МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 46
Оё шумо «сипари калони имон»-атонро маҳкам медоред?
«Сипари калони имонро гиред» (ЭФС. 6:16).
СУРУДИ 54 Мо бояд имон дошта бошем
ПЕШГУФТОР *
1, 2. а) Мувофиқи Эфсӯсиён 6:16 чаро ба мо лозим аст, ки «сипари калони имон» дошта бошем? б) Кадом саволҳоро мо дар ин мақола муҳокима мекунем?
ҲАМАИ мо чун хизматгорони Яҳува «сипари калони имон» доштан мехоҳем. (Эфсӯсиён 6:16-ро хонед.) Чи хеле ки сипари калон қисми зиёди бадани сарбозро муҳофизат мекунад, имон низ шуморо аз корҳои бади ин ҷаҳон ба мисли бадахлоқӣ, зӯроварӣ ва дигар чизҳои дар чашми Худо нораво муҳофизат мекунад.
2 Лекин азбаски мо дар «рӯзҳои охир» зиндагӣ дорем, имони мо доим озмуда мешавад (2 Тим. 3:1). Чӣ тавр тафтиш кунем, ки имонамон мустаҳкам аст ё не? Ва чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки сипари имонамонро маҳкам нигоҳ дорем? Биёед, ҷавоби ин саволҳоро дида бароем.
СИПАРИ ХУДРО БОДИҚҚАТ АЗ НАЗАР ГУЗАРОНЕД
3. Сарбозон барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани сипари худ чӣ кор мекарданд ва чаро?
3 Дар замонҳои қадим сарбозон одатан сипари худро бо чарм рӯпӯш мекарданд. Онҳо барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани чарм ва занг назадани қисми металлӣ ба сипарҳои худ равған мемолиданд. Агар сарбоз медид, ки ягон ҷойи сипараш осеб дидааст, ӯ дарҳол онро таъмир мекард, то ҳамеша ба ҷанги навбатӣ тайёр бошад. Ин мисол бо имон чӣ алоқамандӣ дорад?
4. Чаро мо бояд сипари имони худро тафтиш карда истем ва бо кадом роҳ?
4 Чун масеҳиён мо дар муҳорибаи рӯҳонӣ иштирок карда бар зидди душманонамон — Шайтон ва девҳои ӯ меҷангем (Эфс. 6:10–12). Аз ин рӯ мо мисли сарбозони замони қадим бояд доимо сипари имони худро тафтиш карда истем. Ва агар фаҳмем, ки он аз ягон ҷиҳат суст шудааст, бояд онро мустаҳкам кунем, то ҳамеша ба ҷанг омода бошем. Ҳеҷ кас ба ҷойи мо сипари имонамонро мустаҳкам нигоҳ дошта наметавонад. Чӣ тавр шумо боварӣ ҳосил карда метавонед, ки имонатон қавӣ ва ба озмоиш тобовар аст? Барои ин пеш аз ҳама ба Яҳува дуо гуфта аз Ӯ мадад пурсед. Сипас, ба Каломи Худо рӯ оред. Он чун оина ба шумо кӯмак мекунад, ки ба худ бо назари Яҳува нигоҳ кунед (Ибр. 4:12). Китоби Муқаддас мегӯяд: «Бо тамоми дили худ ба Худованд таваккал намо, ва ба хиради худ такя накун» (Мас. 3:5, 6). Барои тафтиши сипари имонатон баъзе қарорҳоеро, ки ба наздикӣ қабул карда будед, ба хотир оред. Масалан, шояд чанде пеш шумо аз ҷиҳати моддӣ танқисӣ кашидед. Оё он вақт ваъдаи дар Ибриён 13:5 додаи Яҳува ба хотиратон омад? Ӯ гуфтааст: «Ҳеҷ гоҳ туро намепартоям ва ҳеҷ гоҳ туро танҳо намемонам». Магар ин ваъда ба шумо боварӣ намебахшад, ки Яҳува ба шумо ҳатман мадад мекунад? Агар ҳа, пас гуфтан мумкин аст, ки сипари имони шумо мустаҳкам аст.
