МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 13
Дар хизмат нисбати одамон дилсӯз бошед
«Исо мардуми бисёреро дид ва дилаш ба онҳо сӯхт... ва ӯ чизҳои бисёрро ба онҳо таълим додан гирифт» (МАРҚ. 6:34).
СУРУДИ 44 Хурсандона дар дарав иштирок мекунем
ПЕШГУФТОР *
1. Яке аз хислатҳои волои Исо кадом аст? Фаҳмонед.
ЯКЕ аз хислатҳои волои Исо ин аст, ки ӯ мушкилиҳои одамони нокомилро мефаҳмад. Ҳангоми дар замин буданаш ӯ «бо шодикунандагон шодӣ» ва «бо гирякунандагон — гиря» мекард (Рум. 12:15). Масалан, вақте 70 шогирдаш аз хизмат комёб шуда шодикунон баргаштанд, Исо «аз хурсандӣ ва рӯҳи муқаддас пур» шуд (Луқ. 10:17–21). Дар дигар ҳолат, вақте Исо дид, ки аз марги Лаъзор наздиконаш андӯҳгинанд, вай «оҳи аламноке кашид ва ба изтироб омад» (Юҳ. 11:33).
2. Чаро Исо ба одамон дилсӯз буд?
2 Исо комил бошад ҳам, нисбати инсонҳои нокомил хеле меҳрубон ва дилсӯз буд. Чаро? Пеш аз ҳама Исо одамонро дӯст медошт. Чуноне ки дар мақолаи гузашта қайд кардем, ӯ бештар ҳангоми офариниши одамизод хурсандӣ кард (Мас. 8:31). Азбаски Исо одамонро дӯст медошт, тарзи фикрронии онҳоро аз худ кардан ба ӯ шавқовар буд. Юҳаннои расул дар бораи Исо чунин гуфт: «Ӯ аз дили ҳар кас хабардор буд» (Юҳ. 2:25). Исо нишон медод, ки ба дигарон хеле меҳрубону дилсӯз аст. Одамон гармии муҳаббати ӯро ҳис мекарданд ва ба хабари Подшоҳии ӯ гӯш медоданд. Ба ин монанд, чи қадаре ки мо ба одамон дилсӯз бошем, хизмати мо низ ҳамон қадар босамар мегардад (2 Тим. 4:5).
3, 4. а) Агар мо дилсӯз бошем, ба хизматамон чӣ тавр назар мекунем? б) Дар ин мақола чӣ муҳокима мешавад?
3 Павлуси расул ба мавъиза кардани хушхабар худро вазифадор ҳис мекард ва мо низ чунин ӯҳдадориро ҳис мекунем (1 Қӯр. 9:16). Лекин мо на фақат аз сабаби воиз буданамон, балки аз дилсӯзӣ ва нияти кӯмак кардан ба одамон мавъиза мекунем. Мо медонем, ки «додан назар ба гирифтан хушбахтии бештар меорад» (Аъм. 20:35). Агар ин гуфтаҳоро ҳамеша дар ёд дорем, аз хизмат бисёртар хурсандӣ мегирем.
4 Аз ин мақола мо мефаҳмем, ки чӣ тавр дар хизмат мо ба одамон дилсӯзӣ зоҳир карда метавонем. Дар аввал мебинем, ки аз меҳрубону дилсӯз будани Исо мо чӣ дарс мегирем. Сипас, дида мебароем, ки чӣ тавр бо чор роҳ ба ӯ пайравӣ кардан мумкин аст (1 Пет. 2:21).
ИСО БА ОДАМОН ДИЛСӮЗӢ МЕКАРД
5, 6. а) Исо ба киҳо дилаш месӯхт? б) Мувофиқи Ишаъё 61:1, 2 чаро Исо вазъияти одамонро нағз мефаҳмид?
