МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 47
Мо аз китоби Ибодат чӣ гуна дарсҳо гирифта метавонем?
«Тамоми Навиштаҳои Муқаддас аз тарафи Худо илҳом бахшида шудаанд ва... фоиданоканд» (2 ТИМ. 3:16).
СУРУДИ 37 Навиштаҳо аз рӯи илҳоми Худоянд
ПЕШГУФТОР *
1, 2. Чаро мо бояд китоби Ибодатро бо шавқу завқ омӯзем?
ПАВЛУСИ РАСУЛ ба дӯсти ҷавонаш Тимотиюс хотиррасон кард, ки «тамоми Навиштаҳои Муқаддас аз тарафи Худо илҳом бахшида шудаанд ва... фоиданоканд» (2 Тим. 3:16). Ба онҳо китоби Ибодат низ дохил мешавад. Шумо дар бораи он китоб чӣ фикр доред? Ба ақидаи баъзеҳо дар ин китоб фақат рӯйхати қоидаҳое оварда шудаанд, ки дар рӯзҳои мо ба кор намеоянд. Вале мо ин тавр фикр намекунем.
2 Ҳарчанд китоби Ибодат қариб 3500 сол пеш навишта шуда буд, Яҳува онро барои «таълими мо» нигоҳ дошт (Рум. 15:4). Он ба мо мефаҳмонад, ки Яҳува оиди ин ё он масъала чӣ фикру ҳиссиёт дорад, барои ҳамин хуб мебуд, ки онро бо шавқу завқ омӯзем. Аз ин китоби илоҳӣ бисёр дарсҳои муҳимро омӯхтан мумкин аст, лекин ҳоло биёед танҳо чортои онро дида бароем.
ЧӢ ТАВР МО БА ЯҲУВА ПИСАНД ОМАДА МЕТАВОНЕМ?
3. Чаро дар Рӯзи кафорат ҳайвонҳоро ба қурбонӣ меоварданд?
3 Дарси якум: Барои он ки қурбониҳои мо қабул шаванд, мо бояд аввал ба Яҳува писанд оем. Дар Исроили қадим ҳар сол як маротиба Рӯзи кафорат қайд карда мешуд, ки дар он тамоми халқ ҷамъ меомаданд. Дар ин рӯзи махсус барои товони гуноҳҳо ҳайвонотро ба қурбонӣ меоварданд. Он қурбониҳо ба исроилиён ёдрас мекарданд, ки онҳо ба покшавӣ аз гуноҳ ниёз доранд. Вале пеш аз он ки саркоҳин хуни ягон
қурбониро ба қудси қудсҳо дарорад, ӯ аввал бояд як кори дигарро анҷом медод, ки он дар асл аз бахшоиши гуноҳҳо муҳимтар ҳисоб меёфт.4. Чуноне ки дар Ибодат 16:12, 13 гуфта шудааст, саркоҳин дар Рӯзи кафорат ҳангоми бори аввал ба қудси қудсҳо дохил шуданаш чӣ кор мекард? (Ба расми муқоваи маҷалла нигаред.)
4 Ибодат 16:12, 13-ро хонед. Дар Рӯзи кафорат саркоҳин бояд се маротиба ба қудси қудсҳо медаромад. Тасаввур кунед, ки ҳангоми бори аввал даромаданаш вай чӣ кор мекунад. Ӯ ба як дасташ зарфи пур аз бухур ва ба дигараш маҷмари тиллоии пур аз лахчаи оташро гирифта ба хаймаи муқаддас медарояд. Ва дар назди пардае, ки қудси қудсҳоро мепӯшонад, лаҳзае истода сипас бо эҳтироми зиёд ба он медарояд. Ӯ назди сандуқи аҳд меистад, ки он ҷо рамзи ҳузури Яҳува Худо аст. Акнун саркоҳин эҳтиёткорона бухури муқаддасро ба зарфи оташдор мерезад ва хона аз бӯйи муаттар пур мешавад *. Чанде пас ӯ бори дуюм ба қудси қудсҳо бо хуни ҳайвони қурбонишуда медарояд. Аҳамият диҳед, ки саркоҳин пеш аз тақдим кардани хуни қурбониҳои гуноҳ аввал бояд бухур месӯзонд, то розигии Яҳуваро ба даст орад.
5. Саркоҳин ба қудси қудсҳо бо бухур чӣ тавр медаромад? Мо аз ин чӣ дарс мегирем?
