d. Он гоҳ,— ҳатто агар дар ҳаётатон дигаргунӣ даровардан лозим шавад,— нишон медиҳед, ки зани худро дӯст медоред ва пайванди издивоҷатонро мустаҳкам мегардонед. Хоҳаре аз Вануату, ки зиёда аз 20 сол оиладор аст, мегӯяд: «Вақте шавҳарам роҳнамоии Яҳуваро ҷуста, аз рӯйи он амал мекунад, ман ӯро бештар ҳурмат мекунам. Дилам тинҷ аст ва ба қарорҳое, ки ӯ қабул мекунад, шубҳа намекунам».

6. Занони оиладор аз Марям чӣ ибрат гирифта метавонанд?

6 Марям бо Яҳува муносибати наздик дошт; имони ӯ ба имони Юсуф побанд набуд; Навиштаҳоро низ хуб медонист e. Вақт ҷудо карда андеша меронд (Луқ. 2:19, 51). Азбаски Марям бо Яҳува муносибати наздик дошт, зани намунавӣ ба ҳисоб мерафт. Имрӯз низ бисёр занони оиладор кӯшиш мекунанд, ки мисли Марям рафтор кунанд. Масалан, як хоҳар, ки Эмико ном дорад, чунин мегӯяд: «Вақте ман муҷаррад будам, реҷаи рӯҳонӣ доштам. Лекин баъд аз оиладор шуданам, шавҳарам барои мо дуо мегӯяд, ояти рӯзро муҳокима мекунад ва парастиши оилавиро мегузаронад. Аз ин сабаб ман интизор мешудам, ки ӯ имони маро қавӣ гардонад. Бо гузашти вақт ман дарк намудам, ки бояд худам муносибатамро бо Яҳува қавӣ гардонам. Барои ҳамин ҳозир вақт ҷудо карда дуо мегӯям, Китоби Муқаддас мехонам ва дар бораи чизҳои хондаам андеша меронам» (Ғал. 6:5). Занон, агар шумо низ пайванди дӯстиатонро бо Яҳува қавӣ гардонед, шавҳаратон шуморо бештар дӯст медорад ва таърифу таҳсин мекунад (Пнм. 31:30).

7. Ҳамсарон аз Юсуфу Марям дар бораи Яҳуваро якҷоя парастиш кардан чӣ меомӯзанд?

7 Ғайр аз ин, Юсуфу Марям барои устувор нигоҳ доштани муносибаташон бо Яҳува ҳамкорӣ мекарданд. Онҳо мефаҳмиданд, ки Яҳуваро якҷоя парастиш кардан хеле муҳим аст (Луқ. 2:22–24, 41; 4:16). Эҳтимол, ин кор барои онҳо душвор буд, махсусан вақте оилашон калон мешуд. Лекин Маряму Юсуф аз уҳдаи ин кор баромаданд. Чӣ намунаи олиҷаноб барои оиладорон! Агар шумо фарзанддор бошед, шояд бароятон ба вохӯриҳо омадан ё ба нақша гирифтани парастиши оилавӣ осон набошад. Вақт ёфта, якҷоя омӯзиш гузарондан ё дуо гуфтан бароятон мумкин аз ин ҳам мушкилтар бошад. Лекин дар ёд доред, ки агар Яҳуваро якҷоя парастиш кунед, шумо бо ӯ ва якдигар наздиктар мешавед. Пас, парастиши Яҳуваро дар ҳаёти худ дар ҷойи аввал монед.

8. Ҳамсароне, ки дар издивоҷ мушкилӣ доранд, барои аз парастиши оилавӣ бештар баҳра бурдан чӣ кор карда метавонанд?

8 Агар дар издивоҷ мушкилӣ дошта бошед-чӣ? Дар чунин мавридҳо, шояд, фикри якҷоя парастиши оилавӣ гузарондан ҷолиб натобад. Агар ин тавр бошад, парастиши оилавиро бо мавзуъҳои кӯтоҳ ва шавқовар сар кунед, мавзуъҳое, ки ҳардуятон баррасӣ кардан мехоҳед. Ҳамин тавр муҳаббататон ба якдигар қавӣ мегардад ва бо хоҳиши зиёд Яҳуваро якҷоя парастиш мекунед.

ЯКҶОЯ ВАҚТ ГУЗАРОНЕД

9. Чаро зану шавҳар бояд бо ҳам вақт гузаронанд?