5 Мисолеро дида мебароем, ки чӣ тавр Исо ба одамон дилсӯз буд. Боре ӯву шогирдонаш баъди хизмати дурудароз сахт монда шуданд. Онҳо чунон банд буданд, ки «ҳатто барои хӯрокхӯрӣ вақт» наёфтанд. Барои ҳамин Исо бо шогирдонаш «ба ҷойи беодаме» рафт, то дар он ҷо «танҳо бимонанд» ва «каме дам гиранд». Лекин мардуми зиёде аз онҳо пештар ба он ҷо расида омаданд. Исо онҳоро дида чӣ гуна муносибат кард? «Дилаш ба онҳо сӯхт *, зеро онҳо мисли гӯсфандони бечӯпон буданд. Ва ӯ чизҳои бисёрро ба онҳо таълим додан гирифт» (Марқ. 6:30–34).
6 Аҳамият диҳед, ки барои чӣ дили Исо ба ин одамон сӯхт. Ӯ дид, ки «онҳо мисли гӯсфандони бечӯпон»-анд. Шояд Исо медонист, ки баъзеи онҳо қашшоқанд ва барои таъмин кардани оилаашон рӯзи дароз кор мекунанд; баъзеи дигар аз марги шахси наздикашон ғамзада буданд. Исо вазъияти онҳоро нағз мефаҳмид. Зеро чи хеле ки дар мақолаи гузашта гуфтем, худи ӯ эҳтимол баъзеи он мушкилиҳоро аз сар гузаронда буд. Исо ғами дигаронро мехӯрд ва ӯ ба онҳо хабари тасаллибахшро расондан мехост. (Ишаъё 61:1, 2-ро хонед.)
7. Чӣ тавр мо ба намунаи Исо пайравӣ карда метавонем?
Ваҳй 14:6). Ва чун Устоди худ мо «ба бенаво ва мискин» аз раҳму шафқат хушхабарро мерасонем (Заб. 71:13). Аз дилсӯзӣ мо ба онҳо кӯмак мекунем.
7 Мо аз намунаи Исо чӣ меомӯзем? Монанди ӯ мо низ дар байни одамоне зиндагӣ мекунем, ки «мисли гӯсфандони бечӯпон»-анд. Проблемаҳои онҳо аз мӯйи сарашон зиёд аст. Мо бошем, хабареро медонем, ки бори ғами онҳоро сабук карда метавонад (ЧӢ ТАВР МО ДАР ХИЗМАТ ДИЛСӮЗ БУДА МЕТАВОНЕМ?
8. Як роҳи зоҳир кардани дилсӯзӣ дар хизмат кадом аст? Мисол оред.
8 Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки ба одамон дилсӯзӣ зоҳир кунем? — Агар мо худро ба ҷойи онҳо гузорем ва бо онҳо тавре муносибат кунем, ки мехостем онҳо бо мо кунанд * (Мат. 7:12). Биёед ҳоло чор роҳро дида бароем, ки барои дилсӯз будан ёрӣ медиҳанд. Роҳи якум: Ба инобат гиред, ки ҳар як шахс ба чӣ ниёз дорад. Кореро, ки мо ҳангоми мавъиза мекунем, ба кори духтур монанд кардан мумкин аст. Духтури нағз ба ҳама як хел дору таъйин намекунад, балки ниёзи ҳар як касалро ба назар мегирад. Ӯ аввал шикояти беморро бодиққат гӯш мекунад. Сипас саволҳо дода ӯро нағзакак муоина мекунад, ба нишонаҳои касалӣ аҳамият медиҳад. Танҳо баъди аниқ кардани беморӣ, ӯ ба вай дорухат нависта медиҳад. Ба ин монанд, мо чун воиз бо ҳама сӯҳбатро як хел сар намекунем. Баръакс, мо бояд кӯшиш кунем, ки вазъият ва фикри ақидаи ҳар як касро ба назар гирем.
9. Ба одамоне, ки дар хизмат вомехӯрем, чӣ гуна муносибат кардан дуруст мебуд? Фаҳмонед.