5 Аз он ки дар Рӯзи кафорат бухур истифода мешуд, мо чӣ меомӯзем? Китоби Муқаддас нишон медиҳад, ки дуоҳои самимие, ки хизматгорони Яҳува мегӯянд, барои Ӯ мисли бухур мебошанд (Заб. 140:2; Ваҳй 5:8). Чуноне ки дар боло гуфтем, саркоҳин бухурро бо як эҳтироми бузург ба ҳузури Яҳува меовард. Ба ин монанд вақте мо дар дуо ба Яҳува муроҷиат мекунем, инро бо эҳтироми зиёд ба ҷо меорем. Мо аз Офаридгори Олам хеле миннатдорем, зеро Ӯ ба мо иҷозат додааст, ки мисли фарзандон ба Ӯ муроҷиат кунем ва наздик шавем (Яъқ. 4:8). Ӯ моро дӯстони Худ мешуморад (Заб. 24:14). Ин ба мо шарафи бузург аст ва мо бо ягон рафторамон ҳеҷ гоҳ намехоҳем, ки дили Падари худро ранҷонем.
6. Чӣ тавр хизмати заминии Исо бо он ки саркоҳин пеш аз овардани хуни қурбониҳо аввал бухур месӯзонд, алоқаманд аст?
6 Чи хеле дар боло гуфтем, саркоҳин пеш аз тақдим кардани хуни қурбониҳо аввал бояд бухур месӯзонд. Бо ин амалаш саркоҳин боварӣ ҳосил мекард, ки Яҳува аз вай розӣ аст. Ин бо хизмати заминии Исо алоқамандие дорад. Ӯ ҳангоми дар замин буданаш пеш аз он ки ҳаёташро баҳри наҷоти инсоният қурбон кунад, бояд кори аз он ҳам муҳимтарро ба ҷо меовард. Он чӣ буд? Ӯ бояд то охири ҳаёташ ба Яҳува итоат карда пурра содиқ мемонд, то ки баъд Яҳува қурбонии Ӯро қабул кунад. Ҳамин тавр Исо метавонист исбот кунад, ки аз рӯйи гуфти Яҳува амал кардан роҳи дурусти ҳаёт аст. Инчунин Исо то охир содиқ монда ҳақ ва одилона будани ҳокимияти Падарашро исбот мекард.
7. Чаро ҳаёти заминии Исо пурра ба Падараш писанд буд?
7 Исо дар давоми ҳаёти заминиаш ба меъёрҳои одилонаи Яҳува сад фоиз итоат мекард. Ягон васваса ё душворӣ иродаи ӯро суст накард. Вай ҳатто медонист, ки бо марги пуразоб дучор мешавад, вале ба ҳар ҳол бо иродаи қавӣ ҳокимияти Падарашро дастгирӣ мекард (Флп. 2:8). Дар озмоишҳо Исо «бо нолаҳои зиёд ва ашкрезӣ» дуо мегуфт (Ибр. 5:7). Ин дуоҳои гарму ҷӯшони ӯ ба Худо содиқ буданашро нишон медоданд ва барои минбаъд низ содиқ мондан қуввати тоза мебахшиданд. Он дуоҳо барои Яҳува чун бӯйи хуши бухур писанд буданд. Тарзи ҳаёти Исо пурра ба Яҳува маъқул буд, чунки он ҳақ будани ҳокимияти Яҳуваро тасдиқ мекард.
8. Чӣ тавр мо ба тарзи ҳаёти Исо пайравӣ карда метавонем?
8 Чӣ тавр мо ба Исо пайравӣ карда метавонем? Якум, агар мо бо тамоми ҳастиамон кӯшиш карда дар беайбӣ роҳ равем ва принсипу қонунҳои Яҳуваро содиқона риоя кунем. Дуюм, мисли Исо ҳангоми озмоишҳо бояд аз таҳти дил дуо гуфта аз Яҳува мадад пурсем, зеро мо ба Ӯ писанд омадан мехоҳем. Бо ин роҳҳо мо ҳокимияти Яҳуваро дастгирӣ менамоем. Мо дарк мекунем, ки агар ягон кору рафтори мо ба Яҳува маъқул набошад, Ӯ дуоҳои моро намешунавад. Лекин агар мо аз рӯйи меъёрҳои Ӯ зиндагӣ кунем, дилпур буда метавонем, ки Яҳува дуоҳои самимии моро чун бӯйи хуши бухур қабул мекунад. Он гоҳ мо бо беайбиву итоаткории худ ба Падари осмониамон, Яҳува, писанд хоҳем омад (Мас. 27:11).
МО БА ЯҲУВА АЗ МИННАТДОРӢ ВА МУҲАББАТ ХИЗМАТ МЕКУНЕМ
9. Қурбониҳои саломатӣ бо кадом мақсад оварда мешуданд?