5. Ҳангоми тафтиш кардани имонамон мо чиро пай бурда метавонем?
5 Ҳангоми тафтиш кардани имони худ шояд мо баъзе сустиҳоямонро пай барем, ки пеш аҳамият намедодем. Мумкин баъзе чизҳо ба мисли ташвишҳои беҳуда, маълумоти бардурӯғ ва зиқиву рӯҳафтодагӣ имони моро суст кардаанд. Агар дар ҳақиқат чунин шуда бошад, пас чӣ тавр имони худро аз нав мустаҳкам кунем?
НАГУЗОРЕД, КИ ТАШВИШҲОИ БЕҲУДА, МАЪЛУМОТИ БАРДУРӮҒ ВА РӮҲАФТОДАГӢ ИМОНАТОНРО СУСТ КУНАНД
6. Дар бораи кадом чизҳо ғам хӯрдан хуб аст?
6 Оиди баъзе чизҳо ғам хӯрдан бадӣ надорад. Масалан, мо ғам мехӯрем, ки чӣ тавр ба Яҳува ва Исо писанд оем (1 Қӯр. 7:32). Ё агар гуноҳи ҷиддие содир кунем, мо аз ин ғамгин шуда кӯшиш мекунем, ки муносибати худро бо Худо аз нав барқарор кунем (Заб. 37:19). Ҳамчунин, агар мо барои писанд омадан ба ҳамсари худ ва дар бораи беҳбудии аъзои оила ва ҳамимонон ғам хӯрем, ин низ хуб аст (1 Қӯр. 7:33; 2 Қӯр. 11:28).
7. а) Ташвишҳои беҳуда ба имони мо чӣ гуна таъсир расонда метавонанд? б) Мувофиқи Масалҳо 29:25 чаро мо набояд аз одамон тарсем?
7 Вале ташвишҳои беҳуда имони моро суст карда метавонанд. Масалан, шахс шояд доимо дар ғами он аст, ки фардо чӣ мехӯраду чӣ мепӯшад (Мат. 6:31, 32). Чунин шахс диққаташро ба ҷамъ кардани чизу чора равона карда, ҳатто пулпараст шуданаш мумкин аст. Агар гузорем, ки бо мо чунин рӯй диҳад, имони мо ба Яҳува суст мегардад ва мо аз ҷиҳати рӯҳонӣ сахт зарар мебинем (Марқ. 4:19; 1 Тим. 6:10). Боз як доми дигар ин аз ҳад зиёд ташвиш хӯрдан оиди он аст, ки дигарон дар бораи мо чӣ фикр мекунанд. Агар мо ба чунин доми одамтарсӣ афтем, он гоҳ ба ҷойи аз Яҳува тарсидан, бештар аз мазоҳу масхараи одамон ва таъқибот метарсем. Барои ҳамин мо бояд ба Яҳува зориву илтиҷо карда имон ва далерӣ пурсем, то ҳангоми душвориҳо ба одамтарсӣ дода нашавем (Масалҳо 29:25-ро хонед; Луқ. 17:5).
8. Ба маълумоти дурӯғ мо бояд чӣ тавр муносибат кунем?
8 Шайтон, ки «падари дурӯғ» аст, одамони ин ҷаҳонро истифода бурда дар бораи Яҳува ва бародару хоҳаронамон маълумоти дурӯғ паҳн мекунад (Юҳ. 8:44). Масалан, осиён ба воситаи интернет, телевизион, радио ва ё рӯзномаву маҷаллаҳо ташкилоти Яҳуваро сиёҳ мекунанд. Он суханони ноҳақ аз ҷумлаи «тирҳои оташдори Шайтон» мебошанд (Эфс. 6:16). Вақте ягон кас ба мо оиди ин чизҳои дурӯғ гап мекушояд, мо дарҳол сӯҳбатро бас мекунем, зеро мо ба Яҳува ва ҳамимононамон боварӣ дорем. Мо ҳеҷ гоҳ бо осиён алоқа доштан намехоҳем. Дар бораи ягон чиз мо бо онҳо баҳс намекунем ва ҳатто аз кунҷкобӣ бо онҳо тамос намегирем.