9 Вақте шумо дар хизмат бо касе шинос мешавед, гумон накунед, ки аллакай дар бораи ӯ ҳама чизро медонед (Мас. 18:13). Ба ҷойи ин саволҳои боадабона дода бо шахс наздиктар шинос шавед (Мас. 20:5). Агар дар маданияти шумо раво бошад, дар бораи кор, оила, ҳаёт ва оиди ин ё он масъала чӣ фикр доштани шахсро пурсед. Дар вақти сӯҳбат маълум мегардад, ки шароити зиндагии вай чӣ гуна аст ва ӯ ба чӣ эътиқод дорад. Ана баъд мо мефаҳмем, ки бо кадом роҳ ба вай ҳақиқатро расондан беҳтар аст. Хулоса, вақте мо ниёзи ҳар як одамро ба назар гирифта сӯҳбат мекунем, ба одамон мисли Исо дилсӯзӣ нишон медиҳем. (Бо 1 Қӯринтиён 9:19–23 муқоиса кунед.)
10, 11. Мувофиқи 2 Қӯринтиён 4:7, 8 боз бо кадом роҳ мо ба одамон дилсӯзӣ зоҳир карда метавонем? Мисол оред.
10 Роҳи дуюм: Барои ба одамон дилсӯзӣ карда тавонистан, хуб мебуд, ки вазъу шароити онҳоро тасаввур кунем. Мо медонем, 1 Қӯр. 10:13). Лекин азбаски мо Яҳуваро мешиносем, бо ёрдами Ӯ ба онҳо тоб меорем. (2 Қӯринтиён 4:7, 8-ро хонед.) Акнун тасаввур кунед, ки ба онҳое, ки Яҳуваро намешиносанд, то чӣ андоза душвортар аст. Мисли Исо дили мо ба онҳо месӯзад, барои ҳамин мо «аз сулҳу осоиштагӣ башорат» медиҳем (Иш. 52:7).
ки ҳаёт дар ин дунё чӣ қадар душвор аст. Ва, албатта, мо низ мисли дигарон мушкилиҳо дорем (11 Дар бораи мисоли бародар Сергей фикр кунед. Пеш аз фаҳмидани ҳақиқат ӯ хеле шармгин ва камгап буд. Бо дигарон сӯҳбат кардан ба ӯ беҳад мушкил буд. Бо гузашти вақт вай омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кард. «Дар давоми омӯзиш ман фаҳмидам, ки масеҳӣ бояд дар бораи имонаш ба дигарон гап занад,— мегӯяд Сергей.— Ман сад фоиз боварӣ доштам, ки ҳеҷ гоҳ ин корро карда наметавонам». Вале баъдтар ӯ дар бораи одамоне фикр кард, ки Яҳуваро ҳоло намешиносанд ва тасаввур кард, ки ҳаёти онҳо бе Яҳува чӣ қадар мушкил аст. «Аз чизҳои фаҳмидаам ман хушбахтӣ ва оромӣ ҳис мекардам — мегӯяд ӯ — Ман дарк кардам, ки дигарон ҳам ба ҳақиқати Каломи Худо мӯҳтоҷанд». Сергей оиди вазъияти одамон фикр карда дилаш ба онҳо торафт бештар месӯхт ва ин ба ӯ далерӣ бахшид, ки мавъиза кунад. Ӯ мегӯяд: «Ба дигарон ҳақиқатро расонда ман ба худам боварии бештар пайдо кардам ва аз ин қоил шудам. Дар натиҷа имони худи ман ҳам мустаҳкамтар шуд» *.
12, 13. Чаро мо бояд бо онҳое, ки ҳақиқатро таълим медиҳем, пурсабр бошем? Бо мисол фаҳмонед.
12 Роҳи сеюм: Нисбати онҳое, ки ҳақиқатро таълим медиҳед, пурсабр бошед. Одамоне ки шумо ба онҳо ёрдам доданиед, шояд ки ба эътиқоди худ устуворанд. Мумкин онҳо ҳеҷ гоҳ дар бораи баъзе таълимоте, ки шумо нағз медонед, фикр накардаанд. Шояд маҳз ҳамин эътиқоди диниашон онҳоро бо аъзоёни оила, маданият ва одамони
маҳаллашон муттаҳид месозад. Мо чӣ тавр ба онҳо ёрдам дода метавонем?13 Дар бораи мисоли зерин фикр кунед. Вақте кӯпруки кӯҳна ва шалақро вайрон карданӣ мешаванд, чӣ кор мекунанд? Бисёр вақт аввал кӯпруки нав месозанд, вақте ки он тайёр шуд, баъд пештараашро вайрон мекунанд. Ба ин монанд, пеш аз он ки шахс аз эътиқоди «пештарааш», ки ба ӯ азиз аст, даст кашад, чӣ лозим аст? Аввал мо бояд ба ӯ кӯмак кунем, ки ба дуруст будани таълимоти барояш «нав» боварӣ ҳосил карда онро қадр кунад. Танҳо баъд аз ин ӯ тайёр мешавад, ки аз эътиқоди пештарааш даст кашад. То рӯй додани чунин дигаргунӣ шояд вақт лозим аст (Рум. 12:2).
