Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 10

Бигзор муҳаббат ба Яҳува шуморо ба таъмид барангезад!

Бигзор муҳаббат ба Яҳува шуморо ба таъмид барангезад!

«Барои таъмид гирифтанам чӣ халал мерасонад?» (АЪМ. 8:36).

СУРУДИ 10 «Худоям, маро бифирист!»

ПЕШГУФТОР *

1, 2. Чуноне ки Аъмол 8:27–31, 35–38 нишон медиҳад, чӣ мансабдори ҳабаширо барангехт, ки таъмид гирад?

ОЁ ШУМО мехоҳед, ки таъмид гирифта шогирди Исо шавед? Бисёр одамонро муҳаббат ба Яҳува ва ҳисси миннатдорӣ барангехт, ки ин қадамро гузоранд. Биёед, мисоли як марди мансабдореро дида бароем, ки дар дарбори маликаи Ҳабашистон хизмат мекард.

Вақте он мард аз Навиштаҳо фаҳмид, ки бояд чӣ кор кунад, дарҳол амал кард. (Аъмол 8:27–31, 35–38-ро хонед.) Маълум, ки ӯ Каломи Худоро қадр мекард, чунки ҳангоми бо аробаи худ рафтан китоби Ишаъёро мехонд. Вақте Филиппус ба он мард мавъиза кард, дар дили ӯ барои кори кардаи Исо миннатдорӣ пайдо шуд. Аслан ин мансабдори ҳабашӣ барои чӣ ба Ерусалим омада буд? Чунки вай аллакай ба Яҳува меҳр дошт ва Ӯро ибодат карда ба ватанаш бармегашт. Маълум мешавад, ки ӯ дини аҷдодонашро тарк карда ба халқе, ки Худои ҳақиқиро мепарастид, ҳамроҳ шуда буд. Маҳз муҳаббат ба Яҳува ӯро барангехт, ки боз як қадами муҳимро гузорад. Ӯ таъмид гирифт ва шогирди Масеҳ шуд (Мат. 28:19).

3. Чӣ баъзеҳоро аз таъмид гирифтан бозмедорад? (Ба чорчӯбаи  «Дили шумо чӣ гуна аст?» нигаред.)

3 Муҳаббат ба Яҳува шуморо низ метавонад барангезад, ки таъмид гиред. Вале муҳаббат ҳамчунин шуморо аз ин қадам боздошта метавонад. Чӣ гуна муҳаббат? Масалан, шумо шояд дӯстон ё аъзои оилаатонро, ки Шоҳиди Яҳува нестанд, сахт дӯст медоред ва хавотиред, ки агар таъмид гиред, онҳо аз шумо рӯй мегардонанд (Мат. 10:37). Ё баъзе одатҳои дӯстдошта доред, ки ба Худо маъқул нестанд. Ва партофтани он одатҳо шояд бароятон мушкил аст (Заб. 96:10). Ё мумкин шумо аз хурдӣ иду маросимҳоеро қайд мекардед, ки бо дини дурӯғ алоқаманданд. Ва аз он ҷашнҳо хотираҳое боқӣ мондаанд, ки бароятон азизанд. Барои ҳамин шояд ба шумо душвор аст, ки қайд кардани он идҳоро бас кунед (1 Қӯр. 10:20, 21). Ба ҳар ҳол, шумо бояд қарор кунед, ки дар ҳаётатон киро ё чиро аз ҳама бештар дӯст хоҳед дошт.

КИРО БОЯД БЕШ АЗ ҲАМА ДӮСТ ДОРЕМ?

4. Ба таъмид гирифтан касро бояд чӣ барангезад?

