Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 21

Чӣ тавр Яҳува ба дуоҳоямон ҷавоб медиҳад?

Чӣ тавр Яҳува ба дуоҳоямон ҷавоб медиҳад?

«Дилпурем, ки чизҳои пурсидаамонро ба даст меорем» (1 ЮҲ. 5:15).

СУРУДИ 104 Яҳуваро бо мо ҳамд гӯй!

ПЕШГУФТОР a

1, 2. Дар мавриди дуо мо аз чӣ хавотир шуда метавонем?

 ОЁ ШУМО ягон бор шубҳа карда будед, ки Яҳува ба дуоҳоятон ҷавоб медиҳад? Агар чунин шуда бошад, донед, ки шумо танҳо нестед. Бисёр бародару хоҳаронамон, махсусан дар вақтҳои душвор, дар ин бобат хавотирӣ доштанд. Агар мо айни ҳол азоб кашида истода бошем, ба мо низ пай бурдани ҷавоби Яҳува ба дуоҳоямон мумкин душвор бошад.

2 Аз ин мақола боварӣ пайдо мекунем, ки Яҳува ба дуоҳои хизматгоронаш ҷавоб мегардонад (1 Юҳ. 5:15). Мо ҳамчунин ба саволҳои зерин ҷавоб меёбем: «Чаро баъзан чунин менамояд, ки Яҳува ба дуоҳоямон ҷавоб надода истодааст? Чӣ тавр Яҳува имрӯз ба дуоҳо ҷавоб медиҳад?»

ЯҲУВА ШОЯД БА ТАВРИ ДИЛХОҲАМОН БА ДУОҲОИ МО ҶАВОБ НАДИҲАД

3. Чаро Яҳува мехоҳад, ки мо ба ӯ дуо гӯем?

3 Китоби Муқаддас ба мо дилпурӣ мебахшад, ки Яҳува моро бениҳоят дӯст медорад ва қадр мекунад (Ҳаҷ. 2:7; 1 Юҳ. 4:10). Барои ҳамин Офаридгор моро даъват мекунад, ки дар дуо аз ӯ мадад пурсем (1 Пет. 5:6, 7). Яҳува мехоҳад ба мо кумак кунад, то ба ӯ наздик бошем ва дар рӯзҳои сахт истодагӣ намоем.

Яҳува ба дуоҳои Довуд ҷавоб дода, ӯро аз душманонаш халос кард (Ба сархати 4 нигаред.)

4. Мо аз куҷо медонем, ки Яҳува ба дуоҳои хизматгоронаш ҷавоб медиҳад? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

4 Дар Китоби Муқаддас бисёр мавридҳое ҳастанд, ки Яҳува ба дуоҳои хизматгоронаш ҷавоб дода буд. Аз миёни онҳо кӣ ба ёдатон меояд? Шояд Довуд? Ӯ дар ҳаёт бисёр душманони ашаддӣ дошт ва тез-тез дар дуо аз Яҳува кумак мепурсид. Боре Довуд аз Яҳува зорӣ карда чунин дуо гуфт: «Эй Яҳува, дуои маро бишнав, ба зориям гӯш андоз. Аз рӯйи росткориву адолати худ ба ман ҷавоб деҳ» (Заб. 143:1). Яҳува ба дуоҳои Довуд ҷавоб гардонд (1 Подш. 19:10, 18–20; 2 Подш. 5:17–25). Довуд шубҳае намекард, ки «Яҳува ба ҳама касоне, ки ӯро мехонанд, наздик аст». Мо низ аз ин дилпур буда метавонем (Заб. 145:18).

Яҳува ба дуоҳои Павлус ҷавоб дода, ӯро қувват бахшид, ки истодагӣ намояд (Ба сархати 5 нигаред.)

5. Оё Яҳува ба дуоҳои хизматгорони пешинаш ҳамавақт ба хости дилашон ҷавоб медод? Мисол оред. (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

5 Яҳува на ҳама вақт ба хости диламон ба дуоҳои мо ҷавоб медиҳад. Мо инро аз мисоли Павлуси расул дида метавонем. Павлус аз Худо хоҳиш кард, ки «неше»-ро аз ҷисмаш дур кунад. Павлус се бор аниқ дар бораи ҳамин мушкилии ҷиддиаш дуо гуфта буд. Оё Яҳува ба дуоҳои ӯ ҷавоб дод? Бале, лекин на тавре ки Павлус интизор буд. Ба ҷойи мушкилии Павлусро бартараф кардан, Яҳува ба ӯ қувват дод, ки истодагӣ намуда, содиқона хизматашро давом диҳад (2 Қӯр. 12:7–10).

