Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Меҳрубонӣ дар гуфтор ва рафтори нек зоҳир мегардад

Меҳрубонӣ дар гуфтор ва рафтори нек зоҳир мегардад

РАФТОРИ меҳрубонона дилҳоро гарм мекунад ва ба кас тароват мебахшад! Вақте касе бо меҳрубонӣ ба мо ғамхорӣ мекунад, мо инро хеле қадр мекунем. Бешубҳа, ҳар як шахс мехоҳад, ки дигарон бо ӯ меҳрубон бошанд. Пас, чӣ тавр мо метавонем ин хислати зеборо дар худ инкишоф диҳем?

Одами меҳрубон дар бораи беҳбудии дигарон самимона ғамхорӣ мекунад ва ин дар гуфтор ва корҳои некаш зоҳир мегардад. Ӯ на танҳо аз рӯйи одамгарӣ рафтори хуб мекунад, балки хушмуомилагии вай самимона аст. Беш аз ин, чунин меҳрубонӣ қисми самари рӯҳи муқаддас аст ва Каломи Худо ҳама масеҳиёнро ба инкишоф додани он бармеангезад (Ғал. 5:22, 23). Зоҳир кардани хислати меҳрубонӣ ба ҳамаи мо муҳим аст. Ҳоло биёед дида бароем, ки чӣ тавр Яҳува ва Писараш ин хислатро нишон медиҳанд ва чӣ тавр мо метавонем ба онҳо пайравӣ кунем.

ЯҲУВА НИСБАТИ ҲАМА МЕҲРУБОН АСТ

Яҳува нисбати ҳама, «ҳатто ба касони ношукр ва бадкор» меҳрубон ва ғамхор аст (Луқ. 6:35). Масалан, «Ӯ офтобро ҳам ба бадон ва ҳам ба некон тулӯъ мекунонад ва боронро ҳам ба росткорон ва ҳам ба бадкорон мефиристад» (Мат. 5:45). Аз ин рӯ, ҳатто онҳое, ки Яҳуваро чун Офаридгори худ эътироф намекунанд, аз неъматҳои бо меҳрубонӣ додаи Ӯ баҳра бурда, ба андозае хушбахтӣ ҳис мекунанд.

Масалан, меҳрубонии беҳамтои Яҳуваро дар он дидан мумкин аст, ки чӣ тавр Ӯ бо Одаму Ҳавво рафтор кард. Онҳо чанде пас аз гуноҳ карданашон «баргҳои анҷирро ба ҳам дӯхта, лӯнгиҳо барои худ сохтанд». Лекин Яҳува медонист, ки ба онҳо либоси мувофиқ даркор аст, чунки онҳо бояд берун аз боғи Адан, дар замини лаънатшуда, ки «хору хас» мерӯёнид, зиндагӣ мекарданд. Барои ҳамин, Яҳува бо меҳрубонӣ дар бораи ниёзи онҳо ғамхорӣ кард ва «барои Одам ва зани ӯ либос аз пӯст сохт ва онҳоро пӯшонид» (Ҳас. 3:7, 17, 18, 21).

Чуноне ки гуфтем, Яҳува «ҳам ба бадон ва ҳам ба некон» меҳрубон аст. Лекин ба Ӯ маъқул аст, ки махсусан ба хизматгорони содиқаш меҳрубонӣ зоҳир кунад. Масалан, инро аз воқеае, ки дар замони пайғамбар Закарё рӯй дода буд, дидан мумкин аст. Мо аз Китоби Муқаддас мехонем, ки як фаришта аз сабаби он ки яҳудиён барқарор кардани маъбади Ерусалимро бас карда буданд, ғамгин шуд. Яҳува рӯҳафтода будани он фариштаро дида, ба ӯ «бо суханони хуб, бо суханони тасаллибахш ҷавоб гардонд» (Зак. 1:12, 13). Яҳува ба пайғамбар Илёс низ меҳрубонӣ зоҳир карда буд. Боре Илёс чунон ғамгин буд, ки ҳатто аз Яҳува марг пурсид. Яҳува нисбати ин ҳиссиёти Илёс бепарвоёна муносибат накард. Ӯ фариштаеро фиристода, Илёсро қавӣ ва рӯҳбаланд намуд. Беш аз ин, Яҳува ин пайғамбарашро боварӣ бахшид, ки ӯ танҳо нест. Шунидани суханони меҳрубононаи Яҳува ва ҳис кардани мадади Ӯ ба Илёс қувват бахшид, ки хизмати худро давом диҳад (3 Подш. 19:1–18). Хулоса, Яҳува дар зоҳир кардани меҳрубонӣ намунаи беҳамто аст. Лекин аз байни хизматгорони Худо кӣ ин хислатро ба таври беҳтарин зоҳир мекард?