9 Ҳамсарон, шумо инчунин бо якдигар вақт гузаронда оташи муҳаббататонро фурӯзон нигоҳ дошта метавонед. Агар ин тавр кунед, аз фикру ҳиссиёти якдигар бохабар мешавед (1 Мӯсо 2:24). Аҳамият диҳед Лилия ва Руслан каме баъд аз издивоҷ ба чӣ хулоса омаданд. Ин зиёда аз 15 сол пеш буд. Лилия мегӯяд: «Мо ба якдигар вақти кофӣ ҷудо карда наметавонистем. Баъди кор мо бо кору бори хона андармон мешудем ва баъдтар боз тарбияи кӯдакон. Мо дарк намудем, ки агар ба якдигар вақт ҷудо накунем, аз ҳамдигар дур мешавем».

10. Чӣ тавр ҳамсарон маслиҳати Эфсӯсиён 5:15, 16-ро ба кор бурда метавонанд?

10 Ҳамсарон, барои бо ҳам вақт гузарондан шумо чӣ кор карда метавонед? Шояд лозим ояд, ки ин корро ба нақша гиред. (Эфсӯсиён 5:15, 16-ро хонед.) Бародаре аз Нигерия, ки Узонду ном дорад, мегӯяд: «Вақте ман кору борамро ба нақша мегирам, дар бораи бо ҳамсарам вақт гузарондан низ фикр мекунам. Ман ин корро дар ҷойи аввал мемонам» (Флп. 1:10). Аҳамият диҳед, Анастасия ном ҳамсари нозири ноҳиявӣ, ки аз Молдова аст, чӣ тавр вақтро ғанимат медонад. Ӯ мегӯяд: «Вақте ҳамсарам бо иҷрои супоришҳояш банд аст, ман кӯшиш мекунам, ки корҳои шахсиамро ба анҷом расонам. Ин имкон медиҳад, ки баъдтар мо бо ҳам вақт гузаронем». Лекин агар аз пушти кору бор бо ҳамсари худ вақт гузарондан бароятон душвор бошад-чӣ?

Шумо бо ҳамсаратон кадом корҳоро якҷоя карда метавонед? (Ба сархатҳои 11 ва 12 нигаред.)

11. Акило ва Прискило кадом корҳоро якҷоя мекарданд?

11 Ҳамсарон ҳамчунин аз Акило ва Прискило ибрат гирифта метавонанд. Дар асри як бисёр бародару хоҳарон ин ҳамсаронро дӯст медоштанд (Рум. 16:3, 4). Ҳарчанд дар Китоби Муқаддас дар бораи издивоҷи онҳо бисёр чиз гуфта намешавад, он равшан нишон медиҳад, ки Акило ва Прискило якҷоя кор мекарданд, дар бораи ҳақиқат шаҳодат медоданд ва ба дигарон мадад мерасонданд (Кор. 18:2, 3, 24–26). Ҷолиб аст, ки ҳар боре дар Навиштаҳо гап дар бораи Акило ва Прискило меравад, онҳо якҷоя ном бурда мешаванд.

12. Барои бо ҳам бисёртар вақт гузарондан зану шавҳар чӣ кор карда метавонанд? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

12 Ҳамсарон аз Акило ва Прискило чӣ омӯхта метавонанд? Мисол, корҳои рӯзмаррае ҳастанд, ки шумо ва ҳамсаратон бояд кунед. Оё метавонед баъзеи ин корҳоро якҷоя иҷро кунед? Акило ва Прискило ҳамроҳ мавъиза мекарданд. Оё шумо низ мунтазам чунин мекунед? Онҳо ҳамчунин якҷоя кор мекарданд. Шояд шумо ва ҳамсаратон дар як ҷо кор накунед, лекин метавонед корҳои хонаро ҳамроҳ ба анҷом расонед? (Пандгӯ 4:9). Вақте дар коре ба якдигар кумак менамоед, худро чун як даста ҳис мекунед; боз барои суҳбат имкон пайдо мешавад. Роберт ва Линда зиёда аз 50 сол оиладоранд. Роберт мегӯяд: «Рости гап мо он қадар вақти зиёд надорем, ки якҷоя дам гирем. Лекин вақте ман косаву табақ мешӯяму ҳамсарам онҳоро хушк мекунад ё вақте ман дар боғ кор мекунаму ӯ дар барам истода ёрдам мекунад, хеле хурсанд мешавам. Якҷоя кор карда мо бо ҳам наздик мешавем. Муҳаббатамон бошад, гул-гул мешукуфад».

13. Барои дар ҳақиқат якдил шудан зану шавҳар бояд чӣ кор кунанд?