9. Зиқиву рӯҳафтодагӣ ба мо чӣ тавр таъсир карда метавонад?
9 Зиқиву рӯҳафтодагӣ низ имони моро суст карда метавонад. Албатта, оиди душвориҳои шахсиамон мо бепарво буда наметавонем ва хоҳу нохоҳ дар бораи онҳо ғам мехӯрем. Баъзан пастиву баландии зиндагӣ моро рӯҳафтода месозад. Вале мо набояд гузорем, ки фикрамон доим бо душвориҳоямон банд бошад. Вагарна мо умеди олиҷаноберо, ки Яҳува додааст, гум карданамон мумкин (Ваҳй 21:3, 4). Ҳисси рӯҳафтодагӣ метавонад қуввати касро торафт кам карда ӯро аз хизмати Яҳува боздорад (Мас. 24:10). Вале биёед асло нагузорем, ки бо мо чунин рӯй диҳад.
10. Номае, ки як хоҳар навишт, чиро нишон медиҳад?
10 Биёед мисоли хоҳареро, ки аз Иёлоти Муттаҳида аст, дида бароем. Ӯ ба ҳамсари бемораш нигоҳубин мекунад, вале ҳамзамон имонашро қавӣ нигоҳ медорад. Боре ӯ ба идораи марказӣ номае фиристод, ки дар он чунин навишта буд: «Вазъиятамон баъзан моро рӯҳафтода месозад, вале умеди мо қавӣ аст. Ман барои ҳар як маводе, ки ташкилоти Яҳува ба мо пешкаш мекунад, хеле миннатдорам, чунки он имонамонро қавӣ карда моро тасаллӣ мебахшад. Мо дар ҳақиқат ба роҳнамоиву рӯҳбаландӣ ниёз дорем. Он мавод ба мо кӯмак мекунад, ки хизмати Яҳуваро давом диҳем ва дар мушкилиҳое, ки Шайтон барои суст кардани имони мо истифода мебарад, истодагарӣ кунем». Суханони ин хоҳар нишон медиҳанд, ки ба рӯҳафтодагӣ ғолиб омадан мумкин аст. Чӣ тавр? Ба ин гуна душвориҳо чун ба озмоиш аз тарафи Шайтон нигаред. Яҳуваро Сарчашмаи тасаллӣ дониста ба Ӯ такя кунед. Ва ғизои рӯҳониро, ки Ӯ медиҳад, қадр кунед.
11. Бо ёрии кадом саволҳо имонамонро тафтиш карда метавонем?
11 Оё шумо баъзан хавотир мешавед, ки имонатон аз ягон ҷиҳат суст шуда истодааст? Пас оиди саволҳои зерин мулоҳиза кунед. Оё чанд моҳи охир шумо ташвишҳои беҳударо аз
худ дур карда тавонистед? Оё шумо аз гӯш кардани маълумоти дурӯғе, ки осиён паҳн мекунанд ва аз баҳс кардан бо онҳо канорагирӣ намудед? Ва оё тавонистед, ки бар зиқиву рӯҳафтодагӣ ғолиб оед? Агар ҳа, пас имони шумо бақувват аст. Вале мо бояд ҳушёриро аз даст надиҳем, чунки Шайтон дар роҳи мо домҳои дигарро низ мегузорад. Биёед баъзеи онҳоро дида бароем.АЗ ДОМИ ЧИЗПАРАСТӢ ХУДРО ЭҲТИЁТ КУНЕД
12. Агар мо ба доми чизпарастӣ афтем, чӣ рӯй дода метавонад?
