Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Некӯӣ — Чӣ тавр онро дар бар кунем?

Некӯӣ — Чӣ тавр онро дар бар кунем?

ҲАР яки мо мехоҳем, ки одамон моро шахси нек ҳисобанд. Лекин дар ҷаҳони имрӯза одами нек будан осон нест. Аксари одамон «душмани некӣ»-анд (2 Тим. 3:3). Онҳо меъёрҳои Яҳуваро рад карда «бадиро некӣ, ва некиро бадӣ меноманд» (Иш. 5:20). Нокомилӣ ва таъсири манфии ҳаёти пештараамон низ метавонад ба одами нек будан халал расонад. Шояд мо худро мисли Анна * ҳис кунем. Ӯ даҳсолаҳо хизматгори Яҳува бошад ҳам, чунин мегӯяд: «Ҳеҷ бовариам намеояд, ки ман одами нек буда метавонам».

Лекин, хушбахтона, ҳар яки мо одами нек буда метавонем. Чунки некӯӣ ин самари рӯҳи муқаддаси Худост ва ягон чиз — на одамони гирду атроф, на нокомилии худамон ба ин қувваи бузург монеъ шуда наметавонад. Биёед муфассалтар дида бароем, ки некӯӣ чист ва чӣ тавр мо онро бештар зоҳир карда метавонем.

НЕКӮӢ ЧИСТ?

Одӣ карда гӯем некӯӣ, баръакси бадкорист, он ахлоқан нек ва беайб буданро дар бар мегирад. Некӯӣ дар гуфтору рафтори нек зоҳир мегардад. Одами нек ҳамеша имконият меҷӯяд, ки ба дигарон ёрӣ диҳад ва барояшон ягон хубӣ кунад.

Шумо шояд пай бурдаед, ки баъзеҳо тайёранд барои оилаи худ ва дӯстонашон корҳои хуб кунанд. Вале барои дар чашми Яҳува накӯ будан, ин кифоя нест. Албатта, ҳеҷ кадоми мо комилан нек буда наметавонем, чунки Китоби Муқаддас мегӯяд: «Одами одиле дар рӯи замин нест, ки некӣ кунад ва хатое содир нанамояд» (Воиз 7:20). Павлуси расул ростқавлона гуфт: «Медонам, ки дар ман, яъне дар ҷисмам, чизи неке мавҷуд нест» (Рум. 7:18). Чуноне ки мебинем, танҳо бо қуввати худ мо накӯ буда наметавонем. Барои ҳамин бохирадона мебуд агар барои инкишоф додани ин хислат ба Сарчашмаи некӯӣ — Яҳува рӯ орем.

ЯҲУВА НЕКӮСТ

Яҳува меъёрҳои некиро муқаррар мекунад. Забурнавис дар бораи Ӯ чунин гуфт: «Ту некӯ ва некӯкор ҳастӣ; фароизи Худро ба ман таълим деҳ» (Заб. 118:68). Биёед, ду ҷиҳати некӯии Яҳуваро, ки дар ин оят оварда шудаанд, дида бароем.

Яҳува некӯ аст. Яҳува чунон нек аст, ки аз Ӯ ҳеҷ гоҳ бадӣ намебарояд. Ба ёд оред, ки Худо ба Мӯсо чӣ гуфт: «Ман тамоми ҷалолати [«накӯии», ТДН] Худро аз пеши ту мегузаронам». Яҳува ҷалоли Худ, аз он ҷумла накӯиашро, ба Мӯсо нишон дод. Сипас Мӯсо суханони зеринро шунид: «Худованд, Худованд, Худои раҳим ва карим, собир ва пур аз эҳсону вафо, ки марҳаматро барои ҳазорон насл нигоҳ медорад, гуноҳ ва маъсият ва хаторо меомурзад, вале осиёнро беҷазо намегузорад» (Хур. 33:19; 34:6, 7). Ин нишон медиҳад, ки Яҳува аз ҳама ҷиҳат нек аст. Ҳарчанд Исо нектарин инсон буд, лекин ӯ чунин гуфт: «Ғайр аз Худо ҳеҷ кас некӯ нест» (Луқ. 18:19).

Офаридаҳои Яҳува аз некӯ будани Ӯ шаҳодат медиҳанд

Яҳува некӯкор аст. Ҳар як амали Яҳува нек аст. Каломаш мегӯяд: «Худованд барои ҳама некӯст, ва марҳаматҳои Ӯ бар тамоми аъмоли Ӯст» (Заб. 144:9). Масалан, некӯии Яҳува дар он дида мешавад, ки Ӯ бе рӯйбинӣ ба ҳама одамон ҳаёт ва ризқу рӯзӣ ато мекунад (Аъм. 14:17). Инчунин гуноҳҳои моро бо омодагӣ бахшида Ӯ ба мо некӣ зоҳир менамояд. Суханони зерини забурнавис инро тасдиқ мекунанд: «Ту, эй Худованд, некӯ ва омурзгор ҳастӣ» (Заб. 85:5). Мо дилпур буда метавонем, ки Яҳува «касони ростравро аз некӯӣ маҳрум нахоҳад кард» (Заб. 83:12).