13 Дар ёд доред: барои он ки зану шавҳар дар ҳақиқат бо ҳамдигар наздик бошанд, танҳо якҷоя будан кифоя нест. Ҳамсаре аз Бразилия мегӯяд: «Имрӯзҳо ҳаёт чунон серташвиш аст, ки шахс метавонад фикр кунад: “Азбаски мо зери як бом зиндагӣ мекунем, бо ҳам вақт мегузаронем”. Лекин ман фаҳмидам, ки танҳо якҷоя будан ҳоло нисфи кор аст. Ман ҳамчунин бояд ба шавҳарам аҳамият диҳам, чунки ӯ ба ин ниёз дорад». Бруно ва ҳамсараш Таис аз ин ҷиҳат намунаи хубанд. Бинед Бруно чӣ мегӯяд: «Вақте ману ҳамсарам танҳо мемонем, телефонҳоямонро як сӯ гузошта, аз суҳбати ҳамдигар баҳра мебарем».

14. Агар ҳамсарон аз якҷоя вақт гузарондан хурсандӣ нагиранд, чӣ кор карда метавонанд?

14 Лекин агар шумою ҳамсаратон аз якҷоя вақт гузарондан хурсандӣ нагиред-чӣ? Шояд, чизе ки ба шумо шавқовар аст, ба ҳамсаратон шавқовар набошад ё мумкин шумо якдигарро асабӣ кунед. Дар ин ҳол чӣ кор карда метавонед? Биёед боз мисоли гулханро ба ёд орем: гулхан яку якбора аланга намезанад. Ба он аввал чӯбчаҳои майда ва баъд оҳиста-оҳиста чӯбҳои калонтар партофтан лозим аст. Ба ин монанд, кӯшиш кунед, ки ҳар рӯз бо якдигар кам-кам вақт гузаронед. Бо коре машғул шавед, ки ҳардуятон аз он хурсандӣ мегиред, на бо коре, ки баҳсро ба миён меорад (Яъқ. 3:18). Ҳамин тавр шумо муҳаббататонро аз нав фурӯзон карда метавонед.

ЯКДИГАРРО ҲУРМАТ КУНЕД

15. Чаро барои зинда нигоҳ доштани оташи муҳаббати ҳамсарон ҳурмату эҳтиром аҳамият дорад?

15 Ҳурмату эҳтиром дар издивоҷ бениҳоят муҳим аст. Он мисли оксигенест, ки оташи гулханро равшан мекунад. Бе оксиген оташ дарҳол хомӯш мешавад. Ба ин монанд, бе ҳурмату иззат муҳаббат байни ҳамсарон дарҳол сард гашта метавонад. Лекин агар зану шавҳар якдигарро ҳурмат кунанд, оташи муҳаббаташон хомӯш намегардад. Вале як чизро дар ёд доред: Шумо шояд фикр кунед, ки ҳамсаратонро ҳурмат мекунед, вале муҳим он аст, ки ҳамсаратон инро ҳис кунад. Пенни ва Арет зиёда аз 25 сол мешавад, ки оиладоранд. Пенни мегӯяд: «Азбаски мо якдигарро ҳурмат мекунем, хонаамон саршори муҳаббат аст. Мо озодона фикру ақидаамонро баён мекунем, зеро дилпурем, ки фикрҳои якдигарро қадр мекунем». Пас, барои он ки ҳамсаратон ҳурмату иззати шуморо ҳис кунад, чӣ кор карда метавонед? Мисоли Иброҳим ва Сороро ба ёд меорем.

Шавҳари масеҳӣ бояд занашро бодиққат гӯш карда, нишон диҳад, ки нисбати ҳиссиёти ӯ бепарво нест (Ба сархати 16 нигаред.)

16. Шавҳарон аз Иброҳим чӣ ибрат гирифта метавонанд? (1 Петрус 3:7). (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

16 Иброҳим Сороро ҳурмат мекард. Ӯ фикру ақида ва ҳиссиёти Сорро ба назар мегирифт. Боре Соро сахт рӯҳафтода шуда, дарду аламашро ба Иброҳим гуфт ва ҳатто ӯро айбдор намуд. Оё Иброҳим оташин шуда ба ӯ дағалона ҷавоб дод? Не. Ӯ медонист, ки Соро зани итоаткор асту қарорҳояшро дастгирӣ мекунад. Барои ҳамин Иброҳим Сороро гӯш кард ва аз пайи ҳалли масъала шуд (1 Мӯсо 16:5, 6). Шавҳарон аз ин чӣ дарс мегиранд? Шумо дар оилаи худ қарор қабул мекунед (1 Қӯр. 11:3). Чӣ тавр дар иҷрои ин вазифаатон муҳаббат нишон дода метавонед? Пеш аз қабули қарор фикру ақидаи ҳамсаратонро низ ба назар гиред, махсусан агар қароратон ба ӯ таъсир расонад (1 Қӯр. 13:4, 5). Лаҳзаҳое мешаванд, ки занатон шояд худро рӯҳафтода ҳис кунад ва суфраи дилашро ба шумо кушодан хоҳад. Оё шумо ӯро бодиққат гӯш карда, ҳурмату эҳтиромашро ба ҷо меоред? (1 Петрус 3:7-ро хонед.) Анжела ва Дмитрий қариб 30 сол боз оиладоранд. Анжела мефаҳмонад, ки чӣ тавр шавҳараш ба ӯ ҳурмату эҳтиром нишон медиҳад: «Агар ман зиқ бошам ё ҳамту суҳбат кардан хоҳам, Дмитрий ҳама вақт тайёр аст, ки маро гӯш кунад. Ҳатто вақте ман бо эҳсосот дил холӣ мекунам, ӯ маро пуртоқатона гӯш мекунад».