9 Дарси дуюм: Мо ба Яҳува аз ҳисси миннатдорӣ хизмат мекунем. Барои инро фаҳмидан биёед оиди як намуди қурбоние гап занем, ки дар Исроили қадим оварда мешуд. Он қурбонии саломатӣ ном дошт *. Аз китоби Ибодат мо мефаҳмем, ки исроилӣ қурбонии саломатиро «барои шукрона» тақдим менамуд (Ибд. 7:11–13, 16–18). Ӯ ин ҳадияро на бо талаби Шариат, балки бо хоҳиши худ меовард. Яъне ин қурбонии ихтиёрие буд, ки кас онро аз муҳаббат ва миннатдорӣ ба Яҳува тақдим мекард. Аз гӯшти ҳайвони қурбонишуда оилаи он шахс ва коҳинон хӯрда метавонистанд. Вале қисмҳои муайяни он бояд танҳо ба Яҳува тақдим карда мешуд. Кадом қисмҳо?
10. Қурбониҳои саломатӣ, ки дар Ибодат 3:6, 12, 14–16 гуфта шудаанд, бо хизмати Исо чӣ монандӣ доранд?
10 Дарси сеюм: Мо аз муҳаббат ба Яҳува чизи беҳтаринамонро ба Ӯ медиҳем. Чарбуи ҳайвон дар назари Яҳува қисми беҳтарин ҳисоб меёфт. Боз баъзе қисмҳои ҳайвон, масалан гурдаҳо ва ҷигари он, дар назари Ӯ арзиши махсус доштанд. (Ибодат 3:6, 12, 14–16-ро хонед.) Аз ин рӯ вақте исроилӣ бо ихтиёри худ он қисмҳои ҳайвон ва чарбуро ба Яҳува ҳадия мекард, ин ба Ӯ бахусус писанд буд. Бо пешкаш кардани чунин қурбонӣ исроилӣ нишон медод, ки аз таҳти дил ба Яҳува чизи беҳтаринашро додан мехоҳад. Ба ин монанд, Исо бо омодагӣ чизи беҳтаринашро ба Яҳува дод — ӯ аз муҳаббати бепоён бо тамоми ҳастӣ ба Яҳува хизмат мекард (Юҳ. 14:31). Исо хости Худоро ба ҷо оварда хурсандӣ мегирифт ва шариати Ӯро беҳад дӯст медошт (Заб. 39:9). Тасаввур кунед, ки бо омодагӣ хизмат кардани Исо ба Яҳува то чӣ андоза писанд буд!
11. Хизмати мо аз кадом ҷиҳат ба қурбониҳои саломатӣ монанд аст ва донистани чӣ моро тасаллӣ мебахшад?
11 Хизмати моро ба он қурбониҳои саломатӣ монанд кардан мумкин аст, чунки мо бо хоҳиши худамон ба Яҳува чизи аз ҳама беҳтаринамонро додан мехоҳем. Мо Ӯро дӯст медорем ва меъёрҳояш ба мо маъқуланд, барои ҳамин хизматгори Ӯ шудем. Бешубҳа, аз дидани миллионҳо чунин хизматгоронаш Яҳува хушнуд аст. Ӯ на танҳо корҳои мо, балки ниятҳоямонро низ мебинад. Донистани ин моро тасаллӣ мебахшад. Масалан, агар аз сабаби пиронсолӣ шумо чун пештара бисёр хизмат карда натавонед, ғамгин нашавед, чунки Яҳува вазъияти шуморо мефаҳмад. Мумкин шумо ҳис кунед, ки ба Яҳува кам «ҳадия» оварда истодаед, лекин Ӯ мебинад, ки шумо аз муҳаббат чизе ки аз дастатон меояд, карда истодаед. Ин чизи беҳтарини шуморо Ӯ бо хушнудӣ қабул мекунад.
12. Яҳува аз овардани қурбониҳои саломатӣ чӣ ҳис мекард ва мо аз чӣ дилпур буда метавонем?
12 Аз он ки исроилиён қурбониҳои саломатӣ меоварданд, мо чӣ омӯхта метавонем? Вақте ки чарбу ва қисмҳои беҳтарини ҳайвонро дар оташ месӯзонданд, дудаш ба боло мебаромад ва ин чун атри гуворо ба Яҳува писанд буд. Пас, дилпур бошед, ки қурбониҳое, ки шумо бо омодагӣ меоред, онҳо низ ба Яҳува писанданд (Қӯл. 3:23). Тасаввур кунед, ки Яҳува аз осмон муҳаббат ва кӯшишҳои шуморо дида то чӣ андоза хурсанд мешавад. Он чизе, ки шумо барои Яҳува мекунед, хоҳ кам бошад, хоҳ зиёд, Ӯ хеле қадр мекунад ва ҳеҷ гоҳ фаромӯш намесозад (Мат. 6:20; Ибр. 6:10).