«НЕКӮКОРИРО ТАЪЛИМ ГИРЕД»

Яҳува моро ба шабоҳати Худ офаридааст, барои ҳамин мо ба некӣ кардан моилем (Ҳас. 1:27). Ба ҳар ҳол, Каломи Худо мегӯяд, ки «некӯкориро таълим» гирифтан даркор аст (Иш. 1:17). Чӣ тавр? Биёед се роҳро дида бароем.

Якум, дар бораи рӯҳи муқаддаси Худо дуо гӯед. Он ба мо кӯмак мекунад, ки дар чашми Яҳува некӯ бошем (Ғал. 5:22). Бале, бо ёрдами рӯҳи Худо мо метавонем некиро дӯст дорем ва бадиро рад кунем (Рум. 12:9). Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Яҳува қодир аст моро «дар гуфтору рафтори нек устувор» гардонад (2 Тас. 2:16, 17).

Дуюм, Каломи илҳомбахшидаи Худоро хонед. Агар мо ҳар рӯз Китоби Муқаддасро хонем, Яҳува ба мо «ҳар тариқи некро» таълим медиҳад ва моро «ба ҳар кори нек пурра тайёр» мекунад (Мас. 2:9; 2 Тим. 3:17). Дар асл, дили моро ба сандуқчаи ҷавоҳирот монанд кардан мумкин аст. Ҳар боре ки мо Каломи Худоро хонда оидаш мулоҳиза меронем, мо гӯё ба сандуқчаи худ зару зевари навро меандозем, ки баъдтар ба мо даркор мешавад (Луқ. 6:45; Эфс. 5:9).

Сеюм, кӯшиш кунед, ки ба «чизҳои хуб пайравӣ» кунед (3 Юҳ. 11). Дар Китоби Муқаддас бисёр намунаҳое ҳастанд, ки мо ба онҳо пайравӣ карда метавонем. Албатта, намунаи беҳтарин ин Яҳува ва Исо мебошанд, лекин мо аз мисоли дигарон низ дарс гирифта метавонем. Ду шахсе, ки дарҳол ба хотир меоянд, Тобито ва Барнаббо мебошанд (Аъм. 9:36; 11:22–24). Агар шумо аз Китоби Муқаддас дар бораи ин хизматгорони Яҳува бодиққат хонед, шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр онҳо ба дигарон кӯмак мекарданд. Фикр кунед, ки шумо ба аъзои оила ё ҷамъомадатон чӣ тавр ёрӣ дода метавонед. Инчунин оиди он мулоҳиза кунед, ки бо корҳои неки худ ҳар дуи онҳо дар байни ҳамимонон чӣ обрӯи неке пайдо карданд. Корҳои неки шумо низ бенатиҷа нахоҳанд буд.

Дар рӯзҳои мо низ касоне ҳастанд, ки корҳои нек мекунанд ва мо метавонем дар бораи намунаи онҳо мулоҳиза ронем. Масалан, пиронро гирем, онҳо чун «дӯстдори некӣ» дар ҷамъомад сахт меҳнат мекунанд. Инчунин, хоҳарони содиқе, ки бо сухану рафтори худ «чизҳои хубро таълим» медиҳанд, шоистаи таҳсинанд (Тит. 1:8; 2:3). Хоҳаре бо номи Розлин чунин мегӯяд: «Дугонаам ҳамеша ҳаракат мекунад, ки хоҳару бародаронро дастгирӣ ва рӯҳбаланд кунад. Ӯ дар бораи вазъияти онҳо фикр карда, тез–тез ба онҳо ягон тӯҳфача медиҳад ё бо ягон роҳи дигар ҳатман кӯмак мекунад. Ман ӯро дар ҳақиқат одами нек мешуморам».

Яҳува ба хизматгоронаш мегӯяд: «Некиро толиб бошед» (Омӯс 5:14). Агар мо ҷӯяндаи некӣ бошем, меъёрҳои некии Яҳуваро дӯст медорем ва бо ҷону дил онҳоро иҷро мекунем.

