Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Саволҳои хонандагон

Саволҳои хонандагон

Кадом «фармонфармоён»-ро одамон дар замони қадим «некӯкор» меномиданд ва барои чӣ?

Шаби пеш аз маргаш Исо ба расулонаш насиҳат кард, ки дар байни ҳамимонон мавқеи баландро наҷӯянд. Ӯ ба онҳо гуфт: «Подшоҳони халқҳо бар онҳо ҳукмронӣ мекунанд ва фармонфармоёни онҳо некӯкор номида мешаванд. Вале шумо набояд чунин бошед» (Луқ. 22:25, 26).

Кадом «фармонфармоён»-ро одамон «некӯкор» меномиданд? Инро аз асарҳои қадима ва навиштаҷоту тангаҳое, ки бостоншиносон дарёфт намуданд, фаҳмидан мумкин аст. Дар Юнон ва Руми қадим ба ҳокимиятдорон ва шахсони мансабдор одатан унвони «Евергетес» дода мешуд, ки маънояш «некӯкор» аст. Аз он сабаб онҳо ба ин унвон шарафманд мегаштанд, ки барои халқ хизматрасониҳои гуногунро дастрас мекарданд.

Масалан, подшоҳони зерин чунин унвон доштанд: ҳокими Миср Птолемейи III (с. 247–222 то милод), Птолемейи VIII (с. 147–117 то милод), императорони румӣ Юлий Сезар (с. 48–44 то милод), Авғустус (с. 31 то милод-с.14 милодӣ), подшоҳи Яҳудо — Ҳиродуси Бузург. Ҳиродус шояд барои он чунин унвонро соҳиб шуда буд, ки дар вақти қаҳтӣ барои халқаш аз дигар ҷо гандум овард ва одамони мӯҳтоҷро бо сарулибос таъмин кард.

Олими олмонӣ Адолф Дейсман қайд кард, ки дар замони қадим унвони некӯкор васеъ паҳн шуда буд. Ӯ гуфт: «Агар шумо хоҳед, дар вақти хеле кӯтоҳ зиёда аз сад навиштаҷоти қадимаро бо чунин унвон ёфта метавонед».

Лекин Исо ба шогирдонаш гуфт, ки «шумо набояд чунин бошед». Ӯ чиро дар назар дошт? Магар ӯ гуфтанӣ буд, ки шогирдонаш набояд оиди беҳбудӣ ва нафъи одамони гирду атрофашон фикр кунанд? Не, албатта. Аз афташ Исо дар бораи он гуфтан мехост, ки шогирдонаш аз рӯйӣ ниятҳои дуруст саховатмандӣ зоҳир кунанд.

Дар рӯзҳои Исо одамони бой бо мақсади обрӯманд шудан аз ҳисоби пули худ намоишҳову бозиҳои гуногун ташкил медоданд, боғҳо ва маъбадҳо месохтанд ва корҳои ба ин монандро дастгирӣ мекарданд. Лекин ҳамаи ин корҳоро онҳо барои ба даст овардани шӯҳрат ва шунидани таърифу ситоиш мекарданд. Дар як маълумотнома навишта шудааст: «Ҳарчанд аз байни онҳо касоне ёфт мешуданд, ки аз дили соф саховатмандӣ зоҳир мекарданд, аксар вақт одамони обрӯманд бо мақсади устувор гардондани мавқеи сиёсии худ ва ба даст овардани ягон фоида, ба халқ ёрӣ мерасонданд». Исо шогирдонашро барангехт, ки ба чунин рӯҳияи шӯҳратпарастӣ дода нашаванд ва аз ниятҳои дуруст ба дигарон саховатмандӣ зоҳир кунанд.

Баъди якчанд сол Павлуси расул низ қайд кард, ки саховатмандии шахс бояд софдилона бошад. Ӯ ба масеҳиёни шаҳри Қӯринт навишт: «Бигзор ҳар кас чи тавре ки дар дили худ қарор кардааст, амал кунад, на бо дили нохоҳам ё аз маҷбурӣ, зеро Худо он касеро дӯст медорад, ки бо хурсандӣ медиҳад» (2 Қӯр. 9:7).