Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 48

«Кореро, ки сар карда будед... ба анҷом расонед»

«Кореро, ки сар карда будед... ба анҷом расонед»

«Кореро, ки сар карда будед, акнун мувофиқи имконияти худ бо ҷидду ҷаҳди аввала ба анҷом расонед» (2 ҚӮР. 8:11).

СУРУДИ 42 Нотавононро дастгирӣ намоед

ПЕШГУФТОР *

1. Яҳува чиро ба мо иҷозат додааст?

ЯҲУВА ба мо иҷозат медиҳад, ки роҳи ҳаётамонро худамон интихоб кунем. Ӯ ба мо қабул кардани қарорҳои дурустро ёд медиҳад ва агар қарорамон мувофиқи иродааш бошад, кӯмак мекунад, ки комёб шавем (Заб. 118:173). Чи қадаре ки мо хиради Каломи Худоро бештар ба кор барем, ҳамон қадар қарорҳои беҳтар қабул мекунем (Ибр. 5:14).

2. Баъди қабули қарор чӣ душвор буда метавонад?

2 Лекин баъзан ҳатто қарори бохирадона қабул карда бошем ҳам, кори саркардаро ба охир расондан душвор буда метавонад. Масалан, бародари ҷавон ба худаш ваъда медиҳад, ки Китоби Муқаддасро пурра хонда мебарояд. Якчанд ҳафта ӯ мунтазам онро мехонаду вале баъд бо баъзе сабабҳо бас мекунад. Хоҳаре қарор медиҳад, ки пешрави доимӣ мегардад, вале ҳеҷ не ки онро сар кунад. Ҳайати пирон якдилона қарор мебароранд, ки аъзоёни ҷамъомадро бештар рафта хабар мегиранд, вале чанд моҳ мегузараду ҳоло ҳам аз пайи ин кор намешаванд. Ҳарчанд ин мисолҳо гуногунанд, байнашон як чизи умумие ҳаст: онҳо қарор бароварданду лекин дар амал татбиқ нанамуданд. Дар асри як масеҳиёни ҷамъомади Қӯринт душвории ба ин монанде доштанд. Биёед бинем, ки мо аз мисоли онҳо барои худ чӣ панд гирифта метавонем.

3. Масеҳиёни Қӯринт чӣ гуна қарор қабул карданд, вале чӣ рӯй дод?

3 Тахминан соли 55-уми милод он масеҳиён қарори муҳиме қабул карданд. Онҳо хабардор шуданд, ки бародарон дар Ерусалим аз мӯҳтоҷӣ ва камбағалӣ азоб мекашанд ва дигар ҷамъомадҳо барои кӯмак ба онҳо пул ҷамъ карда истодаанд. Аз меҳрубонӣ ва саховатмандӣ қӯринтиён қарор медиҳанд, ки онҳо низ бо хайрияи худ дар ин кор саҳми худро мегузоранд. Онҳо аз Павлуси расул дар ин бора маслиҳат мепурсанд, ӯ ба онҳо нома навишта дастурот мефиристад ва Титусро таъйин мекунад, ки дар ҷамъ кардани пули хайрияи онҳо ёрдам диҳад (1 Қӯр. 16:1; 2 Қӯр. 8:6). Лекин баъди сипари шудани чанд моҳ Павлус хабар меёбад, ки онҳо хайрияи ваъдакардаи худро ҷамъ накардаанд. Вақте фурсати он расид, ки хайрияи ҳама ҷамъомадҳо бояд ба Ерусалим бурда мешуд, ҳадияи қӯринтиён аз афташ тайёр набуд (2 Қӯр. 9:4, 5).

4. Чуноне ки дар 2 Қӯринтиён 8:7, 10, 11 омадааст, Павлус ҷамъомади Қӯринтро оиди чӣ насиҳат дод?

4 Масеҳиёни Қӯринт қарори хубе қабул карда буданд ва Павлус онҳоро барои имони қавӣ ва хоҳиши самимии саховатманд буданашон таъриф кард. Вале ӯ ҳамчунин онҳоро насиҳат кард, ки кореро, ки сар карда буданд, ба охир расонанд. (2 Қӯринтиён 8:7, 10, 11-ро хонед.) Мисоли онҳо ба мо нишон медиҳад, ки ҳатто ба масеҳиёни содиқ иҷро кардани он коре, ки азм намудаанд, душвор буда метавонад.

5. Дар ин мақола мо ба кадом саволҳо ҷавоб меёбем?