ЯҲУВА ТАШКИЛОТАШРО БАРАКАТ МЕДИҲАД
13. Мувофиқи Ибодат 9:23, 24 чӣ хел Яҳува нишон дод, ки аз коҳинони нав таъйингашта розӣ аст?
13 Дарси чорум: Яҳува қисми заминии ташкилоташро баракат дода истодааст. Ба хотир оред, ки соли 1512-и то милод, вақте дар домани кӯҳи Сино хаймаи муқаддас барпо гардид, чӣ рӯй дод (Хур. 40:17). Мӯсо тамоми Исроилро ҷамъ намуд ва маросими таъйин кардани коҳинонро анҷом дод. Ӯ Ҳорун ва писаронашро коҳин таъйин кард ва онҳо баъд аз ин ба Яҳува қурбониҳо тақдим намуданд (Ибд. 9:1–5). Чӣ тавр Яҳува нишон дод, ки аз ин коҳинони нав таъйингашта розӣ аст? Ҳамин ки Ҳорун ва Мӯсо халқро баракат доданд, оташе аз ҳузури Худованд берун омада қурбонии онҳоро сӯзонид. (Ибодат 9:23, 24-ро хонед.)
14. Хизмати коҳинон дар Исроили қадим ба чӣ ишора мекард?
14 Он ки оташе аз ҷониби Худо омада қурбониҳоро фурӯ бурд, аз чӣ гувоҳӣ медод? Ин нишон медод, ки Яҳува хонадони Ҳорунро Худаш коҳин интихоб кардааст ва аз онҳо розӣ мебошад. Вақте исроилиён баръало диданд, ки Яҳува он коҳинонро дастгирӣ мекунад, фаҳмиданд, ки онҳо низ бояд Ҳорун ва писаронашро чун коҳин эътироф карда ба онҳо итоат кунанд. Чаро донистани ин ба мо муҳим аст? Чунки хизмати коҳинони Исроили қадим, танҳо сояи воқеаҳои оянда буданд. Он ба хизмати Саркоҳини бузургтар Исои Масеҳ ва 144 000 коҳинону подшоҳони осмонӣ ишора мекард (Ибр. 4:14; 8:3–5; 10:1).
15, 16. Аз чӣ маълум аст, ки Яҳува аз «ғуломи бовариноку боандеша» розӣ аст?
15 Соли 1919 Исо гурӯҳи хурди бародарони тадҳиншударо чун «ғуломи бовариноку боандеша» таъйин кард. Он ғулом дар кори мавъиза роҳбарӣ мекунад ва ба пайравони Масеҳ «сари вақт хӯрок» медиҳад (Мат. 24:45). Аз чӣ маълум аст, ки Худо аз ғуломи бовариноку боандеша розӣ аст?
16 Шайтон ва ҷаҳони ӯ хеле мекӯшанд, ки ба кори ғуломи бовариноку боандеша халал расонанд. Агар ёрдами Яҳува намебуд, он ғулом кори худро иҷро карда наметавонист. Лаҳзае истода оиди ин фикр кунед: ҳарчанд дар давоми таърих ду ҷанги ҷаҳонӣ рӯй дод, тамоми дунё аз бӯҳрони иқтисодӣ азоб мекашид, халқи Худо беист бо таъқибот ва муносибати беадолатона дучор мешуд, он ғулом ба ҳамаи ин нигоҳ накарда пайравони Масеҳро ҳама вақт бо ғизои рӯҳонӣ таъмин Мат. 24:14). Аниқ мебинем, ки Яҳува ташкилоташро роҳнамоӣ мекунад ва баракат медиҳад.
мекард. Имрӯз он ғизои рӯҳонӣ бепул ба зиёда аз 900 забон дастрас аст. Ин равшан нишон медиҳад, ки Худо аз он ғулом розӣ аст. Боз як нишонаи баракати Яҳува пешравии кори мавъиза мебошад. Имрӯз хушхабар ҳақиқатан ҳам «дар тамоми дунё» паҳн шуда истодааст (17. Бо кадом роҳҳо мо ташкилотеро, ки имрӯз Яҳува истифода мебарад, дастгирӣ карда метавонем?