4 Бешубҳа, шумо бисёр чизҳои хубро дӯст медоред ва қадр мекунед. Масалан, ҳатто пеш аз бо Шоҳидони Яҳува омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кардан шумо эҳтимол дар бораи Худо шуниданро дӯст медоштед ва ба Ӯ писанд омадан мехостед. Ва баъди бо Шоҳидони Яҳува шинос шудан мумкин бо онҳо муошират кардан ба шумо маъқул аст. Аммо фақат ин чизҳоро дӯст доштан кифоя нест. Барои ҳаёти худро ба Яҳува бахшидан ва таъмид гирифтан пеш аз ҳама шумо бояд Яҳува Худоро дӯст доред. Вақте чунин муҳаббат дар дили шумо ҷӯш мезанад, ҳеҷ кас ё ҳеҷ чиз монеъ шуда наметавонад, ки ба Яҳува хизмат кунед. Маҳз муҳаббат ба Худо шуморо бармеангезад, ки таъмид гиред ва содиқона ба Ӯ хизмат кунед.

5. Мо чиро дида мебароем?

5 Исо гуфт, ки мо бояд Яҳуваро бо тамоми дилу ҷон, ақл ва қуввати худ дӯст дорем (Марқ. 12:30). Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки ба Яҳува муҳаббат ва эҳтироми чуқур пайдо кунем? Вақте мо дар бораи он фикр мекунем, ки то чӣ андоза Яҳува моро дӯст медорад, меҳри мо низ ба Ӯ зиёд мешавад (1 Юҳ. 4:19). Боз мо бояд кадом қадамҳоро гузорем ва дар худ чӣ гуна ҳиссиёт инкишоф диҳем, то муҳаббатамон ба Худо зиёд гардад? Биёед инро дида бароем *.

6. Мувофиқи Румиён 1:20 як роҳи дар бораи Яҳува фаҳмидан кадом аст?

6 Дар бораи Яҳува аз офаридаҳояш фаҳмед. (Румиён 1:20-ро хонед; Ваҳй 4:11). Ҷонварон ва растаниҳоро тамошо карда шумо хиради беҳамтои Яҳуваро пай мебаред. Инчунин мулоҳиза оиди сохти бадани инсон касро ба ҳайрат меорад (Заб. 138:14). Ё худ дар бораи офтоб фикр кунед. Яҳува чӣ қадар қуввату энергияро дар он ҷойгир кардааст. Ва ин танҳо яке аз миллиардҳо ситораҳои сохтаи Яҳува мебошад * (Иш. 40:26). Чунин мулоҳиза оиди офаридаҳои Яҳува эҳтироми шуморо торафт ба Ӯ зиёд мегардонад. Вале танҳо дар бораи хирад ва қудрати Яҳува фаҳмидан кифоя нест. Барои Яҳуваро сахт дӯст доштан шумо дар бораи Ӯ чизи бештарро бояд донед.

7. Барои Яҳуваро сахт дӯст доштан ба чӣ бояд боварии қавӣ дошта бошем?

7 Барои Яҳуваро бо тамоми ҳастӣ дӯст доштан шумо бояд боварии қавӣ дошта бошед, ки Ӯ шахсан дар бораи шумо ғамхорӣ мекунад. Мумкин гӯед, ки «наход Офаридгори замину осмон ба ман аҳамият диҳад?» Лекин дар хотир доред, ки Яҳува «аз ҳеҷ кадоми мо дур нест» (Аъм. 17:26–28). Ӯ «ҳамаи дилҳоро имтиҳон мекунад» ва чуноне ки Довуд ба писараш Сулаймон гуфт, агар мо Ӯро ҷӯем, албатта, меёбем (1 Вақ. 28:9). Ва ҳоло омӯзандаи Китоби Муқаддас буданатон нишон медиҳад, ки Яҳува шуморо «ба Худ ҷалб» кардааст (Ирм. 31:3). Он некиҳоеро, ки Худо бароятон кард, қадр кунед. Чи қадаре ки ҳисси миннатдории шумо зиёд гардад, меҳратон ба Яҳува ҳамон қадар меафзояд.

8. Ба муҳаббати Яҳува мо чӣ хел миннатдорӣ нишон дода метавонем?