14, 15. Ба онҳое, ки оиди ҳаёти ҷовидона дар биҳишти рӯйи замин чизе намедонанд ё кам медонанд, чӣ тавр кӯмак кардан мумкин аст? Мисол оред.
14 Агар дар хизмат мо нисбати одамон пурсабр бошем, мо интизор намешавем, ки онҳо ҳақиқатро шунидан замон қабул мекунанд. Мо бояд фаҳмиш ва дилсӯзӣ зоҳир кунем. Шояд лозим ояд, ки чанд бор омада бо онҳо дар асоси Навиштаҳо мулоҳиза ронем. Мисол, чӣ тавр шумо ба шахс мефаҳмондед, ки дар рӯйи замин биҳишт мешавад ва одамон ҷовидона зиндагӣ мекунанд? Бисёриҳо дар ин бора кам медонанд ё чизе намедонанд. Онҳо шояд боварӣ доранд, ки мурдагон ҳеҷ гоҳ зинда намешаванд ё фикр мекунанд, ки ҳама одамони нағз ба осмон мераванд. Чӣ тавр шумо ба онҳо кӯмак мекардед?
15 Биёед мисоли як бародарро бинем, ки ӯ кадом усулро истифода мебарад. Дар аввал ӯ Ҳастӣ 1:28-ро мехонад. Баъд ӯ ба соҳибхона савол медиҳад: «Аз рӯйи нияти Худо одамон бояд дар куҷо ва дар кадом шароит зиндагӣ мекарданд? Дар ҷавоб бисёриҳо мегӯянд: «Дар замин, дар шароити нағз». Сипас, бародар Ишаъё 55:11-ро хонда мепурсад, ки оё мақсади Худо дигар шудааст. Бисёр вақт одамон мегӯянд, ки «не, дигар нашудаст». Дар охир бародар Забур 36:10, 11-ро хонда савол медиҳад, ки оянда одамон дар куҷо зиндагӣ карда метавонанд. Ҳамин тавр, бо одамон дар асоси Навиштаҳо мулоҳиза ронда ӯ ба якчанд нафар кӯмак кард, ки ба зиндагии ҷовидона дар рӯйи замин бовар карда ҳақиқатро қабул кунанд.
16, 17. Мувофиқи маслиҳати Масалҳо 3:27 боз бо кадом роҳҳо мо дилсӯзӣ зоҳир карда метавонем? Мисол оред.
16 Роҳи чорум: Дилсӯз будани худро бо амалҳоятон нишон диҳед. Масалан, баъзан шояд мо ба дари хонае тақ-тақ мекунем ва аз муносибати соҳибхона мефаҳмем, ки дар вақти ноқулай омадем. Мо метавонем бахшиш пурсида гӯем, ки ягон вақти дигар меоем. Лекин агар пай барем, ки ба соҳибхона ягон ёрдам даркор аст, он гоҳ чӣ кор мекунем? Шояд дар он хона шахси бемор ё маъюбе зиндагӣ мекунад. Вале барои харидани дору ё ягон чизи дигар ба берун рафта наметавонад. Дар чунин мавридҳо мо Масалҳо 3:27-ро хонед.)