17. Занон аз Соро чӣ ибрат гирифта метавонанд? (1 Петрус 3:5, 6).

17 Соро қарорҳои Иброҳимро дастгирӣ карда ба ӯ эҳтиром нишон медод (1 Мӯсо 12:5). Боре, ногаҳон, ба хонаи онҳо меҳмонон омаданд. Иброҳим меҳмондорӣ кунам гуфта, аз Соро хоҳиш кард, ки корҳояшро як сӯ монаду як бисёр нон пазад (1 Мӯсо 18:6). Соро ба шавҳараш итоат карда, дарҳол хоҳишашро ба ҷо овард. Занон, шумо низ қарорҳои шавҳари худро дастгирӣ карда, аз Соро ибрат гирифта метавонед. Агар ин хел кунед, пайванди издивоҷатон устувор мегардад. (1 Петрус 3:5, 6-ро хонед.) Дмитрий, ки дар сархати боло ном бурдем, нақл мекунад, ки чӣ тавр занаш ҳурмату иззати ӯро ба ҷо меорад. Ӯ мегӯяд: «Ҳатто агар фикру ақидаи мо рост наояд, занам қарорҳои маро дастгирӣ мекунад. Ман инро бениҳоят қадр мекунам. Ҳатто агар қарорҳоям натиҷаи беҳтарин наоранд, ӯ маро барои ин танқид намекунад». Дар ҳақиқат шахсеро, ки туро ҳурмат мекунад, дӯст доштан осон аст!

18. Агар ҳамсарон муҳаббаташонро зинда нигоҳ доранд, чӣ манфиат мегиранд?

18 Имрӯз Шайтон мехоҳад муҳаббатеро, ки дар издивоҷи хизматгорони Худо ҳаст, несту нобуд кунад. Ӯ медонад, ки агар ҳамсарон ишқу муҳаббаташонро гум кунанд, оҳиста-оҳиста аз Яҳува дур шуда метавонанд. Лекин муҳаббати ҳақиқӣ ҳеҷ гоҳ аз байн намеравад! Пас, бигзор ишқу муҳаббате, ки дар издивоҷ доред, монанди муҳаббате бошад, ки дар Шоҳсуруд тасвир ёфтааст. Ҳамеша Яҳуваро дар издивоҷатон дар ҷойи аввал монед, якҷоя вақт гузаронед ва ҳиссиёту ниёзҳои ҳамдигарро ба назар гиред. Дар ин сурат издивоҷи шумо ба сарчашмаи муҳаббати ҳақиқӣ, Яҳува, ҷалол меорад ва алангаи ишқу муҳаббататон якумр боқӣ хоҳад монд.

СУРУДИ 3 «Худо муҳаббат аст»

a Яҳува барои инсоният пайванди издивоҷро ҳадя кард. Зану шавҳар ба якдигар ишқу муҳаббати зиёд нишон медиҳанд, вале баъзан муҳаббаташон сард гашта метавонад. Мақолаи мазкур ба ҳамсарон кумак мекунад, ки оташи ишқашонро фурӯзон нигоҳ дошта, аз пайванди заношӯӣ хурсандӣ гиранд.

b Муҳаббати ҳақиқӣ, ки пойдору бардавом аст, барои он «алангаи Ёҳ» номида мешавад, ки Сарчашмаи он Яҳува мебошад.

c Ин маслиҳатҳо ҳатто ба касоне кумак мекунад, ки ҳамсарашон хизматгори Яҳува нест (1 Қӯр. 7:12–14; 1 Пет. 3:1, 2).

d Бисёр маслиҳатҳои хубро дар сомонаи jw.org аз силсиламақолаи «Кӯмак ба оилаҳо» ва аз «Роҳнамо» > «Ҳаёти оилавӣ» ёфта метавонед.