8 Барои муҳаббати Яҳува шумо чӣ тавр миннатдорӣ нишон дода метавонед? Як роҳаш бо Ӯ гуфтугӯ кардан аст. Дар дуо ҳамаи ташвишҳоятонро ба Ӯ нақл кунед ва барои корҳое, ки Ӯ бароятон мекунад, миннатдорӣ баён намоед. Вақте шумо мебинед, ки Яҳува ба дуоҳоятон ҷавоб медиҳад, муҳаббататон ба Ӯ зиёдтар ва муносибататон қавитар мегардад (Заб. 114:1). Шумо боварӣ ҳосил мекунед, ки Ӯ шуморо мефаҳмад. Вале барои бо Худо боз ҳам наздиктар шудан шумо бояд донед, ки Ӯ чиро дӯст медораду чиро бад мебинад, чаро ин ё он корро мекунад ва аз шумо чиро интизор аст. Ин чизҳоро шумо танҳо ҳангоми омӯзиш кардани Каломи Ӯ, Китоби Муқаддас, фаҳмида метавонед.

Беҳтарин роҳи наздик шудан ба Худо ва донистани талаботи Ӯ ин омӯзиши Китоби Муқаддас аст (Ба сархати 9 нигаред.) *

9. Чӣ тавр шумо нишон медиҳед, ки Китоби Муқаддасро қадр мекунед?

9 Каломи Худоро қадр кунед. Ҳақиқат дар бораи Яҳува ва ниятҳои Ӯ танҳо дар Китоби Муқаддас навишта шудаанд. Агар шумо ин китобро қадр кунед, онро ҳар рӯз мутолиа мекунед, ба дарсе, ки дар омӯзиши навбатӣ мегузаред, тайёрӣ мебинед ва чизҳои фаҳмидаатонро ба кор мебаред (Заб. 118:97, 99; Юҳ. 17:17). Оё шумо реҷаи хониши Китоби Муқаддасро доред? Ва ҳар рӯз онро мехонед?

10. Яке аз хусусиятҳои беҳамтои Китоби Муқаддас кадом аст?

10 Медонед, як хусусияти беҳамтои Китоби Муқаддас кадом аст? Дар ин китоб одамоне, ки корҳои Исоро бо чашми худ дида буданд, дар бораи ӯ нақл кардаанд. Танҳо дар Китоби Муқаддас аниқ фаҳмонда шудааст, ки Исо барои мо одамон чӣ кор кард. Вақте шумо аз ин китоб суханони Исоро мехонед ва дар бораи корҳояш мефаҳмед, бешубҳа ба ӯ меҳр пайдо мекунед.

11. Боз чӣ ба шумо кӯмак карда метавонад, ки Яҳуваро бештар дӯст доред?

11 Чи қадаре ки меҳратон ба Исо зиёд шавад, муҳаббататон ба Яҳува ҳамон қадар меафзояд. Чаро чунин гуфтан мумкин? Зеро Исо хислатҳои Падарашро комилан инъикос мекард (Юҳ. 14:9). Барои ҳамин, вақте ки шумо дар бораи Исо зиёдтар дониш мегиред, шумо тарзи фикрронии Яҳува ва хислатҳояшро хубтар мефаҳмед ва ба Ӯ наздиктар мешавед. Исо одами бениҳоят дилсӯз буд. Баъзеҳо одамони камбағал, бемор ва бепушту паноҳро паст мезаданд, вале Исо ба онҳо сахт раҳмаш меомад. Инчунин, Исо оиди ҳаёти ҳаррӯза маслиҳатҳои хеле хуб медод. Агар аз рӯйи онҳо амал кунед, ҳаётатон дар ҳақиқат беҳтар мегардад (Мат. 5:1–11; 7:24–27).

12. Дониш дар бораи Исо шуморо ба чӣ бармеангезад?

12 Вақте дар бораи қурбонии Исо фикр мекунед, меҳратон ба ӯ дучанд мегардад. Ӯ тайёр буд, ки ҷонашро фидо кунад, то гуноҳҳои шумо бахшида шаванд (Мат. 20:28). Вақте шумо ин чизро чуқур дарк мекунед, ин метавонад шуморо барангезад, ки аз гуноҳҳоятон пушаймон шуда тавба кунед (Аъм. 3:19, 20; 1 Юҳ. 1:9). Инчунин, вақте муҳаббататон ба Исо ва Яҳува зиёд мегардад, шумо бо касоне будан мехоҳед, ки Яҳува ва Исоро дӯст медоранд.

