Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Онисим ва Жералдин

Баракатҳои фаровон барои касоне, ки ба зодгоҳашон бармегарданд

Баракатҳои фаровон барои касоне, ки ба зодгоҳашон бармегарданд

ШУМОРАИ зиёди бародару хоҳарон, ки барои беҳтар кардани сатҳи ҳаёташон ба давлатҳои дигар рафта буданд, ҳоло ба зодгоҳи худ баргаштанд. Аз муҳаббат ба Яҳува ва одамон онҳо хостанд ба ҷойҳое рафта хизмат кунанд, ки ба воизони хушхабар ниёз бештар аст (Мат. 22:37–39). Онҳо аз баҳри кадом чизҳо баромаданд ва чӣ гуна баракатҳоро ба даст оварданд? Барои фаҳмидани ин, биёед диққатро ба давлати Камерун, ки дар Африқои Ғарбӣ воқеъ аст, равона кунем.

«ҶОЕ, КИ МОҲӢ ЗИЁД АСТ»

Соли 1998 бародар Онисим аз зодгоҳаш Камерун барои коркунӣ ба дигар ҷо рафт. Давоми 14 сол ӯ дар хориҷа зиндагӣ мекард. Рӯзе дар ҷамъомад бародаре дар нутқаш оиди кори мавъиза чунин мисол овард: «Агар ду ҷӯра дар ҷойҳои гуногун моҳӣ қапанду яке аз дигараш зиёдтар сайд кунад, оё ҷӯрааш низ ба назди ӯ, ба ҷое, ки сайд калон аст, намеравад?»

Баъди шунидани ин мисол дар сари Онисим фикри ба Камерун баргаштан пайдо шуд, зеро он ҷо бисёр одамон Китоби Муқаддасро омӯхтан мехостанд ва ба воизони маҳаллӣ кӯмак лозим буд. Вале ӯ хавотир буд, ки баъди чандин соли дар хориҷа будан аз нав дар Камерун зиндагӣ карда метавониста бошад ё не. Барои худро санҷидан Онисим ба муддати шаш моҳ ба Камерун рафт. Сипас соли 2012 пурра ба он ҷо кӯчид.

Онисим мегӯяд: «Ман бояд аз нав ба ҳавои гарм ва шароити зиндагии Камерун мутобиқ мешудам ва дар ибодатгоҳ ба нишастан дар харакҳои на он қадар қулай одат мекардам. Вале диққатро бештар ба барнома равона кардан ба ман ёрӣ медод, ки курсиҳои нарми дигар ҷойҳоро камтар ба хотир орам».

Соли 2013 Онисим бо Жералдин ном хоҳар оиладор шуд, ки ӯ баъди нӯҳ соли зиндагӣ дар Фаронса ба Камерун баргашта буд. Онҳо кори Яҳуваро дар ҷойи аввал гузошта соҳиби кадом баракатҳо шуданд? Онисим мегӯяд: «Мо якҷоя дар Мактаби воизони хушхабар таҳсил кардем ва дар Байт-Ил хизмат намудем. Ба наздикӣ бошад, дар давоми танҳо як сол дар ҷамъомади мо 20 омӯзанда таъмид гирифт. Ба фикрам ман ҳоло дар «ҷое, ки моҳӣ зиёд аст», қарор дорам (Марқ. 1:17, 18). Жералдин низ мегӯяд: «Ман соҳиби чунон баракатҳои зиёд гаштам, ки ба гӯшаи хаёлам наомада буд».

ХУРСАНДӢ АЗ КОРИ ШОГИРДСОЗӢ

Ҷудит ва Сэм-Кастел

Хоҳар Ҷудит ба Иёлоти Муттаҳида кӯчида буд, вале сахт мехост доираи хизматашро васеъ кунад. Ӯ мегӯяд: «Вақт аз вақт ман ба хабаргирии оилаам ба Камерун меомадам, вале ҳангоми бозгашт гиряам меомад, чунки бо якчанд касе, ки омӯзиш сар карда будам, бояд хайрухуш мекардам». Вале Ҷудит барои ба Камерун кӯчидан ҷуръат намекард, зеро дар ИМА кори сердаромад дошт ва ин ба ӯ имкон медод, ки хароҷоти табобати падарашро дар Камерун рӯпӯш кунад. Лекин ниҳоят, Ҷудит ба Яҳува таваккал карда ба Камерун кӯчид. Ӯ иқрор мешавад, ки шароити хуби дар хориҷа доштаашро баъзан ёд мекунад. Аммо бо ёрии дуо ба Яҳува, дастгирии нозири ноҳиявӣ ва занаш ӯ тавонист ба шароити Камерун мутобиқ шавад.