12 Агар мо чизу чораро дӯст дорем, имони мо суст шуда, ғайратамон дар хизмат гум мешавад. Павлуси расул гуфт: «Ҳеҷ сарбоз барои маъқул шудан ба шахсе, ки вайро ба хизмати ҳарбӣ қабул кардааст, бо хариду фурӯш машғул намешавад» (2 Тим. 2:4). Ба сарбозони румӣ иҷозат дода намешуд, ки бо ягон кори дигар машғул шаванд. Агар сарбоз ин талаботро риоя намекард, чӣ мешуд?
13. Чаро сарбоз наметавонист, ки бо хариду фурӯш машғул шавад?
13 Барои фаҳмидани мазмуни суханони Павлус дар бораи мисоли зерин фикр кунед. Гурӯҳи сарбозон пагоҳирӯзӣ бо ҳам ҷамъ меоянд, то шамшерзаниро машқ кунанд, вале як сарбоз намеояд. Вай барои фурӯхтани хӯрока ба шаҳр меравад. Бегоҳӣ сарбозон либосу аслиҳаи ҷангии худро аз назар гузаронда, шамшерҳои худро тез мекунанд, вале он сарбоз вақташро боз барои тайёр кардани хӯрока сарф мекунад, то рӯзи дигар онро бурда фурӯшад. Лекин саҳарии рӯзи дигар душманон ногаҳон ҳамла меоранд. Дар ин ҳолат кадом сарбоз дуруст рафтор карда сардори худро хурсанд мекунад? Ва агар шумо он ҷо мебудед, ба кӣ монанд шудан мехостед — ба сарбозе, ки машқ мекарду ба ҷанг тайёр буд, ё ба сарбозе, ки диққаташро ба хариду фурӯш равона мекард?
14. Мо чун сарбозони Масеҳ чиро бештар қадр мекунем?
14 Мо сарбозони Масеҳ ҳастем ва мисли сарбози хуб, намехоҳем, ки аз кори асосиамон, яъне хурсанд кардани Яҳува ва Исо диққати худро парешон созем. Чунки ин кор аз ҳамаи чизҳое, ки ҷаҳони Шайтон пешкаш мекунад, арзиши бештар дорад. Бешубҳа, мо вақту
қувватамонро барои хизмати Яҳува сарф карда, сипари имон ва дигар қисмҳои «либоси ҷангиамонро» дар ҳолати хуб нигоҳ медорем.15. Павлус чӣ гуна огоҳӣ дод ва чаро?
15 Мо бояд ҳамеша эҳтиёт бошем, то ба чизпарастӣ майл пайдо накунем. Чаро? Павлуси расул огоҳ кард, ки «касоне, ки дар пайи сарватманд шудан ҳастанд», аз имон дур мегарданд (1 Тим. 6:9, 10). Ибораи «дур гаштан» маънои онро дорад, ки шахс бештару бештар ҳушашро барои ба даст овардани чизу чораи нолозим равона мекунад. Он гоҳ дар дили ӯ «бисёр ҳавасҳои беақлонаву зарарнок» инкишоф меёбанд. Биёед чунин ҳавасҳоро дар дили худ ҷой надиҳем. Зеро онҳо низ яке аз тирҳои Шайтон мебошанд, ки имони моро суст мекунанд.
16. Воқеаи дар Марқӯс 10:17–22 навишташударо хонда оиди кадом саволҳо бояд мулоҳиза ронем?
16 Фарз мекунем, ки барои ба даст овардани чизу чораи бисёр зӯрамон мерасад. Ва ба харидани чизҳое ҳавас дорем, ки дар асл ба мо даркор нестанд. Магар харидани он чизҳо хато мебуд? Шояд, ки не. Вале дар бораисаволҳои зерин фикр кунед: «Ҳатто агар ман он чизҳоро харида тавонам ҳам, оё барои истифода ва нигоҳубинашон вақту қувват дорам? Оё ин сабаби ба чизу чора меҳр бастанам намегардад? Оё аз дилбастагӣ ба чизу чора ман ба он марде монанд намегардам, Марқӯс 10:17–22-ро хонед.) То чӣ андоза беҳтар аст, ки ҳаёти одӣ ба сар бурда вақти пурқимат ва қуввати худро барои хизмати Худо сарф кунем.