6. Чаро баъзан чунин намуда метавонад, ки Яҳува ба дуоҳоямон ҷавоб надода истодааст?

6 Ба дуоҳои мо низ шояд Яҳува баъзан тавре ҷавоб диҳад, ки бароямон ғайриинтизор аст. Ӯ беҳтар медонад, ки ба мо чӣ тавр кумак кунад. Мо аз ин дилпур буда метавонем. Яҳува метавонад ҳатто «аз ҳар он чизе, ки мепурсем ё гумон мекунем, беҳадду беандоза бештар кунад» (Эфс. 3:20). Ана барои ҳамин ӯ ба дуоҳоямон дар вақту соат ва тавре ҷавоб дода метавонад, ки мо интизор набудем.

7. Чаро шояд лозим шавад, ки дар бораи дигар чиз дуо гӯем? Мисол оред.

7 Вақте хости Яҳуваро беҳтар дарк мекунем, шояд лозим шавад, ки дар бораи дигар чиз дуо гӯем. Мисоли бародар Мартин Пётсингерро мегирем. Баъди оиладор шуданаш, дере нагузашта, ӯро дар лагери консентратсионии фашистон ҳабс карданд. Дар аввал Мартин аз Яҳува хоҳиш кард, ки ӯро аз он ҷо озод кунад, то дар бораи ҳамсараш ғамхорӣ карда, хизматашро аз нав ба роҳ монад. Баъд аз ду ҳафта бародар ягон аломати озодшавиашро надид. Аз ин рӯ боз ба Яҳува дуо гуфт: «Яҳува, илтимос, ба ман хостатро маълум соз». Баъди ин Мартин дар бораи аҳволи бародароне, ки инчунин дар лагер буданд, андеша мекардагӣ шуд. Бисёри онҳо дар ҳаққи ҳамсару кӯдаконашон ғам мехӯрданд. Бародар Мартин боз дар дуо муроҷиат карда гуфт: «Яҳува, раҳмат барои ин таъйиноти нав. Ба ман кумак кун, ки бародаронамро қувват бахшида дилбардорӣ кунам». Ҳамин тавр ӯ тӯли нуҳ сол дар лагерҳои консентратсионӣ бо ин таъйиноти худ банд буд.

8. Вақте дуо мегӯем, бояд кадом чизи муҳимро дар ёд дорем?

8 Мо бояд фаромӯш накунем, ки Яҳува нияти худро дар вақти муқарраркардааш иҷро мекунад. Чӣ гуна нияташро? Яҳува мехоҳад тамоми мушкилиҳои инсониятро, ба монанди офатҳои табиӣ, беморӣ ва марг, ки дарду ғами бисёр меорад, пурра ва батамом аз байн барад. Ӯ ба ин мақсади худ ба воситаи Подшоҳияш мерасад (Дон. 2:44; Ошкор. 21:3, 4). Вале то он дам Яҳува роҳ додааст, ки Шайтон дар замин ҳукмронӣ кунад b (Юҳ. 12:31; Ошкор. 12:9). Агар Яҳува мушкилиҳои инсониятро аллакай имрӯз ҳал мекард, тавре менамуд, ки Шайтон дар замин хуб ҳукмронӣ карда истодааст. Рост аст ки, мо бояд иҷро гаштани баъзе ваъдаҳои аниқи Яҳуваро интизор шавем. Лекин ин маънои онро надорад, ки ӯ моро ба ҳоли худ мондааст. Пас, биёед фаҳмем, ки бо кадом баъзе роҳҳо Яҳува имрӯз ба мо мадад мерасонад.

РОҲҲОЕ, КИ ИМРӮЗ ЯҲУВА БА ДУОҲОЯМОН ҶАВОБ МЕДИҲАД

9. Чӣ тавр Яҳува ба мо кумак мекунад, ки қарори дуруст барорем? Мисол оред.