17 Хуб мебуд, ки ба худ чунин савол диҳем: «Оё ман миннатдорам, ки аъзои ташкилоти Яҳува ҳастам?» Дар рӯзҳои Мӯсо ва Ҳорун Яҳува аз осмон оташ фиристода аз коҳинони таъйиншуда розӣ буданашро баръало нишон дод. Ва Ӯ имрӯз низ равшан нишон медиҳад, ки ташкилоташро истифода мебарад. Мо аз Яҳува хеле миннатдорем, ки аъзои ин ташкилот ҳастем (1 Тас. 5:18, 19). Чӣ тавр мо ташкилоти Яҳуваро дастгирӣ карда метавонем? Агар мо аз рӯйи дастуроте, ки ба воситаи адабиётамон, вохӯриҳо ва анҷуманҳо дода мешавад, итоат кунем. Ҳар яки он дастурот бар Китоби Муқаддас асос ёфтааст. Боз мо ташкилоти Худоро бо он дастгирӣ мекунем, ки агар дар кори мавъиза ва таълимдиҳӣ то ҳадди имкон бештар иштирок кунем (1 Қӯр. 15:58).
18. Мо ба кардани кадом корҳо тайёрем?
18 Инак, мо аз китоби Ибодат бисёр дарс гирифтем. Биёед он дарсҳоро дар ҳаёт ба кор барем. Мо мехоҳем, ки Яҳува аз мо розӣ бошад ва қурбониҳои моро қабул кунад. Ҳамчунин мо хизмати худро аз миннатдорӣ ба ҷо оварда, аз муҳаббати самимӣ чизи беҳтаринамонро ба Яҳува додан мехоҳем. Мо тайёрем, ки бо ҷидду ҷаҳд ташкилоти Ӯро дастгирӣ кунем. Бо ҳамаи ин корҳо мо ба Яҳува нишон медиҳем, ки чун Шоҳидони Ӯ хизмат кардан бароямон шарафи бузург аст!
СУРУДИ 13 Дуои шукргузорӣ
^ сарх. 5 Китоби Ибодат қонунҳоеро дар бар мегирад, ки Яҳува ба Исроили қадим дода буд. Имрӯз Худо риояи он қонунҳоро аз мо — масеҳиён талаб намекунад, вале мо аз онҳо дарс гирифта метавонем. Дар ин мақола мо баъзеи он дарсҳои муфидро аз китоби Ибодат дида мебароем.
^ сарх. 4 Бухуре, ки сӯзонда мешуд, муқаддас ҳисоб меёфт ва дар Исроили қадим танҳо дар ибодати Яҳува истифода мешуд (Хур. 30:34–38). Дар ҳеҷ ҷо навишта нашудааст, ки масеҳиёни асри як низ дар ибодати Худо бухур месӯзонданд.
^ сарх. 9 Оиди қурбониҳои саломатӣ аз китоби «Назари амиқ ба Навиштаҳо» (зери сарлавҳаи «Мирные жертвы») ва маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» аз 15-уми январи соли 2012, саҳ. 19, сарх. 11 бештар фаҳмида метавонед.
^ сарх. 54 ШАРҲИ РАСМ: Дар Рӯзи бахшоиши гуноҳҳо саркоҳини исроилӣ бо бухур ва лахчаҳои оташ ба қудси қудсҳо медаромад, то хона аз бӯи муаттар пур шавад. Баъдтар, ӯ бо хуни қурбониҳои гуноҳ боз ба қудси қудсҳо медаромад
^ сарх. 56 ШАРҲИ РАСМ: Марди исроилӣ гӯсфандеро барои қурбонии саломатӣ оварданӣ аст, то миннатдории худ ва оилаашро ба Яҳува баён кунад.
^ сарх. 58 ШАРҲИ РАСМ: Исо дар давоми ҳаёти заминии худ муҳаббати самимиашро ба Яҳува бо он нишон дод, ки аҳкоми Яҳуваро риоя мекард ва ба пайравонаш низ риояи онҳоро ёд медод.
^ сарх. 60 ШАРҲИ РАСМ: Хоҳари пиронсол ба маҳдудиятҳояш нигоҳ накарда бо ёрии нома мавъиза мекунад ва бо ин чизи беҳтаринашро ба Яҳува медиҳад.
^ сарх. 62 ШАРҲИ РАСМҲО: Моҳи феврали соли 2019 бародар Геррит Лёш, узви Ҳайати роҳбарикунанда нашри аз нав дида баромадашудаи «Китоби Муқаддас — Тарҷумаи дунёи нав»-ро ба забони олмонӣ дар вохӯрии махсус эълон мекунад. Имрӯз, воизон дар Олмон, мисли ин ду хоҳар хурсандона он китоби навро дар хизмат истифода мебаранд.