метавонем кӯмаки худро пешниҳод намоем. (17 Як хоҳари мо некие кард, ки шояд он ба назар ночиз тобад. Ӯ ба оилае, ки фарзандашон аз олам гузашта буд, аз дилсӯзӣ номае навишт. Дар он ӯ якчанд фикрҳои тасаллибахшро аз Каломи Худо оварда буд. Ин нома ба аъзоёни он оила чӣ тавр таъсир кард? «Як рӯз пеш аз гирифтани нома аҳволам хеле бад буд,— гуфт модари ғамзада ба он хоҳар.— Ту ҳатто тасаввур намекунӣ, ки суханони навиштаат то чӣ андоза моро тасаллӣ доданд. Ман аз ту чунон миннатдорам, ки намедонам инро чӣ хел баён кунам. Дирӯз ман номаатро қариб 20 бор гаштаву баргашта хондам. Суханони меҳрубононаи ту ба ҷони мо дар ҳақиқат малҳам буд. Раҳмат, ки ту моро хеле дилбардорӣ кардӣ». Агар мо низ худро дар ҷойи одамони ғамзада гузорем ва дарди дили онҳоро ҳис кунем, он гоҳ ба онҳо кӯмаки лозимаро расонда метавонем. Ва ин хизмати моро бешубҳа самаранок мегардонад.
НИСБАТИ ХУД СЕРТАЛАБ НАБОШЕД
18. Мувофиқи 1 Қӯринтиён 3:6, 7 чӣ гуна назари бомувозинатро мо нигоҳ доштан мехоҳем?
18 Мо бояд дар ёд дорем, ки ба ҳақиқат омадан ё наомадани одамон аз мо вобаста нест. Албатта, мо ба онҳо кӯмак кардан мехоҳем, ки дар бораи Худо фаҳманд. Ва барои ин ҳар кори аз дастамон меомадаро мекунем. Лекин кори асосиро Худо мекунад. (1 Қӯринтиён 3:6, 7-ро хонед.) Ҷалбкунанда худи Яҳува аст (Юҳ. 6:44). Ва ниҳоят, ба ҳақиқат омадан ё наомадани шахс аз ҳолати дили ӯ вобаста аст (Мат. 13:4–8). Дар ёд доред, ки Исо Устоди бузургтарин буд, вале аксари одамон хабари ӯро қабул накарданд. Аз ин рӯ, агар бисёри одамон ҳақиқатро қабул накунанд, мо аз ин рӯҳафтода намешавем.
19. Зоҳир кардани дилсӯзӣ чӣ натиҷаҳои хуб оварда метавонад?
19 Дар мавъиза мо ба одамон дилсӯзӣ зоҳир карда, натиҷаҳои хуб ба даст меорем. Мо аз хизмат хурсандии бештар мегирем, чунки «додан назар ба гирифтан хушбахтии бештар меорад». Ва ба туфайли дилсӯзии мо «онҳое, ки ба ҳаёти ҷовидонӣ моил»-анд, ба осонӣ ҳақиқатро қабул карда метавонанд (Аъм. 13:48). Пас, биёед «то даме ки фурсат дорем, ба ҳама некӣ кунем» (Ғал. 6:10). Он гоҳ мо аз ҷалол додани Падари осмониамон шод хоҳем буд (Мат. 5:16).
СУРУДИ 153 Ту чӣ ҳис мекунӣ?
^ сарх. 5 Вақте мо дар мавъиза ба одамон дилсӯзӣ зоҳир мекунем, аз хизмат хурсандии зиёдтар мегирем ва одамон низ хабари моро бо омодагии бештар гӯш мекунанд. Аз ин мақола мо мефаҳмем, ки чӣ тавр Исо ба одамон дилсӯзӣ нишон медод ва бо кадом чор роҳ мо ба ӯ пайравӣ карда метавонем.
^ сарх. 5 МАЪНОИ БАЪЗЕ КАЛИМАВУ ИБОРАҲО: Калимае, ки аз забони аслӣ «дилаш сӯхт» тарҷума шудааст, ба каси азобдида бо меҳрубониву раҳмдилӣ муносибат карданро мефаҳмонад. Ин ҳиссиёт шахсро бармеангезад, ки барои кӯмак ба одамон ҳар кори аз дасташ меомадаро кунад.
^ сарх. 8 Ба «Бурҷи дидбонӣ» аз 15 майи соли 2014, мақолаи «Дар хизмати худ мувофиқи Қоидаи тиллоӣ рафтор кунед», нигаред.
^ сарх. 11 Ба «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 1-уми августи с. 2011, саҳ. 21 ва 22 нигаред.