Ҷудит солҳои аввали ба Камерун баргаштанашро ба хотир оварда мегӯяд: «Ман хурсандам, ки дар давоми се сол ба чор нафар кӯмак кардам, то омӯзиш карда таъмид гиранд». Баъдтар ӯ пешрави махсус таъйин шуд. Имрӯз бошад, ӯ шавҳараш Сэм-Кастелро дар хизмати нозири ноҳиявӣ ҳамроҳӣ мекунад. Вале бо падари Ҷудит чӣ шуд? Оилаи Ҷудит дар давлати дигар беморхонаеро ёфтанд, ки барои бепул ҷарроҳӣ кардани падараш тайёр буд. Ва хушбахтона ҷарроҳӣ хуб гузашт.

ОНҲО ДАСТГИРИИ ЯҲУВАРО ҲИС КАРДАНД

Виктор ва Каролин

Бародар Виктор аз Камерун ба Канада кӯчида буд. Ӯ дар донишгоҳ мехонд ва вақте мақолаеро аз «Бурҷи дидбонӣ» оиди маълумоти олӣ хонд, дар бораи таҳсилаш фикр кард. Баъд ӯ донишгоҳро партофта дар курси кӯтоҳмуддате хонд, то ягон ҳунар ёд гирад. Виктор мегӯяд: «Ин ба ман имконият дод, ки тезтар ягон кор ёбам ва ба орзуи деринаам расам, ки он хизмати пешравӣ буд». Баъдтар, Виктор бо Каролин ном хоҳар оиладор шуд ва онҳо ба Камерун сафар карданд. Дар филиал баъзе бародарон ба онҳо маслиҳат доданд, ки оиди хизмат дар Камерун фикр кунанд. Виктор мегӯяд: «Мо барои рад кардан ягон сабаб надоштем ва азбаски ҳаёти одӣ мебурдем, қабули он таклиф ба мо осон буд». Нигоҳ накарда ба он ки Каролин баъзе душвориҳои бо саломатӣ алоқаманд дошт, онҳо қарор доданд, ки ба Камерун мекӯчанд.

Дар Камерун бисёр одамон ба омӯзиш розӣ мешуданд ва барои кӯмак ба онҳо Виктор ва Каролин пешрави доимӣ шуданд. Онҳо як миқдор пул ҷамъ карда буданд, аз ин рӯ вақти нав кӯчиданашон ҳоҷат набуд, ки дар ягон ҷо кор кунанд. Баъдтар, онҳо якчанд моҳ барои пулкоркунӣ ба Канада рафтанд ва баргашта дар Камерун хизмати пешравиро давом доданд. Кадом баракатҳоро онҳо соҳиб шуданд? Онҳо тавонистанд дар Мактаби воизони хушхабар хонанд, чун пешравони махсус хизмат кунанд ва айни замон онҳо дар лоиҳаҳои сохтмонӣ ёрӣ медиҳанд. Виктор мегӯяд: «Азбаски мо барои хизмати Яҳува аз баҳри ҳаёти бароҳат гузаштем, Ӯ моро дастгирӣ мекард».

ШОДӢ АЗ ТАЪМИДИ ОМӮЗАНДАГОН

Стефани ва Ален

Соли 2002 Ален ном бародар, донишҷӯи донишгоҳи Олмон, рисолаи «Ҷавонон, шумо ҳаёти худро ба чӣ мебахшед?»-ро хонд. Ин маълумоти хондааш ӯро водор кард, ки дар пеши худ мақсадҳои нав гузорад. Соли 2006 ӯ дар «Мактаб барои ходимони ҷамъомад» таҳсил кард ва ӯро барои хизмат ба зодгоҳаш Камерун таъйин намуданд.

Дар Камерун Ален кори нимрӯза ёфт. Баъдтар бошад, кори сердаромаде ёфт шуд, вале ӯ хавотир буд, ки агар ба ин кор дарояд, бисёр хизмат карда наметавонад. Аз ин рӯ вақте ба ӯ пешниҳод карданд, ки чун пешрави махсус хизмат кунад, ӯ бедудилагӣ розӣ шуд. Сардораш ба ӯ маоши калон ваъда дод, вале Ален дар қарори худ устувор монд. Баъдтар ӯ бо Стефани, ки якчанд сол дар Фаронса зиндагӣ карда буд, оиладор шуд. Баъди ба Камерун кӯчидан Стефани бо чӣ гуна мушкилиҳо дучор гашт?