5 Мисли он масеҳиёни Қӯринт баъзан ба мо ҳам аз рӯйи қарори баровардаамон амал кардан душвор аст. Чаро? Аз нокомилӣ шояд мо кардани он корро ба ақиб мепартоем, ё ин ки ягон воқеаи ногаҳонӣ рӯй медиҳаду мо мувофиқи қарорамон амал карда наметавонем (Воиз 9:11; Рум. 7:18). Кадом қадамҳо ба мо кӯмак мекунанд, ки қарори хуб қабул кунем ё агар лозим ояд, қарорҳои пешинаамонро аз нав дида бароем? Ва чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки кори сар кардаамонро бомуваффақият ба анҷом расонем?

ҚАДАМҲОЕ, КИ ПЕШ АЗ ҚАБУЛИ ҚАРОР БОЯД ГУЗОРЕМ

6. Аз кадом сабаб шояд лозим меояд, ки қарорамонро дигар кунем?

6 Баъзе қарорҳои муҳиме, ки қабул кардем, ҳеҷ гоҳ набояд дигар кунем. Масалан, мо ба Яҳува қавл додем, ки ба Ӯ хизмат мекунем ва ба ин қарорамон бояд устувор истем. Мо ҳамчунин ба ҳамсари худ ваъда дода будем, ки як умр бо ҳам хоҳем буд ва ин қарорамон низ набояд дигар шавад (Мат. 16:24; 19:6). Лекин баъзе қарорҳоямонро шояд аз сабаби тағйир ёфтани вазъият дигар кардан лозим ояд. Кадом қадамҳо ба мо кӯмак мекунанд, ки то ҳадди имкон қарори беҳтарин қабул кунем?

7. Дар бораи чӣ мо бояд дуо гӯем ва чаро?

7 Дар бораи хирад дуо гӯед. Зери илҳоми Худо Яъқуб навишт: «Агар касе дар байни шумо аз хирад камӣ дошта бошад, бигзор онро пайваста аз Худо пурсад ва ба вай дода мешавад» (Яъқ. 1:5). Аслан гирем, ба ҳамаи мо баъзан хирад намерасад. Аз ин рӯ хуб мебуд, ки ҳам дар вақти қабули қарор ва ҳам дар вақти дигар кардани қарори пешина ба Яҳува такя кунем. Он гоҳ Яҳува, албатта, ба мо хирад ато мекунад.

8. Пеш аз қабули қарор кадом кор муҳим аст?

8 Ҳаматарафа таҳқиқ гузаронед. Пеш аз қабули ин ё он қарор аз Каломи Худо ва адабиёти ташкилотамон роҳнамоӣ ҷӯед ва бо шахсони рӯҳан баркамол маслиҳат кунед (Мас. 20:18). Ин қадамҳо ба шумо ёрӣ медиҳанд, ки дар мавриди интихоби ҷойи кор ё ба маҳалли дигар кӯчидан қарори дуруст қабул кунед ё касбу ҳунареро пеша кунед, ки барои худро таъмин карда ба Яҳува хизмат намудан кӯмак мекунад.

9. Чаро ҳангоми азм кардани ин ё он кор нияти дуруст доштан муҳим аст?

9 Ниятҳои худро санҷед. Барои Яҳува чӣ гуна будани ниятҳои мо муҳиманд (Мас. 16:2). Ӯ мехоҳад, ки мо аз ҳама ҷиҳат ростқавл бошем ва ҳар кори мекардаамонро аз нияти дуруст ба ҷо орем. Барои ҳамин пеш аз қабули ягон қарор бояд фикр кунем, ки барои чӣ мо ин корро кардан мехоҳем ва ба дигарон низ росташро гӯем. Агар нияти мо он қадар дуруст набошад, эҳтимол кардани он кор бароямон мушкил гардад. Масалан, бародари ҷавоне қарор медиҳад, ки пешрави доимӣ мешавад. Лекин баъди чанд вақт ӯ дар буд кардани соатҳои пешравӣ душворӣ мекашад ва аз хизмат хурсандӣ намегирад. Шояд вай мегуфт, ки аз нияти ба Яҳува писанд омадан пешрав шуд. Лекин дар асл шояд мақсади асосии вай ба волидонаш ё ба ягон каси дигар маъқул шудан буд.

10. Барои аз одатҳои нодуруст даст кашидан чӣ ба мо кӯмак мекунад?

10 Дар бораи мисоли зерин фикр кунед. Омӯзандае азм мекунад, ки сигоркаширо мепартояд. Як-ду ҳафтаи аввал барояш мушкил бошад ҳам, ӯ аз сигор худдорӣ карда метавонад. Вале баъд боз ба он даст мезанад. Аммо муҳаббат ба Яҳува ва хоҳиши ба Ӯ писанд омадан дар натиҷа ба вай кӯмак мекунад, ки бар ин одати бадаш пурра ғолиб ояд (Қӯл. 1:10; 3:23).