9 Ӯ ба мо хирад медиҳад. Яҳува ваъда додааст, ки ба мо хирад медиҳад, то қарорҳои дуруст қабул кунем. Кай мо ба хиради илоҳӣ махсусан ниёз дорем? Вақте қарорҳое қабул мекунем, ки ба ҳаёти минбаъдаамон таъсир мерасонад. Масалан, қарор дар бораи муҷаррад мондан ё оиладор шудан (Яъқ. 1:5). Биёед мисоли Мария c ном хоҳари муҷаррадро дида бароем: Вақте ӯ бо бародаре мулоқотро сар кард, пешрави доимӣ буд. Мария мегӯяд: «Чи қадаре дӯстиамон наздик мегашт, ҳамон қадар ба ҳам бештар дил мебастем. Ман мефаҳмидам, ки бояд қарори ҷиддӣ барорам. Барои ҳамин дурудароз ва аз таҳти дил ба Яҳува дуо гуфтам. Ба ман роҳнамоии ӯ даркор буд. Ҳамзамон мефаҳмидам, ки Яҳува ба ҷойи ман қарор қабул намекунад». Мария медид, ки Яҳува ба дуоҳояш ҷавоб гардонда, ба ӯ хирад мебахшад. Чӣ тавр? Ӯ адабиётамонро таҳқиқ карда мақолаҳоеро ёфт, ки ба вазъияташ мувофиқ буданд. Мария аз ин мақолаҳо ба саволҳояш ҷавоб ёфт. Ӯ инчунин маслиҳати хирадмандонаи модарашро ба кор бурд, ки хизматгори бовафои Яҳува аст. Маслиҳати модараш ба Мария кумак кард, ки дар бораи ҳиссиёти худ ҳаматарафа андеша кунад. Ниҳоят хоҳарамон қарори дуруст баровард.

Чӣ тавр Яҳува ба мо қувват медиҳад, то истодагӣ кунем? (Ба сархати 10 нигаред.)

10. Мувофиқи Филиппиён 4:13 Яҳува барои ба ходимонаш кумак расондан чӣ кор мекунад? Мисол оред. (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

10 Яҳува қувват медиҳад, ки истодагӣ кунем. Чуноне ки Яҳува ба Павлуси расул кумак кард, ба мо низ қувват медиҳад, то дар мушкилиҳо истодагӣ кунем. (Филиппиён 4:13-ро хонед.) Аҳамият диҳед чӣ тавр Яҳува ба Бенҷамин ёрӣ дод, ки дар вазъиятҳои душвор истодагӣ кунад. Қариб тамоми айёми ҷавониаш Бенҷамин ва оилаи ӯ дар Африқо, дар лагерҳои гурезагон, зиндагӣ мекарданд. Ӯ мегӯяд: «Ман мунтазам аз Яҳува қувват мепурсидам, то рафторам ба ӯ писанд бошад. Яҳува ба дуоҳои ман ҷавоб гардонда ба дилам оромӣ бахшид. Далерӣ дод, ки хизматамро давом диҳам ва барои рӯҳан устувор монданам адабиётамонро мерасонд». Ӯ ҳамчунин мегӯяд: «Вақте аз саргузашти бародару хоҳарон фаҳмидам, ки чӣ тавр Яҳува барои истодагарӣ ба онҳо қувват бахшид, азмам барои содиқ мондан қавитар гашт».

Оё Яҳува ба воситаи бародару хоҳарон ба шумо кумак кардааст? (Ба сархатҳои 11 ва 12 нигаред.) d

11, 12. Чӣ тавр Яҳува ба воситаи бародару хоҳарон ба дуоҳои мо ҷавоб дода метавонад? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

11 Ӯ оилаи рӯҳонии моро истифода мебарад. Шаби пеш аз маргаш Исо аз таҳти дил дуо гуфт. Ӯ аз Яҳува илтиҷо кард, ки мардум ӯро шахси куфргӯ ҳисобида айбдор накунад. Лекин Яҳува ба дуои Исо дигар хел ҷавоб дод: Ӯ фариштаеро фиристода Исоро қувват бахшид (Луқ. 22:42, 43). Дар мавриди мо низ Яҳува метавонад ба воситаи занги телефонӣ ё хабаргирии ҳамимоне моро қувват бахшад. Ҳар яки мо низ имконият ҷуста бародару хоҳаронро бо «гапи нағз» обод карда метавонем (Пнм. 12:25).