Стефани мегӯяд: «Баъди омаданам ман каме нотоб шудам ва аллергия пайдо кардам, вале мунтазам муолиҷа намуда худро беҳтар ҳис кардам». Ҳамсарон барои истодагариашон соҳиби баракатҳо шуданд. Ален нақл мекунад: «Вақте мо ба қишлоқи дурдасти Кейт рафта мавъиза кардем, мо якчанд шахсонеро ёфтем, ки Китоби Муқаддасро омӯзиш кардан мехостанд. Баъдтар мо тавонистем бо воситаи телефон бо онҳо омӯзиш гузаронем. Ду нафари он омӯзандагон таъмид гирифтанд ва дар он қишлоқ гурӯҳи воизон ташкил ёфт». Стефани илова мекунад: «Вақте ту ба одамон кӯмак мекунӣ, ки ҳаёти худро ба Худо бахшанд, аз ин дида хурсандии бештаре нест. Дар ин ҷо хизмат карда мо ин хурсандиро борҳои зиёд ҳис кардем». Имрӯз Стефани Аленро дар хизмати нозири ноҳиявӣ дастгирӣ мекунад.

«ОН ЧИЗЕРО, КИ ЯҲУВА МЕХОСТ, ҲАМОНРО КАРДЕМ»

Леонс ва Жазел

Жазел ҳангоми дар донишгоҳи тиббии Итолиё таҳсил карданаш таъмид гирифт. Бо ӯ ҳамсарони пешрав омӯзиш мекарданд ва ҳаёти одии онҳоро дида ӯ ҳам хост, ки ба Яҳува бисёртар хизмат кунад. Ҳангоми ба охир расидани таҳсилаш Жазел пешрави доимӣ шуд.

Жазел мехост ба Камерун баргашта дар он ҷо бештар хизмат кунад, вале баъзе мушкилиҳо дошт. Ӯ мегӯяд: «Агар ба Камерун мекӯчидам, ман аз хешутабор ва оилаам, ки дар Итолиё буданд, дур мешудам ва ҳуқуқи шаҳрванди Итолиё буданро аз даст медодам». Вале ба ин нигоҳ накарда моҳи майи соли 2016 Жазел ба Камерун кӯчид.

Баъд аз чанде ӯ бо бародар Леонс оиладор шуд ва филиали Камерун ба онҳо пешниҳод кард, ки дар шаҳри Айос — ҷойе, ки ба воизон ниёз калон буд, хизмат кунанд.

Зиндагӣ дар Айос чӣ хел буд? Жазел мегӯяд: «Бисёр вақт дар он ҷо ҳатто ҳафтаҳо қувваи барқ намешуд ва мо телефони мобилиамонро ба заряд монда наметавонистем. Барои ҳамин аксар вақт мо бе телефон будем. Ман дар оташдон хӯрок пухтанро ёд гирифтам ва мо барои гирифтани об шабона бо ароба ва фонарик назди чашма мерафтем, зеро дар ин вақт одам камтар буд». Чӣ ба ҳамсарон ёрӣ медод, ки ба ин душвориҳо тоб оваранд? Жазел мегӯяд: «Мо ҳамдигарро дастгирӣ мекардем, рӯҳи Яҳува мададгори мо буд, ҳамчунин хешовандон ва дӯстон моро рӯҳбаланд намуда баъзан аз ҷиҳати иқтисодӣ ёрӣ медоданд».

Оё Жазел хурсанд аст, ки ба ватани худ баргашт? Бале, бе ягон шубҳа. Ӯ мегӯяд: «Дар аввал мо баъзе душвориҳо ва ҳисси рӯҳафтодагӣ доштем, вале ҳамин ки онҳоро паси сар намудем, мо ҳис кардем, ки маҳз он чизеро, ки Яҳува мехост, ҳамонро кардем. Мо ба Ӯ такя мекардем ва худро ба Ӯ наздиктар ҳис менамудем». Леонс ва Жазел дар Мактаби воизони хушхабар таҳсил карданд ва айни замон муваққатан чун пешрави махсус хизмат мекунанд.

Моҳигирон ба гармову сармо ва дигар душвориҳо нигоҳ накарда бо моҳидорӣ машғул мешаванд. Ба ин монанд, онҳое, ки ба зодгоҳи худ бармегарданд, новобаста аз мушкилиҳо тайёранд, ки ба ташнагони ҳақиқат кӯмак кунанд. Яҳува бешубҳа ин воизони меҳнаткашро, ки ба номи Ӯ муҳаббат зоҳир мекунанд, фаромӯш нахоҳад кард (Наҳемё 5:19; Ибр. 6:10). Агар шумо дар хориҷа зиндагӣ кунеду дар зодгоҳатон воизон кам бошанд, оё шумо ба он ҷо баргашта метавонед? Агар ин тавр кунед, баракатҳои зиёд шуморо интизоранд (Мас. 10:22).