11. Чаро мақсадҳои аниқ доштан муҳим аст?

11 Мақсадҳои аниқ гузоред. Чи қадаре ки мақсади шумо аниқ бошад, ба он расидан ҳамон қадар осон мегардад. Фарз мекунем, шумо қарор медиҳед, ки Китоби Муқаддасро ҳар рӯз мехонед. Вале агар шумо реҷаи муайяни хониш надошта бошед, шояд ба ин мақсад расида натавонед *. Ё мисоли дигар меорем: шояд пирони ҷамъомад қарор медиҳанд, ки хабаргирии бародару хоҳаронро хубтар ба роҳ мемонанд, лекин чанд моҳ мегузараду онҳо аз рӯйи қарорашон амал намекунанд. Барои дар ин кор муваффақ шудан шояд мулоҳиза оиди саволҳои зерин ба онҳо кӯмак кунад: «Оё мо бародару хоҳаронеро, ки ба хабаргирии пирон бисёртар мӯҳтоҷанд, рӯйхат кардем? Оё хабаргирии онҳоро дар вақти аниқ ба нақша гирифтем?»

12. Чаро баъзан ба мо лозим меояд, ки қарорамонро дигар кунем?

12 Воқеъбин бошед. Ба ҳар яки мо вақт, маблағ ва қувват намерасад, ки ҳар кори дилхоҳамонро кунем. Барои ҳамин хуб мебуд, ки воқеъбин ва бомулоҳиза бошем. Агар шумо ягон корро мекунам гуфта азм кардеду вале баъд дарк намудед, ки ин аз имконияти шумо берун аст, шояд лозим ояд, ки қароратонро дигар кунед (Воиз 3:6). Лекин фарз мекунем, шумо қароратонро аз нав дида мебароед ва мефаҳмед, ки агар ба он каме дигаргунӣ дароред, аз ӯҳдаи иҷрои он мебароед. Биёед ҳоло панҷ қадамеро дида бароем, ки барои бомуваффақият ба анҷом расондани кори сар кардаатон кӯмак мекунанд.

ҚАДАМҲОЕ, КИ БАЪД АЗ ҚАБУЛИ ҚАРОР БОЯД ГУЗОРЕМ

13. Барои амалӣ гардондани қароратон шумо чӣ тавр қувват пайдо карда метавонед?

13 Дар дуо қувват пурсед. Худо метавонад ба шумо барои амалӣ гардондани қароратон қувват диҳад (Флп. 2:13). Барои ҳамин ба Яҳува дуо гӯед, то бо рӯҳи муқаддасаш ба шумо қуввати лозима бахшад. Ҳатто агар ба назаратон чунин тобад, ки Яҳува ба дуоҳоятон ҷавоб надода истодааст, дуо гуфтанро бас накунед. Исо гуфт: «Талаб кунед ва [рӯҳи муқаддас] ба шумо дода хоҳад шуд» (Луқ. 11:9, 13).

14. Чӣ тавр принсипи Луқо 14:28 ба шумо кӯмак мекунад, ки қароратонро амалӣ гардонед?

14 Нақша тартиб диҳед. (Луқо 14:28-ро хонед.) Барои ба охир расондани ҳар гуна кор мо бояд нақша кашем ва сипас аз рӯйи он амал кунем. Ба ин монанд, баъди қабул кардани ягон қарор варақеро гирифта як ба як нависед, ки барои амалӣ гардондани он кадом корҳоро кардан лозим аст. Фарз мекунем, шумо ягон кори душворро карданиед. Онро ба якчанд корҳои хурд тақсим кардан мумкин аст. Ҳар боре ки шумо яке аз он корҳои хурдро ба анҷом мерасонед, мебинед, ки коратон пеш рафта истодааст. Павлус масеҳиёни Қӯринтро барангехт, ки ҳар «рӯзи якуми ҳафта» маблағи муайянро барои хайрия ҷудо карда монанд, на ин ки ҳангоми омадани ӯ пул ҷамъ кунанд (1 Қӯр. 16:2). Ҳамин тавр вақте кори душворро зина ба зина иҷро мекунед, он ба назаратон бори гарон наметобад.

15. Баъди тартиб додани нақша чӣ кор кардан лозим аст?