13. Яҳува ба шумо чӣ ато мекунад?

13 Онҳоеро дӯст доред, ки Яҳуваро дӯст медоранд. Дӯстони пештараатон ва хешу таборе, ки Шоҳиди Яҳува нестанд, шояд намефаҳманд, ки чаро шумо ҳаётатонро ба Худо бахшидан мехоҳед. Шояд ҳатто зиддият нишон диҳанд. Яҳува бо воситаи бародару хоҳарони ҷамъомад ба шумо кӯмак мекунад. Дар ин оилаи рӯҳонӣ шумо, албатта, муҳаббат ва дастгирии лозимаро ҳис хоҳед кард (Марқ. 10:29, 30; Ибр. 10:24, 25). Шояд бо гузашти вақт наздиконатон низ хизматгори Худо шуда ба меъёрҳои Ӯ итоат кунанд (1 Пет. 2:12).

14. Мувофиқи 1 Юҳанно 5:3 меъёрҳои Яҳува чӣ гунаанд? Аз ҳаёти худ мисол оред.

14 Принсипҳои Яҳуваро қадр кунед ва ба кор баред. Пеш аз ҳақиқатро фаҳмидан шояд шумо худатон чӣ хел хоҳед, ҳамон тавр рафтор мекардед. Лекин ҳоло мебинед, ки аз рӯйи меъёрҳои Яҳува зистан беҳтар аст (Заб. 1:1–3; 1 Юҳанно 5:3-ро хонед). Масалан, дар бораи маслиҳатҳое фикр кунед, ки Китоби Муқаддас ба шавҳарон, занон, волидон ва фарзандон медиҳад (Эфс. 5:22–6:4). Оё баъди ба кор бурдани он маслиҳатҳо ҳаёти оилавиатон хубтар шуд? Вақте шумо ба дастуроти Яҳува оиди хирадмандона интихоб кардани дӯстон итоат кардед, хулқу атворатон беҳтар гашт? Оё хурсандиатон зиёдтар шуд? (Мас. 13:20; 1 Қӯр. 15:33). Боварӣ дорем, ки ба ин саволҳо ҷавоби шумо мусбӣ аст.

15. Чӣ ба шумо кӯмак мекунад, ки ба кор бурдани принсипҳои Китоби Муқаддасро ёд гиред?

15 Баъзан шояд шумо намедонед, ки принсипҳои Китоби Муқаддасро чӣ тавр ба кор баред. Барои ҳамин Яҳува ба воситаи ташкилоташ шуморо бо адабиёти бар Китоби Муқаддас асосёфта таъмин мекунад. Дар онҳо фаҳмонда мешавад, ки чӣ хуб асту чӣ бад (Ибр. 5:13, 14). Вақте ин адабиётро мехонед, шумо мефаҳмед, ки принсипҳои Худоро дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт чӣ тавр ба кор бурдан лозим аст ва то чӣ андоза онҳо фоиданоканд. Ва аз ҳисси миннатдорӣ шумо шояд ба ташкилоти Яҳува ҳамроҳ шудан хоҳед.

16. Ташкилоти Яҳува чӣ хел фаъолият мекунад?

16 Бо ташкилоти Яҳува хубтар шинос шавед ва онро дастгирӣ кунед. Ташкилоти Яҳува аз ҷамъомадҳо иборат аст ва сардори ҳамаи ҷамъомадҳо Писараш Исо мебошад (Эфс. 1:22; 5:23). Исо мехост, ки дар рӯзҳои мо коре анҷом дода шавад. Ӯ гурӯҳи хурди бародарони тадҳиншударо таъйин намуд, то ба ин кор роҳбарӣ кунанд. Исо он гурӯҳи мардонро «ғуломи бовариноку боандеша» номид. Он ғулом вазифаи худро содиқона иҷро карда халқи Худоро бо ғизои рӯҳонӣ таъмин мекунад ва онро аз ҷиҳати рӯҳонӣ ҳимоя менамояд (Мат. 24:45–47). Масалан, ғуломи боандеша бародарони қобилиятнокро чун пирон барои чӯпони кардани рамаи Худо таъйин мекунад (Иш. 32:1, 2; Ибр. 13:17; 1 Пет. 5:2, 3). Пирон тайёранд, ки ҳар кори аз дасташон меомадаро карда шуморо тасаллӣ бахшанд ва барои ба Худо наздик шуданатон кӯмак кунанд. Ва аз ҳама муҳимаш онҳо метавонанд ба шумо ёрдам диҳанд, то ба дигарон оиди Яҳува таълим доданро ёд гиред (Эфс. 4:11–13).