ИСО ОДАМИ БЕНИҲОЯТ МЕҲРУБОН БУД

Вақте ки Исо дар рӯйи замин буд, одамон ӯро чун шахси меҳрубону ғамхор мешинохтанд. Ӯ ҳеҷ гоҳ тунду тез ва дағалона сухан намегуфт, баръакс ба одамон дилсӯз буд. Ӯ гуфт: «Назди ман оед, эй заҳматкашон ва касоне, ки зери бори вазнин қарор доред, ва ман ба шумо қувват хоҳам бахшид» (Мат. 11:28–30). Меҳрубонии Исоро дида, одамон ба куҷое ки ӯ наравад, аз пасаш мерафтанд. Исо аз дилсӯзӣ гуруснагонро сер мекард, беморон ва маъюбонро шифо мебахшид ва дар бораи Падараш «чизҳои бисёрро ба онҳо таълим» медод (Марқ. 6:34; Мат. 14:14; 15:32–38).

Меҳрубонии Исо боз дар он зоҳир мегашт, ки ӯ ҳиссиёти одамонро мефаҳмид ва нисбати онҳо бодиққат буд. Ҳатто вақте ки одамон дар вақти дам гирифтани Исо наздаш меомаданд, ӯ онҳоро «бо чеҳраи кушод» пешвоз мегирифт (Луқ. 9:10, 11). Рӯзе як зан, ки аз хунравӣ азоб мекашид, бо умеди шифо ёфтан ба домани либоси ӯ даст расонд. Ҳарчанд он зан нопок ҳисоб меёфт, Исо ӯро барои ин кораш ҷанг накард (Ибд. 15:25–28). Ин зан 12 сол аз бемории худ азоб мекашид. Исо аз дилсӯзӣ ба ӯ гуфт: «Духтарам, имонат туро шифо дод. Рав ва дар амони Худо бош! Бигзор ин касалии вазнин туро дигар азоб надиҳад» (Марқ. 5:25–34). То чӣ андоза Исо меҳрубон буд!

ОДАМИ МЕҲРУБОН КОРҲОИ НЕК МЕКУНАД

Мисолҳое, ки дар боло овардем нишон медиҳанд, ки меҳрубонии ҳақиқӣ дар амал зоҳир мегардад. Инро ҳамчунин мисол дар бораи марди сомарӣ тасдиқ мекунад. Дар замони Исо байни яҳудиён ва сомариён адоват вуҷуд дошт. Лекин дар ин мисол Исо нақл кард, ки марди сомарӣ ба яҳудие ёрдам кард. Ӯро дуздон дар роҳ ғорат ва лату кӯб намуда, дар ҳолати ниммурда партофта буданд. Марди сомарӣ он яҳудиро дар чунин ҳолат дида, дилаш сӯхт ва ба вай некӣ кард. Ӯ ҷароҳатҳои марди яҳудиро тоза карда равған молид ва вайро ба меҳмонхонае бурд. Марди сомарӣ ба соҳиби меҳмонхона пул дода хоҳиш кард, ки дар бораи ин марди маҷрӯҳ ғамхорӣ кунад ва ҳатто ваъда дод, ки хароҷотҳои иловагиро низ рӯпӯш мекунад (Луқ. 10:29–37).