15 Нақшаи аниқу равшане, ки мо дар варақ менависем, ба мо кӯмак мекунад, ки қарорҳоямонро дар амал татбиқ кунем (1 Қӯр. 14:40). Масалан, шояд ҳайати пирон дастурот мегиранд, ки яке аз пирон бояд ҳар як қарори қабулкардаи онҳоро нависад ва ҳамчунин қайд кунад, ки ин ё он кор бар ӯҳдаи кадом бародар гузошта шудааст ва кай он бояд ба анҷом расонда шавад. Агар пирон аз рӯйи ин дастурот амал карда ҳар яки ин чизҳоро аниқ қайд кунанд, иҷрои қарорҳояшон осон мегардад (1 Қӯр. 9:26). Шумо метавонед корҳои ҳаррӯзаатонро низ ба нақша гиред. Масалан, рӯйхат тартиб диҳед, ки аввал кадом корҳоро ба сомон мерасонеду баъд кадомашро. Чунин нақша ба шумо кӯмак мекунад, то ки ҳам ба мақсади худ раседу ҳам дар муддати кӯтоҳ корҳои зиёдтарро иҷро кунед.

16. Барои амалӣ гардондани қарор қадами навбатӣ кадом аст ва Румиён 12:11 чӣ хел ин фикрро тасдиқ мекунад?

16 Кӯшиш ба харҷ диҳед. Аз рӯйи нақша амал кардан ва кори сар кардаро ба охир расондан ҷидду ҷаҳд металабад. (Румиён 12:11-ро хонед.) Павлус ба Тимотиюс маслиҳат дод, ки барои хубтар таълим додани Каломи Худо ӯ бояд саъю кӯшишро давом диҳад. Ин маслиҳати Павлус оиди дигар мақсадҳои рӯҳонӣ низ корбурд аст (1 Тим. 4:13, 16).

17. Чӣ тавр Эфсӯсиён 5:15, 16 ба мо кӯмак мекунад, ки кори ба нақша гирифтаамонро иҷро кунем?

17 Вақтатонро бохирадона сарф кунед. (Эфсӯсиён 5:15, 16-ро хонед.) Барои амалӣ гардондани қароратон мӯҳлати муайян гузоред ва онро тағйир надиҳед. Интизор шуда нашинед, ки кай вақти қулай пайдо шавад, баъд аз пайи кор мешавед. Мумкин ин хел вақти мувофиқ ҳеҷ гоҳ наояд (Воиз 11:4). Эҳтиёт шавед, то корҳои номуҳим ҳуши шуморо аз чизи асосӣ парешон карда вақту қуввати шуморо надузданд (Флп. 1:10). Агар имкон бошад, вақтеро интихоб кунед, ки касе дар иҷрои нақшаатон халал нарасонад. Ба дигарон эҳтиромона фаҳмонед, ки диққататонро парешон насозанд. Агар телефонатон ба кор кардан халал расонад, онро хомӯш кунед, нома ва паёмакҳои электрониро баъдтар хонед *.

18, 19. Чӣ ба шумо кӯмак мекунад, ки ҳангоми дучор шудан бо монеаҳо аз қарори хубатон даст накашед?

18 Диққатро ба натиҷаи кор равона кунед. Натиҷа ё самари кори шуморо ба манзиле монанд кардан мумкин аст, ки кас баъди саёҳат рафта мерасад. Агар шумо дар ҳақиқат ба ягон манзил расидан хоҳед, шумо сафаратонро ба ҳеҷ чиз нигоҳ накарда давом медиҳед ва ҳатто агар ягон роҳ маҳкам бошад, шумо бо роҳи дигар ба он меравед. Ба ин монанд, вақте мо диққатамонро ба натиҷаи корамон равона мекунем, мо ҳангоми дучор шудан бо «монеаҳо» ё «роҳҳои каҷу килеб» таслим намешавем (Ғал. 6:9).

19 Қабул кардани қарорҳои дуруст ва амалӣ гардондани онҳо кори осон нест. Вале Яҳува қодир аст ба шумо хирад ва қуввати лозима бахшад, то кореро, ки сар кардед, ба анҷом расонед.

СУРУДИ 45 Шитобон рав ба пеш!

^ сарх. 5 Оё шумо баъзан аз ягон қарори баровардаи худ пушаймон мешавед? Ё ҳолатҳое мешаванд, ки қабул кардани қарори дуруст ва амалӣ гардондани он бароятон душвор аст? Ин мақола ба шумо кӯмак мекунад, ки чунин душвориҳоро ҳал кунед ва кореро, ки сар кардед, ба анҷом расонед.

^ сарх. 17 Маслиҳати бештарро оиди оқилона истифода бурдани вақт аз маҷаллаи «Бедор шавед!» (рус.) апрели 2010, мақолаи «20 роҳи оқилона сарф кардани вақт» гирифта метавонед.