ки пайрави Исо шуданро рад кард?» (СИПАРИ ИМОНАТОНРО МАҲКАМ НИГОҲ ДОРЕД
17. Чиро мо набояд фаромӯш созем?
17 Мо ҳеҷ гоҳ набояд фаромӯш созем, ки ҷанги рӯҳонӣ то ҳол давом дорад ва ҳар рӯз барои иштирок дар ин ҷанг бояд тайёр бошем (Ваҳй 12:17). Бародару хоҳарон сипари имонамонро ба ҷойи мо бардошта наметавонанд. Мо худамон бояд имонамонро мустаҳкам нигоҳ дорем.
18. Чаро сарбозон дар замони қадим бояд сипарашонро маҳкам нигоҳ медоштанд?
18 Дар замонҳои қадим вақте сарбоз далерона дар ҷанг иштирок мекард, соҳиби иззату эҳтиром мешуд. Вале агар раваду вай аз ҷанг бе сипар бармегашт, ӯ шарманда ҳисоб меёфт. Таърихшиноси румӣ Татсит чунин навиштааст: «Агар сарбоз сипарашро дар майдони ҷанг гум карда ояд, шармандагии аз ин зиёд набуд». Барои ҳамин сарбоз сипарашро ҳангоми муҳориба бояд маҳкам нигоҳ медошт.
19. Чӣ тавр мо сипари имонамонро мустаҳкам нигоҳ дошта метавонем?
19 Мо сипари имонамонро маҳкам нигоҳ медорем, агар мунтазам ба вохӯриҳои ҷамъомад равем ва дар бораи номи Яҳува ва Подшоҳии Ӯ ба дигарон гӯем (Ибр. 10:23–25). Илова бар ин мо бояд Каломи Худоро ҳар рӯз бо дуо хонем ва маслиҳату дастуроти онро дар ҳар соҳаи ҳаётамон ба кор барем (2 Тим. 3:16, 17). Он гоҳ ягон тири Шайтон ба мо зарари бартарафнашаванда расонда наметавонад (Иш. 54:17). Чунки «сипари калони имон» моро муҳофизат мекунад ва бародару хоҳаронамон дар барамон истода барои устувор мондан ба мо кӯмак мекунанд. Имони худро қавӣ нигоҳ дошта мо дар ҷанги ҳаррӯзаи рӯҳонӣ ғолиб меоем. Аз ҳама муҳимаш, вақте Исо бар зидди Шайтону пайравонаш ҷанг мекунад, мо ӯро тарафдорӣ хоҳем кард (Ваҳй 17:14; 20:10).
СУРУДИ 27 Дар тарафи Яҳува бош!
^ сарх. 5 Сарбозон дар ҷанг барои худро аз тирҳои душман муҳофизат кардан бояд сипар мегирифтанд. Имони моро ба сипар монанд кардан мумкин аст. Чуноне ки сипари ҷанговар ба нигоҳубин эҳтиёҷ дошт, мо низ бояд кӯшиш кунем, ки имонамонро мустаҳкам нигоҳ дорем. Чӣ тавр боварӣ ҳосил кунем, ки «сипари калони имон»-и мо дар ҳолати хуб аст? Мақолаи мазкур ба ин мавзӯъ равшанӣ меандозад.
^ сарх. 58 ШАРҲИ РАСМ: Вақте барномае сар мешавад, ки дар он осиён Шоҳидони Яҳуваро сиёҳ мекунанд, падари масеҳӣ дарҳол телевизорро хомӯш мекунад.
^ сарх. 60 ШАРҲИ РАСМ: Баъдтар, ҳангоми ибодати оилавӣ ӯ аз Китоби Муқаддас оятҳо хонда имони зану фарзандонашро мустаҳкам месозад.