Меҳрубонӣ ғайр аз рафтори нек, инчунин суханони нек ва рӯҳбаландкунандаро дар бар мегирад. Барои ҳамин Китоби Муқаддас мегӯяд: «Ғуссаи дили одам ӯро фишор медиҳад, вале сухани меҳрубонона ӯро хурсанд мекунад» (Мас. 12:25). Агар мо шахси меҳрубон бошем, кӯшиш мекунем, ки дигаронро бо суханонамон рӯҳбаланд кунем *. Чунин суханон ва ғамхории мо ба онҳо қувват мебахшад ва паси сар кардани душвориҳои ҳаёт ба онҳо осонтар мегардад (Мас. 16:24).

ЧӢ ТАВР МЕҲРУБОНИРО ИНКИШОФ ДИҲЕМ?

Азбаски Худо «одамро ба сурати Худ офарид», ҳама одамон метавонанд хислати меҳрубониро инкишоф диҳанд (Ҳас. 1:27). Масалан, боре мирисади румӣ Юлиус якчанд маҳбусонро, аз он ҷумла Павлусро ба Рум мебурд. Вақте онҳо ба шаҳри Сидӯн расиданд, Юлиус «бо Павлус меҳрубонона рафтор карда, иҷозат дод, ки ба назди дӯстонаш равад, то онҳо нисбати ӯ ғамхорӣ кунанд» (Аъм. 27:3). Каме баъдтар бошад, сокинони ҷазираи Малта ба Павлус ва ҳамроҳонаш, ки киштиашон ғарқ шуда буд, «меҳрубонии бениҳоят зиёд нишон доданд». Мардуми ҷазира ҳатто гулхан афрӯхтанд, то осебдидагон гарм шаванд (Аъм. 28:1, 2). Албатта рафтори онҳо шоёни таҳсин буд. Лекин фақат баъзан кори нек кардан ин ҳоло меҳрубонӣ нест.

Яҳува ҳамон вақт аз мо розӣ мешавад, агар мо дар ҳаётамон ҳамеша хислати меҳрубониро зоҳир кунем. Барои ҳамин Ӯ мегӯяд, ки меҳрубониро «дар бар кунед» (Қӯл. 3:12). Лекин мо ростқавлона ба гардан мегирем, ки меҳрубон будан на ҳама вақт осон аст. Чӣ моро аз зоҳир кардани меҳрубонӣ боздошта метавонад? Барои зоҳир кардани хислати меҳрубонӣ ба мо шармгинӣ, дудилагӣ ё муқобилият халал расонда метавонад. Ё баъзан ҳисси худбинӣ, ки шояд дар мо каме боқӣ мондааст, моро аз меҳрубон будан боздорад (1 Қӯр. 2:12).

Чӣ тавр муайян кунем, ки дар кадом ҷонибҳо мо бояд меҳрубонии бештар зоҳир кунем? Мо бояд ба худ чунин саволҳо диҳем: Оё ман дигаронро бо ҳамдардӣ гӯш мекунам? Оё ман эҳтиёҷоти дигаронро ба назар мегирам? Кай охирон бор ман ба шахсе ки аъзои оилаам ё дӯсти наздикам нест, меҳрубонӣ зоҳир карда будам? Баъди тафтиш кардани худ, мо метавонем мақсад гузорем, ки бо одамони гирду атрофамон, хусусан бо аъзоёни ҷамъомад хубтар шинос шавем. Бо ин роҳ, мо вазъият ва ниёзҳои онҳоро хубтар мефаҳмем. Мо метавонем худро дар ҷойи дигарон гузошта, фикр кунем, ки чӣ гуна рафтори меҳрубонона ба мо маъқул мебуд. Сипас худамон низ метавонем бо дигарон ҳамин тавр амал кунем (Мат. 7:12). Ва ниҳоят, вақте мо барои инкишоф додани меҳрубонӣ аз Яҳува кӯмак мепурсем, Ӯ кӯшишҳои моро баракат медиҳад (Луқ. 11:13).