12 Мисоли хоҳар Мириамро мегирем: Якчанд ҳафта пас аз марги шавҳараш ӯ дар хона танҳо монд ва зиқу рӯҳафтода гашт. Ӯ беист гиря мекард ва мехост дилашро ба ягон кас холӣ кунад. Мириам мегӯяд: «Ман қувват надоштам, ки ба касе занг занам, барои ҳамин ба Яҳува дуо гуфтам. Вақте гиря карда дуо мегуфтам, телефонам занг зад. Ин пири ҷамоат, дӯсти оилаамон, буд». Мириам ба воситаи он пир ва ҳамсараш тасалло ёфт. Ӯ бовар дорад, ки Яҳува ба дили он бародар андохт, то ба ӯ занг занад.

Чӣ тавр Яҳува ба дили дигарон меандозад, ки ба мо кумак кунанд? (Ба сархатҳои 13 ва 14 нигаред.)

13. Чӣ тавр Яҳува ба воситаи касоне, ки ӯро парастиш намекунанд, ба дуоҳои мо ҷавоб дода метавонад? Мисол оред.

13 Ӯ касонеро истифода бурда метавонад, ки ӯро ибодат намекунанд (Пнм. 21:1). Баъзан Яҳува ба дуоҳои хизматгоронаш ба воситаи шахсоне ҷавоб медиҳад, ки ӯро парастиш намекунанд. Масалан, ӯ шоҳ Ардашерро водор намуд, ки ба Наҳемё иҷозат диҳад, то ба Ерусалим баргашта, шаҳрро барқарор кунад (Наҳемё 2:3–6). Имрӯз низ Яҳува ҳатто ба воситаи шахсоне, ки ӯро ибодат намекунанд, ба мадади мо расида метавонад.

14. Чӣ шуморо аз таҷрибаи хоҳар Су Ҳинг рӯҳбаланд кард? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

14 Хоҳарамон Су Ҳинг пай бурд, ки Яҳува ба воситаи духтурашон ба ӯ кумак кард. Писари ин хоҳар аз якчанд бемории асаб азоб мекашад. Баъди он ки писараш ба садамаи даҳшатноке афтид, хоҳарамон ҳамроҳи шавҳараш корашонро партофта аз пайи нигоҳубини ӯ шуданд. Бо мурури замон пули онҳо қариб тамом шуд. Хоҳар Су Ҳинг мегӯяд, ки он вақт ҷонаш ба лаб омада буд. Ӯ дилашро ба Яҳува холӣ карда аз ӯ мадад пурсид. Дар ин миён духтурашон фикр мекард, ки чӣ тавр ба онҳо кумак расонад. Дар натиҷа, бо ташаббуси ӯ, давлат ба оилаи Су Ҳинг кумак расонд ва онҳо хонае ёфтанд, ки пули иҷораашро дода метавонистанд. Баъди ҳамаи ин Су Ҳинг гуфт: «Мо дар лаҳзаи сахти ҳаётамон дасти Яҳуваро дидем. Ӯ воқеан ҳам “Шунавандаи дуоҳо” мебошад» (Заб. 65:2).

БАРОИ ПАЙ БУРДАНУ ҚАБУЛ КАРДАНИ ҶАВОБҲОИ ЯҲУВА ИМОН ЛОЗИМ АСТ

15. Чӣ тавр як хоҳар пай бурда тавонист, ки Яҳува ба дуоҳояш ҷавоб медиҳад?

15 Ба дуоҳои мо одатан бо роҳҳои ҳайратангез ҷавоб дода намешавад. Вале ҷавобе, ки мо мегирем, кумак мекунад, ки ба Падари осмониамон вафодор монем. Аз ин рӯ кӯшиш карда пай баред, ки чӣ тавр Яҳува ба дуоҳоятон ҷавоб медиҳад. Хоҳарамон, ки Йоко ном дорад, як замон фикр мекард, ки Яҳува ба дуоҳояш ҷавоб намедиҳад. Барои ҳамин ӯ ҳар чизеро ки аз Яҳува мепурсид, дар як дафтарча қайд мекардагӣ шуд. Бо гузашти вақт ӯ ба дафтарчааш назар карда, пай бурд, ки Яҳува ба аксар дуоҳояш ҷавоб додааст. Баъзе дуоҳояшро ӯ ҳатто фаромӯш карда буд. Мақсад, як-як андеша кунед, ки чӣ тавр Яҳува ба дуоҳоятон ҷавоб медиҳад (Заб. 66:19, 20).