17. Мувофиқи Румиён 10:10, 13, 14 чаро мо ба дигарон дар бораи Яҳува нақл мекунем?

17 Ба дигарон кӯмак кунед, ки Яҳуваро дӯст доранд. Исо пайравонашро ӯҳдадор кард, ки ба дигарон дар бораи Яҳува таълим диҳанд (Мат. 28:19, 20). Албатта, ин корро аз ҳисси ӯҳдадорӣ иҷро кардан мумкин аст. Лекин вақте муҳаббати шумо ба Яҳува зиёд мегардад, шумо мисли Петрусу Юҳанно худатон чунин хоҳиш пайдо мекунед. Онҳо гуфтанд: «Мо... дар бораи чизҳои дидаву шунидаамон гап заданро бас карда наметавонем» (Аъм. 4:20). Вақте ба касе барои бо Яҳува шинос шудан кӯмак мекунем, ин ба мо хурсандии беҳад зиёд меорад. Тасаввур кунед, ки Филиппуси башоратдиҳанда то чӣ андоза хурсанд шуд, вақте ба ҳабашии мансабдор аз Навиштаҳо ҳақиқатро нақл кард ва дар натиҷа ӯ таъмид гирифт. Вақте шумо ба амри Исо итоат карда мисли Филиппус ба дигарон мавъиза мекунед, бо ин нишон медиҳед, ки ба сафи Шоҳидони Яҳува ҳамроҳ шудан мехоҳед. (Румиён 10:10, 13, 14-ро хонед.) Ва он гоҳ шумо низ шояд мисли он ҳабашӣ чунин савол диҳед: «Барои таъмид гирифтанам чӣ халал мерасонад?» (Аъм. 8:36).

18. Дар мақолаи навбатӣ мо чиро дида мебароем?

18 Таъмид қадами муҳимтарин дар ҳаёти шумо мебошад. Ин қарори хеле ҷиддӣ аст. Барои ҳамин, шумо бояд бодиққат фикр кунед, ки ин чӣ маъно дорад. Дар бораи таъмид боз чиро донистан лозим аст? Пеш аз таъмид ва баъд аз он шумо бояд чӣ кор кунед? Ба ин саволҳо мақолаи навбатӣ равшанӣ меандозад.

СУРУДИ 1 Хислатҳои Яҳува

^ сарх. 5 Баъзеҳо Яҳуваро дӯст медоранд, лекин фикр мекунанд, ки ҳоло ба таъмид гирифтан тайёр нестанд. Агар шумо ҳам дудила бошед, оиди пешниҳодҳои ин мақола фикр кунед. Онҳо кӯмак мекунанд, ки муҳаббати худро ба Яҳува қавӣ гардонда ҳаётатонро ба Ӯ бахшед.

^ сарх. 5 Дар ин мақола оиди якчанд қадам гуфта шудааст. Шарт нест, ки шумо аввал якум, баъд дуюм ва сипас дигар қадамҳоро ба кор баред. Азбаски одамон гуногунанд, ҳар кас метавонад онҳоро бо тартиби ба худ қулай ба кор барад.

^ сарх. 6 Мисолҳои бештарро шумо аз брошураи «Оё ҳаёт офарида шуда буд?» ва «Пайдоиши ҳаёт — Панҷ саволе, ки бояд ба худ диҳем» (рус.) ёфта метавонед.

^ сарх. 61 ШАРҲИ РАСМ: Хоҳаре дар бозор ба як ҷавонзан рисола медиҳад.