МЕҲРУБОНӢ ХИСЛАТИ ҶАЛБКУНАНДА АСТ

Павлуси расул як қатор хислатҳоро номбар кард, ки ӯ чун хизматгори Худо зоҳир мекард. Яке аз онҳо «меҳрубонӣ» буд (2 Қӯр. 6:3–6). Ӯ бо сухан ва рафтори некаш ба одамон таваҷҷӯҳи шахсӣ зоҳир менамуд ва ин хислат одамонро ба ӯ ҷалб мекард (Аъм. 28:30, 31). Ба ин монанд, мо низ бо рафтори неки худ дигаронро ба ҳақиқат ҷалб карда метавонем. Мо бояд бо ҳама одамон, аз он ҷумла ба мухолифони худ меҳрубонона рафтор кунем. Он гоҳ чуноне ки оташ яхро об мекунад, рафтори неки мо низ метавонад дили онҳоро мулоим карда, душманиро бартараф созад (Рум. 12:20). Бо гузашти вақт, шояд онҳо ҳатто ба ҳақиқати Китоби Муқаддас шавқ пайдо кунанд.

Дар биҳишти оянда одамони бешуморе, ки эҳё мешаванд, аз чашидани меҳрубонии ҳақиқӣ бешубҳа ба ҳаяҷон хоҳанд омад. Шояд баъзеи онҳо аз ин пеш, ҳеҷ гоҳ муносибати меҳрубононаро надида буданд. Аз ҳисси миннатдорӣ онҳо низ ба дигарон меҳрубонӣ зоҳир хоҳанд кард. Дар биҳишт ҳар касе ки ба дигарон меҳрубонӣ намекунад ва ба онҳо кӯмак кардан намехоҳад, ҳаёти ҷовидонаро аз даст медиҳад. Вале онҳоеро, ки муҳаббат ва меҳрубонӣ зоҳир мекунанд, Худо ба ҳаёти абадӣ сазовор меҳисобад (Заб. 36:9–11). Он вақт ҳаёт дар ҳақиқат орому осуда хоҳад буд! Аммо чӣ тавр аллакай ҳозир доштани хислати меҳрубонӣ ба мо манфиат оварда метавонад?

МЕҲРУБОНӢ ЧӢ МАНФИАТ МЕОРАД?

Китоби Муқаддас мегӯяд: «Шахси эҳсонкор [меҳрубон] ба ҷони худаш некӣ мекунад» (Мас. 11:17). Яъне меҳрубон будан ба худи шахс манфиат меорад. Зеро одамон ба шахси меҳрубон майл доранд ва дар ҷавоб ба ӯ низ меҳрубонона муносибат мекунанд. Исо гуфт: «Бо кадом андозае чен кунед, бо ҳамон андоза ба шумо чен мекунанд» (Луқ. 6:38). Барои ҳамин, ба одами меҳрубон ёфтани дӯстони хуб ва нигоҳ доштани дӯстӣ осон аст.

Павлуси расул масеҳиёни ҷамъомади Эфсӯсро барангехт, ки «ба якдигар меҳрубон ва дилсӯз» бошанд ва якдигарро бо омодагӣ бахшанд (Эфс. 4:32). Агар ҳамаи аъзоёни ҷамъомад дилсӯзу меҳрубон бошанд ва бо омодагӣ якдигарро дастгирӣ кунанд, он гоҳ ҷамъомад гул-гул мешукуфад. Чунин масеҳиён ҳеҷ гоҳ суханони дағалу танқидомез намегӯянд ва дигаронро таъна намезананд. Онҳо ғайбат намекунанд, балки бо гуфторашон дигаронро рӯҳбаланд мекунанд (Мас. 12:18). Аз ин, ҷамъомад рӯҳан нашъунамо меёбад.

Бале, меҳрубонӣ хислатест, ки ҳам дар гуфтор ва ҳам дар рафтор аён мегардад. Бо зоҳир кардани он мо ба Яҳува, ки Худои ғамхору дилсӯз аст, тақлид мекунем (Эфс. 5:1). Ҳамчунин мо ҷамъомади худро мустаҳкам мегардонем ва дигаронро ба ибодати ҳақиқӣ ҷалб мекунем. Биёед ҳамеша тавре сухан гӯем ва рафтор кунем, ки дигарон моро чун шахсони меҳрубон шиносанд!

^ сарх. 13 Хислати некӯӣ, ки қисми дигари самари рӯҳ аст, дар яке аз маҷаллаҳои оянда муҳокима карда мешавад.