Мо кӯшиш мекунем, ки нек ва некӯкор бошем

Барои некӣ кардан ҳама вақт шарт нест, ки ягон кори бузург ё тӯҳфаи қиматбаҳое кунем. Мисол, агар рассом мӯқаламро танҳо ин тарафу он тараф бурда як-ду хати ғафс кашад, оё манзараи зебо пайдо мешавад? Албатта, не. Баръакс, манзараи зебо аз хату рахҳои хурду калон ва рангҳои гуногун иборат аст. Ба ин монанд, агар мо бар нафъи дигарон на танҳо корҳои бузург, балки корҳои хурд кунем ҳам, ин нишон медиҳад, ки мо одами нек ҳастем.

Китоби Муқаддас моро бармеангезад, ки ба кардани «ҳар кори нек тайёр» бошем (2 Тим. 2:21; Тит. 3:1). Агар мо аз ҳолу аҳволи дигарон бохабар бошем, мо имконият меҷӯем, ки чӣ тавр ба онҳо кӯмак кунем (Рум. 15:2). Баъзан мо метавонем онҳоро аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ кунем (Мас. 3:27). Ё касеро ба як пиёла чой ё барои чақ-чақ таклиф карда метавонем. Агар фаҳмем, ки касе бемор шудааст, мо метавонем ба ӯ номачаи рӯҳбаландкунандае фиристонем, ба хабаргирии ӯ равем ё занг зада ҳолпурсӣ кунем. Хулоса, имкониятҳо зиёданд, то мо дигаронро «дар вақти зарурӣ обод карда» сухане гӯем, ки «ба шунавандагон фоида меорад» (Эфс. 4:29).

Монанди Яҳува, мо мехоҳем ба тамоми одамон некӣ кунем. Барои ҳамин мо ҳама одамонро бо як чашм мебинем. Роҳи беҳтарини некӣ кардан ин ба ҳама мавъиза кардани хушхабари Подшоҳӣ аст. Чуноне ки Исо амр дод, мо ҳаракат мекунем, ҳатто ба онҳое, ки аз мо нафрат доранд, некӣ кунем (Луқ. 6:27). Нек ва некӯкор будан ҳеҷ гоҳ нодуруст нест, чунки ягон қонун «бар зидди» он намебарояд (Ғал. 5:22, 23). Ҳатто агар ҳангоми зиддият ва душвориҳо мо некӣ кунем, бо ин Яҳуваро ҷалол медиҳем ва эҳтимол дигаронро ба ҳақиқат ҷалб кунем (1 Пет. 3:16, 17).

МУКОФОТИ НЕКӮКОРӢ

Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки шахси нек барои некӯкориаш баракат меёбад (Мас. 14:14). Баъзе аз он баракатҳо кадоманд? Масалан, вақте мо ба дигарон некӣ мекунем, бисёр вақт онҳо низ дар ҷавоб ба мо хубӣ мекунанд (Мас. 14:22). Ҳатто агар бо мо нағз муомила накунанд ҳам, мо бояд ҳама вақт некӯкор бошем. Чаро? Чунки бо ин метавонем дили онҳоро мулоим намуда фикрашонро дигар кунем (Рум. 12:20, эзоҳ).

Вақте мо некӣ мекунему аз кардани корҳои бад даст мекашем, мо ба худамон низ манфиат меорем. Бо бисёр бародарону хоҳаронамон чунин шуда буд. Дар бораи мисоли хоҳар Нэнси фикр кунед. Ӯ иқрор шуда мегӯяд: «Ман тавре ба воя расидам, ки ба худ тамоман эҳтиром надоштам, дағал ва бадахлоқ будам. Лекин ман фаҳмидам, ки Яҳува чиро нек меҳисобаду чиро бад. Медонед, мувофиқи хости ӯ зиндагӣ карда ман торафт худро хушбахттар ҳис мекунам. Ҳоло ман нисбати худ эҳтиром дорам».

Сабаби муҳимтарини инкишоф додани некӯӣ ин аст, ки мо Яҳуваро хурсанд кардан мехоҳем. Ҳатто агар одамон корҳои неки моро набинанд ҳам, Яҳува, албатта, мебинад. Ӯ аз ҳар як рафтор ва фикри неки мо бохабар аст (Эфс. 6:7, 8). Ва чӣ тавр Ӯ моро мукофот медиҳад? «Каси нек аз ҷониби Худованд ҳусни таваҷҷӯҳ меёбад»,— мегӯяд Китоби Муқаддас (Мас. 12:2). Пас, биёед инкишоф додани некӯиро давом диҳем. Зеро Яҳува ваъда медиҳад, ки «ҳар некӯкор... ҷалол, ифтихор ва сулҳу осоиштагӣ хоҳад ёфт» (Рум. 2:10).

^ сарх. 2 Баъзе номҳо иваз шудаанд.