16. Чӣ тавр дар мавриди дуоҳоямон имон нишон дода метавонем? (Ибриён 11:6).

16 Мо на танҳо бо дуо гуфтанамон имон нишон медиҳем, инчунин вақте ҷавоби дуоҳоямонро, чи хеле набошанд, қабул мекунем. (Ибриён 11:6-ро хонед.) Мисоли бародар Майк ва ҳамсараш Криссиро мегирем. Онҳо мақсад доштанд, ки дар Байт-Ил хизмат кунанд. Майк мегӯяд: «Мо барои ин якчанд сол пайваста варақа пур мекардем ва гаштаю баргашта дуо мегуфтем. Вале моро даъват намекарданд». Ба ин нигоҳ накарда Майк ва Крисси боварӣ доштанд, ки Яҳува беҳтар медонад чӣ тавр онҳоро дар хизматаш истифода барад. Аз ин рӯ онҳо дар ҷое, ки ниёз вуҷуд дошт, ҷадал намуда чун пешрави доимӣ хизмат мекарданд ва лоиҳаҳои сохтмони ташкилотро дастгирӣ менамуданд. Имрӯз Майк нозири ноҳиявӣ аст, Крисси бошад, ӯро ҳамроҳӣ мекунад. Майк мегӯяд: «Яҳува на ҳама вақт ба дуоҳои мо мувофиқи табъи диламон ҷавоб медод, аммо дуоҳоямон беҷавоб намемонд. Яҳува ба мо тавре ҷавоб медод, ки ҳатто дар гӯшаи хаёламон набуд».

17, 18. Мувофиқи Забур 86:6, 7 мо аз чӣ дилпур буда метавонем?

17 Забур 86:6, 7-ро хонед. Довуди забурнавис бовар дошт, ки Яҳува дуоҳояшро мешунавад ва ба ӯ ҷавоб медиҳад. Шумо низ аз ин ҷиҳат дилпур буда метавонед. Мисолҳое, ки дар ин мақола дидем, моро дилпур месозанд, ки Яҳува ба мо хирад ва қувват медиҳад, то истодагӣ кунем. Барои ин ӯ метавонад бародару хоҳарон ё ҳатто онҳоеро, ки ҳоло ӯро парастиш намекунанд, истифода бурда бо роҳе ба мо кумак кунад.

18 Гарчанд Яҳува ҳамеша ба дуоҳои мо ба таври дилхоҳамон ҷавоб намедиҳад, онҳо ҳеҷ гоҳ беҷавоб намемонанд. Ӯ моро бо ҳар чизе ки бароямон зарур аст, саривақт таъмин мекунад. Барои ҳамин минбаъд низ бо имон ба ӯ дуо гӯед. Боварӣ дошта бошед, ки Яҳува аллакай имрӯз дар бораатон ғамхорӣ мекунад. Дар дунёи нав бошад, «ҳар ҷони зиндаро бо чизи дилхоҳаш сер [мекунад]» (Заб. 145:16).

СУРУДИ 2 Раҳмат ба Ту, Яҳува

a Яҳува моро дилпур мекунад, ки, агар дуоҳоямон мувофиқи хосташ бошанд, ӯ ба онҳо ҷавоб медиҳад. Дар лаҳзаҳои душвор мо боварӣ дошта метавонем, ки ӯ ба мо қувват мебахшад, то вафодор монем. Пас, биёед фаҳмем, ки чӣ тавр Яҳува ба дуоҳоямон ҷавоб медиҳад.

b Барои фаҳмидани он ки чаро Яҳува роҳ додааст, ки Шайтон дар замин ҳукмронӣ кунад, ба мақолаи «Диққати худро ба тарафдорӣ кардани ҳокимияти Яҳува равона созед» аз «Бурҷи дидбонӣ» моҳи июни 2017 нигаред.

c Баъзе номҳо иваз шудаанд.

d ШАРҲИ РАСМ: Модаре ҳамроҳи духтараш ба дигар ҷо муҳоҷир мешаванд. Бародару хоҳарон онҳоро нағз пешвоз гирифта кумак мерасонанд.